Соли 2022 дар Ҷумҳурӣ рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зиёд буданд, аз ҷумла Ҷашни бузурги 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида корҳои зиёди ободонию созандагӣ амалӣ карда шудаанд. Рӯзи 14 декабри соли 2022 дар Маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосогузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  пазируфта бо қатъномаи худ соли 2025-ро соли ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Ин руйдоди сатҳи ҷаҳони панҷумин ташабусси пазируфташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ифтихори мардуми тоҷик аст, Пешвои муазаами миллат санаи 23 декабри соли 2022 Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд ва ин ҳуҷҷати қутбнаморо ҳамагон бояд барномаи фаъолияти минбаъдаи худ қарор диҳем афзуд раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов,  Қудратзода Тоҳир Толибӣ .

Дар оғози суҳбат бо хабарнигори “МТЖТ”, Қудратзода Тоҳир Толибӣ, раиси ноҳияи Ҷ. Расулов иброз дошт, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи ноҳияи Ҷ. Расулов бо руҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Соли 2022 барои сокинони ноҳия аз ҳар ҷиҳат бобарор буд. Бахусус сафари кории Ҷаноби Олӣ  санаи 15 апрели соли 2022 ба ноҳия ва аз ҷониби пешвои муаззами миллат мавриди истифода қарор дода шудани чанд иншооти таиноти гуногун ба сокинон руҳу илҳоми тоза бахшид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия кӯшиш намуда истодааст.

Иҷрои  нақшаи  буҷет

Дар давоми соли ҷорӣ ҷамъи  андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 98 миллиону 85 ҳазор сомонӣ дар асл 99 миллиону 19  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда, 934 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра 105  фоиз иҷро гардида ба ҷои 18 млн 800 ҳазор сомонӣ дар асл 19 миллиону 738 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, нисбат ба нақша 938 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Тибқи маълумот ба ҳолати 1 декабри соли 2022 маблағи бақияпулии андоз ба буҷет 1 млн 690 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2022 254 ҳазор сомонӣ қарзнокӣ кам гардидааст, ки ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 54 млн 307 ҳазор сомониро ба нақша гирифта аст, ки нисбат ба  нақшаи пешбинишуда 844  ҳазор сомонӣ зиёд гардида, ё ин ки 102 фоизро ташкил медиҳад.

Соҳибкорӣ ва саноат

Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар ин давра рушд намуда истодаааст, ки имрӯз дар ноҳия 5827 нафар соҳибкорони хурду миёна фаъолият доранд, аз ин 1146 нафар бо патент, 546 нафар бо шаҳодатнома, 948 нафар шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 2728 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 457 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 2 адад шахсонӣ ҳуқуқии хориҷӣ мебошад. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 лоиҳаи сармоягузории давлати амалӣ карда истодааст, ки дар доираи онҳо 4,5 млн доллари ИМА аз худ карда шудааст; аз он ҷумла Лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ», Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйийрёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал”, лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ», лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи “CASA-1000”, лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID-19 ва лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маблағгузории дуюми иловагӣ мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, таъсис додани корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода чораҳои судмандро ба роҳ монда аст. Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ноҳия 37 адад корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда аз он ҷумла; 15 адад истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ, 4 адад корхонаи нассоҷӣ, 4 адад  корхонаи истихроҷ, 7 адад корхонаҳои маводҳои хӯрока ва нушокӣ, 3 адад корхонаи коркарди пахтаи хом, 1 адад корхона бо истеҳсоли хӯроки парранда, 1 адад корхона бо истеҳсоли моеи зарфшӯи ва 2 адад корхона бо хусусияти хизматрасонии саноатӣ фаъолият карда истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз  37 адад корхонаҳои саноатӣ 16 адад фаъолияташон доимӣ ва 21 ададаш мавсими мебошад. Корхонаҳои  саноатии ноҳия дар давоми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 304 млн 459 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92 млн 489 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст, ки суръати афзоиши он ба 143,6 фоиз баробар гардид. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, тадбирҳои зарури андешида шуда давоми солҳои 2022 – 2026 дар ноҳия 25 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо 500 ҷойи кори сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин раванд давоми соли 2022 дар ноҳия 11 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо 302 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Тибқи таҳлилҳо корхонаҳои навтаъсис, ки дар давоми солӣ ҷорӣ сохта ба истифода дода шудаанд бо 9 намуди истеҳсоли маҳсулот аз он ҷумла маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, хӯроки паранда, коркарди пахта, хишти пухта, моеи зарфшӯӣ, ресмони дунӯга, дару тирезаҳои пластики ва истеҳсоли ҷуворимакаи шириншуда  фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Тибқи нишондиҳандаҳо маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия дар соли 2022 ба 1 млрд 220,3 млн сомонӣ расидааст, ки  ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба  маҷмӯӣ маҳсулоти дохилии ноҳия 24,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дастоварҳои соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ дар давоми соли 2022 ба 920 млн 390 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13 млн 582 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 101,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҷиҳати зиёд намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ алалхусус маҳсулотҳои воридотӣ ва азкунанда ва содиротӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ кишти зироатҳо ба майдони 18045 га  гузаронида шуд. Тибқи маълумотҳо ба майдони 665 га картошка, 8542 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла: гандум 3340 га, ҷав 3120 га, шолӣ 1037 га, ҷуворимакка барои дон 893 га, сабзавот 1246 га аз он ҷумла пиёз 382 га, полезиҳо 22 га ва зироатҳои хуроки чорво 2682 га кишт гузаронида шудааст. Кишоварзони ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо чораҳои зарурӣ андешида дар ин давра ба миқдори 36048 тонна ғалладонагиҳо бо ҷуворимакка, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,4 фоизро ташкил дода, аз он ҷумла 15079 тонна гандум, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,2  фоиз,  7481 тонна картошка, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97,1 фоиз, 46370 тонна сабзавот, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 фоиз, аз он ҷумла пиёз 17658 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 фоиз  ва  912 тонна полезӣ  истеҳсол карда шудааст, инчунин хӯроки чорво ба миқдори 29097 тонна бо воҳиди хӯрока истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102 фоиз ташкил дод. Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра истеҳсоли меваҷот ба 4338 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,0 фоизро ташкил медиҳад. Соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосӣ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 47558 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 26816 сар модагов, 67736 сар моли майда, 225970 сар парранда, 518 сар асп ва 2806 оилаи замбури асал парвариш карда шуда истодааст. Истеҳсоли маҳсулотҳои чорво низ сол аз сол рушд ёфта дар ин давра 5232 тонна гушт 101,0 фоиз аз он ҷумла гӯшти паранда 1078 тонна 125,4 фоиз, 28330 тонна шир 100,4 фоиз, 34 млн 292 ҳазор дона тухм 63 фоиз 92 тонна пашм 100,0 фоиз, 15,6 тонна пилла 89  фоиз, 50,2 тонна асал 100,4 фоиз ва 38 тонна моҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёд  истеҳсол карда шудааст. Дар соли ҷорӣ ба майдони 4582 гектар кишти пахта гузаронида шуда, дурнамои истеҳсоли пахта 11400 тонна пешбини гардида, иҷроиши он 100,1 фоиз таъмин гардид.  Бояд қайд намуд, ки  дар давоми соли 2022 дар майдони 50,5 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла дар майдони 29,9 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда ва 20,5 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шуд. Аз масоҳати умумии боғҳои нав 1 гектар ниҳолҳои мевадиҳандаи тухмдор, 7,6 гектар ниҳолҳои мевадиҳандаи донакдор, 3,5 гектар ниҳолҳои мевадиҳандаи мағздор ва 1,2 ниҳолҳои мевадиҳандаи субтропикӣ шинонида шудааст. Дар ин давра 8,1 гектар токзор бунёд карда шуда, аз он 7 гектар токзори нав ва 1,1 гектар токзорҳо барқарор гардидааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба кор андохтани фондҳои асосӣ ба маблағи 64 млн 738  ҳазор сомонӣ иҷро гардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122,7 фоиз, корҳои бинокорӣ ва васлкунӣ бошад ба маблағи 49 млн 930 ҳазор сомони ташкил дод, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130 фоиз ва маблағгузории асоси 70 млн 765 ҳазор сомонӣ иҷро гардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,1 фоизро ташкил медиҳад.

Нақлиёт ва роҳдорӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста ҷиҳати беҳдошти рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус зоҳир менамояд, дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 964,9 км роҳҳои автомобилгард буда, аз он 32,4 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 5,7 км ҷумҳуриявӣ ва 216,9 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, 706,1 км роҳҳои байни хоҷагиҳо ва 3,8 км роҳҳои хоҷагии комуналии рифоӣ мебошад. Мувофиқи нақшагузорӣ дар ноҳия ҳамагӣ 97,0 км  роҳҳо аз ҷумла 11,1 км таъмири  асосӣ, 30,7 км таъмири ҷорӣ ва 55,2 км шағалпӯш ба нақша гирифта шудаст. Дар маҷмуъ маблағи умумӣ барои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард  2 млн 687,2 ҳазор сомонӣ буда, аз ин 152,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 млн 108,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, 1 млн 353,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ ва 72,6 ҳазор сомонӣ буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ иҷроиши нақшаи таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамаги 100,7 км буда аз он  6,5 км таъмири асоси, 33,7 км таъмири ҷорӣ, 60,5 км шағалпуш намудан иҷро гардидааст.

Ҳифзи иҷтимои, меҳнат ва нафақа

Доир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ин давра ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 4 ҳазору 688 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз он 2350 нафарашон занҳо мебошад. Дар ин давра 1312 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои кории доимию мавсимӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо пешниҳод гардидааст бо кор таъмин карда шуданд. Дар давраи ҳисоботи дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 446 нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин дар ин давра 18 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод ташкил карда шуда, дар натиҷа 311 нафар ба кор роҳхат дода шуд, 191 нафар бо бо кор таъмин шуда ва 123 нафар ба касбомӯзи фиристода шуданд. Дар ин давра тибқи талаботи бозори меҳнат дар асоси роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии  ноҳия  250 нафар шаҳрвандони бекор ва бекасб занону духтарон ва мардон ба филиали «Муассисаи давлатии маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 12 намуди ихтисосҳо «Дӯзанда», «Омӯзиши забони русӣ” “Сӯзандӯзӣ”, “Адрасбофӣ”, “Кафшергари барқӣ”, “Тоқидӯзӣ”, “Қуроқдӯзӣ”, “Мӯҳрабофӣ”, “Ҷомадӯзӣ” ва “Қолинбофӣ” ба курсҳои омӯзиши кӯтоҳмуддат фиристода шудаанд, ки 250 нафар касбомӯзон курсҳои омӯзиширо ба охир расонида соҳиби шаҳодатнома гардидаанд. Дар давоми соли 2022 шумораи нафақагирон 13 ҳазору 584 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки талаботи нафақаи як моҳаи онҳо млн 190 ҳазор сомониро ташкил дода ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафақахӯр 308 сомони рост меояд. Дар ин давра барои нафақагирон ба маблағи 49 млн 872 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.

Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ

Соҳаи маориф яке аз соҳаи муҳим ба ҳисоб рафта дар рушди таълиму тарбияи насли наврас нақши калидӣ дорад, дар ноҳия 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 5 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 4 ҳазору 226 кӯдак ва 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 литсей, 1 гимназия, 40 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 30 ҳазору 403 нафар хонанда  фаъолият мебаранд. Инчунин дар ин давра 1 ҳазору 856 нафар омӯзгорон дар соҳаи маориф кору фаъолият менамоянд, ки аз он 1 ҳазору 666 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 190 нафарашон дорои маълумоти миёнаи махсус мебошад. Дар давраи ҳисоботи 87 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиядаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 36 нафар ҷойҳои ифтихорӣ, аз он ҷумла 4 медали тилло, 6 медалӣ нуқра ва 26 медали бринҷиро соҳиб гардиданд. Инчунин 37 нафар дар Академияи хурди илмҳо иштирок намуда, ҳамаи онҳо ҷойҳои шоёнро ишғол намуданд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ

Соҳаи тандурусти яке аз соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта сол аз сол хизматрасонии ин соҳа беҳтару хубтар шуда истодааст дар ноҳия шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо 175 нафар аз рӯи категория бошад 86 нафар буда, 57 нафар дорои категорияи олӣ, 12 нафар дорои категорияи якум ва 17 нафар дорои категорияи дуюм мебошад. Шумораи кормандони миёнаи тибби бошад 762 нафарро ташкил медиҳад, бояд қайд намуд, ки дар ноҳия як адад беморхонаи марказӣ бо 290 кат ва се адад беморхонаи минтақавӣ, бо 185 кат фаъолият мебаранд. Инчунин як маркази саломатии ноҳиявӣ, 14 адад марказҳои саломатии деҳот, 17 бунгоҳҳои тиббӣ ва се марказҳои махсусгардонидашуда ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳо, аз он ҷумла бемориҳои сироятии ВНМО/ВНМБ ва сил чораҳои зарури андешида истодааст. Дар давоми соли 2022 аз буҷаи ноҳия барои соҳаи тандурустӣ ба маблағи 17 млн 536,9 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Ҷавонон ва варзиш

Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасози миллат ба ҳисоб рафта пайваста зери таваҷуҳи хоса қарор дорад. Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 49 ҳазору 300 нафар  аз он  24 ҳазору 300 нафар духтарон мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия 26 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 44 майдончаи варзиши, 5 мактаби варзишӣ фаъолият менамояд. Дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар самти варзиш назаррас буда, дар соли 2022 варзишгарони ноҳия дар намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилояти, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллали фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд аз он ҷумла дар мусобиқаҳои вилоятӣ 316 медали тилло, 154 медали нуқра ва 180 медали биринҷи, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 167 медали тилло, 179 медали нуқра ва 139 медали биринҷӣ ва мусобиқаҳои байналмиллалӣ 4 медали тилло, 11 медалӣ нуқра ва 8 медали бринҷӣ мушараф гардиданд,  ки дар маҷмуъ 487 адад медали тилло,  344 адад медали нуқра ва 327 адад медали бринҷӣ ба хазина ворид гардониданд.

Танзими анъана ва ҷашну маросим

Дар ноҳия давоми соли 2022 1008 адад тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад кам шудааст.  Маросими азодорӣ дар ин давра 48 ададро ташкил дода дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 36 адад кам мебошад. Инчунин дар соли ҷорӣ 62 сар забҳи чорвои майда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 сар кам гардидааст. Дар натиҷа дар ин давра хароҷоти маъракаҳо 7 млн 174,6 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 609,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як маърака 6794,1 сомонӣ рост меояд. Дар ҳудуди ноҳия 37 масҷид, аз он 1 адад ҷомеъи марказӣ, 4 адад ҷомеъ ва 32 адад масҷиди панҷвақта амал мекунанд. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Дар ин давра дар маҷлисҳои машваратии назди раиси ноҳия бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пардохти андоз, ӯҳдадории умумии ҳарбӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷомеа аз қабили терроризм, ифротгароии динӣ, худкушӣ ва ғайраҳо муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар давоми соли 2022 тамоми кору фаъолияти ҳар як фарди бо нангу номуси ноҳия баҳри ободии Ватан ва шукуфоии сарзамини куҳанбунёдамон равона гардид. Дар доираи ин ҳадаф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳои барои соли 2022 қабулшуда фаъолият бурда, давраи ҳисоботиро бо нишондодҳои назаррас ва дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуд.

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1397 муроҷиатҳои хаттӣ ва 67 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ ворид гардидааст. Мазмуни муроҷиатҳо асосан таъмин шудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, кумакҳои моддию молиявӣ, таъмин гардидан бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар масъалаҳо мебошад. Аз 1397 муроҷиатҳои воридгардида, 974 адад аз рӯи тобеият ирсол карда шуда, 304 муроҷиат қонеъ гардида, 92 муроҷиат фаҳмонида дода шуда ва 27 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба ҷои охирсухан

Дар фарҷоми суҳбат Қудратзода Тоҳир, раиси ноҳияи Ҷ. Расулов бо итминон гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар мақомоти болоиро ба роҳ монда, тамоми имкониятҳои мавҷударо комилан ва самаранок истифода мебарад ва баҳри иҷрои нақша чорабиниҳои  ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста ва босаодати мардум саъю кӯшиш менамояд.

“МТЖТ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь