Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: “Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус изҳор доштанд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маорифсармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ ҳамчунин, қайд намуд: Дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026, Солҳои рушди саноат ба мо бештар имкон медиҳад, ки соҳаи саноатро рушд диҳем ва саҳми арзандаи хешро гузошта бошем”.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод дар қатори халқи шарафманд ва соҳибхиради ҷумҳурӣ фахр аз он дорад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуд ва дар айни замон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод баҳри сазовор пешвозгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳама ҷониба фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст”.

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод давоми семоҳаи аввали соли 2022 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021), баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07-уми феврали соли 2022 №АП144 қарори раиси ноҳия аз 03-уми марти соли 2022 ба имзо расида, нақшаи чорабиниҳо аз 48 банд таҳия гардида тасдиқ карда шудааст, ки дар муҳлатҳои пешбинигардидаи нақша-чорабинӣ ба мақомоти болоӣ ахбори муфассал пешниҳод карда шудааст.

Аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он ба фаъолияти коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ нисбати солҳои пешин талабот бештар гардида, оид ба назорати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ диққати аввалиндараҷа дода шудааст.

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2021-2025” бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30-уми декабри соли 2020, №47 тасдиқ гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки ба барнома 70 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи умумии он 200,2 млн. сомониро ташкил менамояд.

Дар Барнома амалишавии 13 лоиҳа дар бахши кишоварзӣ ба маблағи 132707 ҳазор сомонӣ ё 66,3 фоиз, саноат 4 лоиҳа ба маблағи 15900 ҳазор сомонӣ ё 7,9 фоиз, соҳибкорӣ 8 лоиҳа ба маблағи 4025 ҳазор сомонӣ ё 2 фоиз, сайёҳӣ 2 лоиҳа ба маблағи 3500 ҳазор сомонӣ ё 1,7 фоиз, маориф 9 лоиҳа ба маблағи 16120 ҳазор сомонӣ ё 8,1 фоиз, тандурустӣ 9 лоиҳа ё ба маблағи 3218 ҳазор сомонӣ ё 1,6 фоиз, фарҳанг 4 лоиҳа ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз, ҷавонон ва варзиш 4 лоиҳа ба маблағи 7050 ҳазор сомонӣ ё 3,5 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 2 лоиҳа ба маблағи 1500 ҳазор сомонӣ ё 0,7 фоиз, таъминоти об 1 лоиҳа ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ё 0,2 фоиз, нақлиёт 3 лоиҳа ба маблағи 11150 ҳазор сомонӣ ё 5,6 фоиз, барқ 4 лоиҳа ба маблағи 2590 ҳазор сомонӣ ё 1,3 фоиз, ҳифзи муҳити зист 2 лоиҳа ба маблағи 325 ҳазор сомонӣ ё 0,2 фоиз, ҳолати фавқуллода 2 лоиҳа ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз ва идоракунӣ 3 лоиҳа ба маблағи 1400 ҳазор сомонӣ ё 0,7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъҳои маблағгузории барнома чунин муқаррар гардидааст: аз буҷети давлатӣ 28227 ҳазор сомонӣ ё 14,1 фоиз, аз ҳисоби бахши хусусӣ 62381 ҳазор сомонӣ ё 31,2 фоиз ва аз ҳисоби шарикони рушд 109592 ҳазор сомонӣ ё 54,7 фоиз, пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 аз миқдори умумии лоиҳаҳо 11 лоиҳа ба маблағи 23095 ҳазор сомонӣ пурра иҷро гардидаанд, ки 11,5 фоизи маблағи умумии Барномаро ташкил медиҳад. Аз ин 1 лоиҳа ба маблағи 12000 ҳазор сомонӣ ба бахши кишоварзӣ, 1 лоиҳа ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ба бахши ҷавонон ва варзиш, 1 лоиҳа ба маблағи 3255 ҳазор сомонӣ ба бахши нақлиёту роҳ, 3 лоиҳа ба маблағи 1800 ҳазор сомонӣ ба бахши соҳибкорӣ, 2 лоиҳа ба маблағи 640 ҳазор сомонӣ ба бахши тандурустӣ, 1 лоиҳа ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба бахши коммуналӣ, 1 лоиҳа ба маблағи 4 млн 200 ҳазор сомонӣ дар самти идоракунӣ иҷро гардидааст.

Инчунин, амалигардонии 19 лоиҳа ба маблағи 21 млн 275 ҳазор сомонӣ оғоз гардидааст. Аз ҷумла, 5 лоиҳа ба маблағи 12 млн 800 ҳазор сомонӣ ба бахши кишоварзӣ, 2 лоиҳа ба маблағи 2 млн 500 ҳазор сомонӣ ба бахши саноат, 2 лоиҳа ба маблағи 2 млн 15 ҳазор сомонӣ ба бахши роҳу нақлиёт, 2 лоиҳа ба маблағи 1 млн 800 ҳазор сомонӣ ба бахши соҳибкорӣ, 2 лоиҳа ба маблағи 1 млн 400 ҳазор сомонӣ ба бахши маориф, 1 лоиҳа ба маблағи 20 ба бахши фарҳанг, 2 лоиҳа ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ дар соҳаи барқрасонӣ, 2 лоиҳа ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқуллода ва 2 лоиҳа ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ дар соҳаи идоракуниро ташкил дода, корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар маҷмуъ, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои  2021-2025” ба ҳолати 01-уми апрели соли 2022 ба 22,2 фоиз иҷро гардидааст ва дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.

Ҳолати ҳамкорӣ ва дастгирии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳаҷми кӯмаки молиявӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, барои амалӣ намудани вазифаҳои онҳо бо дарҷи номгӯи вазифаҳои маблағгузоришаванда;

Дар асоси сметаи хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия, ки дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардида буд, тибқи муҳлатҳои муайянгардида маблағҳои зарурӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷудо шуда истодааст.

Муроҷиат

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр намуд, ки дар ин давра 882 адад аризаю шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардида, 813 адад дар муҳлатҳои аз тарафи қонун муқарраркардашуда баррасӣ гардида, 69 адад муроҷиатҳое, ки муҳлати баррасиашон мавҷуд мебошад, таҳти баррасӣ қарор доранд.

Дар ин давра ба раиси ноҳия, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия 149 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ворид гардида, 137 адад дар муҳлати муқаррашуда баррасӣ карда шуданд, 12 адад муроҷиатҳое, ки муҳлати баррасиашон мавҷуд мебошад, таҳти баррасӣ қарор доранд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар вақти қабули раиси ноҳия шаҳрвандон оид ба масъалаҳои вобаста ба баҳси замин, саҳми хоҷагиҳо, гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодабарии замин, таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ, муаммои барқ, ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, кумаки моддӣ ва молиявӣ инчунин масъалаҳои таъминоти нафақа, варзиш, савдою тиҷорат, номгузорӣ ва ғайра ворид шуданд.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули шаҳрвандон аз рӯи усули “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд. Шаҳрвандон дар доираи ин шакли корбарӣ ба роҳбарияти ноҳия, воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ муроҷиат карданд ва ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳалли худро ёфтанд.

Дар давраи сипаригардида дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои раиси ноҳия бо аҳолӣ гузаронида шуд.

Рушди соҳаи саноат

Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ дар идомаи суҳбат махсус атрофи вазъи соҳаи саноат дар ноҳия таззаккури бештар дода, аз ҷумла қайд намуд, ки соҳаи саноатии ноҳия асосан аз коркарди пахта ва маҳсулоти он вобаста буда, маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии ноҳия тибқи талаботи бозор буда, мунтазам дар бозорҳо харидори худро доранд.

Давоми панҷмоҳаи якуми соли 2022 аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 81 млн 771,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 млн 741,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиши истеҳсолот 160,2 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта 2066,1 тонна ва пунбадона 3058,4 тонна расонида шуд, ки ин нисбатан 389,3 тонна ва 899,5 тонна зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар корхонаҳои равғанбарории ноҳия 121,2 тонна равған истеҳсол гардида, нисбат ба панҷ моҳи соли сипаригардида 57,7 тонна афзудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 295,7 тонна гӯшти парранда, 17,33 тонна панири равғанӣ ва ҳолландӣ 52,5 тонна қаннодӣ истеҳсол гардид, ки ин нисбатан гӯшти парранда 39,21 тонна, панир 16,8 маротиба ва қанндоӣ 1,5 тонна зиёд гардидааст.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар тақвият додани ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, металлургияи рангаву сиёҳ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва мошинсозӣ  корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст ва ин иқдом бо суръат идома дорад.

Тибқи нақшаи бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар соли 2022-ум 4 корхонаи нав бо таъсиси 60 ҷои корӣ ба нақша гирифта шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки корхонаҳои навтаъсис ба истеҳсоли равған, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодӣ буда, барои иваз намудани маҳсулотҳои воридотӣ мусоидат менамояд. Корхонаҳои мазкур тибқи нақша то охири сол ба истифода дода мешаванд.

Андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати таъмин намудани корхонаҳои истеҳсолии кишвар бо ашёи хом ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ бо мақсади таҳвили минбаъдаи маҳсулоти ниҳоӣ ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия 27 корхонаи саноатӣ аз ҷумла: 1 адад фабрикаи насоҷӣ, 15 адад корхонаи коркарди пахта, 5 адад корхонаи истеҳсоли равған, 1 адад корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 1 адад корхонаи коркарди шир, 2 адад корхонаи истеҳсоли гӯшти парранда ва 1 адад истеҳсоли панир, 1 адад қаннодӣ мавҷуд мебошад.

Дар ин давра 131,4 ҳазор дона хишти сементӣ, 165,6 метри мукааб регу сангмайда ва 81 метри мураббаъ дару тирезаҳои пластикӣ истеҳсол гардидааст.

Дар рафти суҳбат мавсуф дар хусуси вазъи саноат дар ноҳия ҳамчунин, изҳор дошт, ки санаи 13-уми сентябри соли 2020 низ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корхонаи коркарди ҶДММ “Шири Зафаробод” ба фаъолият оғоз намуд.

Корхонаи мазкур бо иқтидори коркарди 3000 тонна шир дар як сол сохта, ба истифода дода шудааст, ки айни замон фаъолият намуда истодааст.

Роҳандозӣ намудани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода тибқи нақша ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо қарори раиси ноҳия аз 1-уми августи соли 2019, №676 Шӯрои рушди саноати ноҳия таъсис дода шуд.

Алҳол дар ноҳия 27 адад корхонаҳои саноатии хурду калон ва сехҳои истеҳсолӣ аз тарафи соҳибкорони ноҳия ташкил карда шуда, дар соҳаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равған, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ширӣ, паррандапарварӣ ва қаннодӣ кору фаъолият намуда, бобати ташкили корхонаҳои саноатии истеҳсоли афшураҳои меваю сабзавот, хушк намудани пиёз, коркарди пусту пашм имкониятҳои фаровон дошта, ҷиҳати ташкили чунин корхонаҳо корбарӣ рафта истодааст.

Доир ба рушди саноати хӯрокворӣ дар ноҳия 2 корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ бо иқтидори истеҳсоли 6000 тонна гӯшти парранда ва 5 адад корхонаи истеҳсоли равған ва дигар коргоҳҳои хурди саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд ва дар оянда шумораи чунин корхонаҳо зиёд карда мешаванд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2020, №570 “Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба санаи 1-уми июли соли 2020 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 5 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофии дастӣ фаъолият менамоянд.

Мувофиқи ноҳия 3 адад коргоҳҳои хурди истеҳсоли сару либоси мактабӣ ташкил карда шуд, ки доир ба истеҳсол ва таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ барои хониши солҳои 2022-2023 бо шартномаи ҳамкорӣ байни шуъбаи маорифи ноҳия барои истеҳсоли 35000 адад ба имзо расонида шуд.

Дар соли 2021-2022 миқдори либосҳои мактабии истеҳсолгардида 24330 ададро ташкил намуд.

Инчунин, дар ин давра ба миқдори 1000 метри мураббаъ адрас ва 50 метри мураббаъ қолинҳо истеҳсол карда шудааст.

Тақвият додани корҳо бо мақсади ташаккул ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дар ин замина таъсис додани корхонаҳои саноатӣ ба маром идома дорад.

Корхонаҳои саноатии ноҳия асосан ба коркарди пахта ва маҳсулоти он нигаронида шуда, фаъолияти кори онҳо аз ҳаҷми пахтаи қабулкарда вобаста мебошад. Бинобар то аввали соли ҷорӣ дар як қисми корхонаҳои коркард ба охир расидани ашёи хоми қабулгардида то моҳи сентябр фаъолият намекунанд. Ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҳисоби мавсими ҳосили пахтаи имсола бо пуррагӣ ба кор дароварда мешаванд.

Бо мақсади коркарди маҳсулоти кишоварзӣ шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фуруши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот дар ноҳия фароҳам мебошад.

Доир ба бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорон чораҳо андешида мешавад.

Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои кории нав ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда ба роҳ монда шудааст.

Дар фароварди суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки албатта, тибқи Амру Супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тамоми имкониятҳоро баҳри пешрафти соҳаи саноат ва дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба роҳ хоҳем монд то ки сатҳу сифати зиндагии мардум беш аз пеш беҳтар гардад. Албатта, рушди саноат заминаҳои пешрафти кишварро бештар фароҳам хоҳад овард. Аз ин лиҳоз, мекӯшем аз имкониятҳое, ки Пешвои муаззами миллат барои мо фароҳам овардаанд, самаранок истифода намоем, зеро хизмат ба халқу ватан ин шараф аст ва аз ин хотир, талош меварзем, ки ба халқу ватани худ хизмати шоистатаре карда бошем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь