Бо гузашти солҳо, даҳсолаҳо ва қарнҳо аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва илмӣ касб намудани Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди наслҳои оянда боз ҳам аёнтару равшантару муқаддастар мегардад.

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз часпу талошҳои зиёд, баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ ва тахмину гумонҳои бешумор ҳамагӣ пас аз як соли эълони  Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ вакилони мардумӣ оқибат дарк намуданд бояд тақдири Ватану сарзамин, роҳбарии давлатро ба дасти фарзанди фарзонаи миллат супоранд, то ки ӯ чун сиёсатмадори оқилу одил тавонад дар атрофаш мардуми тоҷикро муттаҳид намояд, меҳанро аз ҳалокат наҷот бидиҳад ва ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо хислати азалӣ ва қобилияти баланди ташкилотчигию роҳбарӣ тавонад кишварро аз парокандагӣ раҳонад.

Сарвари тозаинтихоби кишвар масъулияти бузургро бар дӯш гирифта, дар баробари ҳалли масъалаҳои доғи рӯз вазифа гузошт, ки барои давлати навини тоҷикон пеш аз ҳама Қонуни Асосӣ – Конститутсия лозим аст. Бо туфайли саъю кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияро пешниҳод намуд, ки он 6 – ноябри соли 1994 дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардида, заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошта шуда,  принсипҳои ташкили низоми мақомотҳои асосии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳо муайян гардид ва бори нахуст ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо карда шуд.

Дигаргуниҳои куллии дар ҳаёти ҷомеа ба амал омадаро Роҳбари давлат воқеъбинона таҳлил намуда, пешниҳод намуданд, ки ба Қонуни Асосӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Боиси хурсандист, ки 26 сентябри соли 1999 дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардида, барои сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд, ки дар моддаи 1 – и Қонуни Асосии давлат қайд гардида буд, қадами устувор гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби парлумони касбӣ ва доимоамалкунанда гардид.

Талаботҳои ҷиддии дар ҳаёти мамлакат ба миёномадаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода бори дигар пешниҳод намуданд, ки ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. 22 – юми июни соли 2003 дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии давлат дохил карда шуда, ваколатҳои Сарвари давлат мутобиқи талаботи замон бардошта шуданд, ки он баҳои сазовору муносиб ва ҷавобгӯ ба сиёсати созандаву бунёдкунандаи Пешвои миллат буда, аз фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Бо тамоми масъулият зикр менамоем, ки таҳкурсии сиёсӣ, пойдевори муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва заминаи ҳуқуқии мустаҳкамшавии мустақилияти ҳокимияти давлатиро маҳз Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошт ва ба туфайли ҳамин санади тақдирсоз Роҳбари давлат ҷон ба каф гирифта, баҳри суботу оромӣ, сулҳу амният, сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузошта истодааст.

Мо, судяҳои Тоҷикистони тозаистиқлол аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти пурсамари Сарвари кишварро бобати  эъмори давдати демократию ҳуқуқбунёд ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаем, то ки баҳри шукуфои Ватани азизамон, осудагию амнияти кишвар, сулҳу субот, волоияти қонун ва тарбияи мардум доир ба ҳисси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи ҳазорсолаамон қарорҳои қонунӣ доир ба ҳифзи  ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон, манфиати давлат қабул намуда, 31 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз бигирем.

Маҳмадҷон Раҳмонзода,

судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь