Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-уми сентябри соли 2021 халқи шарифи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Ин рӯзи таърихиро аҳли ҷомеаи судяҳои ҷумҳурӣ низ бо дастовардҳои арзанда ва намоён истиқбол гирифтанианд, зеро ин мақомоти қудратӣ бевосита зода ва парвардаи Истиқлолият ба шумор меравад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони ҳукмронии 70-солаи сохти шӯравӣ ба ҷой ва мавқеи аслии ҳокимияти судӣ аҳамияти ҷиддӣ дода нашуда, нақш ва манзалати он ҳатто дар Қонуни асосии давлат инъикос наёфта буд. Бо эълон гардидани Эъломия дар бораи Истиқлолият ба иштибоҳи қонунгузорӣ ислоҳ дароварда шуда, бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ нишон дода шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҷой ва мавқеи худро ба даст овард. Пас аз се соли эълони Эъломия дар натиҷаи часпу талош ва заҳматҳои ҳамарӯзаи Пешвои муаззами миллат 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини Тоҷикистон қабул гардида, заминаи ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошта шуда, услубҳои асосии демократикунонии ҷомеа, принсипҳои ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян намуда, бори нахуст ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ қонунан муқаррар намуд.

Пас аз чанд муддати қабули Конститутсия моҳи декабри соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул карда шуд, ки он барои сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Дар асоси талаботи Конститутсия ва ислоҳоти конститутсионӣ соли 1995 бобати мукаммалии мустақилият ва беҳдошти фаъолияти ҳокимияти судӣ Қонунҳои конститутсионӣ: «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардиданд.

Тағйиротҳои ҷиддии дар ҳаёти ҷомеа ба миён омадаро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона таҳлил намуда, ба он сари вақт баҳои ҳақиқӣ ва амиқи илмӣ дода, 14-уми апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ» қабул намуда, дар кишварамон гузаронидани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқиро зарур шумориданд. Бо боварии комил қайд карданиам, ки бо қабули ин Фармон, имконияти муҳайё намудани шароити моддӣ – техникӣ ба судҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши хизматии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, беҳтар кардани шароити маишии судяҳо ва дар ин замина пойдор гардонидани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба миён омад. Ин иқдоми саривақтии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина барои қабул ва марҳила ба марҳила гузаронидани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки татбиқи Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ бо исрор талаб менамуд, ки Қонунҳои конститутсионии чудогонаи қабул гардидаи соли 1995 бо назардошти дигаргуниҳои рӯйдодаи муносибатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ба як Қонуни конститутсионӣ гирд оварда шавад. Бо ҳамин мақсад мақомоти қонунгузории мамлакат 6-уми августи соли 2001 ҳамаи қонунҳои дар боло зикргардидаро ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид намуда, бо ин асос сохтори судии мамлакатро ба як низом дарорад.

22-юми июни соли 2003 ба воситаи райъпурсии умумихалқӣ ба Қонуни асосии давлат тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки як қисми он ба мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, дар асоси он муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол бардошта шуда, синни ниҳоии ҳуқуқшиносе, ки ба вазифаи судягӣ пешниҳод мегардад, 65-сола муқаррар карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи саъю кӯшиш ва ғамхории пайвастаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармон аз 23-юми июни соли 2007, таҳти рақами 271 «Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ» тасдиқ карда шуд, ки ин асос барои марҳила ба марҳила гузаронидани чорабиниҳо баҳри мустаҳкам кардани мустақилияти ҳокимияти судӣ гардид ва дар ин замина мақомоти дахлдори давлатиро бобати андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳдошти фаъолияти мақомоти судӣ вазифадор намуд. Дере нагузашта баҳри иҷрои ин Фармон Кодексҳои мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи суди иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардида, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати баамалбарории адолати иҷтимоӣ ва бобати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ таъсири судманд бахшиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навбатӣ пешниҳод карда, моҳи апрели соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълон намуд, ки мувофиқи он минбаъд судҳои ҷумҳурӣ бо ҳукмҳои худ чунин ҷазои нанговарро татбиқ намекунанд.

Инчунин, дастоварди дигари мустаҳкам гардидани мустақилияти ҳокимияти судӣ аз тобеияти мақомоти прокуратура баровардани татбиқи ҳабси пешакӣ ва ба ихтиёри ҳокимияти судӣ вогузор кардани ин амали мурофиавӣ мебошад. Бо ислоҳи ин иштибоҳи ҳуқуқӣ, ки аз рӯзҳои аввали барқароршавии сохти шӯравӣ амал мекард, эътибори ҳокимияти судӣ ба маротиб афзуд.

Ҳамчунин, тадбири муҳими иҷрои банд ва идомаи Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ аз тобеияти мақомоти судӣ баровардани иҷрочиёни суд ба шумор меравад, ки ин амал боиси баланд гардидани мавқеъ ва нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа гардид.

Ҳамзамон, хотиррасон карданием, ки вохӯрию мулоқотҳои чандинкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳои ҷумҳурӣ ва кормандони масъули мақомоти судӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ба беҳтар гардидани фаъолияти судяҳо доир ба қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок нақши муҳим бозиданд.

Айни замон, мо – аҳли ҷомеаи судяҳои ҷумҳурӣ ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифта, баҳри амну суботи кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлати ҷоноҷон ва ободию шукуфоии Ватани азизамон самаранок меҳнат намуда, ҳидояту ҳадафҳои Ҷаноби Олиро бо сарбаландӣ ва масъулити баланд иҷро менамоем.

Маҳмадҷон РАҲМОНЗОДА,

судяи Суди Олии ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь