Мо дар пеш 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем. Бо гузашти 26 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба нишон дод, ки маҳз ин санади олӣ асосҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам оварда, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷиро муайян сохт.

Зимнан ин санади олӣ дар қатори панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Агар ба мафҳуми Конститутсия назар афканем ин худ истилои лотинӣ буда, маънояш сохт ва муқаррар кардан мебошад. Чӣ тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд “Конститутсия ин шаҳодатномаи давлат аст”.

Тавре маълум аст, дар Конститутсия мавқеъи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Бахшидани аз се як ҳиссаи Конститутсия аз моддаи 14 то 47 ба ин масъала баёнгари мазмуну моҳияти ҷомеъаи шаҳрвандӣ буда, пуштибони амиқи давлат аз манофеи шаҳрвандонро бозгӯ менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳуҷҷати расмии навишташуда мебошад, ки санаи 06 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, бо он санаҳои 26 сенябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва ниҳоят санаи 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Дар татбиқи меъёрҳои конститутсия бахусус таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари аслии низоми демократист, нақши мақомоти судӣ низ назаррас аст. Ин дар ҳолест, ки Конститутсия барои ислоҳоти системаи судии мамлакат, ки дар саргаҳи ҳалли одилонаи баҳсу мунозираҳо ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон қарор дорад, заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян гардид.

Дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст, ки “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Аз ин нуқта бармеояд, ки дар ниҳоят суд қодир аст адолати иҷтимоиро ба амал барорад. Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ҷомеа муассисаю корхонаҳо ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳо мушарраф шудаанд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони ташкилшавии худ, аниқтараш дар ҳайати ИҶШС Конститутсияҳои худро қабул намуд, ки онҳо барои давлати тоҷикон ва пойдориву устувории ҳокимияти давлатӣ ва сохтори конститутсионӣ аҳамияти махсусро ишғол менамуд. Баъд аз ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи худро дар ин даврон қабул намуд, ки дар ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин як навъ саҳифаи таърихӣ ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷистон қайд намуда буд, ки «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъда пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Воқеан, Конститутсия дар рушду тараққиёти давлат ва ҷомеа нақши муассир мебозад ва асос барои инкишофи тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия пеш аз ҳама санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Зери мафҳуми санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.

Агар назар афканем дар ҷаҳони имруза тамоми конститутсияҳоро вобаста ба шаклашон ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд: 1. Конститутсияҳои навишташуда ва 2. Конститутсияҳои нонавишта. Конститутсияи навишташуда ҳуҷҷати расмӣ мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, ба он тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

Конститутсияҳои нонавишта бошад он маҷмуи одатҳо ва таҷрибаи судии ҷамъшудае мебошад ва дар қонунҳои ҷорӣ таҷассум карда мешавад. Ин намуди конститутсия ҳоло дар Британияи Кабир ва Зеландияи нав амал мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳуҷҷати расмии навишташуда мебошад, ки санаи 06 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалкӣ қабул карда шуда, бо он санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва ниҳоят санаи 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Чи тавре, ки гуфтем Конститутсия низ як намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Аммо Конститутсия дорои хусусиятҳое мебошад, ки он аз дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ фарқ мекунад.

Конститутсия дорои чунин хусусиятҳои фарқкунанда мебошад:

  1. Конститутсия бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда мешавад. Раъйпурсӣ ин овоздиҳии умумихалқӣ оиди масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсӣ тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд. Қарорҳое, ки раъйпурсии умумихалқӣ қабул менамояд, эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ба ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд ва иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатмист. Қонун ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ бошад, аз ҷониби мақомоти қонунгузор қабул карда мешавад, онро палатаи болоии парлумон ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Баъди қабули қонун, ба қонун рақами тартиби дода мешавад ва он дар раёсати бақайдгирии давлатии санадҳои меъёри ҳуқуқии Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои роҳбарикунандаро дарбар мегирад. Ин маънои онро дорад, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат дар худ принсипҳои муайянеро дар бар мегирад, ки он принсипҳо дар тамоми қонунгузорӣ дарҷ карда мешаванд.

Бо ифтихор шукр аз давлату миллати худ менамоям, ки ин ҳама бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва оромию субот дар ҷомеаи навини мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукмфармо гардидааст ва хоҷагии халқи мамалакат равнақу ривоҷ ёфта, мардуми сарбаланди Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ карда, барои ободу зеботар намудани ватани азизи худ меҳнати софдилона намуда истодаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳар яки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии 28-умин солагарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ ва ба корҳоятон муваффақиятҳо таманно дорам.

Раҷабзода Сӯҳроб Абдулсаид, судяи суди шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь