Очерки сафарӣ

Чанд рӯз боз қалбам маҳин-маҳин месӯхт. Ба бадӣ, зуком тефамро сар намедод. Банди андеша пушти миз қалам медавондам. Дар во шуду Шоҳона маро назди роҳбар хонд. Коғазу қалам ба даст боло шудам. Сардори нашриёт Манзур Додохонов бо табъи болида ва чеҳрахандон ҳол пурсид:

– Умарҷон, саломатиат ба ҷо, кайфият?…

– Нағз…

– Омодагӣ бин, ба Чоркӯҳ меравем. Сари роҳ ба шаҳри Чкаловск рафта акои Ибодуллоя (нависанда Ибод Файзулло – У.Ш.) ҳамроҳ мегирем. Муаллим ҳамсафари хубанд. Бо ҳамин баҳона Чоркӯҳи зебоманзари моро мебинед. Сари қадам ошнои шумо Эмомалиро (Эмом-Алӣ Мирзоев директори комбинати консерваи Хуҷанд) мебинем…

Ва дар фуровард пурсиданд:

– Киро ҳамроҳ бигирем?

– Мухторҷон (сардори сехи ҷузъбандӣ)-ро, – филбадеҳа гуфтам ман. – Ҳамсафари хуб аст, ширингуфтор, дар роҳ зиқ намешавем…

Аз ин пешниҳод хушҳол гаштам, зеро на ҳар рӯз чунин имкони муносиб фароҳам меояд. Ҳамчунон, устод Ибод Файзуллоро пазмон шуда будем. Муаллим чанд моҳ боз назди ҳамсари ранҷурашон буданд.

Бо шунидани ин навид, шеъри “Исфара”-и устод Муъмин Қаноат ба ёд омад:

Исфара,

Шӯхии дарёи ту,

Софии дилҳои ту,

Ҷон медиҳад, дил мебарад

Субҳ дамид, рӯз шуд…

25-уми майи соли 2001, соати 3.45-и субҳ, аз шаҳраки Калинин (ҳоло Меҳробод) бо Мухторҷон, акои Манзурхон, ронанда Ҷумъабек рахти сафар бастем. Ба қавле, он субҳ афсурдаҷону бефара ба роҳ баромадем.

Роҳ ноҳамвор, ҳангоми ҳаракат мошини ГАЗ-31-и хидматӣ чун элак аз чанд паҳлу шатта мехӯрд. Чун ба салқинӣ ба роҳ баромад будем, ин нақшаи сафар то ҷое моро аз чангу ҳавои гармсел ва гарду хоки ағбаи Анзоб вораҳонд.

Соати 6.55 дақиқа ағбаро фатҳ намудем. Ин роҳи каҷмокаҷак басо хавфнок, баланду борику дилгиркунанда буд. Оҳи сабук аз умқи дил баровардам, ки як қисми роҳи вазнини дурмадароз тай шуд. Роҳ сӯи шеб, тавассути Шодмондараи хатарзо, пургарду чанг ва хокраҳа (аз ҷабри мошинҳои сангини пурбор аз асфалт нишоне намонда буд), дар назар ҳич тофт. Ин қисмати роҳ, то умқи дара андак зиёд аз як соат вақтро гирифт.

– Ин роҳ баҳору тирамоҳ вазнинтар мешавад, лою чали он ба гоҳе то зону мезанад, – ба гап даромад Манзур Додохонов.

– Азобу кулфати ин роҳ-ағбаи душворгузарро мо фалғариён аз ҳама беш дидаву мазаашро чашидаем. Ҳини маргу мурда, беморбинӣ ва ё суру маърака, бахусус дар фасли зимистон, азоби гӯр дорем, – ба гап ҳамроҳ шуд Мухторҷон.

– Баъди ба истифода додани нақби Анзоб ва роҳҳои муносибу асфалтпӯш ва галереяҳо ба хонаи падарӣ роҳат мошин давонда меоед, – афзудам ман.

– Худо умри Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро зиёд кунад. Иншоаллоҳ умедамон қавист, – гуфт Мухторҷон…

“Ветерок”

Ниҳоят ба Шодмондараву ошхонаи маъруфи “Ветерок” расидем. Ҳавои тоза, шамоли сарди дара бе шафқат сару рӯ мелесид. Ҷавони газгӯште таги чойҷӯше алов мегиронд. Ман аз хунукӣ дар ларза афтодам. Гуруснагӣ бар мо ғолиб омада буд. Ларз-ларзон бари болои кати болокушодаеро, ба гуфтае, соҳиб шудам. Аз ҷузвдон тӯшаи сафар, даҳ дона тухми обпаз, кулчаҳои гарм ва қаймоқи хушмазаи навбаромадро болои дастархон чидам. Мухторҷон низ аз борҷомааш ду кило гӯшти гӯсфанди обпазро берун овард. Ҷавони пешхидмат чойи гарми аловӣ, бо оби мусаффои тарма овард.

Ғизои болаззату калориянок ба тан неру бахшида, ҳарорати баданро муътадил гардонд. Баҳри рафъи хастагӣ ва сардӣ як шиша мусалласи роҳати ҷон низ ба тан марҳам шуд…

Ҳамсафарон бо гузашти 15-20 дақиқа болидаруҳ гаштанд. Мухторҷон ба гуфтор омад:

– Акаи Манзурхон, калимаи Исфара чӣ мафҳумеро дар худ ниҳон дорад?

– Исфара ин “Ист-фа-раҳ-Истфаран”, гуфтани гап аст, – оғоз намуд роҳбалад. – Ба андешае Исфара таърихи беш аз 2500-сола дорад. Исфара қадимтарин шаҳр дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, зебошаҳр, макони афсонавӣ, диёри фараҳфизост. Шаҳри бо сафедорону растаҳои соҳили рӯд, маҷнунбедҳои лаби ҷӯйборонаш, боғҳои зардолуву шафтолузоронаш ба дида нур, ба дилҳо сурур мебахшад. Аз табиати фусункор, боғу роғ, токзорон, растаҳои гелосу тут, кӯҳҳои рангорангу пурсукуту собити ин диёр нур мерезад…

– Аз тавсифатон ман бефара шудам. Ин қадар диёратонро тавсиф кардед, ки мондан гирад…

– Аз суханронии Шумо ҳаваси кас меояд, мисли гид (роҳбалад)-ҳои хориҷӣ (касбӣ) сухан рондед, – гуфтам ман. – Воқеан, Исфара манбаи обҳои шифобахш, лойқаи гарми муъҷизаосо аст. Ин ҳама ифтихори диёри бовиқору малҳами тану ҷон, дилу дидаи мардуми бумӣ, меҳмонон ва, умуман, Тоҷикистони азиз аст, – шарҳ додам ман.

– Исфара дар оғӯши сабзи табиат маскан гирифта, аз васати он рӯде шӯх ба шеб дар тоз аст. Ин рӯдаки шӯх аз кӯҳҳои сарбафалаки Ворух маншаъ гирифта, сар ба ҳазорон сангҳои дара зада, пухтаву кафкзанон ба водӣ равон гашта, ҳар як каф оби зулолаш ҷонбахшо аст, – инони суханро ба даст гирифт Манзур Додохон. – Дарахтони зардолуву шафтолу, олучаву гелос, ноку себ айни нашъунамост. Зардолуҳои хел ба хел, навъҳои гуногуни гелос, себҳои пешпазаку шафтолуҳои ҷойдорӣ ба дидаҳо нуру ба дил неру мебахшанд…

– Дар Исфара чанд намуд зардолу мепарваранд, – пурсидам ман.

– Ватани мо бо 63 (шасту се) намуди зардолуяш машҳури офоқ гаштааст. Навъҳои мирсанҷаливу бинигарӣ, хурмоиву офтобӣ, ширпайванду қандак, тоҷибойиву зарифӣ ва амсоли инҳо тули садсолаҳо ҳазорон-ҳазор одамонро ком ширин кардаанд…

– Исфара дар ин фасл басо зебову дилпазир  ва ҳамрангу ҳамсанги қаторкӯҳҳои атрофаш мебошад. Воқеан, Исфара ҷаннати рӯи Замин аст. Табиати зебои он, табъи ҳар бинандаро шоду масрур месозад…

– Мухторҷон, бигӯ, чанд чоркӯҳиро мешиносӣ? – маҷрои суҳбатро дигар кард раис.

– Панҷ-шаш номдорашро медонам. Масалан, Насрулло Асадуллоев (журналист), Фозилҷон Бозоров (ровӣ, соҳибкор), Муҳиб Қурбон (журналист, нависанда), Саъдуллои Мӯсо (журналист), Ибод Файзулло (журналист, нависанда), Муҳаммад Эгамзод (журналист)…

– Қанд занед… Шумо чӣ Умарҷон? – хушҳолона ба ман рӯ овард раис.

– Ба ҷуз номбурдаҳо Бадриддин Шарофов (раиси Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ), Ҳайдар Ҷумонқулов (академики АИ кишоварзии Тоҷикистон), Бобоҷон Икромов (журналист, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ дар соли 1995), Домулло Муртазоев, (устоди ДМТ), Ваҳҳоб Набиев (доктори илми таърих, профессор) ва боз як қиёмат, – бо ҳазл посух додам ман.

– Хонатон пури гандум Умарҷон, Шумо аз ошноҳои қарини чоркӯҳиёнед, – бо қаноатмандӣ сутуд маро акаи Манзурхон…

“Зумрад”

Суҳбат ҷӯр гирифт. Бо хоҳиши инҷониб раис дар хусуси осоишгоҳи “Зумрад” ва бунёдгузор-роҳбари номошнои он Мирзо Олимов ба қисса пардохт:

–  Мирзо Олимов, Худо раҳматашон кунад, осоишгоҳи “Зумрад”-ро дар зарфи 40-сол бунёд карданд. Лоиҳаи меъмории он шуруъ аз муайянсозии ҷойи биноҳои боҳашамат (мувофиқ ба ҳамон замон) то макони растаҳои гулу буттаҳо аз ҷониби ин марди наҷиб тарҳрезӣ шудааст.

Марди фидокор Мирзо Олимов 21 сол (1975-1996 – У.Ш) сардухтури осоишгоҳи “Зумрад” буданд. Мавсуф дар табдили истироҳатгоҳи “Зумрад” ба осоишгоҳ, бунёди иншооти сершумори он, чойхонаи “Сино”, осорхонаи тибби қадим ва қасри шифокорон саҳми шоиста гузоштаанд…

Мирзо Олимов дар 66-солагӣ (10.2.2001) гузаштанд. Мувофиқ ба васияташон, дар шафати осоишгоҳи “Зумрад” ба дили хок рафтанд…

Дар асъори миллии кишвар, дар қатори рамзҳои муътабари мамлакати тоҷикон, мақом ёфтани тасвири чойхонаи “Сино” мавқеъ ва нишони заҳмати Мирзо Олимов ва устоҳои чирадасти тоҷик аст…

Он кас, ҳамчунон, дар бунёди осорхонаи тибби қадим, дар ҳудуди фароғатгоҳ саҳм гирифтанд. Мирзо Олимов солҳои зиёд ин нақшаро дар дил мепарвариданд. Ниҳоят тавассути заҳматҳои зиёд ба ишон муяссар гардид, ки осорхонаро таъсис ва дар он беш аз 1000 ёдгории таърихӣ ва нигораҳои тиббиро гирдоварӣ намоянд.

Боис ба ёдоварист, ки осорхонаи тибби қадим 14-уми июни соли 1995 дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ ифтитоҳ ёфт…

– Исфараро бе “Зумрад” тасвир кардан нашояд, – луқма партофт Мухторҷон. – Ба наздикӣ дар ҳафтавори “Чархи гардун” дар бораи “Зумрад” шеъри ғалатии устод Хайрандеш, шоири соф халқиро хонда, онро дар дафтарчаам рӯбардор кардам…

– Канӣ, як пораашро хон – чи, – хоҳиш кард раис.

Мухторҷон аз ҷайб дафтарчаашро бароварда, гулу афшонда, як даст боло зада қироат кард:

… Ба “Зумрад” о, ки Зумрад куҷост дар олам,

Шифои ҷону танат решаи гул асту гиёҳ.

Ва барқу нафталану обу лойу муми сиёҳ,

Ва руҳи покбузургону руҳи Зумрадшоҳ,

Тани сиҳат, дили беғам, Худову хотири ҷамъ.

– Паҳ, аҷаб шеъри диловез, – кайфият бурд раис…

– Мисли ровии чоркӯҳӣ Фозилҷон Бозоров қироат кардӣ, – сутудам ҳамсафарро.

– Акои Фозилҷон меҳмони қадрдони ноширони “Шарқи озод”-анд, – гуфт бо ифтихор Мухторҷон…

“Эй ағба шунав…”

Раҳораҳ ба табиати фусункор, кӯҳу камар, долу дарахти шафати роҳ дида дӯхта, ба умқи андеша рафтам. Шаҳракаи Айнӣ пушти сар шуд. Ағбаи Шаҳристон аз ин сӯ қариб бе долу дарахт буд. Он роҳи фароз низ душворгузар ва пурпечутобу дилгиркунанда ба назар тофт. Ба ёдам шеъри шоири халқ Юсуф Вафо расид, ки онро устод даврони шуравӣ, забони ободгарии роҳи Заҳматобод (Айнӣ)-у Мастчоҳ суруда буд. Шеър “Дар васфи роҳи нав” унвон дорад:

Эй ағба кунун шунав, ки мо ободем,

Он роҳи туро ба барфу борон додем.

Қадқадди Зарафшони чуқури шӯхоб,

Роҳи нави мошинаравак бикшодем.

 

Роҳи нави мо – роҳи аҷибе, ҳамвор,

Мошинаи роҳгузари вай чанд ҳазор.

Ларзонпули дарёи Зарафшон ғалтид,

Дар ҷояш вале пули қавӣ гашт савор.

 

Аз роҳи каҷу борику барфу жола,

Меҳнаткаши мастчоҳӣ ҳаме кард нола.

Роҳи нави мошина биёмад инсӯй,

Гулгун бишукуфт рухаш мисоли лола.

Гуфтам, аҷабо, он мошинраҳае, ки шоир сутудааст, акнун ба табъи дили мо намефорад. Табиати одамӣ ҳамин аст, мехоҳад, ки ин роҳ нақб дошта бошаду долонҳои тармавӣ, роҳ васеъ шаваду мисли кафи даст ҳамвор, ки роҳат равуо кунанд.

Хулоса бурдам, он рӯз дур нест, ки сокинони кишвар ва меҳмононаш бо роҳи ҳамвору нақбҳои барҳавои ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, чаҳор фасли сол орому осуда ва роҳат равуо мекунанд…

Шаҳристон

Бо поин шудан аз ағба доманакӯҳи сарсабзу хуррам маро мафтун гардонд. Рӯёрӯи мо анбӯҳи дарахтони арча ҷилва доштанд. Канори роҳи мошингард оби сарди кӯҳӣ дар тоз буд. Дарахтони сарсабзу гулу гиёҳҳои хушбӯ ба ҳусни табиат таровати аҷибе медоданд. Ба ростӣ, дар кишвар бори нахуст ба чунин рақам арчазорро медидам. Як бому ду ҳаво гуфтам ба худ. Дар танаи кӯҳи Шаҳристон, гуна-гуна дарахт мерӯяду рӯбарӯяш ҷангалистон дил мерабояд.

Ба бахти мо, шабона борон боридаву аз тафу чанги роҳ нишоне намонда. Вагарна бо ин роҳи рӯзҳову солҳо таъмирнадида, бедарак чанг ба ҳаво мехест…

Соати 11.00 дар подомани ағбаи Шаҳристон, шафати роҳ, назди чойхонаи сайёри фанерии назарногире қарор гирифтем. Мухторҷон ҳанӯз ҳини ба роҳ баромадан, таърифи асали ин мавзеъро ба само бардошта буд ва аз он ангубин ком ширин накардан гуноҳе мебуд, нобахшиданӣ. Болои кате ҳузур нишастем. Дар як лаҳза чойи сабз, асал ва нон муҳайё шуд. Истеъмоли асал, ҳавои тозаву ботароват дарди дил ва нафаскаширо беҳбуд бахшид. Аз гирду вана бӯи хуши гулу гиёҳу буттаҳо ба машом расида, табъи касро болида медошт.

Ҳангоми роҳати фараҳфизо, баъди истеъмоли чою асал, сухан аз нав гирди мавзуи зардолу ва навъҳои он доман зад. Мухторҷон аз раис таҳпурсӣ кард:

– Акои Манзурхон, дар Чоркӯҳ чанд навъи зардолуро медонед?

– Аҳрорӣ, мирсанҷалӣ, тоҷибойӣ, алагичирӣ, нишонбойӣ, пешпазаки самарқандӣ, боқитаппақ, кализарифӣ, луччак, қандак, учма (сурх, сафед), арзаникатта, августпазаки бегоҳӣ, рухи ҷонон (сурх), абрикос ва ҳоказо…

– Қариб дарёб кардед, – каф зад Мухторҷон.

– Зардолу ба дил дармон аст, – паст наомадам ман…

Ҷумъабек аз фурсати муносиб истифода бурда, мошинашро бо оби сарди шафати роҳ, бо ҳавсала тамиз мекард…

Мувофиқи нақша, соати 12.10 дар Чкаловск, назди ҳавлии писари калонии устод Ибод Файзулло ҳозир шудем. Мутаассифона, муаллимро дарёб накардем. Бо ваъдаи дидор ба рӯзи дигар хайру маъзур намуда, роҳи Исфараро пеш гирифтем.

Соат 13.00 ба осоишгоҳи “Зумрад” расидем. Пайи суроғи сардухтур Зоидбой Восидов зиёд ҷадал накардем. Ӯ ба зудӣ ҳозир шуда, бо чеҳраи боз моро хушомадед гуфт. Сипас, узр хоста, ба ҷаласаи раиси шаҳр дар шитоб зад. Дархости сардухтур, бланкаҳо, китобчаи роҳнамо: “Марҳабо ба “Зумрад” (Душанбе, “Шарқи озод”, 2001)-ро ба муовини сардухтур таслим карда, бори мошинро сабук кардем.

Натурплошадкаи табиӣ

Ҳама ҷо сарсабз, боғоти зардолу сари ҳар қадам дил мерабуд. Фикрам гурехт. Огоҳӣ доштам, ки дар ҳудуди мамлакати паҳновари советӣ шаҳри дилорои Исфара боз бо як хусусияти хоси дигар – бо доштаи майдони табиии филмбардорӣ, ба қавли синамогарон “натурплошадка”, маъруфият дорад, зеро Исфара дао оғӯши кӯҳсорони рангоранг мавқеъ гирифта, бо манзараҳои дилрабо, мақбараву кӯшкҳояш на танҳо ҷисму ҷони меҳмонону сайёҳон, балки вуҷуди ҳунарпешаҳои ватаниву хориҷиро ҷалб месохт.

Исфара ва гирду атрофи онро синамогарони Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Москва ва ғайра мавзеи филмбардории худ қарор дода буданд. То ба он дам дар оғӯши талу теппа, кӯҳу камар, боғу роғҳои зебои диёр зиёда аз 100 филми ҳунариву мустанад ба навор гирифта шудааст.

Киностудияи “Тоҷикфилм” филмҳои ҳунарии “Ҳасани аробакаш”, “Достони Рустам” (режиссёр Б. Кимёгаров), “Агар ту дӯст дорӣ”, “Салом Гулнора Раҳимовна” (режиссиёр А. Қуддусов), “Духтари сеюм”, “Вохӯрӣ дар дараи марг” (режиссёр Тоҳир Собиров), “Падари моҳтобӣ” (режиссёр Бахтиёр Худойназаров, дар ҳамкори бо синамогарони Олмон) ва ғайра дар Исфара рӯи навор омадаанд.

Ҳамчунин, киностудияҳои “Мосфилм” филмҳои “Пешгузарии дуқабата”, “Сарнагунии Кондор”, “Ӯзбекфилм” филмҳои “Тири ҳафтум”, “Шок”, “Нодида”, “Шумбола”, “Шералӣ ва Барчиной”, киностудияи “Довженко” филми “Саргузашти шоҳ Артур Янки” ва чандин филмҳои бадеиро дар ин макони пурфайзу зебо ба навор гирифтаанд.

Режиссёри маъруфи Чили Себастян Аларкон дар манзараҳои сабзу хуррами деҳаи Ворух филми ҳуҷҷатӣ офарида буд. Синамогарони венгер “Наврӯзи Исфара”-ро ба риштаи тасвир кашидаанд.

Чоркӯҳи хушманзар

Соати 13.45 мавзеи Танги Сурро пушти сар намуда, аз он ҷо ба ҳавлии навбунёди акои Манзур расидем. Ману Мухторҷони шалпар ба хоби ноз рафтем.

Аз байн чи вақт гузашт, ки овози мизбон баланд садо дод:

– Ҳой шербачаҳои душанбегӣ, бародарони чоркӯҳӣ ба хотири шумо хони пурнозу неъмат густурдаанд, ки ҳаваси сад кас меояд, шумо бошед, қасди худро аз бистару болин гирифтаниед.

– Ҳолӣ ҳозир, дар як лаҳза омода мешавем, – дар шитоб аз ҷо ҷаста, филфавр посух дод Мухторҷон…

Дар мавзеъ – фароғатгоҳи Танги Сур моро бародарону ҷиянҳои мизбон пешвоз гирифтанд. Дастархон моломоли нозу неъмат буд. Ошноҳо бо дидани мо баробар дар паропар шуданд. Ба машом бӯи палав (бо девзираи Исфара) ҳам хуш мерасид. Пазироӣ, дидори дӯстони қарин ва лутфу меҳрубонӣ хастагӣ ва куфти роҳро аз бари мо дур афканд.

Зимоми суханро ошнои дерин, раиси деҳоти Чоркӯҳ, марди хушчақчақ Бадриддин Шарофов ба даст гирифт: – Биёед, дӯстони азиз, барои меҳмонон, бахусус барои Умархон, дар бораи Чоркӯҳ биафзоям, то рӯзе сатре чанд бинависанд…

– Чоркӯҳи мо дар ҳудуди ноҳияи Исфара деҳаи бузургтарин ва сернуфустарин маҳсуб ёфта, маркази деҳот ҳамномаш мебошад. Шаҳрак аз маркази ноҳия дар масофаи 18 км воқеъ аст.

Масоҳати Чоркӯҳ дар асрҳои XVIII-XIX беш аз 400 гектар буда, он ба ду қисмат: ғарбӣ – Лаби дарё ва шарқӣ – Қаҳқир ҷудо мешавад. Чоркӯҳро ҷӯйҳои Дам ва Кодон обёрӣ менамуданд. Иншооти қадимӣ қалъаи Сари Ҳисор (дар марказ) ба ҳисоб мерафт. Дар чорраҳаи Сари Ҳисор бозор (растаи 40 дукон), як корвонсарой ва якчанд чойхона мавҷуд буданд. Рӯзҳои панҷшанбе бозори умумӣ ва чоршанбе бозори мол барпо мегардид…

Соли 1871 Чоркӯҳ тахминан аз 200 хоҷагӣ иборат буд. Аҳолӣ соли 1917 дар 316 хоҷагӣ зиёда аз 1700 нафарро ташкил медод…

Соли 1991 шумораи аҳолӣ ба 2022 нафар (дар соли 2003-2536 нафар – У.Ш) расид.

Сайри Хуҷанд

Соат 20.40. Чи хел гузаштани вақтро нафаҳмидем. Субҳи рӯзи дигар, соати 4.00  аз хоб бардаму болидаруҳ хестам. Сару рӯ шуста риш гирифтам ва пас ҳамроҳонро аз хоб бедор кардам. Тибқи ваъда, соати 5.50 дар Чкаловск дари ҳавлии хонаи ошноро кӯфтем. Устод Ибод Файзулло рӯи ҳавлӣ ҷумбуҷул доштанд. Моро дидан замон, хушҳол шуданд. Қатъи назар аз неву нестон муаллим моро пушти мизи пурнозу неъмат нишонд. Чою нони гарм, қаймоқу асал, мағзу мавиз зеби дастархон буданд. Лаҳзае пас, бо иҷозати янга устодро бо худ гирифта, озими шаҳри бостонии Хуҷанд шудем.

Дар чойхонаи шафати бозори “Панҷшанбе” – яке аз бозорҳои маъруфу зебои кишвар лаҳзае фароғат намуда, пас ба тамошои бозор баромадем. Бозори аҷаб зебову диданӣ. Раис савғо гирифт…

Роҳ ба сӯи заводи консерваи Хуҷанд вақти бисёр нагирифт. Рӯзи истироҳат бошад ҳам, раиси коргоҳ, бародари фарҳангӣ Эмом-Алӣ Мирзоевро пушти мизи корӣ дарёфтем. Эмом – Алӣ аз ташрифи ошноҳои душанбегӣ бағоят хушнуд гашт. Бавижа, дидору суҳбат бо устод Ибод Файзулло ва мизбон хуш ҷараён гирифт. Шарбатҳои гуворои тозаистеҳсоли корхона нӯши ҷон шуданд. Чун вақт маҳдуд буд, мизбони хушсухану дидадароро ба ҳоли худ гузоштем. Эмом-Алӣ ҳарчанд кӯшид то баҳри мо зиёфате орояд, аммо бо баҳонаи камбуди вақт хушбошӣ кардем. Устод Ибод Файзулло лутф карданд:

– Нӯши ҷон кардани шарбатҳои имсола ва дидору суҳбати дилпазир бо шумо моро сер кард…

– Қадами шумо устоди азиз коргоҳи моро мунаввар намуд, – ширин сухан гуфт мизбон…

Мо – аҳли фаҳм канортар рафтем. Акои Манзурхон бо роҳбари коргоҳ масъалаеро бо хубӣ пазонд. Аз натиҷаи вохӯрӣ тарафайн хушҳол шуданд.

Сеҳри сухан

Барои якшаба роҳат роҳи осоишгоҳи “Қайроққум”-ро пеш гирифтем. Ману устод Ибодулло ва раис дар як ҳуҷра ва Мухторҷону Ҷумъабек дар ҳуҷраи дигар роҳат ихтиёр намудем. Ҷавонтаракҳо пайи хариди ғизо рафтанд. Ману раис лаби баҳри Тоҷик қадам задем. Раис бо ҷурми сардии об ва дарди по аз ба об даромадан худдорӣ карданду ман аз шиновар набудан…

Аз соати 14.10 то 15.30 сари хон суҳбати дилпазир доштем. Устод ба балкон баромада, қуттии “Астра”, коғазу қалам дар пеш муҷаҳҳаз ба умқи андеша рафтанд. Ба хотири марди сахо, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсияти номошнои кишвар Ашӯр Наимович Акобиров, қарз ба қиёмат намонад, гӯён пайи навишти хотироте шуданд. Маро хоб даррабуд…

Намедонам, чанд вақт гузашт. Ба гӯшам овози марғуладори устод Ибод Файзулло расид. Муаллим навиштаашро ба раис мехонд. Раис рӯ ҷониби баҳр хомӯш гӯш медод. Устод хотираи қавии хешро истифода бурда, дар зарфи ба тахмин 30-40 дақиқа ончунон хуш навишта буданд, ки дил ҳузур мекард. Нависанда ҳамоно ба дӯсташ бо овози баланд мехонд:

“… Таги дарвозаи ба ҳавсала об задаву руфта худи ӯ – Ашӯр Акобир, ин марди чеҳракушод, хизрниҳод, дилнавоз, одамдӯст, хоксор, самимӣ ва заминӣ бо табассуми нарм ва чеҳраи ҷо-ҷо холзадаи гарм бо ҳамон ҳашамат, қаду қомат, бо либоси зебанда ва лабони пурханда дастон ба бар истодааст…

Дар суҳбати хосаи дӯстона дар паҳлуяш нишастанҳо, ҳарф заданҳои оқилон ва орифони кишвар Султон Мирзошоев, Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Усмон Назири Оташ, Зиёратшоҳ, Зафар Нозим, Умари Шерхон, Эркин Раҳматуллоев, Афзалшоҳу Муродбек… шоирон, рӯзноманигорон, олимон, ҳунармандон барояш як ҷаҳон маънӣ ва мундариҷа доштанд. Шӯхиҳо мекард ва аз шӯхиҳои гоҳе шиддатноки дӯстон намеранҷид ва мегуфт:

Эй бародар, хоки поят тӯтиё,

Гар ту моро дӯст медорӣ, биё!”.

Устод ҳамехонду акои Манзурхон гӯш медод. Дар радаи ашхоси номвари ҷумҳурӣ номи ошноро шунида, ҳушёр ва худро ноҳинҷор ҳис кардам…

Дар фуровард раис садо дардод:

– Олиҷаноб, Ашӯр Наимович шоистаанд. Шумо Ибодулло-ако яктоед!…

Дарвоқеъ, банда низ бо шафоати Манзур Додохон ва адиби мумтоз Ибод Файзулло дар чунин нишастҳо, ки Ашӯр Наимовичи сахопеша, ҳамасола рӯзи 9-уми май дар ҳавлиашон доир мекард, ширкат варзидаам. Тули солҳои охир бо амаки Ашӯр Наимович қаробат пайдо намуда будам. Сарбози матин маро “додари ҷон” гӯён каш мегирифт…

Дидаам, ки Сайдулло Хайруллоев (раиси парлумони касбӣ), сарфи назар аз серкорӣ солор, мулоим-мулоим қадам партофта падид меомад. Устод Лоиқ бо қадаҳи лабрез гули сари сабади маъракаҳо буду Муродбеки ҷон ғазалхон.  Шодиву нишоти адибони арҷманд Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Сорбон, Холмурод Шарифов, Бобохон Маҳмадов, бародарону ҷигарбандон, бачаҳои соҳибхона, домодҳои хонаводаи ҷанговари матинро дидаам…

Боиси ёдоварист, ки ҳамин навиштаи устод Ибод Файзулло ҳамон сол дар маҷмуаи “Эй бародар, хоки поят тӯтиё” (Душанбе, “Шарқи озод”, 2001) мақом ёфт.

“Чойхонаи амон”, “Қасри сафед”

Соати 18.10. мизбонон моро ба тамошои шаҳри бостонии Хуҷанд хонданд. Устод Ибод Файзулло аз саҳар дар бораи ғизоҳои лазизи “Чойхонаи Амон” мегуфт. Он мавзеъро бо қавли мардум “Чойхона пули Амон” низ ном мебурдаанд.

Ин бино ба ростӣ зебо буда, ҳайрати бинандаро меовард. Дар шафати чойхона, болои дарёи Сир ин ҷавонмарди наҷиб пули бадошту дидание эъмор намуда, ки аз лиҳози тарҳ зеботарин пул дар кишвар маҳсуб меёбад.

Аз ду самти пул дарвозаҳои хушрӯи ба боло қадкашида, бо меъмории шарқиёна ҳаваси касро меовард. Дарвозаҳоро ҳайкалҳои шерҳо ҳусн меафзуданд. Чойхона аз се қабат иборат буда, кандакориҳои шарқиёна – тоҷиконааш зеби дунёянд. Ошёнаи якум ба ихтиёри мизоҷоне, ки бо дӯстони хеш “оши ҳарифона” мепазанд, вогузору бо катҳои чӯбии зебо муҷаҳҳаз гардида буд. Катҳои мунаққаш лаби дарёи Сир саф ороставу, қабати дувум барои гузарондани тӯю маъракаҳои хурсандӣ, қабати савум барои дилхушӣ нигаронда шудааст. Назди фаввораи зебо тарҳрезишуда кӯдакони зиёде мечархиданд. Қисме аз атфол ғарқи оббозӣ буданд.

Болои  дарвозаи пули мазкур бо бо ҳарфҳои калон номи Инъом ҳаккокӣ шуда буд. Устод Ибод Файзулло фаҳмонд, ки Инъом бародари соҳибкори муваффақ Амон аст ва ӯ ҳини сохтмон фавтида. Ба ҳамин хотир, пулро чунин номгузорӣ кардаанд…

Ғизои шомро бо маслиҳати устод Ибод Файзулло ва Мухторҷони шамтучӣ дар тарабхонаи “Қасри сафед”-и шаҳри Хуҷанд гузарондем. Он дам номи ин тарабхонаи пуршукӯҳ вирди забони сокинони муқимӣ ва меҳмонони огоҳ буду толорҳояш моломоли мизоҷон.

Дар толори бузурги тарабхона сури хонадоршавии ҷавонон ҷараён дошт. Сарояндае аз таҳи дил месуруд. Моро дар ҳуҷрае мақом доданд. Ғизои болаззат ва роҳати ҷон моро хушнуд гардонд.

То соати 21.30 дар ин даргоҳи хушманзар суҳбату роҳат ихтиёр намудем…

Бозгашт

27.5.2001, соати 3.05 аз хоб хеста, бо оби сард сару рӯ шустам. Сипас, ҳамроҳонро нороҳат кардам. Аз осоишгоҳ соати 3.55 берун шудем. Баъди ним соат устод Ибод Файзуллоро ба Чкаловск расонда, бо ду дасти адаб ба янга таслим ва аз муаллим дуои роҳ гирифтем. Муаллим хуш гуфтанд:

Ба қавли хуҷандиҳо, ин омаданатон ҳисоб не!…

– Осуда бошед, ако, қусурашро дар пойтахт мебарорем, – ханда бар лаб гуфт раис…

Дар подомани ағбаи Шаҳристон истодем. Раис дасти холӣ наравед, – гӯён, ба ҳар яке аз ҳамсафарон секилогӣ асал гирифтанд. Пас аз фатҳи ағбаи Шаҳристон, дар поён, дар деҳаи Хушекат, дар ошхонаи сарироҳие, каме дами беғам задем…

Бо наздик шудан ба дараи хушманзараи Варзоб, ҳамсафарон болида гаштанд. Душанбеи азиз мисли оҳанрабо гӯё моро ба худ мекашид. Соати 12.30 лаби рӯди Варзоб, болотараки тарабгоҳи “Чорбед”, дар ошхонае ғизои чоштгаҳӣ истеъмол кардем. Акои Манзурхон кабку гулмоҳӣ, сихкабоб ва мусаллас фармуданд. Ғизои чоштгаҳӣ роҳати ҷон шуд…

Сафар хушу хотирмон анҷом ёфт. Бо таклифи марди даврон Манзур Додохонов бори нахуст аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд дидан кардем. Ҳарчанд ба гӯшаи ин диёр як дов бо аҳли рикоб (соли 1997) сафар доштам, аммо он сафар маҳдуд буд…

Ба хотирам мақоли халқии “мардро дар сафар, занро дар ҳамсоягӣ мешиносанд” пеши назар омад. Ҳамсафарон, бавижа акои Манзурхон, “домоди хизматнишондодаи республика” (ба таъбири Ашӯр Наимович Акобиров), бе ҳазл, марди роҳ будаанд…

P.S.: Ин сафаргуфта моҳи майи соли 2001 иншо гаштаву байни ғарами китобу рӯзномаҳои ҳуҷраи кориям 23 сол, то ба ҳамин наздикиҳо, баҷо шуда, то кунун ҷое ҳам ба табъ нарасидааст.

Бамаврид ҳам омад, зеро дар 75-солагии зодрӯзи Манзур Додохонов, номзади илми таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, марди сахопеша, ошнои рӯзноманигорону ноширони ватанӣ дарёфт шудани ин мавод фоли нек аст.

Зодрӯз муборак акои азиз!

Умари ШЕРХОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь