Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Раҳимзода Сафар суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф, дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 21-уми декабри соли 2021 баён доштанд, чораҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ноҳия, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатии нав ва дар ин самт истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, ҳамчунин таъмини воқеии дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кӯшиш намуда, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расонид.

 Иҷрои буҷет

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботии моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 19,1 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 22,8 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Дар 6 моҳаи аввали соли 2022, нақша ба маблағи 44,7 млн. сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 42,3 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 96 фоиз, маориф 92 фоиз, нигоҳдории тандурустӣ 84 фоиз ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 80 фоиз, фарҳанг 98 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 82 фоиз маблағгузорӣ карда шудааст.

Ба ҳолати 30-уми июни соли 2022 қарзи корхонаю ташкилот аз ҳисоби андоз (бо дар назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 9,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ 761 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2022 аз тарафи бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба маблағи 67 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли пеш, 1,8 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки ба ҳолати 30-июни соли 2022 дар нозироти андоз 1431 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва шаҳодатнома  бақайд гирифта шудааст, ки аз ҳисоби онҳо 2 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ба буҷет ворид карда шудааст.

Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо назардошти солҳои пешин амалӣ шуда истодааст, маблағи истифодашуда 6,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 лоиҳа ва 2,5 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Саноат

Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 71 миллиону 993,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 миллиону 593,4 ҳазор сомонӣ ё худ 32,3 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 1843,2 тонна, гӯшт 800,2 тонна, маҳсулоти пластикӣ 1514,8 метри мурабба ва истеҳсоли хишти сементӣ ба 714,5 ҳазор дона, гушти мурғ 13,4 тонна, равғани соф 207,6 тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 184,6 тонна ё ин, ки 7 фоиз зиёд иҷро гардидааст.

Гардиши мол дар тамоми соҳаи савдо ба 112 миллиону 341 ҳазору 643 сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 миллиону 409,5 ҳазор сомони ё ин, ки 29,2 фоиз зиёд мебошад.

Хизматрасонии пулакӣ ба 55 млн.207,4 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 5 млн.263,3  ҳазор сомонӣ  ё худ 10,5 фоиз зиёд гардидааст.

Дар ин давра, дар ноҳия 6 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ва 7 иншоотҳои хизматрасонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки 34 ҷойи кории навро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 464 ҷойи кории нав ташкил карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки давоми моҳҳои январ-июни соли 2022 ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба 21 миллиону 186,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 103,5 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 50 фоиз зиёд гардидааст, ба истифода додани фондҳои асосӣ 2 миллиону 566,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Иҷрои корҳои сохтмону васлкуни 17 миллиону 325,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 431,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин, ки 24,7 фоиз зиёд гардида.

Нақлиёт

Инчунин, ҳамсуҳбат мо зикр намуд, ки масофаи роҳҳои ноҳия 227,6 километрро ташкил дода, аз он аҳамияти ҷумҳуриявидошта 45,5 километр, аҳамияти маҳаллидошта 182,1 километр мебошанд.

Барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 ҳазор сомонӣ ва 77 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо гардидааст, бо ин маблағ 49 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва қисман яклухт бароварда шудааст, ки аз ин ҳисоб аз тарафи соҳибкорон ва саҳми маҳал ба маблағи 1 миллиону 113 ҳазор сомонӣ дар ҷамоатҳои деҳоти 50-солагии Тоҷикистон 1 пул ва 3 километр роҳи байни деҳа сангфарш, ҷамоати деҳоти Калинин ва Иттифоқ низ 2 километр таъмири яклухт карда шудааст.

Мусофиркашонӣ ба 1 миллиону 982 ҳазор нафар мусофир расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 646 ҳазор мусофир ё ин, ки 49 фоиз зиёд гардидааст.

Кишоварзӣ ва чорвопарварӣ

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо оид ба вазъи кишоварзӣ ва чорвопарварӣ дар ноҳия маълумот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ба 349 миллиону 566,5 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 30 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки 109,6 фоизро ташкил медиҳад.

Кишоварзони ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар майдони 16861 гектар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зироатҳои кишоварзиро гузарониданд, аз он 4756 гектар ғалладона, аз он 4506 га гандум, 250 га ҷав, 250 га маккаи дон, 159 га лубиёгӣ, 660 гектар сабзавот, аз он 8000 га пахта, 300 га полезӣ, 275 гектар картошка ва 2051 га зироатҳои хӯроки чорво кишт гузаронида шудааст.

Дар 6 моҳи соли 2022 истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 24284 тонна ғалладонагиҳо бе ҷуворимакаи дон, 22481 тонна сабзавотҳо, 4956 тонна картошка, 8096 тонна полезҳо ва 2265 тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондодҳо нисбати соли гузашта 2883 тонна ғалладонагиҳо, 3893 тонна сабзавотҳо, 652 тонна картошка, 57 тонна полезҳо ва 5 тонна мевагиҳо зиёд истеҳсол карда шудааст.

Дар ин давра дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 8623 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки он 91 фоизи дурнамои кишти такрориро дар бар мегирад. Аз ҷумла, 3585 гектар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4280 гектар дар аҳолӣ кишт шуда, дар ин самт кишт идома дорад.

Дар ин давра саршумори чорвои калони дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 42697 ҳазор сар, чорвои майда ба 73028 сар, саршумори парранда ба 82232 сар ва асп 2258 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 саршумори чорвои калон 254 сар, чорвои майда 2207 сар ва парранда 1676 сар ва асп 12 сар зиёд мебошад.

Ҳамзамон, имкониятҳои ҷойдоштаи соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия самаранок истифода шуда истода, сол то сол соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта истодааст.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 39 адад расонида шуда, нисбат ба соли гузашта 7-адад зиёд буда, ба онҳо 873 гектар кулу ҳавзҳо вобаста карда шудааст.  Дар ин давра 331,1 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 192,8 тонна зиёд мебошад, ки 139,4 %-и дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои боғу токпарварӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 2,2 гектар боғу токзорҳои нав дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудааст.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба 3180 тонна расонида шудаст, ки ин 85,9 фоизи нақшаи дурнаморо дар бар мегирад

Бо мақсади беҳдошти ҳолати мелиоративии замин, дар ин давра аз 607 километр заҳбуру заҳкаш 12 километр, бо харҷи 254 ҳазор сомонӣ тоза  карда шуда ҳолати мелиоративии 170 гектар замин аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об  беҳтар гардонида шудааст.

Барои тоза намудани заҳбуру заҳкаш дар ҳудуди ноҳия 3 экскватори гуногунтамға сафарбар гардидааст.

Маориф ва илм

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар ноҳия 64 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7-муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1- литсейи №1 ва 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 45127 нафарро ташкил дода, ба онҳо 2091 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.

Аз 1-марти соли равон ду нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия фаъолият доранд, ки то 1 июни соли 2022, аз 2337 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимӣ, 2102 нафари онҳо барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар ба қайд гирифта шудаанд, ки 72,6 фоизро ташкил медиҳанд.

Аз 3187 нафар хонандагони синфҳои 9-и муассисаҳои таълимии ноҳия  3152 нафар синфи 9-ро хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ аттестати синфи 9 гардиданд.

Дар 6 муассисаҳои томактабӣ 471 кӯдак дар 22 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 9 муассисаи таълимӣ маркази инкишофи кӯдак 9 гурӯҳ ташкил карда шуда, иловатан 167 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар ин давра сифати таҳсилот дар маҷмӯъ 53,2 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,4 фоизро дар бар гирифтааст.

Аз ҷумла, 5-нафар хонандагон соҳиби медал гардиданд, 2 нафар ба медали тилло, 2 нафар ба медали нуқра ва 1 нафар ба медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Тандурустӣ

Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки дар соҳаи тандурустии ноҳия 142 духтур ва 560 нафар кормандони миёнаи тиб ва 404 нафар кормандони тиб  фаъолият доранд.

Беморхонаи марказӣ аз 10 шуъбаи ташхисӣ табобатӣ иборат мебошад. Инчунин, дар Беморхонаи маркази шуъбаи қабул ва ёрии таъҷилӣ, хунтаъминкунӣ, УЗИ, таҳлилгоҳи шабонарузи клиникӣ ва биокимиёвӣ фаъолият дорад.

Дар ин давра муассисаҳои тандурустии ноҳия бо 2 мошини нави муосири “Ёрии таъҷилӣ” таъмин гардиданд.

Ҷавонон ва варзиш

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр намуд, ки шумораи ҷавонон дар ноҳия зиёда аз 54032 нафар буда, аз ин 27176 нафар писарон ва 26954 нафар духтаронро ташкил дода, бештар аз 29,5-и фоизи аҳолии ноҳияро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо қариб дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия  кору фаъолият менамоянд.

Дар ноҳия ҷиҳати бунёди иншоотҳои варзишӣ тадбирҳои зиёд андешида шуда, илова ба 12 майдончаҳои варзишии давоми солҳои охир дар ҳудуди деҳаҳо сохта шуда, дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон боз як майдончаи варзишии нави замонавӣ сохта мавриди истифода карор дода шуд.

Ҳамчунин, 130 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил доранд. Дар ҳамин давраи соли ҷорӣ боз 23 нафар ҷавонони ноҳия ба мактабҳои олии кишвар тибқи квота дохил шудаанд, ки 13 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 18 медал, аз ҷумла дар 2 мусобиқаи байналмилалӣ (1-медали тилло ва 1 медали биринҷӣ), 1 медали биринҷӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 15 медал дар сатҳи вилоятӣ (5-тилло, 6-нуқра ва 4-биринҷӣ) сазовор гардиданд.

35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин, раиси ноҳия тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли ҷорӣ 17 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин 13 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки 76 фоизро ташкил медихад, дар ин самт корҳо идома доранд.

Раиси ноҳия Раҳимзода Сафар иттилоъ дод, ки танҳо дар соли 2022 бунёди 17 иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он 7 ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ҳастанд.

– Дар ин мудат дар ноҳия 5 коргоҳу корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи собунбарорӣ, равғанбарорӣ, пахтақабулкунӣ ва коғази ташноб сохта ба истифода дода шуд, – илова кард ӯ ва гуфт, ки ҳоло сохтмони сехи макаронбарорӣ дар ноҳия идома дорад, ки он то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.

Номбурда қайд кард, ки нақша доранд, дар ҷамоати деҳоти Якатути ноҳия як фабрикаи ресандагӣ бунёд кунанд, ки баъди ба истифода додани он 950 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як бинои замонавӣ бунёд карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тамоми коллективҳои меҳнатии ноҳия, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини иҷрои нақшаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия тадбирҳои судманд меандешанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь