(Мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ)
Ба даст овардани истиқлолу озодӣ дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бахусус, даст ёфтан ба истиқлоли зеҳнӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли инсонӣ дар таърихи башарӣ ба шумор рафта, он ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демократӣ ва дунявӣ шинохта шудааст. Гузашта аз ин, ҳар миллате, ки дар доираи тавонмандиҳои фикрию ҷисмонӣ ва қудрати равонию иҷтимоии худ ба дараҷаи истиқлоли зеҳнӣ расидааст, дар партави рушди фикрӣ озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ба даст оварда, дар қатори миллатҳои қудратманду мутамаддини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки истиқлоли зеҳнӣ заминаи истиқлоли сиёсию миллӣ мебошад ва миллат, пеш аз ҳама, бо сатҳу сифати истиқлоли зеҳнӣ миёни қавмияту миллиятҳои олам эътибору эҳтиром меёбад, эътироф мешавад ва дар миқёси байналхалқӣ ҷойгоҳу мақом пайдо менамояд.
Аз тарафи дигар, барои ба даст овардани истиқоли зеҳнӣ миллатро дар баробари таҳоҷумоту экспансияи сиёсию мафкуравӣ ва ақидатию идеологии берунӣ, ҳамчунин монеаҳои зиёде, ки дар қолаби костиҳо, уқдаҳо, стереотипҳо (қолибҳои шахшудаи ахлоқию иҷтимоӣ) ва мушкилоти фикрӣ, ахлоқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, ойинӣ, суннатӣ, динӣ ва мазҳабӣ зуҳур мекунанд, дунболагирӣ менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, шинохту ташхис-диагностикаи костиҳою мушкилоти мавҷуда, ки бештаринашон ба зеҳн ва ҳувияти миллат таъсири манфӣ расонида, боиси зуҳури нохудогоҳию беҳувиятӣ, шикасти рӯҳияи миллӣ, пойин рафтани масуният-иммунитети зеҳнию фарҳангӣ, суст шудани қобилияти худбаҳодиҳию худкифоӣ ва истиқлоли фикрӣ мегарданд, талаботи имрӯзӣ ва амри зарурӣ аст. Ба ин далел, шинохти мушкилот ва монеаҳое, ки миллатро аз масири рушди зеҳнию фикрӣ боздошта, ба манқурт, машина ва роботи иҷтимоӣ табдил медиҳанд, вазифаи аввалиндараҷаи қишри солимақл ва афроди баномуси миллат ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба зарурати ба даст овардани истиқлоли зеҳнӣ ва дар ин замина ба сатҳи зарурии фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию маданӣ расонидани миллат чанд нуктаро ихтисоран баён медорем:
Якум. Барои равшан шудани мақсад, дар ибтидо, ба шарҳу тавзеҳи мухтасари мафҳум ва вожаи истиқлоли мепардозем. “Истиқлол” вожаи арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. -Ҷилди аввал. -Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо”, “мустақил будан”, “озодӣ ва худмухтории кишвар” далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар маънию мазмуни “озодӣ дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” сарҷамъ мешаванд. Озодӣ ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба истиқлолияти зеҳнии миллат ва халқ бастагӣ дорад.
Дувум. Истиқлолияти зеҳнӣ бо огоҳӣ ва масъулияти фардӣ, гуруҳӣ ва ҷамъӣ вобаста буда, масъулият пояҳои истиқлолиятро дар ҳар шаклу мазмуне ва самту сӯйе мустаҳкам мекунад. Мазмуни истиқлолияти фардӣ ва ҷамъӣ дар саъю талошҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, фикрӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва маданӣ, ҳамкории беғаразонаи табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, баҳамойӣ, ҳамбастагӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамшарикӣ дар ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Шароити масъулиятшиносӣ ва пурсишу посухгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлолияти зеҳнӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, масъулиятшиносӣ, масъулиятпазирӣ, пурсишгарӣ, посухгӯйӣ ва хирадмандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар хамаи давру замон бар асоси муҳити озоду мустақил ҷомеаҳо рушд мекунанд ва танҳо дар натиҷаи дарёфту касби истиқлоли зеҳнӣ ҳаллу фасли саривақтии мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва равонӣ имконпазир мегарданд. Севум. Истиқлоли зеҳнӣ истиқлоли андеша ва тафаккур аст ва он ба се категорияи фикрию ахлоқӣ – огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ бастагӣ дорад. Фарде, ки огоҳ нест (донишу маърифат надорад) ва муҳимтар аз ҳама, аз хирад бебаҳра аст (хирад аз “xrat”-и паҳлавӣ буда, ба маънои ақл, ҳуш, қувваи дарёфту идроки ҳусну қубҳи аъмол ва тамйизи неку бади умур далолат мекунад), дар ҳукми мурда мебошад. Ин хирад аст, ки инсонро зинда нигоҳ медорад, ҷуръату ҷасорат мебахшад, тавону неру медиҳад ва озодию озодагӣ ато мекунад. Бинобар ин, ҳар ҷое, ки хирад ҳузуру нуфуз дорад, он ҷо озодию истиқлол ва шукуҳу шаҳомат ҳукмфармост. Ба ин маънӣ шоир ишораҳои ҷолибе кардааст:
Ту донӣ, ки озодӣ фарзонагист,
Раҳоӣ зи бунбасти бегонагист.
Истиқлоли зеҳнӣ бо андешидан оғоз меёбад ва андешидан бо худии худ ҷараёни саҳлу осоне ҳам нест. Ба ин маъно, бузургтарин донишманди асри бистум Алберт Эйнштейн таъкид карда буд: “Фикр кардан мушкилтарини корҳо низ ҳаст” (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377. -С.24). Агар андешидан ва дар ин замина тасмим гирифтан осонтарин амал мебуд, дар дунё оромӣ, субот ва сукути комил ҳукмфармо мегардид. Андешидан ва фикр кардан аз мушаххасоти ҳувиятӣ ва шахсиятии нафарони ангуштшуморест, ки зарфияти баланди зеҳнӣ ва эҷодӣ доранд. Масъалаи андешидан ва фикр кардан то он дараҷа ҳассос ва муҳим буда ва ҳаст, ки донишманд ва ҷомеашиноси маъруфи ғарбӣ Ҷорҷ Бернард Шоу дар ин замина ишораи ҷолиб ва дар айни замон ҷиддие кардааст: “Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд”. Ин аст, ки инсоне, ки аз фикру андеша кардан (дуруст фикр карда тавонистан худ ба марҳилаи истиқлоли фикию зеҳнӣ расидан аст) дурӣ меҷӯяд, на танҳо ба қадри истиқлол намерасад, балки озодиро дар шакл ва сатҳи ифротӣ қабул намуда, бар асари нодонию ноогоҳӣ ва бемасъулиятию бетавовутӣ ба қувваи вайронкору тахрибкори иҷтимоӣ табдил меёбад. Маҳз мушкилоти зеҳнӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ аз ин нуқта сарчашма мегиранд ва пасон паҳну густариш меёбанд.
Чаҳорум. Дар доираҳои илмию фаннӣ ва ихтисосӣ мафҳуми “Озодӣ” ҳамчун арзиши олии инсонию ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва дар ҳавзаи аксиология, ки ҳамчун илми арзишшиносӣ ё арзишдоварӣ маъмул аст, низ матраҳ мегардад. Донишмандон се арзишро ба сифати арзишҳои асосӣ ва зарурӣ ёдовар шудаанд: арзиши аввалӣ ҳаёту зиндагӣ, арзиши дувумӣ истиқлолу озодӣ ва арзиши севумӣ илму хирад. Аз ин ҷост, ки барои ҳар як фард дар баробари ҳаёту зиндагӣ озодӣ низ арзиши асосӣ ва зарурӣ мебошад. Агар вазифа ва рисолати илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносиро, ки дар саргаҳашон фалсафа қарор дорад, пайгирӣ намоем, ба ин натиҷа мерасем, ки вазифаи таърихии илмҳои фалсафӣ (гуманитарӣ) инсонро аз ҳолати ноозодӣ ба сатҳи озодӣ расонидан аст. Ба ин маъно, озодӣ кашфиёти илми фалсафа аст.
Озодӣ барои як инсон ҳамеша ба унвони як арзиши фундаменталӣ ва бунёдӣ будааст. Дар ибтидои асри бисту як дар миёни табақаҳои иҷтимоии ҷомеаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Русия назарсанҷии ҷомеашиносӣ гузаронида шуд ва суоле ба ин мазмун – аз кай озодӣ барои инсон арзиш пайдо мекунад? Дар доираи пурсишномаҳо матраҳ мегардад. Аз хулосаҳои назарсанҷӣ бармеояд, ки дар бисёре аз кишварҳо озодӣ ба унвони арзиши асосӣ ва зарурӣ чандон аҳамият надоштааст. Ҳатто дар кишварҳои мутараққӣ ва мутамаддини ҷаҳонӣ низ ба шинохту зарурати озодӣ ва махсусан, истиқлоли зеҳнӣ бетаваҷҷуҳӣ ба назар мерасад. Масалан, дар Русия 30 дар сад, дар Аврупо 75 дар сад ба масъалаи озодӣ таваҷҷуҳ кардаанду халос. Акнун таваҷҷуҳ менамоем, ки озодӣ ва истиқлол дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимои ҷаҳонӣ ҳанӯз ба таври бояду шояд роиҷ нашуда ва аҳамияти махсус пайдо накардааст.
Панҷум. Баҳси ташаккул ва такомули озодӣ ва истиқлолро ба таври мухтасар дар таърихи афкори фалсафӣ дунбол мекунем, то ин ки аз назари решаӣ ба воқеияти масъала наздик бишавем. Ҳанӯз дар қадимтарин замонҳо истиқлолталабӣ ва истиқлолхоҳӣ дар шакли зеҳнию фикрӣ аслу ҳақиқати зиндагии инсонӣ маҳсуб меёфтааст ва инсони бостонӣ дар маҳдудаҳои танги фикрию маданӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба дарки мафҳум ва моҳияти истиқлол расида будааст. Низомҳои муосири демократӣ ва мардумсолорӣ, ки давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бидуни ин ҳолу ҳаво дигар нафас намекашанд, бар мабнои истиқлоли фикрию сиёсӣ устуворанд ва ҳанӯз дар қадимтарин намунаю моделҳои давлатдории миллӣ зуҳур кардаанд. Ба ин манзур, муҳаққиқон ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд, ки тамрини демокросӣ ва мардумсолорӣ асрҳо қабл дар сарзамини Бохтари Эрон ба вуҷуд омада, решаҳои онро дар достонҳои қадимаи юнонӣ ҷустан норавост. Аз ин лиҳоз, машқу тамрини демократия аз Шарқ ба Юнонзамин мунтақил гардидааст. Барои намуна, пажӯҳишгарон менависанд, ки подшоҳи Ҳахоманишӣ Дориюш дар соли 492-и қабл аз милод сардори бузурги эронӣ Мордуниё (шавҳари хоҳари Дориюш)-ро барои саркӯби шӯриши юнониён ба фармондеҳии кулли қувваҳои Эрон мансуб мекунад. Мордуниё ҳамроҳ бо артиши бузург ва неруи дарёии азими худ зимни убур аз соҳилҳои Мадитрона (баҳри Миёназамин) ва шаҳрҳои мухталиф подшоҳон ва фармонравоёнро яке пас аз дигаре мағлуб ва азл мекунад ва ба ҷойин онҳо намояндагони мунтахаби мардумро дар як Шӯро (Маҷлис) ба раҳбарӣ мегуморад. Бад-ин минвол Ҳукумати мардумсолорро Мордуниё ба Юнон интиқол дод. Демокросии Шӯроӣ, ки дар Ирони бостон оғоз шуд, ҳудудан 550 сол пеш ба Юнон ва баъд ба Рум интиқол ёфт, вале тайи қарнҳо тадриҷан рӯ ба завол ниҳод ва ҳамзамон бо тавсеахоҳӣ ва қудратталабии мазҳаб нопадид шуд. Ин аст, ки мардумсолорӣ, яъне ташхиси андешаманд будани инсон, арҷ ниҳодан ба хиради инсон ва эҳтиром ба ҳуқуқи табиӣ (озодӣ, ирода ва интихоб)-и инсон аст. Худи вожаи юнонии демократия аз ду реша – “демос” мардуми муфаккир (соҳиби фикру андешаи мустақил), соҳибандеша, соҳибтафаккур, мустақиландеш ва “кратос” ҳокимият таркиб ёфтааст. Ба сухани дигар, дар доираи мафҳуми демократия ҳокимият ва ё ҳукумати мардуми муфаккир ва мустақилфикр фаҳмида мешавад. Аз ин ҷост, ки дар садри низоми демократӣ ва ё мардумсолорӣ мардуми муфаккир ва соҳибандеша қарор доранд. Мардуми соҳибандеша ва мустақилфикр метавонанд, ки давлат ва ҷомеаи шоистаю боистаро созмон бидиҳанд ва боиси таҳаввулоту дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои гуногуни зиндагӣ бигарданд.
Дар Юнони қадим шакли ибтидоии демократия дар полисҳои Афина пайдо шуда буд. Дар доираи фаҳмиши юнони қадимӣ, озодӣ танҳо дар сурате ба вуҷуд меояд, ки инсон худро аз бандубасти дин, мифология ва ирфон озод кунад. Тақрибан ҳамин гуна ҷомеа дар полисҳои Афина пайдо шуд ва аввалин маротиба дар доираи полисии афинӣ масъалаи озодӣ матраҳ гардид ва бар асоси баҳсу мунозира ва муколимаю гуфтугӯҳо дар мавриди озодӣ фалсафа ба вуҷуд омад. Ба ин тартиб, дар полисҳои афинӣ аввалин маротиба баҳсҳои фалсафӣ дар атрофи озодию истиқлол шурӯъ мегардад. Ба назари намояндагони полисҳо афинӣ, озодӣ дар ин нуктаҳо хулоса меёфт:
а) дар ин дунё инсон бояд худро абадӣ кунад. Дар ин замина Афлотун ақида дошт, ки инсон метавонад ба василаи тафаккураш ба олами абадӣ (ба олами трансденталӣ-олами идеяҳо) пайвандад;
б) пирӯзӣ ва ғалаба аз болои вақту замон. Вақте ки инсон ба абадият мерасад, вақт дар ихтиёри ӯ қарор мегирад, на ӯ дар ихтиёри вақту замон.
Ҳамин тариқ, дар полиси антиқа озодӣ ба се категория ё гуруҳи иҷтимоӣ мансуб будааст: файласуф, рассом ва пешво. Ин се гуруҳи иҷтимоӣ (файласуф, рассом ва пешво) бо истифода аз қудрати фикрию зеҳнӣ ба сатҳи озодӣ расида, дигарон, ба сабаби надоштани мушаххасоти зеҳнию фикрӣ аз доштани озодӣ маҳрум будаанд.
Дар асрҳои миёна мафҳуми “озодии ирода” ба сифати кашфиёти бузурги дини насронӣ матраҳ ва маъмул гардид. Аз рӯйи ин тарзи биниш, Худо инсонро меофарад ва худи инсон интихоб мекунад, ки Худоро парастад ва ё ин ки роҳи дигареро пеш бигирад. Августини Валӣ (Блаженный) зидди ин ақида буд ва иддао мекард, ки инсон бидуни роҳбар, бе муррабӣ, бе устод пеш рафта наметавонад ва олоте дар дасти Шайтон мешавад ва раҳнамои ӯ (инсон) калисо буда, ӯро аз дасти Шайтон наҷот медиҳад. Аз назари дини насронӣ, барои он ки инсон озод шавад, бояд аз лаззатҳои инҷаҳонӣ канор бигирад, то ба озодии ирода (свобода воли) бирасад.
Замони Эҳё (Эпоха Возраждение) Инсонро дар муқобили Худо ва Кайҳон мегузорад. Тибқи назари мутафаккирони Замони Эҳё, Инсон метавонад бидуни ёрии Худо қудрат ва тавонмандии офариндан пайдо намуда, ба офаринанда табдил ёбад. Ин навъ тарзи бинишу мавқеъгириро муҳаққиқони таърихи фалсафа гуманизм номидаанд. Гуманизм ба ин маъно, ки инсони титан (бузург) дар баробари Худо офаринанда аст. Гуманистон мегуфтанд, ки инсонро на Худою табиат, балки худаш меофаринад. Аз ин ҷост, ки инсон дар баробари Худою табиат худ офаринанда аст. Дар ин гуна мавқеъгирӣ як воқияти нав пайдо мешавад, ки озодӣ ном дорад. Ба воситаи илм, дониш ва фарҳанг инсон худро офаринанда ва озод мекунад. Мувофиқи назари гуманистон, инсон дар олами илоҳӣ ва табиат ҳеҷ гоҳ озод буда наметавонад, вай танҳо дар ҷаҳоне, ки худ офаридааст, озод буда метавонад. Инсон дар маҳдудаи оламе, ки худ меофарад, ҳуқуқи интихоб дорад ва дар ҷаҳони ҳамин арзишҳо метавонад озод бошад.
Бояд таъкид кард, ки озодӣ ва истиқлол дар замони маорифпарварони франсавӣ (французское просвещение) мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтааст. Дараҷаи инкишофи фарҳанг дараҷаи илму донишро дар як минтақа нишон медиҳад. Маорифпарварони франсуз ду аслро дар қолаби пешниҳод манзур карданд: якум, дониш ба ҳар як нафар (знание каждому), дуюм, рушду тараққӣ (прогресс). Озодӣ ва истиқлоли шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ бар асоси ду асли манзуркардаи маорифпарварони франсавӣ ба даст оварда мешавад. Файласуфи фаронсавӣ Жан Жак Руссо дар китоби “Қарордоди ҷамъиятӣ” (“Общественный договор”) менависад, ки инсон фитратан озод аст, вале онро дар раванди зиндагӣ тадриҷан гум мекунад. Ба назари донишмандон, сохти ҷамъиятии сармоядорӣ (капитализм) маҳсули озодӣ ва истиқлоли зеҳнии ниҳодҳои маърифатии давр будааст. Ин аст, ки маҳз озодӣ капитализмро ба вуҷуд овард, на капитализм озодиро. Агар инсон озод набошад, соҳиби моликият буда наметавонад. Озодӣ маҳсули замони капитализм аст.
Озодӣ ва истиқлол дар асрҳои баъдӣ низ миёни мутафаккирону файласуфон баҳсу мунозираҳоро доман зад. Файласуфи маъруфи олмонӣ Кант гуфтааст: “Озодӣ ҳамчун иҷро кардани қарз дар назди виҷдон аст. Танҳо дар олами зуҳурот (феномен) инсон озод аст” (В мире феноменов (вещи в себе) он свободен). Гегел бошад, дар мавриди озодӣ чунин меандешад: “Тамоми таърихи инсоният ин дарки зарурият аст”. Аз ин ҷост, ки касе ба моҳияти озодӣ сарфаҳм меравад, ки фалсафа хонда бошад. Ин фалсафа аст, ки озодиро кашф кардааст. Вақте ки инсон ҷомеаро дарк мекунад, воқеиятҳоро мешиносад, метавонад ба зинаҳои дигари камолот гузарад. Гегел таъкид мекунад, ки инсон як ҷомеаро шинохта, по ба марҳилаи дарки ҷомеаи ҳанӯз даркнашуда мегузорад. Ин масъаларо Маркс дар диалектикаи истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ арзёбӣ мекунад.
Зигмунт Бауман (1925-2017) дар китоби “Озодӣ” (“Свобода”) масъалаи сотсиогенези озодиро матраҳ карда, ба ин натиҷа мерасад: “озод касест, ки ҳукумат (власть) ва моликият (имущество) дорад”. Г.П. Федеров соли 1928 мақолаи “Тавлиди озодӣ” (“Рождение свободы”)-ро менависад ва чунин иддао мекунад, ки табиат инсонро озод таваллуд намекунад ва ба дунболи ин, озодӣ ҳам намедиҳад. Инсон барои дарёфт кардани озодӣ таваллуд мешавад («Человек рождается для достижение свободы»). Инсонро озодӣ фарҳанг медиҳад. Ҳар қадар инсон бемасъулият, нодон, бетавофут, саҳлангор, танбал, тақдирпараст, фаталист ва хурофотӣ бошад, ҳамон қадар аз марзи озодӣ худро канор мезанад ва фирор мекунад. Равоншинос ва психоаналитики ғарбӣ Эрих Фромм дар китоби машҳури худ “Гурез аз озодӣ” (“Бегство от свободы”) менависад, ки инсон озодиро қабул намекунад ва аз он фирор мекунад. Гурез аз озодӣ ҳолати кризис ва ё буҳрониро дар ҷомеаҳои инсонӣ ба вуҷуд меоварад ва роҳро барои беҳувиятию бегонашавӣ ҳамвор месозад.
Бузургтарин файласуфи ҷараёни вуҷудӣ (ҷараёни экзистенсиализм дар назар аст) Ҷон Пол Сартр озодиро ба унвони унсури асосии инсонсоз ба риштаи тасвир бармекашад. Ба назари Сартр, инсон танҳо ва озод аст ва касе ӯро наофаридааст. Фарқи инсон аз дигар мавҷудоти ҳастӣ ин аст, ки ӯ медонад, ки вуҷуд дорад. Дигар ҳайвоноту наботот, ҳатто боҳуштарини ҳайвонот намедонанд, ки вуҷуд доранд. Масалан, санг, кӯҳ, дарё, дарахт ва ҳайвонот намедонанд, ки вуҷуд доранд, онҳо шуур надоранд ва ин инсон аст, ки шуур дорад ва тавассути шуур дарк мекунад, ки вуҷуд дорад. Бинобар ин, инсон танҳо ва озод аст, дар баробари танҳоӣ ва озод будан инсон масъулият дорад. Инсонҳои тарсӯ аз пазируфтани ин ки озоданд, масъуланд ва сарпараст надоранд, ба ҳарос меафтанд ва дилҳура (изтироб) мешаванд. Дар озодӣ чизи муҳим интихоб аст. Сартр таъкид мекунад, ки инсон офаранда аст ва сарнавишти худро ба дасти худ таъйин мекунад. Бад-ин минвол, дар Ғарб, чи дар гузашта ва чи имрӯза озодӣ ҳамеша ба сифати мавзӯъ ва масъалаи калидӣ матраҳ гардида ва мегардад.
Шашум. Мутаассифона, дар Шарқи мусулмонӣ шарҳу тавзеҳи озодӣ ва истиқлол маънои комилан дигар дорад. Ҳарчанд ки дар чаҳорчӯби андешаи муътазилиён масъалаи ҷабру ихтиёр матраҳ гардидааст ва то ҷое ин фирқаи озодандеш ба пурсишоти муҳимми динию мазҳабӣ посухҳои ҷолиб ироа доштаанд, аммо мушкилоти истиқлоли зеҳнӣ ҳамоно бе посух боқӣ мондааст. Агарчи дар замони салатанати амирони Аббосӣ Абӯҷаъфар Мансур (754-775) наҳзати тарҷимаи осори юнонӣ, мисрӣ, ҳиндӣ шурӯъ шуда бошад, дар давраи Ҳорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) интишор ёфта, муносибати амирони Аббосӣ ба илму ҳикмат ва олимону донишмандон муътадил гардид ва ин шароити бозро барои тарвиҷи илму фалсафа дар қаламрави хилофат таъмин намуд. Дар ин давра кутуби Уқлидус, Афлотун, Арасту, Буқрот, Ҷолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румӣ тарҷума шуданд ва майдони баҳсу муҷодилаҳои илмӣ-фалсафӣ густарда гардид (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал.Теҳрон:Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1371. -С.44-45). Вале баъдтар ин раванд дар давраи амирони минбаъда варшикаста мешавад ва роҳи илму маориф аз тариқи омӯзиши улуми фалсафӣ ва табиӣ-риёзӣ баста мешавад. Мутаваккил (847-861) ба аҳли ҳадис ва суннат эътиқод карда, хуни ононеро, ки ба баҳси холиқ будан ё набудани Қуръон иштиғол меварзиданд, мубоҳ кард. Амир Мутаваккил таълиму тарбияи мутавассити аҳли замма (яҳудиён), масеҳӣ,зардуштиро мамнӯъ эълом дошта, хондани фарзандони аҳли заммаро дар мадориси мусулмонон қатъиян манъ кард. Ҳамчунин китобфурӯшонро савганд дод, ки китобҳои фалсафӣ ва соири осореро, ки дар хусуси масоили каломӣ ва ҷадалӣ иттилоъ медиҳанд, нафурӯшанд (Султонзода Ҳусайн. Таърихи мадориси Ирон аз аҳди бостон то таъсиси Дорулфунун. Теҳрон, 1364. -С.71).
Хирадситезӣ ё ба қавли Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, «яксуянигарӣ» сабаби дар ҳолати карахтӣ ва фақри маънавӣ зиндагӣ кардани тамаддуни шарқӣ будааст. Махсусан, хирадситезӣ ва ҷаҳолатпарастӣ аз замони салоҷиқа дар Дорулислом (Бағдод) падид омада буд ва Ғазнавиёну Салҷуқиён онро идома бахшиданд. Ба қавли Маҳдӣ Фаршод, фарогирии улуми ғайридинӣ ва фалсафа дар мадориси ҳавзаи хилофат (минҷумла Ирон) мамнӯъ шуда ва фақат омӯзиши матолиби динӣ муҷоз буд. Муаррихи маъруфи илм Ҷорҷ Сартон омили уфули илмии муслиминро дар «ойини мадрасӣ» (scholasticism – схоластика) дида, дар ин боб навиштааст: «Мардуми Шарқу Ғарб дар маърази озмоиши бузурги ойини мадрасӣ (scholasticism) қарор гирифтанд, мардуми Ғарб аз он бадар омаданд, вале шарқиён шикаст хӯрданд» (ниг.: Сартон Ҷорҷ. Муқаддимаи таърихи илм. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1353. -С.61-62). Ойини мадрасӣ бартарияти улуми илоҳиро бар улуми табиӣ-риёзӣ ва фалсафӣ тасдиқ мекард ва дар натиҷа, сабабгори ақибмондагӣ ва вопасзадагии иҷтимоию фикрӣ гардида, озодӣ ва истиқлоли зеҳниро дар ҳар шакле зери суол бурдааст. Кор то ба ҷое расидааст, ки дар ҳавзаҳои фикрию илмии аврупоию ғарбӣ фарҳанг ва тамаддуни шарқиро зери суол мебаранд. Масалан, муаррих ва фарҳангшиноси муосири англис Арнолд Тойнби мегӯяд, ки танҳо бо ҳадафи геополитикӣ истилоҳи “тамаддуни шарқӣ”-ро истифода мебарад ва иддао мекунад, ки дар асл, Шарқ тамаддун надошта, ғорнишин будааст. Ин аст, ки ба назари Тойинбӣ, зиндагӣ дар ҳолати ғорнишинӣ (пещерное состояние) моҳияти тамаддуни шарқиро ташкил медиҳад.
Ҳафтум. Тавре ки дар муқаддимаи баҳс тазаккур додем, ташхису шинохти костиҳо, уқдаҳо ва мушкилоти мо боиси ташаккул ва рушди зеҳн мегардад ва дар ин замина роҳҳалҳои муассир пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, бояд решаҳои мушкилро дар зиндагӣ ва зеҳни худ ва ҳаммилатони хеш ҷустуҷӯ намоем, онҳоро шиносем ва баъдан пайи дармонашон гом бардорем. Ҷомеашиносон муътақиданд, ки мо зодаи фарҳангамон ҳастем, бинобар ин, нақш ва аҳамияти фарҳанг дар шаклгирии диду назари умумии ҷомеа бисёр бузург аст. Гузашта аз ин, асли мушкилотро набояд ба печидагиҳои вазъи иқтисодиву сиёсии кунунии кишвар рабт дод. Решаи ин мушкилоти деринаро аз умқи зеҳн ва равони миллии мо ва ба таъбири маъмул, аз шуури ҷамъиятии мо бояд ҷуст. Сарнавишти мо дар сиришти мост. Заъфу нотавонии зеҳнӣ, худшиканӣ ва бегонапарастӣ, мавқеъгирии зиддимиллӣ, хидмат ба мафкураи аҷнабӣ, фирор аз ойину фарҳанги миллӣ, нафрат ба тамаддуни аҷдодӣ, дурӣ аз тафаккури фалсафӣ, хушомадгӯйӣ, тамаллуқзанӣ, чоплусӣ ва билохира ахлоқи ғуломӣ силсилаи мушкилоти фикрию равониеанд, ки миллатро аз роҳи расидан ба озодии зеҳнӣ ва истиқлоли комили миллӣ бозмедоранд. Зимнан, ҷаҳолат ва ҷаҳолат, хурофот ва авомзадагӣ як бемории риққатбор ва андешакушӣ иҷтимоӣ буда, миллатро аз масири таҳаввулоти зеҳнӣ ва рушду тараққиёти сиёсию иҷтимоӣ бозмедорад. Аз ин ҷост, ки рушди миллӣ ба сатҳи ташаккули тафаккури миллӣ робитаи мустақим дорад ва сарчашмаи мушкилоти ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он нуҳуфтааст. Илова бар ин, худсозиву ҷомеасозӣ ва дар маҷмӯъ, ҷаҳонсозии миллатҳо аз сатҳи худшиносӣ ва ҷаҳоншиносии онҳо вобаста аст. Пойдории истиқлоли сиёсии миллат бидуни истиқлоли зеҳнии миллат номумкин аст. Шинохти дурусти воқеият ва манофеи миллӣ аз тарафи миллат яке аз муҳимтарин омили пойдории давлатдории миллист.
Ҳаштум. Шартан, истилоҳи “Истиқлол”- ро метавон дар формулаи “огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ” ғунҷоиш дод, чаро ки бидуни огоҳӣ (донишу маърифат) инсон ба озодӣ даст намеёбад ва истиқлолу огоҳӣ танҳо дар натиҷаи масъулиятшиносӣ ва масъулиятпазирӣ муяссар мегардад. Аз ҷониби дигар, ҷомеае, ки огоҳу масъулиятписанд нест, ба истиқлоли ҳақиқӣ ва воқеӣ намерасад ва ба бунбастҳои фикрию иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардида, дар қайдубанди мушкилоти дохилӣ ва берунӣ дармемонад. Огоҳӣ сатҳи шуурнокии инсон аст, ки қудрат ва тавонмандиҳоро ба вуҷуд меоварад ва инсонро дар баробари ҷаҳону ҳастӣ ва табиат мустақил ва муқовим месозад. Ин аст, ки Мавлоно мегӯяд:
Муқтазои ҷон чу ай дил, огаҳист,
Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.
Нуҳум. Ҳанӯз дар ҳавзаҳои сиёсию фалсафӣ ва ҳунарию фарҳангии Юнони қадим баҳсҳои тӯлоние сари масоили муҳим матраҳ мегардиданд ва нафароне, ки ба мабоҳис ва маҳофил кашида мешуданд, дорои андеша ва дидгоҳи мустақил буданд. Махсусан, масъалаи баррасӣ ва таъйини ҷойгоҳ ва мақом-статуси “шаҳрванд” (гражданин) дар миёни аҳли илму сиёсат ва фалсафаи Юнони қадим суннат ва анъана будааст. Шаҳрванд ва ё гражданин, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба сифати мушаххасаи калидии иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маданӣ мутадовил аст, ҳанӯз дар Юнони қадим авлавият доштааст. Тибқи муҳтавои баҳсҳои мавҷуда, ҳар нафар наметавонистааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандӣ (гражданӣ) дошта бошад ва танҳо нафар ва ё гурӯҳҳое ба ин мақом ва ҷойгоҳ (статус) мушарраф мегардиданд, ки қабл аз ҳама, соҳиби андешаи мустақил буда, дидгоҳ ва назари хос доштаанд. Дар зимн, нафарон ва ё гуруҳҳое, ки мақом ва статуси шаҳрвандро доштанд, дар мабоҳису маҳофили сиёсию иҷтимоӣ ва фалсафию маданӣ фаъол будаанд ва сари масоили ҳалталаб, мушкилот ва муаммоҳои рӯзгору замон ба давлатмадорон ва сиёсиён ба баҳс мепардохтанд ва аз ин тариқ дар раванди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ бевосита ширкат меварзидаанд. Ба ёд меоварем Суқроти ҳакимро, ки миёни ҷавонон ин суолро ба сифати пурсиши калидӣ матраҳ мекардааст: “Фазилат чист ва беҳтарин ҳукумат кадом аст?” Суқрот тавассути ин навъ пурсишҳои ҷиддӣ насли ҷавони замонашро ба андешидан, ковиш, мулоҳиза, тааммул ва посух додан водор месохтааст. Як сабаб ва иллати фишор овардан ва баъдан ба қатл маҳкум кардани Суқроти ҳаким бедор кардани фикри насли ҷавон ва посухҳои ҷиддӣ ҷустан ба пурсишҳои ҷиддии замон будааст. Суқрот то ҷое рисолат ва вазифаи шаҳрвандиашро муҳим медонистааст, ки мегӯяд: “То ҷон дар бадан дорам, аз ҷустуҷӯйи дониш ва огоҳ сохтани шумо ба он чи бояд бидонед, даст нахоҳам дошт…”. Пофишорӣ, ҷаҳду талош ва фаъолияти пурсамари донишмандону файласуфони Юнони қадим боиси ба вуҷуд омадани муҳиту фазои муътадили сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маданӣ ва ба истилоҳи имрӯза, “қишри фаъолони маданӣ”-и давр гардид.
Ба ин тартиб, ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсули сатҳи баланди огоҳиҳои инсонӣ буда, дар фазои истиқлоли зеҳнӣ созмон меёбад. Кайфият ва чигунагии фазои истиқлоли зеҳнӣ ба хидмат ва кору фаъолияти ҳадафмандонаи шаҳрвандон вобаста аст. Шаҳрванд нафарест, ки пеш аз ҳама, ҷасорати фикрию иҷтимоӣ дошта, ба хотири боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва мадании омма, ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ ва билохира манофеи миллию мардумӣ саъю талош меварзад ва ба масоил ва мушкилоти миллӣ ҳаргиз бетарафу бетафовут нест. Фаъол будан дар умури сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ аслу бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки дарёфти мақом ва ҷойгоҳи шаҳрванд ҳам осон нест. Барои расидан ба ин мартаба саъю талоши фаровон мебояд.
Даҳум. Миллате, ки аз назари фикрӣ қавист, миллати истиқлолист. Миллатҳое, ки фикру андешаи қавӣ доранд, барои рушду нумуи ватан, кишвар ва давлаташон барномарезиҳои дархӯри сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва маданӣ роҳандозӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар, маҳз истиқлоли фикрӣ шароити мусоиди гуфтугӯ, муколимот ва мубодилотро дар сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ фароҳам меоварад. Илова бар ин, давлате, ки шаҳрвандонаш зарфияти лозимаи зеҳнӣ, сиёсӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва эҷодӣ надоранд, дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари бурузу зуҳури хатарҳои рӯзафзуни сиёсӣ, мафкуравӣ, равонӣ ва биологию иҷтимоӣ тобовор буда наметавонанд.
Нозим НУРЗОДА,
пажӯҳишгар