30 сол қабл, 10-уми декабри соли 1993 аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳомии Ватан» бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар ҳаҷми чаҳор саҳифа ва зери шиори «Шуҷоат, Шараф ва Садоқат» аз чоп баромада, дастраси хонанда гардид.

Рӯзномаи «Ҳомии Ватан» аз рӯзи таъсису фаъолияташ инҷониб барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таҳияву пешниҳоди маводи гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ чун манобеи асосии иттилооти расмӣ хизмат мекунад. Дар ҳар як шумораву саҳифаҳои рӯзномаи мазкур корнамоиву диловарӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҷоннисории муҳофизони Ватан дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, дӯст доштану чун шарафу номуси худ дифо кардан аз марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи ҳама муқаддасоти миллӣ ва рушду камоли Артиши миллӣ қадам ба қадам тасвир ёфтаанд.

Зимни мутолиа ва азназаргузаронии саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳомии Ватан» баръало эҳсос мегардад, ки гурӯҳи эҷодӣ дар ҳар як шумораи нашрияи мазкур маводу мақолаҳои бисёр ҷолибу хонданибобро омодаву рӯйи чоп овардаанд, ки дар онҳо гузаштаи начандон дури таърихи Артиши миллӣ, ҳаёту зиндагонии кунунии афсарону сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, хизмати софдилонаи низомиёни кишвар дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ва марҳилаҳои ниҳоят мушкилу пурпечутоби ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ дар онҳо воқеъбинона инъикос ёфтааст.

Аз мазмуну мӯҳтавои маводу матолиби чопгардидаи рӯзномаи соҳавии Вазорати мудофиа ба хулосае омадан мумкин аст, ки нашрияи ҳарбӣ-сиёсии «Ҳомии Ватан» ҳамқадаму ҳамқарини Артиши ҷавони Тоҷикистон мебошад.

Даҳсолаи аввал

Таҳлили маҷмӯи маъхазҳои 10 соли аввали рӯзнома, ки солҳои 1993-2003-ро дарбар мегирад, асосан инъикосгари марҳилаҳои бисёр ҳассоси солҳои аввали Тоҷикистони соҳибистиқлолу навбунёд ва нақши беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлатдории тоҷикон ва Артиши миллии он дар худ таҷассум намудааст. Дар давоми 10 соли аввали фаъолият ҳайати эҷодӣ ва кормандони рӯзнома мавзуъҳои гуногуну таъсирбахшро оид ба тадбирҳои оқилонаву саривақтӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба эътидол овардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар мамлакат, хизматҳои арзандаи афсарону сарбозонро дар сангарҳои оташгир, ҷоннисории хизматчиёни ҳарбиро дар роҳи ҳимоя аз дастовардҳои Истиқлоли миллӣ, баргузории аввалин Паради ҳарбӣ, давраҳои ташкилу бунёди навъи қӯшунҳо, таъсиси нахустин қисмҳои низомии Артиши миллӣ, мушкилоти норасоии кадрҳои низомиву афсарони касбӣ ва дар маҷмӯъ аҳли қалами рӯзнома зинаҳои нахустини бунёд, ибтидо ва такомули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро ба тасвир кашидаанд. Дар он рӯзу лаҳзаҳои бисёр душвор барои аҳолии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии Артиши миллии он, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҳомии Ватан» тамоми нерӯи зеҳнии хешро ба он равона карда буданд, ки бо меҳнати фидокорона, истеъдоди моҳирона, нигоштаҳои ободкорона ва интишори очерку мақолаҳои ватандӯстона маводу матолиби умедбахшро рӯйи чоп оваранд, дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба низомиёни мамлакат расонанд, бо як тасвири хоси нозукбаёнӣ ҳисси ноумедиву нотавониро аз афкори шаҳрвандон, бахусус ҷавонону хизматчиёни ҳарбӣ дур созанд, орзуву омоли накӯро дар қалбу вуҷуди мардум бедор намоянд, хонандаро ба ояндаи дурахшону некфарҷом ҳидоят кунанд ва халқу миллатро ба иттиҳоду сарҷамъӣ даъват созанд.

Даҳсолаи дуввум

Дар давоми солҳои 2003-2013, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аллакай ба марҳилаҳои нави рушди касбият қадам ниҳода, дар остонаи 20-солагии таъсисёбӣ қарор дошт, аҳли қалами рӯзномаи «Ҳомии Ватан» низ дар шумораҳои минбаъда бештар ба пояҳои устувори давлатдории тоҷикон, фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва доир ба нақши Артиши миллӣ дар пойдору бегазанд нигоҳ доштани амну субот дар кишвари азизамон, маводу матолиби хеле ҷолибу пурмазмун ва хабару гузоришҳои таъсирбахшро рӯйи чоп овардаанд. Дар ин замина аҳли эҷоди рӯзнома бо тасвиру нигоштаҳои худ Қувваҳои Мусаллаҳи бистсолаи Тоҷикистонро нисбат ба артише, ки дар солҳои 1997-и асри гузашта амал мекард, қиёс намуда, дастоварду комёбиҳои онро беназир унвон кардаанд. Дар аксари маводу мақолаҳои муҳаррирону муаллифон ва хабарнигорони рӯзнома мазмунан қайд гардидааст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Артиши миллии мамлакат аллакай санҷишҳои сахту сангинро пушти сар карда, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз лиҳози таъминоти моддӣ-техникӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва таҷрибаву маҳорати касбӣ ҳамаҷониба муҷаҳҳазу мукаммал гардидааст ва он дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба як нерӯи пуриқтидор табдил ёфта, муҳофизати ҳама музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳимояи марзу буми аҷдодиро аз ҳар гуна хавфу хатар бар дӯши худ гирифтааст.

Даҳсолаи сеюм

Даҳсолаи сеюми фаъолияти аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳомии Ватан» солҳои 2013-2023-ро дар бар мегирад, ки сухан аллакай дар бораи артиши муосири касбӣ меравад. Аз мутолиа ва таҳлилу омӯзиши нашрияи мазкур аён мегардад, ки Тоҷикистони азиз дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат Артиши миллиро ба як нерӯйи пуриқтидоре табдил додааст, ки афсарону аскарони Ватан, бо масъулияти баланди меҳанпарастӣ, савганди садоқатмандӣ, иродаи қавӣ, интизоми намунавию сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва муҳимтар аз ҳама бо ифтихору сарфарозӣ аз Ватану ватандорӣ метавонанд бе ягон мамониат қудрати дифоии кишвар, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистонро таъмин намоянд ва бо фароҳам овардани фазои сулҳу амнияти мамлакат дар роҳи рушду камоли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор гузоранд.

Дар интиҳо

Умуман, таҳлили ҳамаҷониба ва мутолиаи саҳифаҳои рангини рӯзномаи «Ҳомии Ватан», таърихи мухтасари бунёди давлатдории тоҷикон, марҳилаҳои пурпечутоби Тоҷикистон, ҷоннисории ҳамватанон, гузоштани нахустин хиштҳо дар пойдевори Артиши миллии он ва дар зарфи беш аз 30 сол бо ранҷу машаққат, талошу заҳмат ва хизматҳои содиқонаву софдилона, ноил шудан ба ҳаёти орому осоишта ва расидан ба ҳама комёбиву муваффақиятҳои арзанда ниҳоят барҷаста тасвир ёфтааст.

Ин аст, ки рӯзномаи «Ҳомии Ватан» имрӯз дар байни ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун маҳбубияти зиёдеро касб намуда, нақши он дар ҳаёти муҳофизони Ватан бисёр назаррас мебошад.

Аминам, ки дар минбаъда низ ҳайати эҷодии рӯзнома тамоми нерӯву қобилияти зеҳнии хешро ба офариниши беҳтарин очерку мақолаҳо, нигоришу гузоришҳо ва маводу матолиби боз ҳам ҷолибу шавқовар равона карда, саодати зиндагии шаҳрвандони кишвар ва муҳофизони Тоҷикистони азизро боз ҳам рангинтар мегардонанд.

Ҷашни 30 солагии таъсисёбии нашрияи Вазорати мудофиа бароятон пояндаву фархунда бод афсарону сарбозони шуҷои меҳан ва аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳомии Ватан»!

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь