(Дар ҳошияи китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ”, “Ношир”. 2022. С. 510 саҳ.)

Китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” аз силсилатаҳқиқоти пурмуҳтавои олими маъруф, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор бо ҳаммуаллифии шогирдони донишмандашон Шарифзода Муъмин Машокир ва Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид маҳсуб мешавад, ки аз дидгоҳи методологияи фанни омӯзиш барои муассисаҳои илмии кишвар махзани вижа ба шумор омада, тарҳрезии барномаи мукаммалро барои дастандаркорони фанни тахассусии “Мактаби давлатдории Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” асос гузоштааст.

Тадқиқоти шоиста ва густурдаи Холиқзода Абдураҳим андар шинохти шахсияти сатҳи байналмилалӣ, абармарди дунёи сиёсат ва чеҳраи мондагори таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври бунёдӣ аз китоби “Андешаи давлати миллӣ” (Душанбе: “ЭР.-граф” – 2013, – 684 саҳ.) оғоз гардида, дар китоби “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ” (масъалаҳои ҳуқуқии ташаккули мафкураи миллӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ), (Душанбе: “ЭР-граф”, 2021, 588 саҳ.) бо баёни нуктаи ғарро идома меёбад ва дар китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” (Хуҷанд: “Ношир”, 2022-512 саҳ.) талқини  Мактаби давлатдории Пешво аз нуктаи назари асосҳои методологии таълими фан тарҳрезӣ шуда, пайванди мазмун дар он пурмаъно риоят шудааст. Гузашта аз ин, муҳаққиқини заҳматписанд дар таарруфи ғояҳои аслию олии мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои илмии дақиқ мушарраф гардидаанд. Бардошти фавқ аз ин ҷост, ки муаллифон дар мабнои фаъолияти вусъатфазои шахсияти бузург – Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз муқаддима, бобҳои китобро бо дарназардошти банду басти муҳтавои кул унвон карда, бо баландӣ ва самимияти табъ мояи суханро дар зермавзуъҳо баён кардаанд.

Чунон ки ишора шуд, китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” тибқи меъёри равишҳои назариявӣ, тадқиқоти илмӣ, умумиилмӣ ва умумимантиқӣ (бозгӯйи таъбирҳо аз воситаи таълимии профессор Қ. Искандаров “Асосҳои тадқиқоти илмӣ ва ташкилӣ фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ”. Душанбе – 2021, – 241с.) таҳия гардида, дар сездаҳ боб – Пешво ва мактаби давлатсозӣ; Пешво ва заминаҳои бунёди давлати миллӣ; Пешво, таърих ва оини миллатсозӣ; Пешвои миллат ва сабақҳои истиқлол; Пешво ва ташаккули зиёии ватандор; Пешвои ваҳдати миллӣ; Пешво ва ташаккули низоми ҳуқуқӣ; Пешво падари конститутсия; Пешво ва қонуни миллӣ; Пешво ва мушкилиҳои зиёии муосир; Пешво ва таърихи ҳуқуқ; Пешво ва ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, Пешво ва ҳифзи арзишҳои динӣ ҷанбаҳои муҳимму меҳварии мактаби давлатдорӣ, рукнҳои асосии он матраҳ шуда, занҷири мазмун бобҳоро ба ҳам пайвастааст.

Давлатсозии Пешвои миллат, эътибору барҷастагии шахсияти Роҳбар ва Пешво, тавъам будани ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо ба фаъолияту зиндагиномаи чунин шахсиятҳо ва дар ростои ин хидмати таърихию мондагор дар таърихи давлатдории тоҷикон, саҳл набудани инъикоси корномаю афкори мутафаккиронаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешво ва поягузори давлати миллӣ корест сутуданӣ. Ва агар нек тааммуқ кунем, истиқлоли назару андешаи муаллифони асар дар ин нукта нуҳуфтааст:

“Аммо мо ҳанӯз натанҳо дар шинохти чеҳраҳои қаҳрамонони таърихиамон, балки дар эътирофи шахсиятҳои муосир ва тақдирсози миллатамон мушкилӣ дорем… Аз ин хотир, бо истифода аз усули қиёси ҳодисот ва параллели таърихӣ аз таҷрибаи давлатдории дигар халқу миллатҳо, ин навишта як кӯшишест дар роҳи ислоҳи ин мушкилӣ, ки ҷавҳари онро даъвои ҳаққи таърихии миллати соҳибдавлат ба ифтихори доштани Пешво ва поягузори давлати миллӣ ташкил медиҳад” (саҳ. 31.).

Изҳори назарҳо дар китоб ҳар як мукаммили дигарест, ки аз он бардошти комили ғояро метавон дарёфт ва ба сурати комилан возеҳ андешаҳои қобили фаҳму идрок дар тагмавзуъҳои баъдӣ идома меёбанд ва хулосаҳои бамантиқ дар ҳоли омӯзиши давлатдорӣ тааммул карданро меомӯзонанд, яъне гуфторҳои муҳаққиқин аз ихтилофи назарҳо орист ва ақидаҳои ироашуда пойгоҳи аслро ҷиҳати баррасии мақоми Пешво ва мактаби давлатдорӣ бунёд гузоштанд. Аз ин хотир, чашмдошти хонанда ҳини мутолиаи асар меафзояд ва ҳамзамон, бо камоли тавозуъ зикр мешавад, ки “… мо низ мисли дигар нависандагон инъикоси комили ин симоро (Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст – М. Ғ.) ба дӯш нахоҳем гирифт, зеро тасвири ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шахсиятҳои таърихӣ кори як қалам, як шахс ва ҳатто як даврони таърихӣ нест”… (саҳ.30).

Бо мазмуни болозикр боби аввал – “Пешво ва мактаби давлатсозӣ” шуруъ шуда, бо мавзуъҳои Сайри таърихӣ; Марғзори ноороми сиёсати ҷаҳонӣ ва касби истиқлолияти давлатӣ дар охири садаи ХХ; Иҷлосияи XVI ва эҳёи суннати ниёгон дар оини давлатдорӣ; Нақши Роҳбари давлат дар ташаккули соҳибихтиёрии халқӣ, миллӣ ва давлатӣ; Ҳафт амали таърихии Роҳбари давлат, ки сифати бунёдгузори давлати муосири тоҷиконро ба дӯш дорад; Хулосаи 1 роҷеъ ба амалҳои дигари Асосгузори давлати миллӣ; Хулосаи 2 – симо ва шахсияти таърихии Пешвои миллат; Хулосаи 3 – мақом ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар масири таърихи тоҷикон ва натиҷагириҳо ба поён мерасад.

Боби мазкур дар маҷмуъ як навъ муқаддамотест дар шинохти асолат, мақоми боэътибору босалобати шахсияти барҷастаи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаҳони пуртазоди муосир, назаргоҳи вижаи сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ, вазъи ноорому пурмоҷаро ва касби истиқлоли давлатӣ дар поёни асри ХХ, нақши муассири Иҷлосияи таърихии XVI дар рушди соҳибихтиёри миллӣ, шаммае аз корномаи таърихии Роҳбари давлат, масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва хулосаҳои муҷази бонизому пайгирона ва фарзияҳои боасосу бамантиқ андар шинохти Асосгузори давлати навини Тоҷикон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар бобҳои 2 – “Пешво ва заминаҳои бунёди давлати миллӣ”; 3 – “Пешво, таърих ва оини миллатсозӣ”; 4 – “Пешвои миллат ва сабақҳои истиқлол”; 5 – “Пешво ва ташаккули зиёии ватандор”; 6 – “Пешвои ваҳдати миллӣ”, муаллифон бо сухани фасеҳи бикр ва табъи гуҳарбору зеҳни мустақим ва иродату иштиёқ роҷеъ ба хидматҳои таърихӣ, саҳми сутурги сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, диловарию ҷонфидоии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар замони хеле ҳам мудҳиши солҳои навади асри ХХ – пошхӯрии миллат ва суқути давлати ҳанӯз комилан ташаккулнаёфта марҳилаи баъдии тадқиқоти хешро шуруъ намуда, минбаъд аз манзари арзишҳо ва ормонҳои миллӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, дар шинохти чеҳраҳои машҳури сиёсати ҷаҳонӣ чунин мисол задаанд:

“… бисёре аз давлатҳои муосир ва пешрафтаи ҷаҳон ташаккул ва эҳёи давлатдории худро ба ному хидмати шахсиятҳои алоҳидаи таърихӣ вобаста медонанд ва онҳоро дар замони зиндагиашон ҳамчун Пешвои миллӣ эътироф намудаанд.

Масалан, таърихи давлатдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрикои демократӣ, ки асосгузори демократияи ҷаҳонист бо номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса бо номи Шарл Де-Голл, Чин бо номи Мао Зе Дун, Туркия бо номи Камол Отатурк пайвастагии зич доранд.. (саҳ. 114).

Тавсифҳои вижаи худро андешамандона, ба таври густурда доир ба масоили сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, мавқеи муътамад ба муқобили ифротгароӣ, хушунатҳои динию мазҳабӣ, терроризму қочоқи маводи мухаддир, таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва ғайра муаллифон ироа карда, дидгоҳи дигар олимонро дар баёни матлаби худ воқеъбинона истифода намудаанд, ки ин тарзи баррасии масъала ҳусни андешаро афзудааст.

Ғояи дигари асари мазбурро рушди савияи худшиносиву ҳувияти миллии мардум аз шумор омада, нодида гирифтани онро эҷоди хатар ба истиқлоли миллӣ пиндоштаанд, муаллифон дар ростои ин омилҳои асосии худогоҳию худшиносиро дар замони Истиқлолияти давлатӣ сабақе бардоштан аз таҷрибаи таърихӣ ба қалам дода, дар шарҳи мафҳуми “Истиқлоли давлатӣ” назари тезбину дурбинро манзур намудаанд.

Ҳамин тавр, бобҳои болозикр бо фарогирии мазмуни нақши муассири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоя аз ваҳдати комили миллат ва саҳми беназирашон дар эъмори давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикон ба поён мерасад.

“Пешво ва ташаккули низоми ҳуқуқӣ”, боби 7 китоб чунин унвон дошта, саҳми Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклгирии низоми ҳуқуқии тоҷикон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири соҳибихтиёрии давлат, ислоҳоти конститутсионӣ, таҳияи қонунҳои миллӣ ва ба ин монанд бо иттифоқи назари муаллифон наққодона баррасӣ шудааст.

Бобҳои 8-“Пешво падари конститутсия”; 9-“Пешво ва қонуни миллӣ”; 10-“Пешво ва мушкилиҳои зиёии муосир”; 11-“Пешво ва таърихи ҳуқуқ”; 12-“Пешво ва ҳифзи истиқлоли сиёсӣ”; 13- “Пешво ва ҳифзи арзишҳои динӣ”, масоили муҳимми ҳаёти сиёсӣ – арзиш ва мақоми волои Конститутсия; тафсири илмии мафҳуми “қонуни миллӣ”; мушкилоти зиёии муосир; Пешво, таърихи ҳуқуқ ва бозтоби омилҳои сироятӣ аз дидгоҳи ҷанбаҳои омӯзишӣ; ҳифозати бузургтарин сарчашмаи озодӣ аз ҷабри маънавӣ – Истиқлолияти давлатӣ ва ниҳоят саҳми мондагори Пешво дар эҳёи мазҳаби ниёгон таҳлили воқеъбинона ёфта, дар самти шинохти ҳарчи бештару беҳтари мактаби давлатдории Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қазияҳои амиқу омӯзаҳои ҳакимонаро дар ихтиёри доираи васеи мутолиакунандагон вомегузорад. Дар бобҳои мазбур вазоифи ҳар як шаҳрванди ин давлати ободу шукуфо дар шароити феълӣ, дарку фаҳми ҳикматҳои Конститутсия, ҳифзи истиқлоли фикрӣ дар заминаи Конститутсия дар замони пуршебу фарози вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва инқирози қонунияти конститутсионӣ, дунявияти конститутсионӣ беҳтарин василаи ҳифз аз печидагиҳои эътиқодӣ, назари тоза ба табиати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии “қонуни миллӣ”-и Пешвои миллат, дар бораи истилоҳи “зиёӣ”, перомуни чӣ тавр адолати Куруши Кабир ба кишвари Амрико роҳ ёфт, роҷеъ ба ҳифозати истиқлоли сиёсӣ дар партави дастурҳои Пешвои миллат ва хулосаи Пешво ва ҳифзи арзишҳои динӣ муфассал андешаҳои қобили қабул ироа гардида, аз қавле ҷиҳати гирифтани тасмим дар такя ба усул ва фалсафаи устувори худӣ, ҳини омӯзиши Мактаби давлатдории Пешвои миллат, дастури арзандаю муфид аз шумор меоянд.

Вобаста ба зарурат баёни ду нуктаи дархури масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва таҳсилот чанд фарзияро мухтасар баён мекунем.

Аввал, роҷеъ ба “Қонуни миллӣ”, манзур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар воқияти аслӣ, агар бо тааммуқ вазъи зиндагии мардумро дар чанд соли охири баъд аз қабули ин қонун мавриди таҳлил қарор диҳем, дақиқан хоҳем дид, ки вазъи иҷтимоии халқ беҳтару хубтар шуд ва муҳимтар аз ҳама, чунон ки муҳаққиқони ин тадқиқот гуфтаанд, карру фарри беҳудаю хароҷоти миёншикан аз байн рафту ҳолати руҳии мардум орому осуда гашт. Гуфтаниҳо перомуни аҳамияти иҷтимоии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хеле зиёданд, аммо мутаассифона айни замон имконот бо дарназардошти мавзӯи меҳварӣ даст намедиҳад.

Ва хеле барҷаставу нишонрас ва дақиқназаронаю андешакорона муаллифони китоб боби 9-ро “Пешво ва қонуни миллӣ” унвон кардаанд, ки таъбири мазбур ба хидмати таърихию мондагори Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули ин қонун тавъам аст.

Тавзеҳи мафҳуми “қонуни миллӣ” аз дидгоҳи табиати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки аз таълимоти Пешвои миллат бармеояд, дар боби 9 китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” барҷаста баррасӣ гардида, дар ду хулосаи мукаммал моҳияти аслии  мафҳуми мавриди назар баён гардида, бо нуктаи зайл, ки аҳамияти чунин қонунҳоро фарогир аст, ҷамъбаст мегардад: “Қонуни миллии мо халқи моро аз бадтарин хислати инсонӣ-такаббурӣ, карру фарри зиёдатӣ ва хароҷоти беҷо ва бемавқеъ, ки ҳам ба инсон, ҳам ба ҷомеа ва ҳам ба давлат зарари ҷиддӣ дорад, муҳофизат менамояд…” (саҳ. 356).

Аз нуқтаи назари илмҳои педагогикаи миллӣ ва психологияи иҷтимоӣ бошад, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати фароҳам овардани шароит дар масири бознигарии тарбияи оилавӣ аҳамияти беназирро соҳиб гашт. Ва тафсири педагогию психологии ин қонун аз маҷоли мақолаи мазкур хориҷ буда, гуфторро оид ба баёни фарохтар ба замони мувофиқ вомегузорем. Ба ҳар сурат, дар ин росто ёдрас кардани ҷанбаҳои педагогию психологии ин қонун мувофиқи матлаб буда, барои омӯзгорони фанҳои мазкур боби “Пешво ва қонуни миллӣ”-и китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” маъхази боэътимоди илмӣ, методию таълимӣ маҳсуб мешавад ва масъулинро зарурат пеш меояд, ки дар ҷараёни таҳлилу баррасии масоили умдаи педагогикаи миллӣ ва психологияи иҷтимоӣ дар мабнои боби “Пешво ва қонуни миллӣ” андешаҳои хешро матраҳ намоянд…

Дувум, оид ба дунявият ва озодиҳои эътиқодӣ, ки мутаассифона, таълими ақоиди дунявӣ дар осори мутафаккиронаи классикони тоҷику форс дар китобҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сарфи назар шудааст. Боби 3-и тадқиқот – “Пешво ва ҳифзи арзишҳои динӣ” ба ҳамин масъалаҳо бахшида шудааст, ки ҳанӯз дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ мунозираю бархурди андешаҳо миёни ҷомеа роҷеъ ба мафҳуми “дунявият” хеле зиёд буд. Дар ин асос муҳаққиқон назари тезбини худро дар ин боб роҷеъ ба масъалаи мавриди таваҷҷуҳ – нақши Имоми Аъзам дар инкишофи фарҳанги миллӣ, тарҳрезии мактаби ақлонии ҳуқуқ, Президент, дунявият ва озодиҳои эътиқодӣ баён карда, таъкиди қотеонаро дар шарҳи мафҳуми “дунявият” изҳор менамоянд: “…Мо бояд донем, ки дунявият бединӣ набуда, шароити мусоид ва озод фароҳам овардан барои диндорон аст. Дунявият, тарғиби якҷониба ва қатъии як мазҳаб ва оин набуда, таҳмили иҷбории як мазҳаб нест. Балки шароити мусоид ва озоди тарғиби арзишҳои динӣ, қонеъ гардондани талаботи эътиқодии шаҳрвандон ва таъмини озодии виҷдон дар доираи талаботи қонун аст…” (саҳ. 468).

Баёни шарҳи матлаби мазкур дар китоб васеътар буда, мо аз зикри бештари он худдорӣ менамоем ва бо дарназардошти аҳамияти махсуси таълими ақидаҳои дунявии адибони классикии тоҷику форс, чунон ки ёдрас шудем, баъзе фикрҳоро манзур менамоем.

Муаллифони китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” дар тагмавзуи “Давлати миллӣ ва муносибати он ба дин” (боби 13) дар ҷараёни ташреҳи масоили мансубияти динӣ ҷиҳати таъйиди муносибати одамон ба дин аз дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзияе овардаанд, ба ин мазмун:

“Барои озодӣ ва ҳуқуқҳои динӣ, агар дар доираи қонун амалӣ шаванд, ҳаргиз таъқиб вуҷуд надорад. Озодии виҷдон комилан риоя мешавад. Вале баъзан қувваҳо, ҳатто шахсони шуҳратталаби алоҳида… мехоҳанд бо рафтори авомфиребона вориди саҳна шаванд ва дар зери ниқоби ҳомии дин, манфиатҳои сиёсиву идеологиву иқтисодии худ ва хоҷагони хориҷиашонро пинҳон карда, ҷомеаро ноором созанд” (саҳ. 478-479).

Ва дар зимн, муаллифони китоб ба ин назаранд, ки “Дар фазои ҳуқуқии мо, чун анъана, суистифодаи арзишҳои динӣ ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизаҳои сиёсисозӣ илова бар таззоди соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ таҷрибаи талх дорад” (саҳ. 489).

Бори дигар бояст хотирнишон созем, ки фаҳми “дунявият” ҳанӯз ҳам аз ҷониби насли имрӯз ва низ баъзе (бо таассуф) бузургсолони ҷомеа қобили қабул нест, бо як сухан истисмори фикрӣ гоҳҳо дар баёни ақидат дар баъзеҳо ба чашм мехурад. Аз ин дидгоҳ, дар боби 13 китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” ба вузуҳ мушоҳида мешавад, ки муҳаққиқон перомуни мафҳуми “дунявият” сароҳатан изҳори ақида кардаанд, мутаассифона, ин ҷанбаи муҳим дар китобҳои таърихи адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ба чашм намехӯрад.

Ин холигӣ бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ходимони илмии Маркази мероси хаттӣ бо таҳияи китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” дар ҳаҷми 12,5 ҷузъи чопӣ, ҳамчун воситаи таълимӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва тавсияи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2022 ба табъ расид, то андозае пур гардид. Мусовӣ ба ин, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар, оид ба шарҳу тавзеҳи мафҳуми “дунявият” метавонанд аз китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” баҳра бардоранд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз лоиҳаҳои муфид – “Муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ” мавриди омӯзиш қарор дорад ва муҳаққиқони он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин лоиҳа ба гунаи адабиёти илмӣ аз китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” васеъ истифода мебаранд. Мо низ ба ин мақсад барои рушди ҳарчи бештари ғояҳои ғаври худҷӯйӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ҳифозати манфиатҳои миллӣ дар миёни насли наврасу ҷавон мақолаи мазкурро бо умед таҳия намуда, дар ихтиёри эшон во гузоштем.

Дар маҷмуъ, ҷомеаи ҳушёр бояст, ки дар шароите, ки фазои иттилоотии ғайр пур аз фитнаю моҷаро ва буҳтону ифротгароии хушунатомез аст, кор гирифтан аз чунин сарчашмаҳое ба гунаи китоби “Пешво ва мактаби давлатдорӣ” ҳимматест сутуданӣ ва ҷасоратест мардона…

Меҳриддин ҒИЁСӢ,

мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқи ММХ АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь