Падидаи беҳтарин ва созандае, ки пас аз Истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми Тоҷикистон гардид, ин бидуни шубҳа Ваҳдати миллӣ буд. Воқеан, ҳам сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ падидаи нодиртарин ба шумор меравад. Расидан ба Ваҳдати миллӣ дар натиҷаи 21 вохӯриҳои расмӣ ва гуфтушунидҳо ба амал омад. Аввалин вохӯрии расмӣ 4 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав санади муҳимми тақдирсоз барои ноил гардидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардид. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози корҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар гардид.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуда буданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Ба сифати ҷавҳари аслии ҳастии миллат эътироф шудани ин падида маънии амиқро доро аст. Зеро бидуни ваҳдати миллӣ рушди рукнҳои давлати миллӣ ғайриимкон мебошад. Ваҳдати миллӣ имкон ба вуҷуд меорад, ки дар баробари рушди ҷомеа тафаккури миллӣ инкишоф ёбад. Тафаккури рушдёфта қодир аст зиндагиро аз нав созад, ҳаётро дигаргун намояд, бо такя ба маҷмуи арзишҳои миллӣ дар муҳити башарӣ тағйироти куллиро ба вуҷуд орад. Зимнан бо мурури пешрафти ҷомеа маҷмӯи арзишҳои миллӣ низ мазмуну мундариҷаи нав касб мекунанд ва дар доираи давлати миллӣ барои эҳёи оин ва анъанаҳои миллӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Ваҳдати миллӣ заминаи асосии ташаккули давлати миллӣ мебошад.

Бо вуҷуди ин масъалаи Ваҳдати миллӣ мунтазири ҳаллу фасли мукаммали худ буд. Зеро мардуми кишвар дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвари ҳамсоя Афғонистон ва дигар кишварҳо фирорӣ шуда буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ахбори омма ба мардуми фирорӣ муроҷиат ба амал овард, ки ба Ватан баргарданд, ба молу мулки аҷдодии худро соҳиби намуда, кишвари азизи хешро обод намоянд.

Тамоми мардуми Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҳамчун саннаи гаронбаҳои тақдирсоз истиқбол намуданд. Ҳукумати кишвар рӯзи 27-уми июнро ҳамчун иди Ваҳдати миллӣ эълон намуда, ҳар сол дар тамоми қаламравӣ мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.

Ваҳдати миллӣ дар сарҷамъ намудаи миллати тоҷик нақши боризе гузошт ва бо истифода аз арзишҳои тавассути ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, мардуми кишвар аз пайроҳа ба шоҳроҳи бузурге қадам гузоштанд, ки ин дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии онҳо, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё намуд ва ҳамин гомҳо таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар гузошт. Вале бо ин хама дастовардҳо имкониятҳо ва мувафакиятҳое ки дар заминаи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ баро халқи Тоҷикистон ба даст омада буд, боз ҳам наметавон нисбат ба вазъи имрӯзи ҷаҳон бетафовут буд.

Зеро ҷаҳон имрӯз ва ҷараёни ҳодисоти муосир дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ аз гузашта ба куллӣ фарқ дорад. Муборизаҳои шадиде, ки барои тасхири фикру андешаҳои ҷавонон, дигар кардани маҷрои ҳадафу ормонҳои онҳо ва ба манфиати ғаразноки худ истифода бурдани онҳо дар байни ҷараёнҳои тезу тунд ва гуногунмақсадию гуногунмазҳабии олам сурат мегиранд, масъалаи интихоби роҳи дуруст, устувории мавқеи инсонию шаҳрвандии хосаро барои  ҷавонон сахт мушкил сохтааст. Хусусан барои кишваре чун Тоҷикистони мо, ки баъди садсолаҳо дар ин замони ҳассос ва мураккаб соҳиби истиқлолият гаштаву дар пайи эҳёи тозаи ҷисмониву маънавии хеш, нигоҳдошту такмилу рушди ҳастии худ, одобу хирад, беҳтарин суннату анъанаҳо,  забону фарҳанги навини хеш  аст. Ва ҳамаи умеду бори масъулият, ояндаи меҳану миллат маҳз бар дӯши  ҷавонон аст.  Албатта, он хираду одоб ва анъанаву суннатҳое, ки дар хуни миллати мо ҳазорсолаҳо ҷараён доранд, аз насл ба насл хоҳанд гузашт. Аммо мо мебинем, ки чӣ гуна ҷаҳон бо суръат дигар мешавад, талабот дигар мегардад, чӣ гуна ҷараёнҳои мухолиф бо ҳадафҳои муайяну ғаразнок ба манфиати худ мекӯшанду  ҷавононро ба ҷониби худ мекашанду оҳиста-оҳиста ҳастии онҳоро ба нестӣ мебаранд. Вале боз ҳам ҷавонони моро мебояд, ки дар ин вазъият дониш, хирад, тавоноӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба монанди устухонашон қавӣ бошад. То касе натавонад бо фикру андешаҳои ифротии худ онҳоро мағзшӯӣ намояд.

Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи бузургу бунёдгару созандаи давлату кишвар маҳсуб мешаванд. Дар ин маврид файласуфи машҳур Арасту низ бомаврид гуфтааст: “Ҳама касоне, ки хусусияти санъати тафаккурро дарк намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи  ҷавонон вобастагӣ дорад”.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳалли масоили хаёти наврасону ҷавонони кишварро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии кишвар медонад. Аз ин рӯ, давлат вобаста ба беҳдошти вазъи таълиму тарбия касбу ҳунар, ба ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудааст. Ин буд, ки дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ парлумони кишвар Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавононро ба тавсиб расонид, ки ин санад заминаҳои ташаккуливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ, дар робита бо пешбурди  сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қарору санадҳо ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Ин ҳама таваҷҷӯҳ ва ҷонибдориҳои давлату ҳукумати кишвар аз ҷавонон боз ҳам иродаи қавӣ ва донишу маҳоратро тақозо мекунад.

Ҳамчунин, дар ин робита баҳри дастгирии ва рушди ҷавонони кишвар соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардида буд. Ин ташаббуси Роҳбари давлат барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат намуд ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун гардонид.

Бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гуруҳӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки мо бояд арзишҳои сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишварамонро бештар донем ва баҳри ҳифзи марзу буми ватани худ талош намоем. Зеро ба даст овардани Ваҳдати миллӣ гардиши бузургеро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардуми Тоҷикистон ба миён овард. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофари миллати тоҷик буд. Чун Ваҳдати миллӣ иттиҳод ҳамбастагии бузург ва муқаддас аст ва тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон аз он сарчашма мегирад.

Пас бояд баҳри тадбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ қадамҳои устувортар гузорем. Ҳама саҳмгузор бошем дар болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа.

Иброҳимова С.Ҳ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь