Миллатҳои огоҳ дар паи худсозианд, аммо иддае аз зиёиёни мо фиреби ин назарияпардозиҳои ҳадафмандонаро хурда худсӯзӣ мекунанд ва бидуни далели илмӣ мегӯянд, ки миллати форсу тоҷик “пир шудаву маҳкум ба завол” аст…

Иддае аз равоншиносон  бар он назаранд, ки менталитети миллӣ ва ҳувияти миллӣ падидаҳои устувори психологие мебошанд, ки аз насл ба насл интиқол меёбанд. Бовар кардан ба чунин фарзияи зоҳиран илмӣ маънои онро дорад, ки гӯё аз азал ё дар ҷараёни таҳаввулоти тӯлонии табииву таърихӣ дар зеҳни ҳар миллат ва гурӯҳи этникие барномаи вижае рехта шудааст, ки он ба таври ғайрииродӣ ва мустақим дар наслҳои баъдӣ такрор меёбад. Бояд ба эътибор гирифт, ки ин гуна андешаҳо, ки ҳатто дар шакли фарзияҳои илмӣ низ пешниҳод шуда ҷонибдорони худро низ доранд, бе таҳкурсии назарӣ пайдо нашудаанд. Ин фарзияҳо бар асоси он пайдо шудаанд, ки шуури инсон дар сатҳи аввал ба  се  бахши асосӣ тақсим мешавад, яъне шуур, зершуур ва фарошуур. Ҳар яке аз ин бахшҳои шуур амалҳои муайяни фаъолияти инсонҳоро танзим мекунад. Масалан, фаъолияти дастгоҳҳои нафаскашиву хунгард, узвҳои ҳозима ва талаботҳои аввалии инсонӣ, аз ҷумла талабот ба ҳифзи бақо ва касби ғизо, эҳтиёҷоти физиологие чун шаҳват, хоб, тамоил ба лаззатгароӣ, ғаризаҳои табиӣ, инстинктҳо, рефлексҳо ва амсоли инҳо аслан на ба воситаи шуур, балки тавассути зершуур танзим мешаванд.  Ба ғайр аз ин тавассути зершуур ҳамчунин амалҳои автоматизатсияшудаи худкори инсонҳо, меъёрҳои муайяни ахлоқу одоби миллӣ ва урфу одатҳои ҷамъиятӣ низ танзим мешаванд. Одобу ахлоқ ва одатҳову анъанаҳои мардумӣ ба мисли ҳаракатҳои автоматизатсияшудаи ронандагони собиқадору мусиқинавозони касбӣ, ки бинобар сабаби бардавом ва такрор ба такрор иҷро гардидан ба малака табдил ёфтаанд, дар ҳақиқат тавассути зершуур танзим мешаванд. Хусусияти амалҳову фаъолиятҳое, ки тавассути зершуур танзим мешаванд, дар он аст, ки ғайрииродӣ ва ба таври табииву фитрӣ сурат мегиранд. Аксар ин амалҳо аз қабл ба таври табиӣ дар зеҳни инсон барномарезӣ шудаанд ва аз насл ба насл мегузаранд. Аз ин аст, ки мизоҷ, темперамент ва характер аз дидгоҳи илмҳои тиб ва равоншиносӣ дар маҷмуъ устувор ва ҳатто тағйирнаёбанда дониста шудаанд.

Аммо ба воситаи шуури инсон амалҳои ғайритабиӣ ва ғайриинтисобии ӯ, яъне амалҳои иродӣ ва иктисобии вай танзим мегарданд. Амалҳои иродӣ амалҳоеянд, ки дар заминаи донишҳои омӯхта ва таҷрибаҳои андӯхта анҷом дода мешаванд.

Фарошуур низ хостгоҳи фаъолиятҳои ғайрииродиву ғайрикасбӣ аст. Мисоли равшани ин гуна фаъолият илҳом ва ангезаҳои ботинӣ, яъне интуитсия аст, ки онро маҷозан ҳисси 6-ум низ мегӯянд.

Суоли матраҳ ин аст, ки мафҳумҳое чун рӯҳияи миллӣ, андешаи миллӣ, худшиносии миллӣ, менталитети миллӣ, ҳувияти миллӣ ба кадоме аз ин бахшҳои психика ва равону шуури миллӣ рабт доранд? Посух ба ин суол бисёр муҳим аст, зеро маълум кардани маншаъи ин падидаҳои психикиву равонии миллат, тағйирёбанда ва ё тағйирнаёбанда, иктисобӣ ва ё интисобӣ, иродӣ ва ё ғайрииродӣ, ратсионалӣ ва ё ирратсионалӣ будани онҳоро тавзеҳ медиҳад. Доир ба ин масъала ҳатто этнопсихологҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд.  Масалан, этнопсихологҳои ҳавзаи илмии Ғарб ба ин масъала дар маҷмӯъ нигоҳи ратсионаливу хирадгароёна доранд ва менталитети миллиро падидаи равонии тағйирёбанда медонанд. Аммо этнопсихологҳои ҳавзаи илмии Шарқ ва шарқи Аврупо, аз ҷумла русҳо аслан дар ҷиноҳи ғайриратсионалистҳо қарор доранд ва бар он назаранд, ки менталитети миллӣ падидае устувор ва ҳатто тағйирнаёбанда аст. Доир ба ин масъала баъзе  муҳаққиқони рус худ низ таъкид кардаанд. Аз ҷумла ба қавли онҳо: ”Ба хостагоҳи ратсионалӣ мансуб донистани мафҳуми ”менталитет” дар илми Ғарб пеш аз ҳама натиҷаи авлавияти мутлақ доштани хирадгароӣ дар фарҳанги ғарбист, ки таъсири худро ба усули пажӯҳишҳои илмӣ, ба вижа пажӯҳишҳои илмӣ дар сатҳи улуми иҷтимоӣ расонидааст. Аз ин рӯ, табиист, ки дар илми Ғарб мафҳуми “менталитет” ҳамчун “воситаи дарки олами ҳастӣ” пеш аз ҳама ба хирадгароӣ иртибот пайдо мекунад. Ва тасодуфӣ ҳам нест, ки мафҳуми “менталитет” бо интиқол ёфтан ба ҳавзаи илмии Россия ба сӯи қутби эҳсосгароӣ тамоил пайдо кардааст”.(ниг. ба https: //studbooks. net/1348755 /psihologiya/natsionalnyy_ mentalitet_ predmet_sotsialno_ psihologicheskogo_ issledovaniya)

Этнопсихологҳое, ки нақши омилҳои фитриву генетикиро дар ташаккули менталитети миллӣ ҳалкунанда тасвир кардаанд, маҳз бо назардошти тавассути зершуур ба таври худкору автоматикӣ танзим шудани иддае аз амалҳо ва фаъолиятҳои иҷтимоии одамон ба чунин хулоса омадаанд.  Аммо хулосаи мазкур аз он ҷиҳат дуруст нест, ки онҳо одобу ахлоқи миллӣ, қоидаҳои рафтору муоширати ҷамъиятӣ, этикет, стереотипҳову архетипҳо, маданият ва фарҳанги миллиро ба мисли ғаризаҳои табииву инстинктҳо чун падидаҳои равоние донистаанд, ки аз азал ва ё дар раванди таҳаввулоти тӯлонии табиӣ дар зеҳни инсон барномарезӣ шудаанд.  Маҳз бо назардошти фитрӣ ва табиӣ тасаввур ва талаққӣ шудани ин унсурҳо онҳо устувор ва қариб тағйирнопазир будани менталитети миллиро таъкид кардаанд. Ҳол он ки унсурҳои мазкур на ба таври фитрӣ, балки ба таври тарбиявию тақлидӣ ва умуман ба таври иктисобӣ дар заминаи шуур ташаккул ёфта баъдан бино бар сабаби такрор ба такрор иҷро шудан ба малака ва фаъолияти автоматизатсияшуда табдил мегарданд ва баъдан ба тадриҷ таҳти таъсири зершуур қарор мегиранд.

Одобу ахлоқи миллӣ, қоидаҳои рафтору муоширати ҷамъиятӣ, этикет, стереотипҳову архетипҳо, маданият ва фарҳанги миллӣ қаблан дар зери таъсири тақлиду талқин дар муҳити хонавода ва баъдан таҳти таъсири таълиму тарбия ва муҳити иҷтимоӣ дар зеҳни ҳар фарди миллат аз айёми хурдсоливу наврасӣ шакл гирифта, ба қолабҳо (стереотипҳо)-и рафторе табдил меёбанд, ки минбаъд ба таври автоматикӣ бидуни мулоҳиза ва ихтиёр амалҳову ҳаракатҳои ӯро (шахсро) танзим мекунанд. Масалан, тасаввурот дар бораи амалҳои “убол” (шакли аслиаш вубол) ва “савоб”, ғизоҳои “ҳалол” ва “ҳаром”, ки аз хурдӣ таҳти таъсири муҳити хонавода ва ҷомеа дар зеҳни шаҳрвандони мо ба вуҷуд омадаву шакл гирифтааст, ҳамчун меъёр ва қолаби устувори аз қабл тасдиқшуда (стереотипу архетип) тӯли умр ба таври ғайриихтиёр фаъолияту муносибати моро таҳти таъсир қарор медиҳад ва танзим мекунад. Афрод ҳатто баъди расидан ба синни камолот ҳам бидуни мутолиа ва таҳқиқ бар асолати ин мафҳумҳо бовар доранд ва муқаррароти марбут ба ин мафҳумҳоро ғайриихтиёр бо назардошти ангезаҳои ботинии худ ва афкори умум риоят мекунанд.

Масалан, педагоги шӯравии рус Савин Н.В. ба ин назар аст, ки: “Тадқиқотҳо (Б.М.Теплов) муайян кардаанд, ки хусусиятҳои типологӣ бо вуҷуди таъсиргузорӣ дар ташаккули шахсият нақши муайянкунанда надоранд. Бо таъсири шароити зиндагӣ ва муҳити тарбиятӣ дар асоси ин ё он типи системаи асаб характерҳои гуногун ва баръакс, дар асоси типҳои гуногуни системаи асаб характерҳои якхеларо ташаккул додан мумкин аст”. (Савин Н.В., “Педагогика”, нашриёти “Маориф”,  Душанбе, 1975, саҳ.31) Конструктивистон мегӯянд: “Миллат мисли иморат мебошад, ки онро аз қисмҳои гуногун сохтан мумкин аст”. (“Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ“, Душанбе, “Ирфон“, 2012, саҳ.56)

Як омили заъфи бовармандӣ ба тағйирпазирии характери миллӣ дар байни рӯшанфикрони мо марбут ба дидгоҳи табии бунёд (примордиалистӣ)-и онҳо дар бораи миллат аст. Тибқи ин дидгоҳ миллат ҳамчун падидаи табиӣ (биологӣ) ногузир марҳилаҳои мавҷудияти худро аз айёми падидоӣ то камолу завол тай мекунад. Ҳар миллате чун кулли мавҷудоти табиат ахиран маҳкуми фаност. Аз ин ки миллати тоҷик (форс, ориёӣ) як миллати қадиму солхурда аст, пас мушкилоти кунунии сиёсиву ақидатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи мо аслан марбут ба ҳамин ҷанбаи табиӣ аст, на ҷанбаҳои ҷомеадориву маъмурӣ ва шеваҳои тарбиятиву зеҳниятсозии мо.

Ин дидгоҳи писсимистонаи иддае аз зиёиёни мо ба таври мустақим ва ғайримустақим аз фарзияи олими рус Лев Николаевич Гумилёв (1912-1992) дар бораи этногенез сарчашма мегирад, ки солҳои охир мубаллиғону мухлисони зиёде пайдо кардааст. Барои дарки мавқеъгирии ғалати  Л.Н. Гумилёв кофист, ки ба ин нукта мутаваҷҷеҳ шавем, ки миллат исми ҷамъ аст, на муфрад. Аммо Гумилёв онро бо мавҷуди алоҳидаи табиат (масалан, як дарахт) муқоиса карда, чунин натиҷаи назарфиреберо ироа кардааст, ки ҳамаи мавҷудот замони таваллуду такомул ва таназзули худро доранд ва аз паёмади ин қонун ҳеҷ мавҷуди зиндае наметавонад фирор кунад, аз ҷумла миллатҳо ҳам. Зоҳиран ин қавл мантиқиву илмӣ ва амалан собитшуда дар назар меояд. Аммо андак дақиқназарӣ кофист, ки пай бубарем хато дар чист. Гумилёв падидаи иҷтимоие чун миллатро, яъне мафҳуми ҷомеъро, фақат бо як мавҷуди биологӣ қиёс мекунад, ҳол он ки бо гурӯҳи он мавҷудот бояд муқоиса мекард. Дуруст аст, ки ҳар навъ  дарахте агарчи дарозумр аст, ахиран пиру фарсуда шуда аз по хоҳад афтод, чунонки ҳар фарди ҷомеа. Аммо дар маҷмуъ он навъи дарахт ва ҷангалистон боқӣ хоҳад монд ва дар силсилаву сайри такомулӣ (эволютсия) барои табдил шудан ба шакли беҳтар аз худ талош хоҳанд варзид. Аз ин рӯ, ин фарзия, ки миллатҳо “падид меоянд”-у такомул меёбанд ва “ҳатман завол хоҳанд ёфт”, як фарзияи бепоя аст. Миллатҳо ҳам дар сайри такомулии мавҷудот бояд барои табдил шудан ба шакле беҳтар аз худ талош кунанд. Олами ҳастӣ ҳама дар ҳоли таҷаддуду таҳаввул аст. Миллатҳои огоҳ ва сахткӯшу соҳибҳувияте, ки ин воқеиятро шинохтаанд ва бар асоси қонунмандиҳои он амал мекунанд, ҳаргиз тан ба завол намедиҳанд, балки барои табдили худ ба шакле беҳтар буда талош мекунанд. Миллате, ки ба ин “роз” (қонунмандӣ) пай бурдааст, “пир” намешавад, балки ҳамеша дар паи такомули худ мекӯшад. Нодурустии назарияи Гумилёвро, ки “тӯли умр”-и миллатҳоро аз 1200 то 1500 сол донистааст, мавҷудияти мардуми чинӣ ба таври ошкор инкор мекунад. То ҷое, ки медонем, ин мардум дар ҳама давроне, ки аз он ба унвони “таърихи мустанади башарӣ” ёд мешавад, ҳузури физикиву сиёсӣ дошт ва ҳадди ақал миллате бо таърихи 5000 сола аст. Чаро ин миллат “пир” нашуд ва завол наёфт, балки ба шакле беҳтар аз пешини хеш мубаддал шуд?

Фарзияи Гумилёв ҳанӯз дар замони зиндагиаш дар ҳавзаҳои илмии Россия ғайриилмӣ дониста шуда буд. Аммо баъзе неруҳои минтақавӣ, ба вижа пантуркистон бо ангезаҳои сиёсӣ ин фарзияро дунбол мекунанд, чунки он ба аҳдофи сиёсиашон созгор аст ва ба дардашон мехурад. Аз ин аст, ки дар Қазоқистон бо сарпарастии аксари давлатҳои туркзабон Донишгоҳи Умумиосиёии ба номи Лев Николаевич Гумилёв таъсис дода шудааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии он коркард ва такмили роҳкор (технология)-ҳои ҳувиятсозӣ ва тарбияи мутахассисони варзидаи дорои рӯҳияи миллӣ (туркӣ) аст.

Бубинед, миллатҳои огоҳ дар паи худсозианд, аммо иддае аз зиёиёни мо фиреби ин назарияпардозиҳои ҳадафмандонаро хурда худсӯзӣ мекунанд ва бидуни далели илмӣ мегӯянд, ки миллати форсу тоҷик “пир шудаву маҳкум ба завол” аст. Ба мафҳум ва падидаи миллат дар шароити кунунӣ аз нигоҳи конструктивизм бояд назар кард. Миллатро метавон сохт. Барои ин технологияи ҳувиятсозии миллиро бояд дошт, воқеъбину амалгаро бояд буд.

Тардиди фарзияи этногенези Гумилёв ба маънии он нест, ки миллатҳо падидае тағйирнопазиранд. Миллатҳо ҳам вобаста ба шароит сифатан ва миқдоран дигаргун мешаванд, худро месозанд ва ё баръакс,  дар ҳоли рукуд бозмемонанд, ки ин боиси шикасти минбаъдаашон дар арсаи пур аз муборизаи байналмилалӣ хоҳад шуд. Баъзе аз онҳо дар ин муборизоти бераҳмона аз сӯи милали пирӯз бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла ба василаи ҳувиятсозии сунъӣ ва мағзшӯӣ ба тадриҷ деэтнизатсия шуда, куллан аз байн хоҳанд рафт. Аммо ин раванд бархилофи мавқеъгирии Гумилёв бештар раванди иҷтимоиву сиёсӣ аст, то табиӣ. Миллатҳои огоҳу воқеъбин ва амалгарову сахткӯш дар ин раванди муборизот на фақат аз байн намераванд, балки ба шакле беҳтар аз худ мубаддал мешаванд.

Зарари бовармандӣ ба фарзияи Гумилёв дар бораи этногенез ва “пиршавии миллатҳо” дар он аст, ки миллатҳои  заифро (хоса агар таърихи қадим дошта бошанд), навмед месозад ва водор ба пазириши ҳоли залил ва заволи тадриҷии худ карда, ин равандро ҳамчун як амри ногузири табиӣ ҷилва медиҳад. Ба ин васила, бовармандӣ ба ин фарзия он миллатҳоро аз таҷаддудгароӣ (модернизатсия)-ву худсозӣ ва сахткӯшӣ  бозмедорад.

Меъёрҳои ахлоқӣ ва эътиқодии мо, ки аслан бар мабнои муқаррароти мазҳабӣ ташаккул ёфтаанд, беш аз андоза густараи озодии ихтиёри фардро маҳдуд карда, ӯро ба таҳаммул ва гузашта аз он ба таваккул ва ризо водор мекунанд. Сифатҳои психологие чун ҷуръатмандӣ, озодманишӣ, ҳақталошӣ, муқовимат, сахткӯшӣ ва қатъият дар тангнои меъёрҳои ахлоқи миллии мо намегунҷанд. Аз ин рӯ, ин сифатҳо аз дидгоҳи ахлоқи мо ғайри қобили қабул ва нохушоянд дониста шуда, ба онҳо номҳое чун густохӣ, мағрурӣ, ситезахӯӣ ва якравӣ дода мешаванд. Фалсафаи ахлоқи миллии моро аз мақолу масалҳои мардумии маъруфе чун “сари хамро шамшер намебуррад”, “даҳони пӯшида–сад танга”, “-Уштури сафедро дидӣ? –Надидам.”, “Забони сурх сари сабз медиҳад бар бод” ва амсоли инҳо метавон ба осонӣ дарёфт. Ин чаҳорчӯби тарбиятӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ тӯли асрҳо кори завлонаву занҷирро мекарданд ва то ҳанӯз дасту пои зеҳни миллати моро бе банд бастаанд. Ин қолабҳои фикрӣ ва тарзи тафаккур бегумон навъе аз тафаккури истеъморист, ки дар ҷодаи миллатсозиву ҷомеасозӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ монеаҳои зеҳнӣ эҷод мекунанд.

Дар шароити кунунӣ бо назардошти мушкилоти мавҷуда хеле зарур аст, ки мо барои ҳифзи бақо ва рақобатпазир кардани ҷомеаи худ дар арсаи пур аз муборизаҳои манфиатҷӯёнаву қудратталабонаи минтақа ва ҷаҳон ҳар чӣ зудтар технологияи хоси миллатсозӣ ва қудратсозии миллиро дарёфту коркард ва мавриди корбурд қарор диҳем. “Миллат бояд чунин зарфияте дошта бошад, ки тавонад воҳиди тараққии қобили бақоро  ташкил кунад”.  (Коротаева В. “Теории национализма в зарубежных социальных науках“. Москва: РГГУ, 1999, стр.108).

 Назрӣ Асадзода,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь