Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси шаҳри мазкур Саидзода Сунъатулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 21 декабри 2021) таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба рушди соҳаҳои саноат нигаронида шудааст. Ҳарчанд дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ба нақша гирифтаем, зеро Пешвои миллат зикр карданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.

Мавсуф афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милоӣ-Пешвои мил лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», фаъолияти кории худро ба роҳ монда, ҷиҳати болоравии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии шаҳр саъю кӯшишҳои зиёд намудааст.

Иҷрои буҷет

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти неруи барқи НБО Роғун ба  268,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021,  55,5 млн сомонӣ ё 126,7 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беназардошти неруи барқи НБО Роғун ва шабакаи барқ,  12,4 млн. сомонӣ, расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021, 8,1 млн. сомонӣ, ё ин ки 2,5 баробар зиёд мебошад.

Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, 27,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 117,1 фоизро дар бар мегирад.

Қисми даромади буҷети шаҳр, дар нимсолаи якуми соли 2022, дар маҷмӯъ бо назардошти андози иҷтимоӣ мутобиқи нақша 104,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, мутобиқи нақша 46,1 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, ба ҷойи 21,8 млн. сомониро дарбар мегирад.

Бақияпулиҳои андоз бо дарназардошти пардохтҳои иҷтимоӣ ба ҳолати 1 июни соли 2022, 30,7 млн сомониро ташкил дод.

Соҳибкорӣ ва бонкдорӣ

-Мутобиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Роғун ба ҳолати 1 июни соли 2022, дар маҷмӯъ 1649 субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, 290 адад шахсони ҳуқуқӣ, 173 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент фаъолияткунанда, 110 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 1076 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, 9 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2022, аз тарафи бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолиятдошта, дар маҷмӯъ ба маблағи 63,1 млн. сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ ба иҷро расонида шудааст. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун буда, 36,0 млн. сомонӣ ва филиали ҶСК «Ориёнбонк» 27,1 млн. сомонӣ рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути бонкҳо ба маблағи 41,4 млн. сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун буда, 22,5 млн. сомонӣ, филиали ҶСК «Ориёнбонк» 5,4 млн. сомонӣ ва маркази хизматрасонии ФҶСК «Бонки Эсхата»-и шаҳри Роғун 13,5 млн. сомонӣ рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо 6,0 млн. сомонӣ, ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён қарзҳо дода шудаанд, ки ба филиали бонки «Амонатбонк» 4,0 млн. сомонӣ, филиали ҶСК «Бонки Эсхата» 2,0  млн. сомонӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 600,0 ҳазор сомонӣ қарз кам дода шудааст. Пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо дар нимсолаи якуми соли 2022,  5,3 млн. сомониро ташкил медиҳад,-афзуд мавсуф.

Будёдкорӣ

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки аз ҳисоби соҳибкорон бошад дар нимсолаи якуми соли 2022, ба маблағи 731,8 ҳазор сомонӣ иншоотҳои зерин сохта ба истифода дода шуданд: Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Қади Об ба маблағи 84,3 ҳазор сомонӣ, сохтмони маркази хизматрасонӣ, мағоза хӯрокворӣ ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 480,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони сехи сангтарошӣ ба маблағи 103,5 ҳазор сомонӣ, бунёди шаршара ва кабудизоркунӣ ба маблағи 64,0 ҳазор сомонӣ.

Дар нимсолаи якуми соли 2022, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ 12,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид намуда, аз тарафи комиссия нархгузорӣ оид ба хусусигардонии фонди манзил 4 манзили истиқоматии шаҳрвандон хусусӣ гардонида шудааст. Инчунин аз ҳисоби қонунигардонии дороиҳо ва молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Роғун 87,0 ҳазор сомонӣ  маблағ ба буҷет ворид гардидааст.

Ҳоло дар шаҳр аз тарафи сафорати Ҷопон лоиҳаи сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №19-и деҳаи Чормағз ба маблағи 1,2 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 700,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Нақлиёт ва таъмири роҳ

-Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2022, корҳои таъмирӣ ва нигоҳдори ба маблағи 110,3 ҳазор сомонӣ, ба иҷро расонида шудаст. Аз ҷумла, тоза намудани роҳ аз барф дар масофаи 2 км 278м, пошидани маводи зиддилағжиш аз км 62 то 68  405м3, тоза кардани роҳҳо аз ярч, кӯҳпора ва сангрезаҳо ба миқдори 8460 м3, тахту ҳамвор намудани ду канори роҳ ба масофаи  28200м2, тоза намудани роҳ аз тарма 2200м2,  тоза намудани новаҳои бетонӣ 6000 м, таъмири ҷуқуриҳои болопӯши роҳ бо мумқир аз  62 км то 75 км дар масофаи 135 м2, таъмири чуқуриҳои болопӯши роҳ бо қуму шағал  аз 62 км то 86 км дар масофаи 645м2, сиёҳу сафед намудани иншоотҳои канори роҳ 420м2 ва таъмиру барқарор намудани аломатҳои роҳ 3 адад ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамзамон, дар нимсолаи якуми соли 2022 аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муассисаи мазкур бо автомашинаи FYCO бо арзиши 1 649,0 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд,-қайд намуд номбурда.

Кишоварзӣ ва чорвопарварӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ҷаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, 17,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 2,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 443,6 тонна, ё 107,9 фоиз,  шир 863,5 тонна, ё 102,6 фоиз, тухм 428,9 ҳазор дона, ё 101,5 фоиз таъмин гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мавсими баҳори соли 2022 дар қаламрави шаҳр дар маҷмӯъ 976 гектар кишт ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз кишт дар майдони 1017,5 гектар аз ҷумла; 558,5 га ғалладонагӣ, 35 га зироатҳои техникӣ, сабзавот 35 гектар, картошка 109 гектар, 1 гектар полезӣ ва 279 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод 104,2 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ зиёда аз 15,3 га боғи нав бунёд гардида, барқароркуни боғҳои кӯҳна бошад, ба миқдори 3,4 га аз тарафи замин истифодабарандагон ба иҷро расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ саршумори чорвои калони шохдор 18025 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 394 сар зиёд мебошад. Саршумори моли майда 55733 сар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4037 сар зиёд мебошад. Инчунин, саршумори паранда 27312 сарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 942 сар зиёд мебошад, асп 433 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34 сар зиёд, занбӯри асал 3840 оила нисбати соли гузашта 172 оила зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Ҳифзи муҳити зист

-Бахши ҳифзи муҳити зист аз табиатистифодабарандагон меъёри пардохт дар нимсолаи якуми соли 2022, 41,3 ҳазор сомонӣ ворид намудааст, ки 131,3 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати 38 нафар барои вайрон намудани талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ба маблағи 8,2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардида, 7,2 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Тибқи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳр аз 01.10.2019 «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ маҳаллаҳои шаҳр» дар ҳудуди шаҳр дар мавсими кабудизоркунӣ ва ободонӣ ба миқдори 12000 бех ниҳолҳо ба нақша гирифта шуда буд, ки то ба имрӯз ҷамъ 12007 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шуд, ки 100 фоизи иҷроиши нақшаро дар бар мегирад. Аз он ҷумла, 1164 бех ҳамешасабз, 6778 бех мевадиҳанда, 4065 бех сояафкан ва зиёда аз 10000 бех гули лола ва 83920 бех қаламчаи гули садбарг ва зиёда 35260 бех гулҳои мавсимӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун шинонида шудааст.

Аз тарафи муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Л. Каримов дар мавсими баҳори соли 2022, бунёди ҷангал дар майдони 9,03 гектар ба миқдори 2345 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шудааст. Майдони умумии ниҳолхонаи хурди муассиса 0,20 гектарро дар бар гирифта, 5143 бех ниҳолҳо мавҷуд мебошад. Ҷиҳати ҳифз, пешгирӣ ва нигоҳдории ҷангалзорҳои мавҷудбуда, нисбати 5 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, маблағи ҷарима 1472 сомониро ташкил медиҳад,-афзуд мавсуф.

Меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Дар ҷараёни суҳбат номбурда қайд намуд, ки инчунин, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 560 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз ин шумора 396 нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора ба ҷойи кор 202 нафар таъмин гардидаанд, ки аз онҳо: 35 нафар тавассути квота, 22 нафар ба корҳои фардӣ сафарбар карда шудаанд. Инчунин, 54 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 60 нафар кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст ва 220 ҷойҳои кори холӣ дигар мавҷуд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2022, аз ҳудуди шаҳри Роғун 2737 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа қарор доранд. Аз ин шумора 147 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Кӯмакҳои моддӣ

-Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бахшида ба ҷашнҳои расмӣ дар давоми соли ҷорӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои эҳтиёҷманд, ба маблағи 328,6 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 739 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи умумии 200,5 ҳазор сомон кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3050 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки (аз онҳо 1858 нафарашон занҳо мебошанд) нисбати ҳамин давраи соли гузашта 60 нафар зиёд мебошад.

Аз шумораи умуми нафақахӯрон; 1772 нафар нафақаи меҳнатӣ, 1278 нафар нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ҳамин давра талаботи нафақахӯрон бо назардошти иловапулиҳо маблағи 6,4 млн. сомониро ташкил дода, мутаносибан ба ҳисоби миёна ба маблағи 350,6 сомонӣ дар як моҳ ба ҳар як нафақахӯр рост меояд,-изҳор дошт номбурда.

Маориф

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун дар нимсолаи соли ҷорӣ 24 маротиба вохӯриҳо бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо ҷиҳати идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ доир гардонида шуд. Дар натиҷа дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирии Маркази миллии тестӣ 299 нафар хонандагони синфҳои 11 ва 29 нафар хонандагони синфҳои 9 муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат супориданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022, баҳри иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фанӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» 9 кабинети фанӣ таҷҳизонида шуда, 27 адад компютерҳо ва 2 адад тахтаи электронӣ  ба муассисаҳои таълими дастрас гардонида шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Роғун даври якум ва дуюм аз рӯйи  номинатсияҳо доир гардонида шуд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 85 нафар ва дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 65 нафар хонандагон иштирок намуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.

Тандурустӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандон Беморхонаи марказии шаҳрӣ бо 175 кат, 2 маркази саломатии шаҳрӣ бо 500 қабул дар як баст, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 13 бунгоҳҳои саломатӣ, маркази саломатии сохтмончиён, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази эмтаъминкунӣ, Маркази мубориза алайҳи ВИЧ-СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо мавҷуд мебошанд.

Дар беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва КАТС-и шаҳри Роғун 47 нафар табиб, 261 нафар ҳамшира ва кормандони миёнаи тиббӣ кору фаъолият менамоянд.

Дар шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳр 3057 нафар беморон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 789 нафарашон дар шуъбаҳои беморхонаҳо бистарӣ карда шудаанд.

Бо мақсади иҷрои «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар нимсолаи якуми соли 2022, 121 ташхис гузаронида шудааст. Дар назорат 30 бемор қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ 10 бемор ба қайд гирифта шудааст.

Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ин давра 1776 бемории сироятӣ ба қайд гирифта шудааст.

Варзиш ва ҷавонон

Дар рафти суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ тадбирҳои амалигардидаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 165 чорабинӣ бо фарогирии  6930 нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон доир карда шуд. Аз ин шумора, 69 маротиба чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон доир гардида, ҳамзамон бо мақсади дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дар шаҳр, мусобиқаҳои деҳа ба деҳаи волейбол 45 чорабинӣ, гӯштини миллӣ 36 чорабинӣ дар миёни ҷавонон баргузор карда шуд.

Чорабиниҳои варзишӣ дар миёни кормандони ташкилоту корхонаҳо дар ин давра, 40 чорабинии шашкаю шоҳмот ва 22 мусобиқаи футбол доир гардидааст. Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022, дар шаҳр 21 чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, дар миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.

Дастовардҳои соҳа дар ин давра назаррас буда, ҷавонон ва варзишгарони шаҳр дар 10 чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, бо гирифтани 4 медал аз чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои минтақавӣ 7 медал, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 1 медал, мусобиқаи Осиёӣ 1 медал, ки нисбат ба соли гузашта 2 медал зиёд ба даст оварда шудааст.

Оилаи солим-фардои дурахшон

Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки бахши кор бо занон ва оила дар нимсолаи якуми соли 2022, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила аксия таҳти унвони «Оила асоси пешрафт ва устувории давлат аст» баргузор намуда, 1000 адад варақаҳои таблиғотиро дастраси аҳолӣ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии маърифатӣ бахшида ба “Рузи байналмилалии оила” дар шаҳри Роғун баргузор гардида, ҳашт ҷуфт оилаҳои намунавӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, чор ҷуфт навхонадорон аз тарафи бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 6 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022, аз тарафи бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Роғун дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 812 сабтҳо ба қайд гирифта шудааст, таваллуд 465, вафот 53, никоҳ 85, муқаррар намудани падарӣ 50, таваллуди кӯдакони аз як сола боло 69 ба қайд гирифта шудааст.

 Муроҷиат ва хизматрасонӣ

-Дар нимсолаи якуми соли 2022, ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 адад ва аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад  ариза ворид шудаанд. Аризаҳои аз ҷониби шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ворид гардида бошад, 671 ададро ташкил медиҳад, ки 524 ададаш муроҷиатҳои хаттӣ мебошанд.

Аз ин миқдор 471 тоаш мавриди иҷроиш қарор дода шуда, 72 аризаи дигар низ дар арафаи баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доранд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 147 шаҳрванд ба қабули Раиси шаҳр ташриф овардаанд, ки муроҷиати шифоҳии онҳо пурра дар доираи қонунҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда истодааст,-афзуд номбурда.

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун он вазифаҳое, ки дар соли 2022 оиди корҳои ободонию созандагӣ дар асоси Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати рушди дигари соҳаҳои хоҷагии халқ ба нақша гирифтааст, кӯшиш менамояд вазифаҳои дар пеш истодаро ба пуррагӣ ҳаллу фасл намуда, иҷрои онро таъмин намояд. Зеро мо албатта, баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон тамоми имкониятҳои мавҷударо бароҳ хоҳем гузошт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь