РУҶӮЪ…

13-уми январи соли 2017… Ҷумъа… Ҳаво сард…
Саҳаргоҳон ҳанӯз рӯз равшан нашуда буд. Ҳангоми ба кор рафтан дар роҳ дӯстам Хайруллои Фатҳуллоро дидам. Пас аз салом кардан пурсид:
– Хайр, навигариро шунидӣ? Телевизионро имшаб тамошо кардӣ?
Ба ростӣ, ҳамон шаб ё бо сабаби барнома омода кардан барои радио ва ё ба дарс тайёр гаштан бошад, ки натавонистам оинаи нилгунро бинам. Чун ҷавоби маро шунид, боз пурсид:
– Ҳа фаҳмо… ақаллан ба ин саҳарии барвақт оё ягон дигаргуниро эҳсос карда истодаӣ?
Оре, ҳамон субҳгоҳони бармаҳал садои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ аз ҳаррӯза бештару зиёдтар садо медоду фаррошон низ хеле барвақт ба рӯбучини хиёбону кӯчаҳо машғул буданд… мошинҳои обпош низ дар тоза кардан аз дигар рӯзҳо фаъолтар…
– Ҳа, мушоҳидаҳоят дуруст-дуруст, охир… шаҳрдор иваз шуд.
Ин суханони рафиқам Хайруллои Фатҳулло буд.
Пас аз чанде дар роҳу кӯчаҳои тозашуда қадамзанон ба истгоҳ рафта, савори нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ шудем. Ба коргоҳ омадем. 
Дар корхона, дар сӯҳбатҳои байни ҳамкорон ва пас аз таваҷҷӯҳ кардан ба интернет ҳамон рӯз дар кӯчаю берун аз кор низ ҳамин мавзӯи асосӣ шуда буд.
– Шаҳрдории Душанбе ва ё ба қавли дигар «Раиси шаҳри Душанбе Маҳмасаид Убайдуллоев аз вазифааш озод карда шуд…».
Аслан дар ВАО чанд моҳе пештар, чанд маротиба ҳамин гуна гапҳо буду гӯё ариза навиштан ва хоҳиши ба нафақа рафтани Маҳмасаид Убайдуллоев низ қайд шуда буд… Аммо гӯё муаммо он буд, ки кадом шахс, кӣ ин вазифаи басо муҳиму сермасъулиятро ба ӯҳда мегирад? Киро роҳбарияти давлат лоиқ медонанд? Ва…
Рустами Эмомалӣ… Ба ростӣ, дигаргунӣ, тозаю обод гаштани шаҳри азизамон Душанбе аз нахустсоатҳои роҳбарии ӯ ба мақоми нав хубу бараъло эҳсос гашта, раванди ободкориҳои пойтахти давлатамон шакли ҷадид – ҷараёни ҳамагониро гирифтааст. Яъне гуфтанист, ки таҳти роҳбарии шаҳрдори ҷавон гӯё ҳама қувваю нерӯҳо ҷавонтар гаштанд ва самараи корҳо назаррас аст… ва дигар ба зудӣ шунидем, ки дар он моҳҳои сармои фасли сол – зимистон маоши кормандони хизматрасониҳои коммуналӣ, хусусан бонувону мардони фаррош афзуда, онҳо барои корҳои шоёни худ, барои саривақт, новобаста ба сардиҳою барфбориҳои зиёд пурсамар меҳнат намуда, арзанда мукофотпулӣ гирифтанд! Дар ҳақиқат ин кори осон нест, дастӣ барфи зиёдеро аз роҳу кӯчаҳо тоза намудан… Ва баъзеҳо мегуфтанд:
– Ҳа, муҳим, ки меҳнат қадрдонии худи худро акнун ёфта, аксарият гирифтани чунин маошу мукофотпулиро ҳатто орзӯ мекунанд…
Рустами Эмомалӣ… Гӯё ӯро ҳамагон мешиносем, гӯё хеле барвақт медонемаш, гӯё дар зиндагияш мушкилоте набуду нест, гӯё хеле осон ба вазифаю мансабҳо омадааст… Ва… чун хостам маводе рӯйи авроқ биёрам, дидам қариб намедонамаш, ғайр аз чанд маълумоти расмӣ қариб чизе дар ихтиёр надорем…
Ин ҳама ободкориҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ҷидду талоши шаҳрдори ҷавон ҳидоятгари он шуд, ки ба ҷамъоварии мавод оғоз намоям…

ОЗАРМОҲ… СИТОИШИ ОН МАҲУ ШУКРИ ОФАРИДГОР…
Мерасонам ба ҳама ёрон саломи Данғара,
Чун биҳишти адн мебошад мақоми Данғара.
Ҷаҳди мардум кард хуррамтар аҷиб мулку кӯҳҳои Данғара
Гул ба дом, гул ба бар, гулҳо ба боми Данғара.
Аз насими файзбахшу аз нигоҳи тезбин,
Шаҳди яфзун ҳар кӣ мебахшад мақоми Данғара.
(Арафамоҳ Сафарова)

Данғара…
Ду бор бо имкон дар моҳи ноябр ба ин ноҳия сафар карда, тамошокунон бо чанд мусофир сӯҳбати гарм намуда, хеле тез расиданро ба Данғара ҳатто пайхас накардем. Дар ҳақиқат ин навоҳӣ, хусусан маркази он хеле зебою озода шуда, раванди ободкориҳо идома дорад.
Данғара… ба худ тасавур мекунам, ки сӣ сол қабл, дар хонаи марди шарифи ориёасле пас аз интизориҳо, пас аз тавлиди чанд гулдухтар, он шанбеи 19-уми моҳи декабри соли 1987, он озармоҳи аҷдодӣ…
Дар гузашта аҷдодонамон тақвими авастоиро истифода мекарданду озармоҳи ниёгон ба 22-юми ноябр – 21-уми декабр рост омада, бо номи Озаргон ҳамон айём ҷашне барпо мешуд. Озар… он як навъ ба оташ алоқаманд буда, ба ин унсури лозимӣ дар «Авасто» эҳтироми хосе дода шудааст… Озар… он рӯз, он моҳ дар ҳақиқат дар ин хонадон оташе, нуре, гармии дигаре омад… Садои тифл баланд шуду нидоҳо, овоҳои фараҳагез афзуд…
Шодиёна диҳед! Накӯқадам омад, он меҳмони деринтизору хушпай омад!
Оре, метавон тасаввур кард, ки дар як хонадони суннатии тоҷик баъди тавлиди духтарон ба дунё омадани писар чӣ шодие, чӣ хурсандие, чӣ накҳати дигаре дорад!
Модар меболиду падар мамнун буд…
– Ҳа, нагуфта будам, ки Худованд сабуронро дӯст медорад, ана соҳиби писар ҳам шудӣ… ҳамааш ба хайр мегардад, муборак бошад!
Ин садои модари қиблагоҳи хона буду гарм ва бо меҳр писарашро ба оғӯш гирифта, бӯсида шодбошӣ мекард.
– Ҳой-ҳой, ин қадар гирди ӯ ҷамъ нашавед, тифлон фариштагони рӯйи заминанд, онҳоро аз ҳама чиз, аз чашми баду газандҳо эмин доред!
Ин таъкидҳояш буду ҳама хомӯшона пайи кори худ мешуданд…
– Рустам! Оре, ин исм худ гӯё пайку нишотафзо гашта, озармоҳ оташи дигаре оварду ҷилое бахшид! 
«Ситоиш ба ҷой меоварам туро, эй Озар, писари Аҳура Маздо ва ҳамаи озаронро!» (Авасто. Китоби I. Душанбе: «Бухоро», 2014.- С. 31.).
Аҳли оила шукри даргоҳи Офаридгор мекарданд. Падар хеле-хеле шод гашт. Дӯстон табрикаш мегуфтанду хешу ақрабо дилшод буданд. Тифл парвое надошт… дасту почак мезад, гиря мекард… вале ин гиряю ин ҷунбишҳо дар гаҳвораи меросӣ ҳамагонро хушнуд месохт. Як гиряю як садо, як хандаю овои кӯдаконаи писарона гӯё дунёи дигар дошт. Апаҳо ҳама гирди гаҳвора ҷамъ омада, ҳар кадоме бо ин дӯстрӯяк гуфтугӯ мекарданд, бо навбат мехостанд ӯро ҷунбонанду ба даст гиранд. Бибӣ овое медод:
– Фарзандонам, оҳиста-оҳиста, оромона ҷунбонед, то Рустамҷонамон лат нахӯрад… 
Тифл дар кошонаи меҳр, дар оғӯши муҳаббат ноз дошт…

ҲАФТСОЛАГИЮ ЧУН ГУЛ ҲАВОЛА БА ЧАМАН…
Эй аҷаб, дирӯз ман кӯдак будам,
Дар дилам аз зиндагӣ доғе набуд.
На хатое, на гуноҳе доштам,
Танбеҳе аз ваҷҳи густохӣ набуд.
Рустами Эмомалӣ… Пас аз аз даву ғеҷ, бозӣ карданҳо, бепарвоёна қадамзаданҳо дар хонаи падару амакаш вақти мактаб рафтанҳо сар шуд… Сар шуд… он солҳо… оғози солҳои 90-уми асри пешин тамоми моҷаро, душворӣ ва мушкилот ба якборагӣ барои мардуми Тоҷикистон сар шуду рӯбарӯйи диёру мардуми кишвар вартае пеш омад… Раҳоӣ меҷустем…
Шояд хуб эҳсос намекард, ки падар куҷосту паси кадом кору қаҳрамониҳо равона шудааст…
Ба мактаб рафт… ба собиқ мактаби №7-уми ба номи Комсомол…
Мувофиқи маълумоти муаррих Бозор Муродов, пештар ин мактаб шахсан аз тарафи Абулқосим Лоҳутӣ як навъ сарпарастӣ дида, аз тарафи ӯ ин дабистон бо ашёи хониш ва китобу дигар лавозимоти зарурии мактабӣ таъмин мешуд.
Айни ҳол инҷо (оғоз аз соли 2003-юм) Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара буда, хеле зебою диданӣ гаштааст. 
Соли 1993… Ӯю ҳамсабақонашро директор Саид Амонову омӯзгорон хуш пешвоз гирифта, ба синфи яке аз омӯзгорони ботаҷриба бону Ҳарамгул Ҳалимова раҳнамоӣ карданд. Шахсан бо чанд омӯзгор, аз ҷумла бо ин муаллимаи хушфеълу пухтакор мулоқот доштам. Ӯ иброз дошт: “Рустамҷон ҳамон айём як наврасаки майдаякак ба назар мерасид, зеро аз дигарон бо қаду баст, ба синну сол хурдтар менамуд. Дар синф дар партаи пеш гоҳ ҳамроҳи духтарамакаш Маҳбуба менишасту гаҳ ҳамроҳи рафиқаш Фирӯз Ҳалимов. Ӯ кунҷков, донояк ва орому хоксор буд, тайёрии хуб медид. Хубу аъло мехонд”.
Ба сӯям нигоҳ карда:
– Шуморо фаҳмидам… ин шогирдам сардори синф набуд, сардори синф муддате Тахмина Ҳалимова, чанд соли дигар Мижгона Раҳимова буданд…
Ва хаёлан гӯё ба он солҳо парвоз мекунаму мебинам, ки ин муаллимаи нахустину роҳбари синфаш ӯро паси парта менишонаду ба дасташ бо меҳр «Алифбо» медиҳад, ҳарф меомӯзаду ҳисоб меомӯзад… Рустам бархӯрдор аз гармӣ… сабақ меомӯзад…
– Ёдам меояд, ки чанд моҳи сармо вазъи сиёсӣ низ ноҷӯр гашту як-якуним моҳ Рустамҷонро дар хонаашон сабақ медодам,- хотиррасон мешавад муаллима Ҳарамгул Ҳалимова ва давом медиҳад: 
– Бовар мекунед, ки дар хонаи онҳо агарчи барои ин фарзандашон мизу курсии одие омода карда буданд, вале тахтаи синф – доскае дарёфт нашуд… Шояд ҳозир ин афсона намояд, вале он замон мо ҳам ҳеҷ имкони иқтисодӣ надоштем… ва ман пас аз дарси асосӣ ба хонаи Рустамино рафта, машғули тадрис мешудам. Онҷо ҳам чанд соате аз рӯйи мавзӯҳои гузаштаю тибқи нақшаи таълимӣ дарс медодам. Сипас вазъият каме ором шуду ӯ дубора ба мактаб омад. Ду соли аввал роҳбари синфашон будаму фанҳои асосиро мегузаштам. Умуман, Рустамҷон шогирди хуб буду боҳуш…
– Дар синф чанд нафар буданд?
– 18 нафар, 8 духтар, 10 писар…
– Ғайр аз исми ин шогирдатон ному насаби дигарон дар ёд мондааст?
– Оре, Раҳмонова Маҳбуба, Афғонов Нуриддин, Ҳалимов Фирӯз, Каримова Майсара, Ҳалимова Тахмина, Неъматова Маҳбуба ва…
– Ташаккур муаллимаҷон, баъди ба рухсатии дарозмуддат рафтанатон кӣ роҳбарии синфро соли дигар, яъне дар синфи 3-юм ба ӯҳда дошт?
– Ҳамин муаллими онвақт ҷавонамон Изатулло Сатторов…
Ин омӯзгор аввал моро ба синфхонае, ки Рустами Эмомалӣ онҷо се сол таҳсил дошт, бурда, ӯ ҳам бо муҳаббат аз зиракию ҳушмандӣ ва завқи зиёди шогирдаш ба таълим ёдрас мешавад: 
– Бисёр хонандаи хушфеъл буду чанд муддате ман ӯю Маҳбубаро ба мактаб оварда, мебурдам. Гузарам аз ҳамон сӯ мегузашт. Мактаб ба хонаашон наздик буд…

ДУШАНБЕ… ОҒОЗИ ПАРВОЗҲО…
Баробари каме ба эътидол омадани авзои сиёсии ҷумҳурӣ аҳли оилаи онҳо ба пойтахт кӯчиданд, барои сарвари хонадон низ осон набуд… Он солҳои 1992-1997 шаҳри Душанбе бо ном пойтахт ҳисоб мешуд. Дар асл як шаҳри камодаму пурхатар ва пуртаҳлука буда, худ, ки он замон (солҳои 1994-1999) донишҷӯй будам, хуб дар ёд дорам, ки шаҳр шабаҳеро мемонд. Душанбе… Он давра…
Шаҳри шикастаҳо, шаҳри фитодаҳо,
Шаҳри пиёдаҳо монанди подаҳо.
Дилҳои ғамзада, қадҳои хамзада,
Бар сарнавишти бад гарданниҳодаҳо…
Ва баъдан як паёми ҷонбахше омад: Соли 1997… Дар он сол тоҷикон тавонистанд ҳама масъалаҳои душвору асосиро ҳал намоянд. Аз ҳама муҳимтар, пеши роҳи ҷанг гирифта шуд…
Ваҳдат, Истиқлолият, Сулҳ, Якпорчагӣ, Фазои орому осуда…
Инҳо мафҳумҳои муқаддас барои ҳар як миллату давлат буда, дар воқеияти он ҳар халқу кишвар пешрафт, комёбӣ ва зиндагии беҳтару боварӣ ба ояндаи дурахшонро мебинад. Аммо ин омилҳои муҳим насиби на ҳар қавм ва кишвар мегардад. Агарчи дар роҳи озодӣ ва расидан ба арзишҳои баланди миллӣ дар масири таърих ҷонбозию муборизаҳои зиёде шудааст, аммо соҳибихтиёрӣ ва соҳиби марзу буми хеш будан танҳо ба он нафароне муяссар мешавад, ки кори оғоз кардаро аз аввал то ба охир, новобаста ба ҳама мушкилот давом дода, таҳти ливои Озодӣ ва роҳбарии марди шарифе ба қуллаи мурод мерасад! Чунин шахсият аллакай Пешвои барҳақи миллат ва озодибахши кишвару давлат Эмомалӣ Раҳмон буду маросими имзои ин санаи муҳим дар меҳмонсарои «Президент-отел»-и Маскав анҷом ёфт. «Ба имзорасии ҳуҷҷати зикршуда маҳсули он заҳматест, ки сарвари давлат тӯли 1495 рӯз сари ҳокимият омаданаш интизор буд!». (Саидов З., Тоштемуров М. Шоҳроҳи сулҳ. //«Ҷумҳурият» 8.02.1997, №5 (19.923). Гуфтушуниду музокираҳо дар Кобулу Ашқобод, Маскаву Теҳрон, Тошкант ва Алматою дигар ҷойҳо дар охир натиҷаи хубу самараи нек доданд! 27-уми июни соли 1997 рӯзи Ваҳдати Миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ эълон шуда, ҳар сол бо тантана таҷлил мегардад. Он ҳама бадбахтиҳо ба поён расид:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад!
Рустами Эмомалӣ… Ва ҳарчанд шояд он қадар пурра ба дарки гирудорҳои зиндагӣ намерафт, вале андак-андак оромӣ ва чеҳраи хандони падарро дидаю даме дар бағали ӯ ҷо гирифта, хурсанидиаш меафзуд, ки қиблагоҳашро акнун нисбат ба солҳои пешин тез-тез мебинад… Сипас дар шаҳр низ ба зудӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба собиқ литсейи барои кӯдакони лаёқатманд пас аз супурдани санҷишу имтиҳонҳои зарурӣ шомил шуд. Ёдрас мегардем, ки ин дабистон аз санаи 20.02.1998 номи мактаб-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатандро гирифт. Дар ин таълимгоҳ ҳам омӯзгорони мушфиқ баҳраш дарс медоданду роҳбари синфаш муаллима Зулфия Иномова як бонуи коршинос ва огоҳдил буд. Зимни сӯҳбат бо ӯ дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ин шогирдашро на таърифу мадҳи зиёдатӣ, балки воқеиятро изҳор карда, аз рафтору хониши хубу аълояш ёдовар гашт. Шавқу рағбаташ ба фанҳои математикаю алгебра, таъриху ҳуқуқ, информатика зиёд буду ба варзиш дилбохта буд. Муаллима мегӯяд, ки «агар соате онҳоро дар синфхона намеёфтам, пас ҳатман дар майдони футбол пайдо менамудам. Аз байни онҳо ҳамсабақашон Шоҳрух Саидзода низ ба футбол меҳри зиёд дошт. Гузашта аз ин, онҳо дар шанбегию корҳои ҷамъиятӣ, нишасту маҳфилҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекарданд. Як синфи муттаҳид буд…».
Собиқ директори ин гимназия мӯҳтарам Қурбон Неъматовро дар назди кӯдакистони №113-уми «Аниса»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дида, бо ӯ вохӯрдам. Дар тақвияти гуфтаҳои муаллима Зулфия Иномова ӯ ҳам изҳори хушнудӣ дошт, ки “Рустам як хонандаи рамузфаҳм буду ман-манӣ надошт. Боре нашунидаам, ки аз номи падар ва мансабу мақоми қиблагоҳаш сӯйистифода карда бошад”.
Боре Президенти Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги ҶТ, варзишгари маъруф Мирсаид Яҳёев иброз карда буд, ки «Рустами Эмомалӣ чанд муддат дар толори варзишии мо машқу тамрин карда, шогирди умедбахш буд…».
Таҳсил дар мактаб тамом шуду гирифтани донишу сабақ дар шоҳроҳи бузургтари таҳсил фаро расид…
ДМТ… факултаи молиявию иқтисодӣ. Тавре декани факултаи молиявию иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фозилҷон Обидов иброз доштанд: «Рустами Эмомалӣ як донишҷӯйи фаъол буду сари вақт дар дарсҳо иштирок мекард ва аз донишҳои универсалии ДМТ бархӯрдор мешуд. Тамоми супоришу масъулияти ба дӯш доштаашро саривақт иҷро менамуду ба дарсҳо омодагӣ медид. Боиси ифтихор аст, ки чунин хатмкарда ва шогирди ин муассисаи маъруфи мамлакат ҳоло пурмасъул кор мекунад!».
Акнун дар пешаш ҷодаи нав – ҳаёт меистод! Равандҳои зиндагӣ мисли саманди бодпо савораи боҳушу маҳкамиродаро тақозо дошту Рустам ба монанди ҳамон қаҳрамони марказии «Шоҳнома» савораи Рахши хеш аст! 
Ба ростӣ, ба ҳамаи он муассиса ва вазоратҳое, ки то соли 2017-ум ӯ кор кардааст, рафта натавонистам, вале бо имкон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо иҷозат бо муовини ин ниҳод мӯҳтарам Зарифзода Абдукарим Абдураҳим вохӯрдам. Ӯ баён дошт, ки аз соли таъсиси ин Агентӣ (соли 2007) инҷо фаъолият дошта, новобаста ба оне, ки ба синну сол аз Рустами Эмомалӣ бузургтар аст, вале баъзе паҳлуҳои роҳбарӣ, тарзи муомилот ва ташрифу пазироиро аз ӯ омӯхтааст: “Худи зиндагӣ ба таври доимӣ омӯхтан асту сайқали маҳорати касбӣ. Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбар шахси ба кор ҷиддӣ, ғамхору сахтгир ва серталаб буда, ба ҳар нафар корманд диққат дода, фаъолияти шахсро инфродӣ баҳогузорию қадрдонӣ мекард. Ба ростӣ, баробари ба ин бино омадан (воқеъ дар кӯчаи Карамов), ки собиқ бинои Вазорати адлия буду он қариб корношоям гашта буд, ба тезӣ таъмир сар шуду ба зудӣ тарҳу сурати бино шакли зебо гирифта, дохили утоқҳои корӣ, роҳравҳо сафедгуну зебо карда шуда, рӯйи ҳавлӣ гулкорию сабзазор шуд”. 
Мӯҳтарам Зарифзода А. мегӯяд, ки «бовар кунед, ҳамаи ҳамкорон якҷоя чанд маротиба шанбегӣ гузаронида, худам ба он раванди ободкориҳо ҳамроҳ шудам. Ҳамчун роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ шахси кордону фаъол буд…».
Ва аз ВАО хабардор ҳастем, ки дар ин ҷо Р. Эмомалӣ ҳанӯз дар моҳи майи соли 2015 ба нафақа 38 кормандро ботантана гусел карда, аз ин ҳисоб номи ду ҳамкор ба Китоби фахрии ин ниҳод барои меҳнати шоён қайд шуда, 4 нафар бо ҷоизаҳои вижа, 15 кас бо Ифтихорномаҳо сарфароз шуданд. Дар моҳи июни соли 2015 бошад, тавассути аттестатсия, ки дар он худаш иштирок дошт, 56 кормандро барои фаъолияти ғайрипрофессионалӣ аз кор ихтисор намуда, ҳамчунин тариқи озмун ҷавонони лаёқатманди соҳаро ба кор пазируфт.
Аз ҳисоботи соли 2016-уми Агентӣ бароям маълум шуд, ки аз тарафи мутахассисони инҷо он сол 1190 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 386 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, дар рафти тафтишу санҷишҳо 269 миллион сомонӣ ба давлат барқарор гардид, ки ин 70%-и зарари ошкоршударо ташкил медиҳад!
Кори Агентӣ зери роҳбарии ӯ афзуда, кормандон имконияти бештар ба даст оварда, такмили ихтисос ва ҳамкорӣ бо дигар ниҳоду вазоратҳо хубтар шуду дар раванди решакан кардани ришваситонӣ муборизаи беамон шиддатнок шуд. Дар панҷ соли охир (2001-2016) зарари молиявӣ ба маблағи 1 млрд 435 млн сомонӣ ошкор шуда, аз ин ҳисоб ба соли 2011-ум 107 миллион, 2012-ум 166 миллион, 2013-ум 241 миллион, 2014-ум 366 миллион, 2015-ум 285 миллион ва дар соли 2016 ба маблағи 386 миллион сомонӣ рост меояд! 
Метавон гуфт, Рустами Эмомалӣ дар ин кор ва зинаи навбатии фаъолият боз ҳам худро ҳамчун соҳибкасб нишон дода, содиқона меҳнат намудааст.
Рустами Эмомалӣ… Раиси шаҳри Душанбе… ба ин кор низ ҷиддӣ машғул шуда, дар санаи 17.01.2017 қарори махсуси ӯ таҳти №24 дар бораи тасдиқи ҷадвали навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баромада, фаъолият ҷоннок шуд. Дар санаи 28-уми январ бошад, аз Корхонаи воҳиди давлатии “Троллейбус”-и пойтахт боздид намуда, то соати 23:00 хизматрасонӣ ба мусофиронро ба роҳ монд. Ин қарору тадбир ва боздидҳои корӣ аввалан барои таъмини мусофирон бо нақлиёт буду дар ояндаи наздик даҳҳо троллейбус, нақлиёти сабукрави мусофиркаш ва автобусҳои нав масалан аз Туркия ба шаҳр ворид гардид.
Иқдоми дигар, аз 2-юми феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо роҳбарию роҳнамоии Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон оғози маъракаи ниҳолшинонӣ ва омодагиҳо ба Наврӯз буд. Зимнан қарори Раиси шаҳр таҳти №52 аз санаи 06.02.2017 дар бораи эълони 150 рӯзи ободонии “Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт” интишор шуда, ин равандро ҳамагон дастгирӣ карда, дар сарсабз шудани пойтахти азизамон саҳмгузор ҳастем. Дар баробари ин, ӯ мустақилона кор бурда, дар сатҳи баланд вохӯриҳо мегузаронад. Аз ҷумла, дар санаи 9-уми феврал мулоқоти самараноки Р. Эмомалӣ бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 12-уми апрел мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори ФР дар ҶТ Игор Лякин-Фролов ва бо Сафири фавқулоддаю мухтори Ӯзбекистон дар ҶТ Шоқосим Шоисломов, 28-уми июн мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар ҶТ бону Ясмин Гуедар, 25-уми сентябр мулоқот бо ноиби губернатори Санкт-Петурбург Анна Митянина хубу судбахш доир гардид. Зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Қ. Бердимуҳаммадов аз санаи 2-юми ноябр бошад, созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрии ҳокими Ашқобод Шомуҳаммад Дурдилиев ва Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Ҳамагон шоҳид будем ва аз ВАО хабардор гаштем, ки имсол дар санаи 21-уми март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ Э. Раҳмон дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” иди Наврӯз ботантана таҷлил гардид. Барои дар сатҳи баланд барпо кардани ин ҷашн арзи сипоси роҳбари давлат ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ баён гашт, ки ин баҳои баланд буд! 
Чун соли 2017-ум “Соли ҷавонон” эълон шудааст, аз ин лиҳоз барои муташаккилонаю дар зинаи баланд гузаронидани он аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе аз санаи 03.04.2017 таҳти №152 “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2018” ба имзо расид. Ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки маҳз имсол “Рӯзи ҷавонон” дар моҳи май дар варзишгоҳи марказӣ бо шукӯҳ ва ҷалоле гузашта, омодагӣ ба он зери назорати шаҳрдор ҷиддӣ сурат гирифта буд!
15-уми апрели соли ҷорӣ дар рӯзи пойтахт хидматрасонии ройгони нақлиёти шаҳрӣ сурат гирифта, ҳазорон сокин ва меҳмони пойтахт аз он истифода карда, аз кӯчабоғу сайргоҳҳо дидан намуданд. 
Имсол дар Душанбе сохта ба истифода додани 78 майдончаи варзишию барои бозии кӯдакон ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин 36 истгоҳи замонавӣ дар ҳоли бунёд қарор доранд. Худи Раиси шаҳри Душанбе ҳанӯз 24-уми август дар хиёбони Рӯдакии пойтахт дар рӯнамоии нахустин чунин истгоҳ иштирок карда, ба сохтмончиён маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин, ташкили телевизиони “Душанбе HD” навгонӣ буда, HD худ шакл ё формати ҷадид дар сохтори телевизион ба ҳисоб рафта, пешниҳоди барномаҳо бо сифати баландтар дастраси тамошобин мегардад. Тавассути ин телевизион ҳамаррӯза мебинему мешунавем, ки масъулини шаҳр аз сокинон хоҳиш мекунанд, то камбудиҳои маҳаллаю раста ва норасоиҳои пойтахтро дар ягон намуди видеоӣ ва ё расм ба онҳо равон намоянд. Ва бад-ин тариқ он камбудиҳо бартараф гардад! В-ин як роҳи аз байн бардоштани нуқсонҳои ҷомеа бо иштирок ва кӯмаки худи ҷамъият маҳсуб ёфта, ин амали нек аллакай натиҷа дода истода, иштироки оммаро фаъолтар мекунад. Ҳамчунин, ин кор мардумро ҳушёр намуда, ба муҳити зист, шаҳр ва пойтахт дилгарм сохта, масъулинро ҳушдор медиҳад!
Чорабиниҳои зиёд, қарорҳои муҳим ва ба таври хастанопазир кор кардани Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамоно аз дилсӯзии ӯ ба кори хеш, ба ҷодаи интихобнамудааш дарак дода, борҳо шунидем, ки дар назди Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумат ҳисоботу гузориш дода, ба мисли сарбози ҷонфидо дар хизмат ба ин миллату кишвар омода аст.
Рустами Эмомалӣ… Сӣ гуле дар сабади умраш мегузорад, пуртароват, накҳатбор ва шукуфон! Сӣ гуле…
Сӣ баҳори умри ман бигзашту рафт
Мисли рӯзони гулафшони баҳор.
Гӯиё бисёр раҳҳо тай шуданд
Дар давоми умри кӯтоҳи сарам.
Гӯиё бисёр кас огаҳ шуданд
Аз замирам, аз дилам, аз хотирам.
Гӯиё ман ҳам кушодам оламе,
Безиён гӯё, ки суде ёфтам,
З-ин сабукборони хаскаш нестам,
Мехурӯшам, то садое дардиҳам.
Меравам бо зиндагонӣ по ба по,
То ба пои зиндагонӣ сар ниҳам…
Рустами Эмомалӣ… баробари ошно гаштан бо зиндагиномаи кӯтаҳи ӯ акнун бароям як олами дигаре кушуда шуду баҳри дил низ, зеро новобаста ба оне, ки ҳанӯз ҷавон аст, вале таҷрибаю маҳорат ва кордонии як бузургсолорро дорад. Аз устодонаш, ҳамсабақону кормандонаш дарёфтам, ӯ ҳамонест, ки шиораш фармудаи оқилонаи орифи тавоно Мир Сайид Алии Ҳамадонист:
Назди ман ҷавонмард он бувад,
Ки камтарин кораш фидои ҷон бувад!
Рустами Эмомалӣ… Сӣ гуле дар сабади умраш мегузорад, пуртароват, накҳатбор ва шукуфон! Бигзор шукуфон бошаду ин шаҳру ин диёрро боз ҳам шукуфон созад!

Сабзаалӣ АСОЗОДА,
Душанбе – Данғара – Душанбе
aso-zoda@mail.ru

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь