Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 21 декабри 2021) таъкид карданд: “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст. Ҳарчанд дар ноҳия дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ноҳия ба нақша гирифтааст, зеро Пешвои миллат зикр карданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.

 Рушди саноат дар ноҳияи Б. Ғафуров

15-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи асфалтбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи асфалтбарорӣ бо технологияи замонавӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён дар масоҳати як гектар замин бунёд карда шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоту технологияи муосир 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Коргарони ширкат нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хатти нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар натиҷа боз чандин нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки технологияи корхона аз кишварҳои пешрафта ворид карда шудааст. Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хатти лулаҳои газӣ кашида шудааст. Барои кашонидани асфалт зиёда аз 10 техникаи пуриқтидор харидорӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки ширкати ватанӣ аз соли 2007 фаъолияти худро оғоз намуда, самти фаъолияташ ба корҳои сохтмони механикӣ нигаронида шудааст. Давоми ду соли охир бошад, ҷамъият ба корҳои роҳсозӣ машғул гардида, дар ободонии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳиссаи арзанда мегузорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат бо бунёди корхонаҳои нав ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.

Дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъолият доранд. Танҳо дар давоми 8 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳҳои мошингард таърмим ва таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бунёди хати оби полезӣ ва боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ»

Боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ» дар масоҳати 13 гектар бо иқдоми муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ» бунёд карда шудааст.

Барои обёрии боғ, ки бо усули қатрагӣ пешбинӣ гардидааст, дар масофаи 800 метр қубурҳои қутрашон 75 миллиметра хобонда шудааст.

Маълумот дода шуд, ки дар масоҳати 11 гектар ниҳоли бодом ва дар боқимонда замин ниҳоли зардолу, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ватанӣ дастрас гардидааст, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонида шудааст.

Барои амалӣ шудани ин ташаббуси нек 250 ҳазор сомонӣ маблағ равона шуда, дар натиҷа 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

Заминҳои минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бо сабаби набудани оби полезӣ солҳои зиёд аз истифода берун монда буд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои мавзеъи Рухак марҳилла ба марҳилла ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида истодааст. Бино ба маълумоти Идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳои мавзеъи Рухак 2351 гектарро ташкил медиҳад.

“Хорои Суғд”

Иншоот дар майдони 1,2 гектар замин мутобиқ ба талаботи замон ва тарҳи муосир дар ноҳияи Б. Ғафуров бунёд гардидааст.

Коргоҳи навбунёд барои коркарди санги хоро ва мармар пешбинӣ шуда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ 2 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад.

Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Италия дастрас карда шудааст.

Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он барои 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам гашт.

Бояд гуфт, ки шумораи коргоҳи коркарди санги хоро ва мармар дар Тоҷикистон 9 ададро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2021 – 93,8 ҳазор метри муррабаъ ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 – 5,1 ҳазор метри муррабаъ мебошад.

Бунёди иншооти нави истеҳсолӣ қадами навбатӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат буда, дастгоҳу таҷҳизоти дастрасшуда дар минтақа камназир мебошад, ки ин барои нозуку пурҷило, мутобиқ ба дизайн ва мувофиқ ба талаботи мизоҷон омода сохтани санги мармару хоро мусоидат мекунад.

Барои фаъолияти доимии корхона ва ба талаботи замони муосир истеҳсол намудани маҳсулот мутахассисони варзида ба кор ҷалб шудаанд, зеро аксари механизми дастрасшуда бисёрвазифавӣ буда, дар онҳо амалҳои гуногун вобаста ба ороишоти санг анҷом дода мешавад.

Дар коргоҳи навбунёд аслан маҳсулоти ватанӣ коркард мешавад, ки ин ба таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсолию ивазкунандаи воридот замина мегузорад.

Дар баробари ин ба сангҳои ороишии баландсифат, аз ҷумла мармар ва хорои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ талабот зиёд буда, танҳо бо роҳи истеҳсоли маҳсулоти баландсифат метавон дар бозорҳои дохил ва хориҷ бо маҳсулоти истеҳсолии дигар ширкатҳо рақобатпазир гашта, талаботи мизоҷонро қонеъ сохт.

Ҳамзамон, 15-уми апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли тухми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина-К”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти асосии фаъолияти корхона асосан парвариши мурғ барои истеҳсоли тухм мебошад.

Парвариши парранда ва истеҳсоли тухм бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ буда, аз кишварҳои Италия, Олмон ва Русия харидорӣ шудааст.

Айни замон дар корхонаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли тухми “Амина К” 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, роҳбарияти корхона имконият дорад, боз 40 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин, 15-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли 30 намуд макаронро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти ниёзи мардум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” тасмим гирифт, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон оғоз намояд.

Барои ноил шудан ба ин мақсад аз тарафи муассисони ширкати ватанӣ барои сохтмони бинои истеҳсолӣ ва харидорӣ намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ маблағи 2 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.

Айни ҳол таҷҳизот барои истеҳсоли макарон бо иқтидори 1 тонна дар як баст дар бинои нави истеҳсолӣ васл карда шуда, истеҳсоли 30 намуди макарони хушсифат ба роҳ монда шуд.

Боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат”

9-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” иштирок карданд.

Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хати оби полезиро, ки аз чуқурии 40 метр бароварда шуда, барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шуд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳолҳои зардолу ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.

Боғи интенсивии зардолу дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардид.

“Ситораи Суғд”

Ҳамзамон, 8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди -ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони  маҳаллӣ бо шароити хуби корӣ  ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешавад.

Инчунин, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”, ки дар раванди татбиқи амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст, 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Бо дарназардошти талаботи аҳолӣ ва ширкату корхонаҳо дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт” истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди мутахассисон ин зарфҳои полиэтиленӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазирии он кафолат дода мешавад.

Тандурустӣ

Муассисаҳои сохтори ШКАТС ноҳияи Б. Ғафуров дар  асоси фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилоят, Низомномаву Оинномаҳои тасдиқгардида, қарорҳои Мақомотҳои иҷроияи вилояту ноҳия ва бахшида ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта, дар давоми солҳои охир ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Сараввал қайд менамоем, ки ШКАТС- и ноҳия дорои 92 муассисаҳои табобатӣ, аз ҷумла 1 маркази саломати ноҳия, 31 МСД, 50 Хонаҳои саломатӣ, 6 Марказҳои махсусгардонидашуда аз зумраи- Марказҳои бемориҳои руҳӣ ва ёрии наркологӣ, Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, солимии репродуктивӣ, БПНМ, ХБК, эмтаъминкуни, ташаккули тарзи ҳаёти солим, 1 стансияи ёрии таъчилӣ ва 13 нуқтаҳои ёрии таъҷилиро дарбар мегирад, ки ба 400254 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Ба аҳолии ноҳия ба теъдоди 240 нафар табибон, 956 нафар ҳамшираҳои миёнаи соҳаи тиб хизмат мерасонад. Дар муассисаҳои сохтори ШКАТС-и ноҳия 2 нафар номзади илм, 19 нафар аълочиёни тандурустӣ, 1 нафар дорандаи медали хизмати шоиста ва 1 нафар гирандаи медали шавқат фаъолият мебаранд.

Дар давраи солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ, Мақомотҳои иҷроияи вилояту ноҳия ва Раёсати тандурустии вилоят бештар ба назар мерасад.

Ҷиҳати пурзур намудани манбаи моддию техникии муассисаҳои сохтори ШКАТС-и ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлати ноҳия буда, инчунин 14 Хонаҳои саломатие, ки дар қатораҳо ва биноҳои мутобиқаткунонида ҷойгир буданд, биноҳои ҳозиразамон сохта шуда мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар арафаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ҳозиразамони Маркази саломатӣ бо арзиши лоиҳавии 2 млн 779 ҳазор сомон бо таҷҳизотҳои ҳозиразмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар давоми се соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва суратҳисоби маҳсус ба маблағи 3698614 сомонӣ таҷҳизотҳои нодири ҳозиразамон харидорӣ карда шуд. Инчунин, ба маблағи 1741256 сомони муассисаҳои таъмирталаб аз таъмир бароварда шуданд. Дар робитаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҷумла, бо сармоягузории бонки рушди Осиё Марказҳои саломатии деҳотии Қулангир, Р.Темуров, Хуҷанд, Чорсу ва Қизил-Юлдуз таъмиру тармим гардиданд. Аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии ЮНСЕФ маркази саломатии деҳотии Тошлоқ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Инчунин, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба истиқболи Истиқлолияти давлатӣ дар Маркази саломатии ноҳия бинои иловагии ёрирасон мавриди сохтмон ва баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба маблағи 263616 сомонӣ барои таъмиру тармими бинои маъмурият ва ба маблағи 15980 сомонӣ аз ҳисоби суратхисоби махсус барои таъмири ороиши Маркази саломатии Исфисор ва ба маблағи 7980 сомонӣ барои таъмири ороиши Маркази саломатии деҳотии Р.Темуров равона карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки нақшаи иҷроиши буҷа дар шашмоҳи соли 2022 – 97%, иҷроиши нақшаи Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 ба андозаи 101,2%, иҷроиши нақшаи муоинаҳои тиббии ҳатмии пешакӣ ва давравӣ ба андозаи 103% иҷро гардидааст.

Маориф

Бояд тазаккур дод, ки 15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро барои 840 нафар хонанда дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд.

Имрӯз шодию хурсандии устодону муҳассилин ва волидайни онҳо ҳадду канор надошт, зеро бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб соҳиби бинои наву замонавии таълимӣ гардид.

Бинои асосии мактаб аз 35 синфхона ва 5 ҳуҷраи ёрирасон иборат буда, 11 синфхонаи ибтидоӣ, 19 синфхонаи болоӣ, 2 синфи таълими меҳнат, синфи химия, синфи физика ва синфи компютериро дар бар мегирад.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои иловагии мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба масъалаи таъмини сифати таълим ва хонандагонро ба омӯзиши илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.

Дар ин росто, бояд зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои мусбии фаъолияти соҳаи маориф дар ноҳияи Б. Ғафуров хеле зиёд ва ҳам назаррас аст, аз ҷумла:

Санаи 15.04.2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таълимии МТМУ-и №15-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ барои 840 нафар хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.

Дар даврони ҳисоботӣ бо дастгириии созҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ муасссисаи таълимии томактабии хусусии “Моҳтобак” ба фаъолият оғоз намуд.

Моҳи январ омӯзгори фанни математикаи МТМУ №10 Зоидова Наима дар озмуни ҷумҳуриявии “Муаллимаи соли ҶТ-2021” ба гирифтани ҷойи ифтихории дуюм сазовор шуд.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои  фаннӣ 136 нафар хонандагони синфҳои 5-11-и МТМУ-и ноҳия ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Аз шумори умумии ғолибон 24 нафар ба гирифани ҷойҳои якум, 35 нафар ҷойҳои дуюм, 77 нафар ҷойҳои сеюм сазовор гаштанд.

Дастаи олимпии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия вобаста ба натиҷаи иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят ҷойи якумро ишғол намуда, аз қатори сегонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷой гирифт.

Дар озмуни вилоятиии  “Шукуфаҳои Истиқлол” тарбиятгирандагони муассисаи таълимии томактабии №11 Темурҷонзода Сафихон ба гирифтани шоҳҷоизаи озмун сазовор гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022, №АП-155 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 11.03.2022, №93 байни хонандагон, донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа даври ноҳиявиии озмуни “”Илм-фурӯғи маърифат” баргузор карда шуд. Дар натиҷаи озмун 35 нафар ғолибон муайян карда шуда, бо диплому мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи умумии 43 800 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои 4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали 2022, № АП -156 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 11. 03.2022, №94 байни хонандагон, донишҷуён ва дигар қишрҳои ҷомеа даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда шуд. Дар натиҷаи озмун 48 нафар ғолибон муайян карда шуда, бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулиии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи умумии 44 280 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дастаи мунтакхаби варзишгарони ҷавони ноҳия дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ-варзишиии “Ватанпарвар” ба гирифтани ҷойи якум мушараф гардиданд.

Дар озмуни вилоятии хондани суруди “Дунёи миллат” дастаи хонандагони МТМУ-и №28-и ноҳия ҷойи якум ва дастаи хонандагони муассисаи таълимии №55-и ноҳия ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

Дар озмуни вилоятии “Хаттоти беҳтарин” хонандаи синфи 2-и муассисаитаълимии №7 Давронова Фарангис ва хонандаи синфи 4-и муасисаи таълимии №55 Тоҷибойзода Саида ҷойҳои якумро ишғол намуданд.

Дар озмуни вилоятии и “Нақоранавоз ва шайпурнавози беҳтарин” дастаи муасисаи таъилимии №33-и ноҳия ҷойи ифтихории якумро сазовор гардиданд.

Дар даври вилоятии озмуни умумиҷумҳуриявии “Роҳбари созмони хонандагони беҳтарин” роҳбари созмони хонандагони муассисаи таълимии №81-и ноҳия Ҳакимова Зебо ҷойи ифтихории якумро ишғол намуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.

Дар сесияи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон 37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштрок карда, ҳамаи онҳо ғолибият ба даст оварданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тағйирёбии иқлим ва захираҳои  об” узви маҳфили “Мухбирони ҷавон”-и хонандаи синфи 6-и МТМУ-и №31-и ҷамоати деҳоти Ёва Муҳабббат Тоҷибошева дар номинатсияи “Навори беҳтарин” ғолиб дониста шуда, ҷойи ифтихории якумро сазовор гардид.

Ҳамзамон, дар ноҳия мекӯшанд, ки соҳаи маорифро аз ин бештар рушду нумӯъ диҳанд ва наврасону ҷавононро бештар ба омӯзиши илму фарҳанг ҷалб намоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь