Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори ниҳоди мазкур Каримзода Мирзоқосим суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи босифати сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш фаъолияти худро дар асоси санадҳои танзимкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистн ва Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ба роҳ мондааст.

Ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдорӣ давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон собит месозад, ки бояд дар ин ҷода усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд.

Дар ин замина, Раёсат бо мақсади самаранок татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва барномаҳои қабулгардида бо ду усул ё механизми корӣ: назариявӣ ва амалӣ фаъолият намуда истодааст.

 Корҳои назариявӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки Раёсат дар якҷоягӣ бо филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят шурӯъ аз 1 июни соли ҷорӣ бо мақсади фаро гирифтани дигар табақаи ҷавонон ва ҷалб намудани насли калонсол дар ташаккул ва тарбияи насли ҷавони кишвар нақшаи алоҳидаи корӣ ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони раёсату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва маконҳои сераҳолӣ роҳандозӣ гардида, то ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ дар маҷмуъ 93 хониши сиёсӣ бо фарогирии 5580 нафар кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир карда шуда, ин иқдом то моҳи сентябри соли ҷорӣ идома дода мешавад.

Бо мақсади фарогирии дигар табақаи ҷавонон ва ҷомеа зимни баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо усули “деҳа ба деҳа” ва “маҳалла ба маҳалла” аз ҷониби масъулини самти кор бо ҷавонон ва вазиши шаҳру ноҳияҳо дар чор марҳила татбиқ гардид, хонишҳои сиёсӣ роҳандозӣ карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ беш аз 1464 хониши сиёсӣ бо фарогирии 26344 нафар тамошобинон ва иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишӣ ташкил дод.

Дар маҷмуъ, аз ҷониби Раёсат, сохторҳои маҳаллӣ ва филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят чорабиниҳои хусусияти назариявиядошта дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон баргузор карда шуд, ки дар умум 3133 хониши сиёсӣ бо фарогирии 153174 нафарро мебошад.

 Корҳои амалӣ

Инчунин, номбурда тазаккур дод, ки дар баробари корҳои назариявӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон корҳои амалӣ, аз ҷумла, чорабиниҳои илмию маърифатӣ, сиёсиву адабӣ, иттилоотиву омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ карда шуданд, ки самт ба самт тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар ҳисоботи мазкур дарҷ карда мешаванд.

Қобили қайд аст, ки тамоми тадбирҳои андешида вобаста ба амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон соли 2023 дар доираи  “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” ва “Нақшаи чорабиниҳои тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои соли 2023” амалӣ гардиданд.

Ҷавонони ояндасоз

Ҳамсуҳбати мо зикр дошт, ки шумораи ҷавонон (аз синни 14 то 30 сола) дар вилоят ба ҳолати 1 октябри соли 2022, 970400 нафар буда, аз онҳо 489100 нафар писарон ва 481300 нафар духтарон мебошанд.

Шумораи умумии гирандагони стипендияҳо дар вилоят 1538 нафар аст, ки аз ин шумора 845 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, 130 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, 519 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо ва 44 нафар дигар сарпарастон мебошад.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҷиҳати амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» корҳои муайянро ба сомон расонид.

Маврид ба зикр аст, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 интихоб гардида, Раёсат дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак бо сохторҳои қудратии вилоят баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин замина миёни ҷавонони синни то даъватӣ ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии вилоят як қатор чорабиниҳои мақсадноки тарғиботиву ташвиқотиро ташкил ва баргузор намуд.

Ҷиҳати иҷрои “Нақшаи чорабиниҳои тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят барои солҳои 2023” давоми нимсолаи аввали соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯзи дарҳои кушод, мулоқоту вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои мақсадноки фарҳангиву варзишӣ баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омода ва қавӣ гардонидани ҷавонон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва санҷиши донишу малакаи касбии ҷавонон беш аз 64 мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ таҳти унвони “Сипар”, “Ҳомии Ватан”, “Ватанпарвар”, “Сарбози оянда” бо иштироки 6040 нафар ҷавонони синни то даъватӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Инчунин, санаи 22 феврали соли 2023 дар МД “Кохи фарҳанги Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятии сурудҳои ватанпарастонаи «Таронаи сарбоз» байни қисмҳои низомии гарнизони Суғд ташкил ва баргузор гардид. Бояд гуфт, ки фестивал-озмуни мазкур бо мақсади таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии афсарону сарбозон, дастгириву ҳавасмандгардонии афсарону сарбозони эҷодкор, ки ҳунари сарояндагиро дар мусиқии миллӣ ва эстрада доранд, ташкил гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки чун анъана чорабинии сиёсиву фарҳангии таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят санаи 23 майи соли равон, дар саҳни муассисаи давлатии театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» бо иштироки зиёда аз 18 ҳазор нафар ҷавонон доир гардид. Чорабинӣ нахуст бо роҳпаймоии беш аз 14000 нафар ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо шиорпартоиҳои ватандӯстона ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифт.

Бо баробари ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби масъулини Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба 30-солагаии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 138 аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” баргузор карда шуд, ки дар рафти аксия беш аз 25000 адад маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон, дар миқёси вилоят 15 адад конференсия бо иштироки 1480 нафар, 13 адад мизи мудаввар бо иштироки 890 нафар ва 35 адад дигар чорабиниро бо иштироки 2920 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор намуда тавассути саҳифаҳои фейсбукӣ васеъ иникос карда шуд.

Аз ҷониби Раёсат бо мақсади тақвият бахшидани ҳисси ватандустиву хештаншиносии ҷавонон баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳо дар миёни ҷавонони синни то даъватӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар мулоқоту вохӯриҳои доиргардида масъулин оид ба ҳимояи Ватан-модар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолияти давлатӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як ҷавон дар ҳаёти сиёсӣ суханронӣ намуда, нақши Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи кишвар маънидод карда шуд.

Дар маҷмӯъ, оид ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ давоми нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 365 адад чорабинӣ ба монанди мулоқоту вохӯриҳо, фестивалҳо, озмунҳо, дарҳои кушод, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва аксияҳо доир гардидааст, ки дар онҳо 53186 нафар ҷавонони синни то даъватӣ ва афсарону сарбозон фаро гирифта шудаанд.

 Пешгирӣ аз роҳи ғалат

Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ санаи 6 январи соли 2023 конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон” дар МДТ “Донишгҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” бо Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримзода М., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Султонзода Т.С. ва беш аз 200 нафар ҷавонони фаъоли вилоят баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсат ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 2 феврали соли 2023 мулоқот доир ба тарғиби Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар мавзӯъи “Пешгирии шомилшаваии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ” дар МДТ “Донишгҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” бо иштироки беш аз 200 нафар ҷавонону варзишгарони фаъоли вилоят баргузор гардид.

Инчунин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсат ва прокуратураи вилоят 28 феврали соли 2023 мулоқот доир ба тарғиби Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар мавзӯъи “Пешгирии шомилшаваии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ” дар МДТ “Донишгҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” бо иштироки Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримзода М., прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи вилоят  Худоёрзода Хуршед Ҳасан, намояндаи раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Гадойбоева Гулнора, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Сарҳадов Бахтиёр, намояндаи Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Алибоев Маъруф, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, мудирони шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ва 200 нафар маъмурият ва мураббиёни мактаби варзишии вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Илова бар ин, аз ҷониби ҷавонони фаъол ва волонтёрон аксияҳои таблиғотӣ таҳти унвони “Нест бод терроризму экстремизм”, “Ҷавонон бар зиди терроризм”, “Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдат” ва амсоли инҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва баргузор карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти ҳифзи бештари манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва дигар намуди ҷинояткорӣ давоми нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби масъулини Раёсат ва сохторҳои он беш аз 153 аксияву ҳамоиш, мулоқоту вохӯрӣ, конференсияву семинар бо фарогирии 21545 нафар ҷавонон дар сатҳи баланд доир карда шуданд.

Худшиносӣ

Номбурда афзуд, ки анъанаҳои миллӣ ва расму ойин яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва муқаддас барои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони фаъолу болаёқат, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба бузургдошти Зан – Модар, рушди анъанаҳои аллахонӣ ва дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавондухтарону занон моҳи марти соли 2023 дар шаҳру ноҳиҳои вилоят бахшида Рӯзи Модар 43 конференсия ва мизҳои мудаввар таҳти унвонҳои “Модар сарчашмаи ҳаёт”, “Модар фариштаи рӯи замин” ва “Ҷалби ҷавондухтарони лаёқатманд дар ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти давлатӣ” бо иштироки зиёда аз 3800 нафар, аз ҷумла 2860 нафар бону ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 98 аксия бо фарогирии  12803 нафар наврасу ҷавон дар мавзӯҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Салом Модар – ман туро дӯст медорам”, “Модар ҳам гул ҳам тарона ”, “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”, “Модар фариштатар аз тамоми фариштаҳо”, “Биҳишт зери қудуми модарон аст”, “Модар сарчашмаи зиндагӣ” ва “ Ҳадяи меҳр” “Интихоби бошууронаи касб кафили хушбахтии мост”, “Мо ҷавонон зидди нашъамандӣ”, “Саломатии ҷавонон – саломатии миллат”, “Хазмат ба Ватан шараф аст”, “Биёед китоб мехонем”, “Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги миллат аст!”, “ Волонтёри шараф аст” “Ҷавонон бар зиди терроризм”, “Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдат”  ва амсоли инҳо баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки аъзоёни маҳфили Пайравони Пешвои миллат ва ҷавонони фаъол 378 адад аксияи тозагиву ободонӣ таҳти унвонҳои “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем”, “Саҳми ман дар шаҳри ман”, “Созандагиву бунёдкорӣ мароми мо ҷавонон” ташкил ва баргузор карда шуд.

Хамчунин, санаи 9 майи соли 2023 масъулини Раёсат якҷо бо аъзоёни маҳфили пайравони Пешвои миллати назди Раёсат ба аёдати иштирокчиён ва собиқадорони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Дидори ду насл” ташриф оварданд. Дар ҷараёни аёдат онҳоро ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфт ва барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуд. Аз ҷобини иштирокчиён ва собиқадорони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои таваҷҷӯҳу аёдат ба давлату ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Дар ин аёдат ба онҳо кӯмакҳои яквақтаина ва малбағҳои пулӣ дастар карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар назди Раёсат маҳфилҳои гуногун аз ҷумла, “Пайравони Пешвои миллат” “Стипендиантҳои ҷавон”, ва “Адибони ҷавон” фаъолият намуда, аз ҷониби онҳо мунтазам чорабиниҳои гуногун доир мегардад.

Бояд қайд кард, ки санаи 13 майи соли 2023 маҳфили “Адибони ҷавон” бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва адибони ҷавон баргузор гардид. Дар ин маҳфил намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, роҳбари маҳфил, шоири ҷавон – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст!” Меҳровари Масчоҳӣ, шоири ширинкалом Нодира Назарӣ ва дигар шоирону адибони навқалам иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон давоми нимсоали аввали соли 2023 аз ҷониби масъулини Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 594 чорабинӣ бо фарогирии 56545 нафар ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуданд.

 Натиҷагирӣ

Мавсуф ҳамзамон, қайд кард, ки ҳамин тариқ дар самти кор бо ҷавонон дар нимсолаи якуми соли 2023, 5585 чорабинӣ бо фарогирии 558343 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи якуми соли 2022 аз лиҳози теъдоди чорабиниҳо 4968 чорабинӣ бо фарогирии 500109 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа 617 адад ва ё 8,9,% ва аз лиҳози теъдоди фарогирӣ 58234 нафар ва ё 9 зиёд мебошад. (нимсолаи якуми соли 2022 4968 чорабинӣ бо фарогирии 500109 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор гардида буд).

Аз 5585 чорабинӣ 3133 адад корҳои назариявӣ (хонишҳои сиёсӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш) ва 2452 корҳои амалӣ (чорабиниҳои гуногуни амалӣ амсоли конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, ҳамоишҳо, аксияҳо, аёдат, чорабиниҳои хусисияти ватандӯстидошта, силсила – чорабиниҳои маърифатию адабӣ, фарҳангӣ – фароғатӣ, иттилоотию тарғиботӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон) ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, 2174 нафар варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ин 495 нафар бону дар 91 машқҳои варзишии дастаҷамъӣ ва мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуданд.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят минбаъд низ ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь