Раиси правления Амалпараст Тӯразода ба саҳрои бригадаи пахтакории рақами 5 сардораш Бюрократ Лаганбардоров омад.  Пичир-пичири духтарони байни ниҳолҳоро нарм намуда истодаро бо ҳар ду гӯшаш шунид:

-Ана худи «Раиси паррон» ҳам омаданд,-гуфт яке аз духтарон. Садои гулдуроси ханда баланд шуд.-Аз афташ мақолаи дар газета чопшударо хондаанд. Як ба ваҷоҳаташон нигаред…

-Бас кунед, шарм намедоред-мӣ?- фарёд зад саркор Бюрократ Лаганбардоров ба пешвози раис баромада.-Охир, раиси дар як сол як маротиба меомадагиро ҳам хафа карда мефиристонем-мӣ, акнун?!

-Аз афташ раис газетаро хондагӣ барин, гуфтед-мӣ?-гуфт колхозчии дигар садояшро бо садои боз ҳам баландтар. – Э-э, ҳамин одам худашон газета мехонанд-мӣ…

-Ба газетаро хондан вақт меёфта бошанд? Ба он кас фақат маишат бошад,-гуфт колхозчии ба сӯҳбат таваҷҷӯҳдошта ба ибораи «маишат» ишора намуда.

-Шунида мемонанд ҳам намегӯед-а?-ба гап ҳамроҳ шуд духтари сардори бригада Бюрократ Лаганбардоров.-Раис мешаванду намехонанд-мӣ?! Мехонанд…

-Монда набошед, монда набошед!-гуфт раис расида омада баъд аз саломуалейки хоҳам-нохоҳам, пасон илова намуд:-Корҳо хубанд-мӣ?

Садои ҳеҷ кас шунида нашуд, дар байн хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Барои аз вазъияти ноқулай раҳо шудан саркор Бюрократ Лаганбардоров хомӯширо халалдор намуд:

-Саломат бошед, раис-бобо! Дар сояи давлататон корҳоямон ҳам бад нестанд!-Бисёрии колхозчиҳо хӯрда мемондагӣ барин ба Лаганбардоров нигаристанд.

Гап ба гап часпидан нагирифт. Як-ду гапҳои шӯху ҳазли раис ҳам кайфияти колхозчиҳоро бардошта натавонист.

-Ба мухбирҳо ҳам ҳайронед!-гуфт Бюрократ Лаганбардоров хам шуда алафҳои бегонаи вақти нарм намудани байни ниҳолҳо монондаи баъзе колхозчиҳои танбалро канда гирифта истода.-Ҳама чизро ҳам дар газета чоп намудан мегирифтаанд-да?!

Раис аз нисбати худаш «ҷомаашонро чаппа пӯшидан»-и колхозчиҳо бо хаёлаш банд шуда, ба ин гап парво ҳам нанамуд. Дарҳол ба рафтан тайёр шуд. Ба Бюрократ Лаганбардоров ба таври худаш ину он супориш бидод. Дар миёни гап ҳозир даркор будани дар асоси бозсозӣ кор карданро ҳам часпонда гузаштанро фаромӯш нанамуд. Бо колхозчиҳо «хайру маъзур»-ро насия намуда, кайфияташ фаромада таҳти гусели яке аз бригадирони «аз ҳама пешқадам» Бюрократ ба мошини дар канори роҳ истодааш майли савор шудан намуда, пурсид:

-Чаро ин қадар аз қавоқу димоғи колхозчиҳоят барф меборад?

-Нафаҳмидам,-китф дарҳам кашид бригадир.

-Нафаҳмида бошӣ дониста мон. Ба холакалонашон қавоқу тумшуқ бикунанд!-гуфт Амалпараст Тӯразода овозашро каме баланд намуда ва ба ронандааш фармуд:-Ба идора ҳай бикун!

Ба раис шояд гапҳои колхозчиҳо таъсир намуд, ки ба таъбири худаш «газетаҳои свежий»-и котибаи миёни химча баринаш пилларо ба ёд меовардагии раис Ғунчагул оварда мондаро аз назар гузарондан хост.

Ба фикри худаш ин одати хуби ӯ буда, аз навигариҳо бохабар шуданро аз газетаи ноҳиявӣ оғоз менамудааст! Вақти ба саҳифаи чоруми газета омадани навбат раиси худашро «ихлосманд»-и адабиёт гуфта гашта ҳикояи «Раиси паррон»-и дар «Саҳифаи рӯзи шанбе» нашршударо хондан хост. Ҳикоя аз аввал то охираш ба кирдорҳои Тӯразода «бахшида» шуда буд. Ҳатто як ҷои «Тӯразодаи маишат гӯянд, худашро аз бом мепартофтагӣ бо баҳонаи ба институт дохил шудани яккаписараш субҳу бегоҳ ресторанро ба иҷора гирифта…» навишташудаашро гаштаю баргашта хонд.

«Наход маро танқид намуда бошанд,-гуфт ба худ.- Чаро як одами шабу рӯз барои кори колхоз давуғеҷ менамудагиро ин қадар танқид менамоянд? Ҳоло ман ба онҳо маишатро нишон медиҳам! Ҳоло ин мухбирҳо бо собуни ман ҷомашӯӣ накардаанд?!-Амалпараст Тӯразода аз сабаби фаромадани кайфияташ газетаҳои дигари рӯи мизи кориашро ҳатто кушода надид. Пеши чашмонаш торик шуда, чӣ тавр шитобон ба берун баромаданашро худаш ҳам эҳсос накард.- Яъне колхозчиҳо ҳам ба ҳамин ишора намуда истода будаанд-да!».

-Ҳамин гӯед, укоҷон!-гуфт бегоҳии ҳамон рӯз Амалпараст Тӯразода дар кабинети муҳаррир Хайрулло Лутфуллоев пайдо шуда бо нӯги даст салом намуда.-Мухбиронатон баҳудаю беҳуда ҳама чизро дар газета менавиштаанд-дия?

-Чӣ буд?-Муҳаррир Хайрулло Баҳруллоевич барои саломуалейк намудан ба Амалпараст Тӯразода даст дароз намуда, ӯро ба нишастан таклиф намуда. Аввал нафасатонро рост намоед.

-Маро танқид намудаетон-ку, боз «Чӣ буд?» мегӯед-а?

-Кай? Барои чӣ?- Муҳаррир Хайрулло Лутфуллоев ҳайрон шуд

-Мисли одами намедонистагӣ гап мезанед-а? Имрӯз чоп карда, дарҳол фаромӯш намудед-мӣ? Мана, бовар нанамоед худатон хонда бинед…-Амалпараст Тӯразода аз ба ғазаб омаданаш шояд нав  газетаро ба кадом кисааш гузоштанашро фаромӯш карда бошад, ба кисаҳояшро тагурӯ кардан даромад:-Мана, «Раиси паррон»-ро худатон хонда бинед…

Муҳаррир қоҳ-қоҳ зада, хандида фиристод. Чашмони раис аз хандаи муҳаррир алобуло шуда, «пахтааш» баромад.

-Дигаронро беҳуда танқид намуда, боз ба хандиданатон бало ҳаст-мӣ?

-Дар ин ҷо шуморо танқид накардаем,-гуфт Хайрулло Баҳруллоевич аз ханда бозистода.-Наход шумо ҳикояро аз мақолаи танқидӣ фарқ намуда натавонед?!

-Чӣ, ҳикояро аз мақолаи танқидӣ фарқ намуда наметавонам?!-фарёд зад раис.

-Ҳа, наметавонед! Агар метавонистед, ба ин ҷо намеомадед,-муҳаррир ба ӯ батафсил фаҳмонд:-Ҳикоя аз мақолаи танқидӣ фарқи калон дорад, агар донед. Аз ҳама аввал ҳикоя ба воситаи образҳои бадеии тахайюлот навишта мешавад. Дар он ҳудуди муайян ё одамони муайян ба қалам гирифта намешаванд. Ҳикояи ходими газетаамон Шавкатӣ «Раиси паррон» ҳам тахайюлоти бадеӣ, маҳсули эҷоди адабии муаллиф мебошад.  А. Тӯразодаи дар ҳикоя омада ба шумо ҳеҷ гуна дахл надорад.

-Эҳ, ҳамин тавр намегӯед-мӣ? Ҳоло чунин паҳлӯҳои газета ҳам ҳаст гӯед?

-Ҳа, ҳамин тавр…

-Набошад, ман аз шумоён беҳуда ранҷидаам-дия?! –Амалпараст Тӯразода сурх шуда, шарм дошта, вақти ба берун баромадан илова намуд.-Мебахшед, акнун пас аз ин газетаатонро хуб мехонем. Ӯ хайрухушро ҳам фаромӯш намуда рафт.

 Рӯзибой ШАРИФОВ, Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь