Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Одинашо Мардзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар нуҳмоҳаи соли 2022 ба иҷрои саривақтии супоришҳо ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 гузоштаанд, диққати зарурӣ дода, баҳри амалӣ намудани вазифаҳои дар пеш истода, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Иҷрои амру фармонҳои Пешвои миллат

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки назорат ва рафти иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлисҳои Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 208 адад амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлисҳои Раёсат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 83 адад қарорҳои раиси ВМКБ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ворид гардидаанд. Дар заминаи онҳо 123 амр ва 383 адад қарорҳои раиси ноҳия қабул карда шудаанд. Иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси ВМКБ зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар машваратҳои назди раиси ноҳия мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Уҳдадориҳо ва вазифаҳо

Дар рафти суҳбат номбурда қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, ҷамоатҳои деҳот ва идораю муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо дар нуҳмоҳаи соли 2022 ҷиҳати татбиқ намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои муайянеро ба иҷро расониданд.

Дар машваратҳои васеи назди раиси ноҳия, маҷлисҳои ситодҳои доимоамалкунанда, масъалаҳои вобаста ба таъмини иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ, рафти иҷрои нақшаҳои сохтмону ободонӣ, маъракаи кишту кори баҳорӣ, таъмини ҷойҳои корӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардиданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз аввали соли 2022 муайян гардида, нақшаи корӣ, вазифаҳои афзалиятноки соли 2022 тибқи қарорҳои дахлдори раиси ноҳия тасдиқ ва муайян гардиданд.

Барномаи рушд

Мавсуф тазаккур дод, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ вобаста ба иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ванҷ аз 17 сентябри соли 2020, №27 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2021-2025» бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда, тадбирҳои судманд андешида, як қатор корҳоро ба иҷро расонидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои давраи то соли 2025 (минбаъд Барномаи рушд) дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №181 “Дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” таҳия гардида, ба ҳадафу афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ карда шудааст.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаҳои асосии иқтисодиёти  ноҳия чораҳои мушаххас пешбинӣ гардида, ҷалби сармояи дохилию ҳориҷӣ дар назар дошта шудааст. Дар амал татбиқ намудани чорбиниҳои гузошташуда байни солҳои 2021-2025 имкон медиҳад, ки соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ноҳия рушд ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ зиёд гардад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ 116 лоиҳаро бо маблағи умумии 174 миллиону 485 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад, ки аз ин 42 лоиҳа ба маблағи 58 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 39 лоиҳа бо маблағи 53 миллиону 470 сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа бо маблағи 59 миллиону 853 ҳазор сомонӣ ба инфрасохтор ва 8 лоиҳа бо маблағи 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва бахши таъминоти захиравӣ пешбинӣ гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи гурӯҳбандии барнома аз буҷети ҷумҳуриявӣ 18 миллиону 526 ҳазору 636 сомонӣ, сармояи дохилию хориҷӣ 24 миллиону 099 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 55 % ва бахши хусусӣ ё соҳибкорон 4 миллиону 182 сомониро ташкил медиҳад.

Иҷроиши буҷет

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки таҳлили сифатнокии нақшаи даромадҳои давлатии буҷети маҳаллӣ нишон дод, ки аз аз 7 намуди сарчашмаҳои даромадҳои давлатӣ як намуд, андоз аз захираҳои табиӣ иҷро нагардид.

Андози даромад аз шахсони воқеӣ 101,9 фоиз, андози молу мулк 103,3 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 142,3 фоиз, андоз аз рӯи тартиби содакардашуда 102,6 фоиз, андози роялтӣ 25,4 фоиз, андоз аз боҷи давлатӣ 143,2 фоиз ва воридоти ғайриандозӣ бошад 109,2 фоиз иҷро гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар умум иҷрои нақшаи даромади ҷамоатҳои деҳотӣ 96,0 фоиз иҷро гардид.

Аз ҷумла, ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев 117,0 фоиз ,ҷамоати деҳоти Ҷовидон 105,0 фоиз, ҷамоати деҳоти Техаров 90,0 фоиз, ҷамоати деҳоти Рованд 96,0 фоиз, ҷамоати деҳоти Водхуд 94,0 фоиз, ҷамоати деҳоти Язғулом 67,0 фоиз -ро ташкил медиҳад.

Сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат зикр дошт, ки яке аз самтҳои асосии рушди ноҳия ин фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар ин давра дар мақомоти андози ноҳия 150 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо Патент фаъолият дошта ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҳисоби онҳо ба буҷети маҳаллӣ дар соли ҷорӣ маблағи 130 ҳазору 743 сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ маблағи 32 ҳазору 803 сомонӣ, ҷамъ 163 ҳазору 546 сомонӣ ворид гардид.

Соҳибкорони инфиродие, ки бо Шаҳодатнома фаъолият мекунанд, дар мақомоти андоз 77 нафар ба қайд гирифта шуда, 37 нафарашон бо сабабҳои номаълум аз фаъолият боз монда, 38 нафарашон фаъолият менамоянд, ки аз ҳисоби онҳо ба буҷети маҳаллӣ маблағи 72 ҳазору 638 сомонӣ, ба буҷети фонди нафақа 58 ҳазору 739 сомонӣ, ҷамъ 131 ҳазору 377 сомонӣ ворид намуданд, ба ҳисоби миёна ба ҳар як соҳибкор дар моҳ 394,5 сомонӣ рост меояд, ки нисбати соли гузашта 36,3 сомонӣ зиёд мебошад.

Умуман аз ҳисоби соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатномаю патент фаъолият менамоянд ба буҷети маҳаллӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба андозаи 294 ҳазору 923 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 10 ҳазору 921 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳия тадбирҳои қатъи ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва харҷи бештар ҷалб кардан сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ, ба таври густурда бароҳ монда шудааст.

Рушди соҳаи саноат

Инчунин, номбурда изҳор дошт, ки соҳаи саноат яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия ба ҳисоб меравад.

Дар нуҳмоҳаи соли 2022 дар ноҳияи Ванҷ 9 корхонаи саноатӣ, 7 коргоҳи хурди истеҳсолӣ фаъолият намуда, маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар ин давра маблағи 6 миллиону 871 ҳазору 700 сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 (5 милону 353 ҳазор) ба маблағи 1 милону 518 ҳазору 700 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ дар панҷ соли оянда дар ҳудуди ноҳия 5 адад корхонаҳои саноатӣ бо 125 ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар нуҳмоҳаи соли 2022 дар ноҳия аз 16 адад корхона ва коргоҳҳои саноатии ба таври расмӣ ба қайд гирифташуда, ки ин корхонаҳо асосан фаъолияти мавсимӣ ва доимӣ доранд.

Кишоварзӣ

Ҳамзамон, мавсуф дар рафти суҳбат қайд кард, ки сохторҳои комплекси агросаноатии ноҳия дар давоми нуҳмоҳаи соли 2022 фаъолияташонро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 баён намудаанд, инчунин супоришу вазифаҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 муайян шудаанд, равона намуда, то ба ин давра як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Соҳаи кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, истифодаи оқилонаю самаранок ва ҳифзи замин вазифаи ҳар як саҳмдори замин буда, иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, амнияти озуқаворӣ ба он зич алоқаманд мебошад.

Тибқи дурнамо-сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ, кишоварзони ноҳия дар соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1496 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд. Аз ин дар майдони 596 га зироаптҳои  ғаллагӣ, аз ҷумла гандум 145 га, ҷуворимакка 3 га, боқлӯ 3 га, ҷав 37 га, л\биё 382 га, картошка дар майдони 422 га, сабзавот дар майдони 196 га ва дар майдони 282 га алафҳои бисёрсоларо ташкил медиҳад.

Дар Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 1137 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Аз ин дар майдони 468 га зироатҳои ғаллагӣ, 136 га гандуми тирамоҳӣ, 26 га гандуми баҳорӣ, 3 га ҷуворимакка, 3 га боқлӯ, 37 га ҷав, 263 га лӯбиё, 310 картошка, 119 га, сабзавот дар ва 240 га алафҳои бисёрсола ташкил медиҳад.

Дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар майдони 348 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронгида шудааст.

Имсол дар майдони 60 га кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки аз ин кишти ҷуворимакка барои х\роки чорво 53,3 га ва кишти зироати мош 6,7 га-ро ташкил медиҳад.  Дар майдони 220 га замини корам шудгор карда шуда ва дар майдони 45 га кишти тирамоҳӣ ба ҳолати имрӯза гузаронида шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ соли 2022 дар хоҷагиҳои ноҳия дар майдони 8,2 га боғҳои нав гузаронида шуда, майдони 10 га боғҳои куҳна барқарор карда шудаанд.

Соҳаи маориф

Дар бобати соҳаи маориф ва рушди он дар ноҳия ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ (9-11) зимни баргузории машғулиятҳо масъалаи интихоби касб ва баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муайян намудани равияи таҳсил дар макотиби олӣ мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба хонандагон оид ба муҳимияти касбҳои барои бозори меҳнат зарур маълумоти пурра дода мешавад.

Натиҷаи сифати таҳсилоти хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сол то сол беҳтар гардида, хонандагон мунтазам дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Таҳлили сатҳи дониши хонандагон ва сифати таҳсилот нишон медиҳад, ки натиҷаи ҷамъбасти соли таҳсили 2021-2022 дар ноҳия сифати  таҳсилот ба 51%, азхудкунӣ ба 95% ва баҳои умумӣ ба 3,5 баробар аст. Қобили қайд аст, ки  соли ҷорӣ 7 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №19, 3, 28, 14, 36, 16, 18  дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанни математика, билогия, таърих иштирок намуда, сазовори 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар ноҳия таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, таъмиру сохтмонашон марҳила ба марҳила идома дорад.

Айни замон дар панҷ иншооти соҳаи маориф, бинои шуъбаи маориф, боғчаи бачагонаи ноҳия, маркази таҳсилоти иловагӣ, сохтмони муассисаҳои таълимии деҳаҳои Бунай ва Дашти Язғулом корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия айни ҳол 53 кабинетҳои фаннӣ аз рӯи фанҳои физика, химия, биология, география, математика, технологияи иттилоотӣ ва суруду мусиқӣ фаъолият мекунад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 395 адад компютер, 93 адад принтер, 23 адад генератори барқӣ, 31 адад  видеопроектор, 20 тахтаи электронӣ мавҷуд буда, хонандагон аз онҳо самаранок истифода мебаранд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ аз тарафи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Ванҷ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ба воситаи Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи асоснок пешниҳод гардид.

Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия майдончаҳои солимгардонӣ мавҷуд буда, инчунин ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як истироҳатгоҳи вилоятӣ ҳамасола фаъолият мекунад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо маром идома дошта, аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ сохтмони муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоии №51 дар Дашти Язғулом бо теъдоди 4 синфхона барои 96 ҷойи нишаст ба анҷом расонида шудааст.

Ба ғайр аз ин, бо маблағгузории Фонди Саудии рушд сохтмони бинои маъмурии шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ бо маблағи зиёда аз 4,8 млн сомонӣ идома дорад.

Соҳаи тандурустӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф, аз ҷумла изҳор дошт, ки солимии ҷомеа ва тандурустӣ яке аз омилҳои инъикоскунандаи сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ташаккули маънавии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ба аҳолии ноҳия беморхонаи марказии ноҳия, беморхонаи минтақавии Язғулом, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 адад маркази саломатии деҳотӣ, 22 адад бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии ноҳия, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, маркази мубориза алайҳи бемориҳои тропикӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази мубориза ба муқобили ВНМО-БПНМ, маркази имунопрофилактика, хизмати тиббӣ ва профилактикӣ расонида истодаанд.

Дар ноҳия ҳамагӣ 158 кат барои табобати статсионарии беморон фаъолият доранд, ки 133 кат дар беморхонаи марказии ноҳия ва 25 кат дар беморхонаи Язгулом ҷойгир шудаанд.

Дар  беморхонаи марказӣ, беморхонаи минтақавии Язгулом, таваллудхонаи деҳаи Андарбак ва таваллудхонаи деҳаи Ғуҷоваст 16 нафар духтур ва 54 нафар корманди миёнаи тиб кору фаъолият намуда, ба мардум хизмати шабонарӯзӣ карда истодаанд.

Дар сохтори госпиталии ноҳия ҳамагӣ 139 корманд дар 137, 25 воҳиди корӣ фаъолият доранд.

Дар шуъбаи ҷарроҳӣ дар ҳамин давра 299 нафар бемор бистарӣ гардида, 290 нафар рухсат дода шудаанд, ки ин 2941 кат рӯзро ташкил медиҳад. Шумораи ҷарроҳӣ 126 адад расонида шудааст. Фаъолияти ҷарроҳӣ дар ин давра ба  42,16 % баробар мебошад.

Маркази саломатии ноҳиявӣ ба 4446 нафар аҳолии ноҳия кумаки аввалия  ва хизмати тиббӣ мерасонад. Дар давоми соли ҷорӣ 12191 нафар шаҳрвандонро қабул намудааст, ки аз инҳо 3197 нафар бо сабаби беморӣ ва 8994 нафар барои муоинаи тиббӣ ва ташхис муроҷиат намуда, дар хона бошад ба 119908 нафар хизмати тиббӣ расонида шудааст. Дар марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ қабули беморон 26220 нафар буда, аз ин 12840 бо сабаби беморӣ, 13380 муоинаи тиббӣ ва дар хона 137523 нафар мебошанд.

Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 34 нафар момодоя, 92 нафар ҳамшираи тиббӣ ва 36 нафар корманди хурди тиб фаъолият доранд.

Аз тарафи духтурон, ҳамшираҳои тибби маркази саломатии ноҳия оид ба пешгирии касалиҳои сирояткунанда, эмкунӣ, бемории дил, касалиҳои дарунравӣ, камхунӣ, масъалаи ғизо ва дигар бемориҳо маводҳои иттилоотию тарғиботӣ пайваста таъмин карда мешаванд.

Варзиш ва ҷавонон

Дар рафти суҳбат номбурда қайд кард, ки шумораи умумии ҷавонони ноҳия аз 1 то 30 сола дар ноҳия 18620 нафарро ташкил дода, аз инҳо 9374 нафарро ҷавондухтарон дар бар мегиранд. Шумораи ҷавонони аз 14 то 30 сола бошад дар ноҳия 12513 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 6292 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи зеҳнии онҳо чораҳо андешида мешавад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 41 адад чорабинӣ, аз ҷумла 17 адад  чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ 24 адад чорабиниҳои варзишӣ ва сӯҳбату вохуриҳо гузаронида шуданд.

Дар давоми нуҳмоҳаи соли 2022 варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ 13 медал, ки аз инҳо 3 тилло 4 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд.

Бо мақсади дастгирии насли ҷавон ба илмомузӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни стипендияи Президентиро ташкил намудааст, ки дар он ҳамасола толибилмон аз муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, беҳтарини онҳо ба маблағи 500 сомонӣ ҳар моҳ  идрор мегиранд. Шумораи гирандагони стипендия ҳар сол зиёд гардида истодааст ва имсол ин шумора 12 нафарро ташкил медиҳад.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баҳри ташаккул додани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар ниҳоди насли наврас, бедор ва мустаҳкам намудани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба ватан як қатор корҳоро то ба ин давра ба сомон расонидааст.

Дар давоми нуҳмоҳаи соли 2022, 108 адад чорабинӣ, аз ҷумла 49 адад  чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ ва 59 адад чорабиниҳои варзишӣ ва суҳбату вохуриҳо аз рӯи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон баргузор карда шуданд.

Вобаста ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 37 адад чорабинӣ ва суҳбату вохуриҳо бо фарогирии 2320 нафар ташкил ва гузаронида шуд.

Дар фароварди суҳбат номбурда зикр дошт, ки инчунин, баҳри баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани тарбияи ватандустӣ ҳамасола дар таърихи 16 феврал чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ баргузор карда мешавад. Ба  ҳамин тартиб дар  таърихи 16 феврали соли 2022 як гуруҳи ҷавонон бо фарогирии 75 нафар чорабиниҳои фаҳангию варзишӣ, инчунин ба қисмҳо ҷудо намудани яроқҳо дар қисми ҳарбии 23 441 (б) дар як сатҳи баланд баргузор карда шуда, ғолибон ва беҳтаринҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ин ҷост, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ноҳияи Ванҷ дар рӯзи якуми даъват сарбаландона иҷро гардида, 45 нафар (100%) даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳамазмон, ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ҳафтае як маротиба ситод баргузор гардида, суҳбату вохуриҳо аз рӯи усули деҳа ба деҳа, хона ба хона ҷиҳати ихтиёран сафарбар кардани ҷавонон дар даъвати тирамоҳии дар пеш истода аз ҷониби масъулин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мунтазам гузаронида мешаванд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь