Намодҳо ва нишонаҳои тараққӣ ва пешрафти Тоҷикистони бостонӣ, ки ёдгори гаронбаҳое аз Хуросони бузург ва Сомониёни тоҷик мебошад, баъд аз истиқлоли тиллоии ин кишвар ва родмардиҳову ҷонбозиҳову кӯшишҳои барҷастаи пешвои муҳтарам, раиси ҷумҳури мардумӣ ва хирадманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёрии давлатмардон ва халқи қаҳрамони ин кишвар, рӯз ба рӯз барҷастатар ва намоёнтар мегардад. Дар воқеъ, баъд аз ҷанги хонумонсӯз ва вайронгари шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистони азиз дучори балоҳо ва сахтиҳои бисёре гашт ва то марзи фурупошӣ пеш мерафт, аммо бо тадбир ва хиради пешвои миллат ва халқи қаҳрамону далеру шуҷоъи ин кишвар тавонист нақшаҳои кӯрдилон ва хоинон ва наҳзатҳои зиддимардумӣ ва иртиҷоӣ ва сиёҳро нақши бар об кунад ва дар натиҷа, парчами ковиёнии халқи ориёии тоҷик ҳамчун шоҳине дар осмон парвоз намуд, ки то имрӯз мардуми ҷаҳон ба сарвари давлат ва миллати бузургвори Тоҷикистон ба дидаи шаҳомату шуҷоат ва хираду эҳтироми бештаре менигаранд.

Дар ин росто, ин кишвари бостонӣ, инак аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон гашта ва иртибототи сиёсӣ, иқтисодӣ, беҳдоштӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва технологӣ бо бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва минтақа барқарор кардааст. Ва ҷаҳон инак ба ин кишвари ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва демукросӣ аҳамияти шоёне медиҳад. Агар нигоҳе воқеъбинона ва одилона ба ин кишвар бавижа, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози истиқлол ва сулҳ бияндешем, мебинем, ки Раиси ҷумҳури муҳтарам дар воқеъ, гуристонро таҳвил гирифт ва инак гулистонро ба Тоҷикистону халқи наҷиб бузургвор ва меҳанпарасти ин кишвар ҳадя кардааст. Ва аз назари созандагӣ, умрону ободӣ, таъсиси корхонаҳо, ҷодасозӣ, мудерниза кардани кишоварзӣ, таъмини озуқаворӣ, таъсиси ниҳодҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ, аз боғча то донишгоҳҳо, эъзоми донишҷӯён ба хориҷи кишвар, таваҷҷуҳ ба асолатҳои бостонӣ, ва фарҳангу ҳунар, шеъру мусиқӣ ва таваҷҷуҳ ба рушанфикрону шуарову нависандагони маҳбуб ва бузурги тоҷик ва садҳо пружа ва тарҳҳои дигар аз иқдомоти тиллоиву муфид ва корсоз ва чашмгири ин пешвои гиромӣ ва мардумӣ мебошад. Ва рифоҳ ва амнияту осоиш дар ҷой-ҷои ин кишвари бостонӣ комилан ба чашм мехӯрад.

Инак, дар идомаи ин гуна иқдомоти рифоҳӣ ва муфиду муассир, мири донову хирадманд,кордон ва хоксору фурутани Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шоҳиди бозсозиҳои роҳҳо, ҷодаҳо, марокизи тафреҳӣ, таълимӣ, поркҳо, сохтмонҳо, гулкориву дарахткорӣ, эҷоди майдончаҳои варзишии маҳаллӣ, таваҷҷуҳ ба зебоӣ ва беҳдошти шаҳр, корҳои бисёр арзанда ва шоистае анҷом додааст. Дар воқеъ, ин мири ҷавони шаҳр, ки саршор аз хоксориву фурутанист бо шӯру шавқи тоҷиконаи бисёр ҳамроҳ бо кордонӣ ва барномарезиҳои бисёр дақиқ тавонистааст дар муддати бисёр кӯтоҳе гулистони падарро густариш диҳад, ба тавре ки гардишгарон ва сайёҳони хориҷӣ бо вуруд ба ин шаҳри зебо дучори ҳайрату тааҷҷуб мешаванд ва ба ситоиш ва таҳсини мири шаҳр ва дигар коргузорон ва хидматкорони азизи тоҷик, забони ситоиш мегушоянд ва пешвои муҳтарам ва фарзанди далер ва кордонашро ба дидаи эҳтиром менигаранд. Бидуни ҳеҷ гуна шакку тардиде метавон гуфт аз замоне, ки Рустами Эмомалӣ мири шаҳр гаштааст, меъморӣ ва муҳандисии навин ва мудерне бо стандартҳои ҷаҳонӣ дар ин шаҳр анҷом шудааст. Ва корҳои асосӣ ва бунёдӣ дар сохтор ва зерсохтори пойтахт ба беҳтарин ваҷҳи мумкин сурат гирифтааст, ки ин амр муҷиби фахру мубоҳоти ҳамаи тоҷикони азиз ва қадршинос бавижа, мардуми Душанбе мебошад. Ва чунончи, муқоисае миёни шаҳрдорони кишварҳои минтақа сурат бигирад, мири Душанбе яке аз беҳтарин шаҳрдорон ва коргузорони намунаи минтақа мебошад. Ҷои умеду умедвории бисёр аст, ки дар ояндаи наздик шаҳри Душанбе ба унвони беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад ва дигар кишварҳои минтақа аз назари зебоӣ ва тараққиву тавсиаи умрониву ободии ин шаҳр сабақ биёмӯзанд.

Дар хотима ба поси роҳбари арҷманд ва мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷику Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шеъре ҳамчун “барги сабзе туҳфаи дарвеш” тақдими ин Пешво ва мардуми озодаву созанда мегардад.

 

Набошад ошиқе ҳамхӯи тоҷик

Пешкаш ба азизони бостонӣ ва ҳамватанони остониам-мардуми шарифи Тоҷикистон.

 Ҳамвора гул фишонам рӯи Тоҷик,

Бибӯсам чеҳраву абрӯи Тоҷик.

Нишон аз Рустаму Гударзу Бежан

Бигирам то биёям сӯи тоҷик.

Забони поки Фирдавсӣ бимондаст,

Ба майдони фасоҳатгӯи Тоҷик.

Забони дилнишин шеъри шакарвор

Шаробу шарбати ҷодӯи Тоҷик.

Бинӯшӣ шири шеъри Рӯдакиро,

Шавӣ чун Айнии хушгӯи Тоҷик.

Зиҳӣ маҳди тамаддун хонаи ишқ

Шавӣ ошиқ зи атру бӯи Тоҷик.

Ба тан пӯшида бабри Рустами Зол

Бинозам ғайрату бозӯи Тоҷик.

Диле к-аз ғам бувад нолону гирён

Шифо ёбад зи ҷондорӯи Тоҷик.

Зи обу офтобу хоку оташ

Набошад ошиқе ҳамхӯи Тоҷик.

Ба хуни Ориёву ҷони Эрон

Бувад маънус по то мӯи Тоҷик.

Дилу ҷонҳо ҳамеша навбаҳор аст

Шақоиқ бишкуфад аз ҷӯи тоҷик.

Тилои тоҷи истиқлоли Сомон,

Дурахшад бар сари минӯи Тоҷик.

Бинозам “Тоҷи” шеъру тахти шоир

Хушо донову донишҷӯи Тоҷик.

 

Диёри меҳр

 Ин ҷо, ки диёри Тоҷикон аст,

Мерос зи насли Ориён аст.

Ин ҷо, ки бувад кони муҳаббат,

Сарчашмаи ишқу нури ваҳдат.

Ин ҷо, ки диёри шоирон аст,

Шеъру ғазалаш ба дил равон аст.

Девони ғазал шақоиқи шеър,

Атри дили ман зи Лоиқи шеър.

Ин ҷо, ки нишони Ориён аст,

Поянда ливои Ковиён аст.

Ин ҷо, ки бувад чу сарви озод,

Фирдавси барину хурраму шод.

Ин ҷо, ки сарои ошиқон аст,

Маъшуқи ман асту ҷони ҷон аст.

Ин ҷо, ки бувад шеъру тарона,

Ушшоқи ҷавон ба ҳар карона.

Ин ҷо, ки нишони Ковиёнист,

Ишқи Ватан асту ҷонфишонист.

Ин ҷо, ки баҳори бехазонаст,

Гулбонгу навои ошиқонаст.

Ин ҷо, ки намоди Митрагон аст,

Чун дайри муғони тоҷикон аст.

Наврӯзи хуҷастааш ҷаҳонист,

Ҷамшед Каёну ҷовидонист.

Ин ҷо дили ман зи ман рабуданд,

Сад ишқ ба ишқи ман фузуданд.

Ҷону дили ман бигашта шайдо,

Маҷнун шудаам ба кӯи Лайло.

Ин ҷо дили ман асири ишқ аст,

Ҳам дайри муғону пири ишқ аст.

Ин ҷо дили ман гузида манзил,

Ишқаш наравад зи ҷону аз дил.

Даҳ сол ба хоки поки тоҷик,

Маст аз майи ҷому токи тоҷик.

Нозам ба ҷаҳон ба ишқи тоҷик,

Зинда ба равон ба ишқи тоҷик.

Сад шукр, бигӯямаш ба ҷонам,

Чун чашми ман асту ҳам равонам.

Байту ғазалаш ба дил бихонам,

Ҷӯяндаи ҷӯи Мулиёнам.

Ҳам давлату миллаташ сарафроз,

Парвозкунон уқобу шаҳбоз.

Шеъру суханам ҳамеша тоҷик,

Мурғи чаманам ҳамеша тоҷик.

 

Сарви ноз

Тоҷикистон, эй арӯсу сарви ноз,

Ошиқам бар ту зи дигар бениёз.

Рӯзу шаб бӯса занам бар хоки ту,

Ошиқам бар ишқу меҳри поки ту.

Эй Ватан, ту риштаву ман сӯзанат,

Тору пудам ҷомаи сабзи танат.

Хоки ту заррина бошад ҳар замон,

Фахри ту тобон бувад дар ду ҷаҳон.

Чун бимирам бишнавам номи туро,

Дам ба дам нӯшам майи ҷоми туро.

Рӯдакӣ, Синову Розӣ аз ту бод,

Айниву Лоиқ ҳам аз маҳди ту зод.

Эй Ватан, эй хоки ту ҷону дилам,

Номи ту доим бирӯяд аз гилам.

Парчамат дар осмонҳо сарфароз,

Мекунад парвоз чун шоҳину боз.

То абад поянда истиқлоли ту,

Дар ҷаҳон тобанда зарринболи ту.

Фахри тоҷикон бувад аз номи ту,

Тоҷи Сомон ҷовидон бар боми ту.

Бӯи ҷӯи Мулиён аз хоки ту,

Меҳри Раҳмон ҷони оташноки ту.

“Тоҷ” менозад, ки дар оғӯши туст,

Масти ишқ аз бонги нушонӯши туст.

 

Гулбонги истиқлол

 

Симурғ, ки парри ӯ ба назди Зол аст,

Рамзеву нишонае зи истиқлол аст.

Хуш бош дар ин ҷаннати пурсоқиву ҳур,

Ҳолӣ, ки туро давлати зарринбол аст.

 

*  *  *

Бӯи хуши ин хок зи истиқлол аст,

В-ин “Модари май-ток” зи истиқлол аст.

Бо Зуҳраи чангӣ, фалаки Давлат хон,

Гулбонги тараб зи ноки истиқлол аст.

 

*  *  *

Ҷонон ҷону ҷони ҷаҳон истиқлол,

Тоҷи сари ҳар пиру ҷавон истиқлол.

Сарв асту сарафрозу суруд асту сурур,

Ҳамвора баҳори бехазон истиқлол.

 

*  *  *

Биншину бинӯш ҷоме аз истиқлол,

Хуштар набувад номе аз истиқлол.

Гар ишқи Ватан дориву ошиқ бошӣ,

Модом, чӣ хушкомӣ аз истиқлол.

 

*   *   *

Бар гардани ишқ дасти истиқлол аст,

Ошиқ чӣ кунад, ки масти истиқлол аст.

Май нӯш ба фасли ваҳдату озодӣ,

Ҳар ҳуру парӣ ба шасти истиқлол аст.

 

*  *  *

Тоҷи сари Сомон зи истиқлол аст,

В-ин раҳмати Раҳмон зи истиқлол аст.

Шукронаи ҳақ кунеду ошиқ бошед,

Шеъри тари ошиқон зи истиқлол аст.

 

*  *  *

Ин хонаи обод зи истиқлол аст,

В-ин миллати озод зи истиқлол аст.

Бо чангу рубоб хон ту шеъри тоҷик,

Ин шавкату ин дод зи истиқлол аст.

 

*  *  * 

Дар синаи ишқ номи истиқлол аст,

В-ин мастии ҷон зи ҷоми истиқлол аст.

Тоҷик агар сарви сиҳӣ шуд ба ҷаҳон,

Аз қомату аз қиёми истиқлол аст.

 

*  *  *

Фарҳангу шараф зи номи истиқлол аст,

Шодию тараб зи коми истиқлол аст.

Гар мастии ишқ хоҳию озодӣ,

Бархезу биё, ки ҷоми истиқлол аст.

 

*  *  *

Фирдавси барини ошиқон истиқлол,

Рахшанда чу хуршеди ҷаҳон истиқлол.

Тоҷик, ки чун Рустами Дастон шудааст,

Додаст ба ӯ тиру камон истиқлол.

 

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, шоир, нависандавапажуҳишгариэрониимуқимиДушанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь