Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бахусус ду санаи таърихӣ – 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кившар, МИҲД-и вилоят ва саҳми соҳибкорони бонангу номуси ноҳия, масъулони ташкилоту идораҳои ноҳия, ҳама соҳаҳо, аз ҷумла андозу молия, саноат, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон ва дигар соҳаҳо бамаротиб рушд карда, зиндагии шоистаи мардум то қадри имкон таъмин гардидааст. Оид ба ин ҳама пешравиҳо бо раиси ноҳияи мазкур Раҳимзода Сафармаҳмад суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мекунем.

Иҷроиши барзиёди нақшаи қисми даромади буҷет

Дар оғози суҳбат мавсуф гуфт, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳия ва бо мақсади таъмини иҷрои босифати қисми даромади буҷети ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида, ба буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 48 миллиону 189 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 103 фоизи нақшаро дарбар гирифта, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 932 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 64 миллиону 275 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ёрии молиявӣ ҷудо карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Соҳибкорон дастгирӣ меёбанд

Қайд гардид, ки ба ҳолати 31-уми декабри соли 2023 дар нозироти андоз 4259 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва бо шаҳодатнома ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳисоби онҳо 7,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Ин нишон медиҳад, ки нисбати соли 2022, 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ба буҷет ворид карда шудааст. Айни замон дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 11,5 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Саноат рушд кардааст

Дар идома ӯ афзуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин сол ба 248 миллиону 720 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022, 6 миллиону 209 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 2,7 афзоиш ёфтааст. Гардиши мол дар тамоми соҳаи савдо ба 280 миллиону 561,3 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати соли 2022, 47 миллиону 292 ҳазор сомонӣ ё ин ки 20,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ноҳия 13 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ва 49 адад иншоотҳои хизматрасонӣ ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки дар маҷмуъ 331 ҷойи кории нав ташкил карда шудааст.

Инчунин дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 774 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ ва моҳипарварӣ

Маҷмуи маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзони ноҳия ба ҳар як сари аҳолии ноҳия 7 ҳазору 954 сомонӣ рост меояд, ки ин нишондод нисбати соли 2022 ба ҳар сари аҳолӣ 175 сомонӣ зиёд ё ин ки 2,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ба 1 миллиарду 520 миллионну 887 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2022, 65 миллиону 370 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки 4,5 фоиз зиёд мебошад. Дар соли 2023 ҳаҷми умумии маҳсулотҳои кишоварзӣ 58082 тонна ғалладонагиҳо бо ҷуворимакка, 77679 тонна сабзавотҳо, 15228 тонна картошка, 20955 тонна полезиҳо ва 12642 тонна мевагиҳоро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли 2022 6739 тонна сабзавот, 822 тонна полезиҳо ва 2601 тонна мевагиҳо зиёд истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон имкониятҳои ҷойдоштаи соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия самаранок истифода шуда, сол то сол ин соҳа рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 41 адад расонида шуда, нисбат ба соли 2022, 4 адад зиёд буда, ба онҳо 891 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста карда шудаанд. Дар соли 2023 истеҳсоли моҳӣ ба 1264 тонна расонида шуда, нисбати соли 2022, 213,2 тонна зиёд мебошад ё ин ки 20,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ имкониятҳо фароҳам оварда шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Рушди маориф

Дар ноҳия барои пурра ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон ва таъмини онҳо бо ҷойи нишаст дар назди 11 муассисаи таълимӣ сохтмони 56 синфхонаи иловагӣ барои 1344 ҷойи нишаст ва сохтмони як адад боғчаи бачагона идома дорад. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмиру азнавсозии 6 адад муассисаҳои томактабии таълимии ноҳия ба нақша гирифта шуда, то ин давра 4 адад муассисаҳои томактабии ноҳия ба маблағи 3 миллиону 399 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимии томактабии №3 ва 5 дар соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Солимии ҷомеа ҳадафи мост

Дар ноҳия 2 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 1 муассисаи сохтори госпиталӣ, 1 муассисаи сохтори КАТС фаъолият доранд. Дар соҳаи тандурустии ноҳия 1108 нафар кормандон буда, аз онҳо 144 нафар духтур ва 561 нафар кормандони миёнаи тиб ва 403 нафар дигар кормандони тиб фаъолият доранд. Дар ин давра аз ҳисоби барномаи CASSA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа дар панҷ бунгоҳи саломатӣ ба маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои азнавсозӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳия аз ҳисоби умумии 191200 нафар аҳолии ноҳия 93334 нафарашонро занон ташкил медиҳад.

Амалишавии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Барнома 177 лоиҳаро бо маблағи умумии 226 миллиону 078 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла, буҷети ҷумҳуриявӣ 58,3 миллион сомонӣ, буҷети вилоятӣ 10,9 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 4,9 миллион сомонӣ, маблағҳои худӣ 87,8 миллион сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 64,0 миллион сомониро дар бар мегирад.

Аз соли 2021 то инҷониб ба маблағи 112 миллиону 124 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки ин 50 фоизи нишондиҳандаи Барномаро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 31 декабри соли 2023, 99 лоиҳа иҷро гардида, 62 лоиҳа мавриди амал қарор дошта, 16 лоиҳаи дигар дар баррасӣ қарор доранд.

Маблағи лоиҳаҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ 40 миллиону 100 ҳазор сомонӣ 70 фоиз, буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 566 ҳазор сомонӣ, 31,8 фоиз, маблағҳои соҳибкорон 36 миллион 640 ҳазор сомонӣ 41,9 фоиз ва сармояи хориҷӣ ба маблағи 34 миллион 813 ҳазор сомонӣ 53 фоизро ташкил медиҳад, ки дар умум 50 фоизи барнома таъмин карда шудаст.

 Азми бунёди беш аз 200 иншоот то соли 2026

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин дар соли 2023 40 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 49 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки 123 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин самт корҳо идома дошта, давра ба давра мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои боз ҳам рушду нумӯи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, таъмини сокинон бо ҷойи корӣ доимӣ, беҳ кардани шароити зиндагии онҳо, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҳама имкониятҳо истифода карда, мақсад доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовардҳои хуб истиқбол бигиранд.

 Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь