Бори аввал ӯро аз наздик, ба тахмин соли 1994, дар маъракаи ҳамсинфам Алихон Раҳмон, дар пойтахт дидам. Соҳиби тӯй муаррифиаш кард, Асадулло, сокини фахрии Ёвон, сардори трести «Тоҷикхимстрой», аз дӯстони қарин, ҳамватан ва бунаи авлод…

То ба он дам шунида будам, ки дар Ёвон Асадулло ном ҷавонмарди ҳамватан ба сар дорад ва аз аҳли кангуртиён аст. Боқӣ ҳич. Дар он сури ёдмон, дар тарабхонаи «Марҷона», рӯ ба рӯ нишаста, соате чанд суҳбат доштем. Марди хушбахт, кушодачеҳра, одӣ, хушсухан, ширингуфтор буданаш ниҳон намемонд. Ӯ ҳамаро механдонд, аз шеваи рафтораш маълум буд, ки дар сури дӯст меҳмононро хушҳол диданист. Шеъри зиёде аз бар медонист, латифаву ҳикоёти дилнишин низ. Хулоса кардам, ки ӯ ҳар куҷое бошад, дар фурсати кӯтоҳе метавонад маҳфиле ангезад, маҷлиси базм орояд ва ё гурӯҳе ё маҳфилеро бо суханони дилнишинаш афсун созад…

Ба қавли дӯстон, ниҳоят ҳамватани ёвонии мо душанбегӣ шуд. Соли 1995 Асадуллоро муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон» таъйин карданд. Акнун, ӯро дар пойтахт, суру чорабинӣ, маъракаҳои расмӣ ва хурсандии хешовандону дӯстон медидем. Ҳама ҷо хандон буду шодон, нафареро зиқ шудан намемонд, маҳфилоро буд. Аксар ангушти ҳайрат мегазиданд, чӣ хел, сохтмончӣ ин қадар шеъри афзун медонад. Бо ифтихор дар посух ханда бар лаб меафзуд: «Эй, содаҳо, фаромӯш масозед, ки ман аз авлоди орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиам».

Боре ӯ аҳли авлод, дӯстон, ёру ошноҳои душанбегиашро, ба хонааш, ба ноҳияи Ёвон, ба тӯйи ҷигарбандонаш даъват кард. Пасопеш, дар панҷ – шаш мошин, рӯзи истироҳат озими Ёвон шудем. Бо қалби пур аз фараҳ, ғарқи суҳбат ба ҳавлии дӯст расиданро нафаҳмида мондем. Соҳибхона дар гӯшаи хаёл надошт, ки чунин миқдор меҳмон аз пойтахт ба маърака меояд. Хушнуд гашт, бо оғӯши боз истиқбол гирифт. Аз таҳти дил шодмонӣ кардем он рӯз. Суре доир шуд осмонкаф. Мардуми аз ғаму ғусса безор ҳама аз таҳти дил мезавқиданду мерақсиданд. Пас аз рӯзҳои сангин, воқеаҳои нобасомон ин нишоти дӯст малҳаме шуд ба қалбҳои дардолуду танҳои афгор. Истиқболи гарми тӯйдор, дидори ошноҳо, мусиқии дилнишин аз қалбҳо ғам мезудуд…

Дӯстони ҳамватан аз рӯи меҳр дар рӯ ва ҳам ғоибиаш Асадуллоро «ёвонӣ» ном мебурдем. Малул намегашт. Зеро ӯ, дарвоқеъ, аз соли 1977 то 1995, беш аз 18 сол, дар ин диёри мардони арсаи заҳмат паҳлу ба паҳлу кору зиндагии шоистае дошт. Бо мардуми заҳматкаши ин диёр чун ёру бародар қарин гашт. Ӯро дар ин макони дилрабо чун фарзанди дилбанду азизи хеш медонистанд…

Ноҳияи Ёвон дар ҷумҳурӣ яке аз ноҳияҳои сермиллат ба шумор мерафт. Солҳои 70 – 80-уми асри гузашта дар ин сарзамин зиёда аз чиҳил миллату халқият аҳлона дӯш ба дӯш умр ба сар доштанд ва баҳри ободии диёр аз сидқ меҳнат мекарданд. Маҳз ҳамин дӯстиву рафоқат ба ҳамзистӣ боис гашт, ки дар ин ҳудуд иншоотҳои азими саноатӣ фаъол будаву баҳри пешбурди иқтисодиёти мамлакат саҳм бигирад.

Асадулло ана дар чунин як муҳит ва ҳайати сермиллат ҳамчун мутахассиси варзида ба воя расид. Аз як ҷавони серғайрату донишманди кӯҳистонӣ тавассути заҳмати шабонарӯзӣ дар муддати на чандон тӯлонӣ, аз устои соҳавӣ то ба мансаби баланд – муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гашт…

Ӯ худ одамдӯстдор буд ва, биноан, ӯро бо ҳамин хислати ҳамидааш дӯст медоштанд, эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Якрӯву якмаром буду бо ҳамин қоида мезист ва аз атрофиён низ чунин муносибатро тақозо менамуд. Ва, аз ин рӯ, ӯ арҷманд гашт, ба мартабаи воло расид…

Асадуллоро як байти Ҳилолии ширинбаён шиори зиндагӣ буд:

Тавозӯъ кун, ки ёбӣ арҷмандӣ,

Фурӯтан шав, ки бинӣ сарбаландӣ.

Оре, ӯ арҷманд буд. Марди сарбаланд гашт. Ин ҳама неъмати худододиро дошт, ки аз он тавозӯъ ва фурӯтанӣ ба бор омада…

Қатъи назар аз вазифаҳои баланд, пурмасъулият, рафтору кирдори Асадулло Ғуломов  дигар нагашт. Ӯ ҳамоно дар ҳама ҷо худӣ буд, касе бегона намехондаш ва ӯ низ ошноро бегона намехонд. Чун солҳои қаблӣ ҳазлу шӯхӣ мекард, аз сидқ ханда бар афлок мезад. Чун ҳамешагӣ, ба қавле, мисли қадим маҳфилоро монд. Марди фидоии кору заҳмат буд. Он ҳама мартабаро ҳалол ба даст оварда. На рӯз ором дошту на шаб. Доимо дар такудаву пайи иҷрои супорише. Раҳм ба ҷони худ надошт. Сарсупурдаи меҳнат буд…

Маҳз ҳамин заҳматкашӣ, кордонӣ ва обрумандӣ боис будӣ, ки ӯро ҳукумати вақт ба пойтахт хонд. Ва ӯ то соли 2011, то он даме ки ҷон дар рамақ дошт, софдилона ва аз рӯи масъулият супоришу вазифаҳои ба зимма доштаашро ба сомон мерасонд…

АЗ МУАРРИФӢ

Асадулло Ғуломов 28.2.1954, ноҳияи Данғара. Ходими давлатӣ, маълумоташ олӣ. Институти политехникии Тоҷикистонро (1976) бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ ва 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (2005) хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976, дар ноҳияи Данғара, ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести «Кӯлобселстрой» оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои усто, прораб, сармуҳандиси раёсати  махсусгардонидашудаи сохтмонии №27, сардори идораи сохтмонии №17, сардори трести «Тоҷикхимстрой»-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.

Муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон» (1995-2000) ва раиси ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе (2000-2003) буд.

Солҳои 2003 – 2006 ба сифати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 (№ 40) муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида буд.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999) сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд (Умари Шерхон, «Данғара», Душанбе, «Шарқи озод», 2005).

***

Асадулло дар шаҳри дилорои Душанбе 16 сол зист. Дар фурсати кӯтоҳ байни ноошноҳо ошно гашт, бо заҳматкашиаш мартаба касб кард. Аз давраи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гаштанаш, аз соли 2003 ташвишаш афзуд. Ӯ, акнун, бо фармони Сарвари давлат бахши сангин – соҳаи сохтмонро бар дӯш дошт. Аз касе пӯшида намемонад, ки Тоҷикистон тӯли ду даҳсола макони заҳмат, саропо сохтмон аст. Сар аз эъмори роҳҳову нақбҳо, корхонаҳои гуногунсоҳа ва неругоҳҳои хурду бузург. Ин ҳамаро масъул буд. Ба ӯ бовар карданд ва ӯ то ҳадди ахир ба қавлаш содиқу сазовор монд.

Ӯро гоҳ дар Девдара (ҳозира Гулдара)-и Дарвоз медиданду гоҳи дигар дар неругоҳи Роғун ва ё неругоҳи «Сангтӯда-1», гоҳи дигар дар нақби Шар-шар ва ё сохтмони заводи сементи Ёвон, ё дар хориҷи мамлакат…

Ӯ то тавонист тавону неруи хешро баҳри ободии Тоҷикистони азиз масраф намуд. Дар сафи пеш мардона заҳмат кашид, мардона зист. Аз вай танҳо номи нек ба ёдгор монда…

Ҳамакнун фарзандону пайвандонаш хотираи некашро дар қалбҳо мепарваранд. Фарзанди бузурги бародари мо, ҷавонмарди заҳматкаш – Акбар Ғуломов (муассис, раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр») давомдиҳандаи кори падар, кунун дар арсаи меҳнат дар часпу талош аст, то номи падарро шоиста бидорад. Ӯ мекӯшад, то мисли падари худ заҳмат кашад ва обруманд гардад. Хушоянд аст, ки Акбар ҷойнишини падар будаву сазовори боварӣ гашта.

Асадулло ба ояндаи Ватани азизаш, ба рӯзҳои неку дурахшон боварӣ дошт ва баҳри иҷрои нақшаҳо, пешрафти мамлакат саҳми арзандаи хешро гузошт. Ва ба қавлаш содиқу вафодор монд.

Аммо чӣ ҳам метавон гуфт, ки фалак ба муроди дили мо кор намегирад. Ва бераҳмона фарзанди азизи хешро бармаҳал аз миён мерабояд. Аз ин шеваи рафтори фалак гӯё бехабар монд ва ё ин рӯзро интизор буду ҳам набуд…

Ба наздикӣ марди номвар, бародари азизу гиромӣ, дӯсти ҳамватану бунаи авлоди ин ҷониб маҳфилорои маъракаҳои пурнишоти қавму хешовандон, дӯстону ошноҳо ва ҳамсабақу ҳамкорон Асадулло Ғуломов 69 – сола шуд.

Ёдаш ба хайр бод!

Умари ШЕРХОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь