мантиқан дуруст ба назар мерасад агар мо 1000 – умин ва ё 1100 – умин солгарди давлати мустақил ва соҳибихтиёри тоҷиконро таҷлил ва истиқбол намоем.

Баъд аз пошхӯрии салтанати шӯравӣ дар ҷамоҳири ахиран мустақилият пайдо карда, мафҳумҳои «истиқлолият», «истиқлолияти давлатӣ», «истиқлолияти мардумӣ», «соҳибихтиёрӣ» ва ғайраю ҳоказо дар ин робита мавриди истифодаи хосу ом гаштанд. Вале, биёед бубинем, ки оё мо воқеан ҳам мафҳумҳои истиқлолият ва соҳибихтиёриро дуруст ва мукаммал дарку фаҳм карда метавонем? Чаро мо фақат 31 – умин солгарди истиқлолият, яъне давлатдории худро ҷашн мегирем, яъне ба тариқи умумӣ эътироф ҳам мекунем, ки давлати мо фақат 31 сола шудааст. Пас мантиқан Давлати Сомониёнро чӣ кунем? Охир ин ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки метавонанд 31 – умин солгарди давлатдорию истиқлолияти худро ҷашну таҷлил намоянд, зеро онҳо қаблан соҳиби давлат набуданд. Тоҷикон бошанд ҳазор сол қабл, замоне, ки ҳатто дар Аврупо ҳам ба маънии имрӯзаашон давлатҳои мукаммалу мустақил ва соҳибихтиёр кам буданд, давлати мустақил ва соҳибихтиёр доштанд, ки Давлати Сомониён ном дошт ва ҳатто Девони Вазирон ҳам дар он фаъол буд. Пас мантиқан дуруст ба назар мерасад агар мо 1000 – умин ва ё 1100 – умин солгарди давлати мустақил ва соҳибихтиёри тоҷиконро таҷлил ва истиқбол намоем. Дар байн бинобар мунозиъаҳои мусаллаҳона ва мухолифатҳо бо қавму қабойили мухталиф ин давлат, яъне Давлати Тоҷикии Сомониён то андозае аз байн рафта буд, вале соли 1929 агар дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ зуҳур карда бошад, соли 1991 – ум дар шаклу мазмуни нав – Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эҳё гардид! Ва воқеан ҳам дар таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории навин ва мустақилияту соҳибихтиёрии он саҳми мардуми заҳматкаши тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст ва иродаи қавии мардуми бофарҳангу бостонии тоҷик бо иродаи қавиии сиёсии раҳбари давлат тавъам гаштанд!

Истиқлолият (ҳокимияти воло, волоият, ҳокимият) – волоияти озод ва новобаста аз ҳаргуна волоиятҳои дигари нирӯҳои беруна мебошад. Мафҳуми «истиқлолият» вижагиҳо ва нишонаҳои дилхоҳ давлатро ифода мекунад. Дар истилоҳоти байналмилалӣ ҳамчунин мафҳумҳои «истиқлолияти давлатӣ», «истиқлолияти миллӣ» ва «истиқлолияти мардумӣ» муравваҷ ва мустаъмаланд. Дар илми сиёсатшиносии муосир ҳамчунин истилоҳоте аз қабили «истиқлолияти шахсият» ва ё «истиқлолияти шаҳрванд» низ вуҷуд доранд.

Истиқлолияти давлатӣ – ин сифату ваҷҳи ҳуқуқию таркибии давлати соҳибистиқлол аст, ки мустақилияти сиёсию ҳуқуқии он, масъулияти воло ва арзишҳою муқаддасотро ҳамчун субъекти ибтидоии ҳуқуқи байналмилалӣ ифода мекунад; заруратест барои волоияти мустасноии ҳокимияти давлатӣ ва пешниҳодгари вобаста набудан ба ҳокимияти дигар давлат; дар асоси тағйироти довталабонаи мақоми давлати соҳибистиқлол ҳамчун организми бутуни иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва ё барҳам зада мешавад; бо шарту шароитҳои баробарии ҳуқуқии давлатҳои соҳибистиқлол ва ҳамчун асосу бунёди ҳуқуқи муосири байналмилалӣ зуҳур мекунад. Ба ибораи дигар, истиқлолият чунин маънӣ дорад, ки тамоми қонуну қавойид дар қаламрави давлати мазкур тавассути худи онҳо ва фақат худи онҳо муқаррар карда мешаванд.

Аз таърихи истиқлолиятҳои давлатӣ. Мафҳуми «давлати соҳибистиқлол» тавассути сиёсатмадори фаронсавӣ ва муҳаққиқ Жан Боден дар садаи шонздаҳум муравваҷ гашта, дар ибтидо марбут бо ҳуқуқи аврупоии феодалӣ буд ва пеш аз ҳама номаҳдудии волоияти сюзеренро баръакси ҳокимони тобеъ мефаҳмонид. Тибқи таъйинот ва таърифи Жан Боден истиқлолият – ин ҳокимияти волои номаҳдуд ва бемӯҳлати шоҳ дар давлат буд, ки табиатан ба ӯ бо назардошти ҳуқуқи табиӣ мансуб буд. Мунтаҳо, дар он замон муносиботи танзимшавандаи байнидавлатӣ дар Аврупои Ғарби ҳуқуқ ва қонунгузориҳо ҳокимияти волоро фақат аз ҷониби Папаи Рум эътироф мекарданд. Ва фақат соли 1648 дар санад ва ҳуҷҷатҳои Сулҳи Вестфал қадами нахустин ба ҷониби эътирофи ҳуқуқҳои дунявии мустақилона тавассути тамоми давлатҳои аврупоӣ гузошта шуд ва ҳамин тариқ, ба низоми муосир ибтидо гузошта шуд, ки дар он соҳибихтиёрӣ ва мустақилият нишона ва омили зарурии дилхоҳ давлат гашта буд.

Истиқлолияти миллӣ. Дар ҳуқуқи байналмилалии муосир ғайр аз истиқлолияти давлатӣ, мафҳуми «истиқлолияти миллӣ» ҳам ташаккул ёфтааст, ки ҳамчун «ҳуқуқи дилхоҳ миллат барои худмуайянкунӣ» дарку фаҳм карда мешавад. Моҳияту мӯҳтавои истиқлолияти миллӣ ҳокимияти мукаммал ва пурраи миллию миллат ва озодиҳои сиёсии он ҷиҳати интихоби созмон ва сохтори давлатию ҳуқуқии худ ва шакли муносибот бо дигар миллатҳо мебошад. Истиқлолияти миллӣ тавассути сохтор ва бандубастҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа таъйин ва таъмин карда мешавад, яъне ба ибораи дигар, он хосу махсуси ҳар як миллат аз ибтидо набуда, муназзаман ташаккул дода мешавад. Моҳиятан истиқлолияти миллӣ усули демократиест, ки татбиқу таҳаққуқи он вобаста ба дарку фаҳми бошууронаи арзишҳо, муқаддасот ва манофеъи ҳаётан муҳими худ мебошад, ки ба тариқи воқеию айнӣ аз шарту шаройитҳои мавҷудият ва рушди он ҳосил мешавад.

Мунтаҳо, усули истиқлолияти миллӣ миллатро мустақилият намебахашад, балки ба истиқлолияти давлатӣ кайфияту сифати нав афзун мекунад. Ҳуқуқ барои истиқлолияти давлатӣ дар давра ва марҳилаҳои муайяни таърихӣ ба ҳуқуқи миллат мубаддал мегардад, ки тавассути ин миллат ҳамчун шакли ташкилу таъсис ва эҷоди давлати моҳиятан худӣ ва ҳам тавассути ворид шудан ба ҳайати дилхоҳ давлати шаклан ва мазмунан калонтар татбиқу таҳаққуқ меёбад.

Истиқлолияти мардумӣ. Таълимот оиди истиқлолияти мардумӣ дар садаи ҳафтдаҳум тавассути мутафаккири фаронсавӣ Руссо ташаккул ёфта буд, ки истиқлолиятро мавҷуд ва ё маҳсули дастаҷамъона номида буд, ки тавассути шахсони воқеӣ ва ё алоҳида ташаккул меёбад, ки дар маҷмӯъ номи «мардум» ва ё «халқ» – ро касб мекунанд.

Моҳият ва мӯҳтавои истиқлолияти мардумӣ ва ё халқӣ дар волоияти мардум (халқ) нисбати давлат нуҳуфтааст. Зимнан ин мардум ва ё халқ ҳамчун ягона соҳиб ва дорандаю молики қонунӣ ва зиссалоҳи ҳокимияти воло дониста мешавад. Истиқлолияти мардумӣ ва ё халқӣ нисбати истиқлолияти шоҳӣ (монархӣ) дар мухолифат қарор дорад, чаро ки зимни он истиқлолияти монархӣ шоҳ (монарх, яккаҳукмрон) на ҳамчун узве аз мардуму халқ, балки ҳамчун шахсияти алоҳида – молик ва ё соҳибу дорандаи ҳокимияти давлатии мустақил мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода мешавад. Мафҳуми «истиқлолияти мардумӣ» ва «истиқлолияти давлатӣ» ҳамчунин мухталифанд, вале барзидду баръакси ҳамдигар қарор надоранд, чаро ки дар мавриди аввал, масъалаи вобаста ҳокимияти олию воло дар давлат ва дар мавриди дуюм – масъалаи волоияти ҳокимият барои худи давлат ниҳон аст.

Дар замони муосир таълимот оиди истиқлолияти мардумӣ тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эътироф қарор гирифта, дар моддаи 21 – уми Эъломияи Ҳуқуқи Башар ифода ва таҷассуми худро ёфтааст, ки мувофиқи он иродаи мардум бояд асос ва заминаи ҳокимият ва қудрату нирӯи ҳукумат бошад ва таҷассуми худро дар интихоботҳои даврию муназзам ва ғайритаҳрифию ғайритақаллубӣ бояд пайдо кунад. Зимнан бояд ҳуқуқи интихоботии умумию баробар ва райъдиҳии озод ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин таълимоти истиқлолияти мардумӣ дар ҳуқуқи мардумон оиди мустақилияти бутун ва томи онҳо аз болои моликият ва ғановату захойири табиӣ ва дигар шаклҳо таҷассум ёфта меистад.

Истиқлолият ва сиёсати муосир. Дар илми сиёсатшиносии муосир истилоҳи «истиқлолияти давлатӣ» қариб ҳамчун муродифи калимаи «мустақилият» мавриди истифода қарор дода мешавад. Зимнан ақидае низ паҳн гаштааст, ки дар давлатҳои федеролӣ субъектҳои федератсия метавонанд исиқлолияти маҳдудтар дошта бошанд, ки дар маҷмӯъ бо истиқлолияти ҳокимияти федеролӣ метавонад истиқлолияти мукаммал ва пурраро ташкил кунад. Маҳдудияти мустақилияти ҳокимияти федеролӣ ва ҳокимияти субъекти федератсия тавассути ҳадгузорӣ ва тақсимоти самту соҳаҳое муайян ва муқаррар мегардад, ки дар онҳо мақомоти мавҷудаи ҳокимият соҳиби салоҳиятҳои мустасноӣ барои қабули қарорҳо мегарданд. Аз ҷумла, дар сарқонун (конститутсия) – ҳои субъектҳои федератсия нишон дода мешавад, ки воҳиди давлатӣ мустақил буда ин вобаста ба молику соҳиб будан ба ҳокимияти мукаммалу пурраи давлатӣ берун аз салоҳиятҳои ҳокимияти марказии федератсия мебошад. Муродифи мустақилият метавонад истиқлолияти пурраю мукаммал, вале на истиқлолияти маҳдуди давлатӣ буда бошад

Истиқлолият дар ҷаҳони муосир. Интиҳои садаи бистум ва ибтидои садаи бистуякум дар соҳаи истиқлолият вижагиҳо ва ҷанбаҳои нав пайдо шудан гирифтанд, ки махсусан вобаста ба баррасию муҳокимаҳои масъала ва мушкилоти ҷаҳонишавӣ ва тартиботи нави байналмилалӣ мебошанд. Ба тариқи фаъолтар мавзӯъоти тағйирот ва нобудшавиҳои истиқлолиятӣ мебошанд. Дар рӯзу рӯзгорони ахир зиёдтар оиди таҳкиму тақвияти равобити мутақобилаи байниҳамдигарӣ ва вобастагиҳои байнидавлатӣ гуфтугузорҳо барпо шуда истодаанд, ки ин амалҳо метавонанд, аз як ҷониб, ба шиддатгирии нақш ва мавқеи мақомоти фаромиллӣ оварда расонанд, ки давлатҳо зимнан метавонанд баъзе салоҳиятҳои ҳуқуқии худро ба дигарон вогузор намоянд, аз ҷониби дигар, ба эътирофи масъала ва мушкилоти зиёде оварда мерасонанд, ки аз маҳдуда ва чорчӯбаи давлатҳои алоҳида берунанд ва мансубу мутааллиқ ба танзиму тартиби байналмилалӣ мебошанд, чаро ки усули «тахаллуф ва нақзи ҳуқуқи инсон наметавонад фақат кори дохилӣ» бошад. Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо ва ҳуқуқи инсон.

Дар илму таълимоти сиёсатшиносӣ то дараҷае дарку фаҳм карда мешавад, ки бояд мафҳум ва истилоҳи «истиқлолият» маҷмӯъан ва ба тарики куллӣ мавриди таҷдиди назар ва арзёбии нав дар робита бо ҷомеаи ҷаҳонии сиёсии нав қарор дода шавад ва ҳамчунин ҳадду марзҳои истиқлолиятҳои алоҳида, усулҳои ҳамойиш ва ҳамнишинии онҳо бо ҳамдигар ва сохторбандии зинавии онҳо таъйин ва ташхис гарданд. Раванди ҷаҳонишавӣ дар маҷмӯъ ба тағйирот ва коҳиши салоҳиятҳои давлатҳо оварда мерасонад ва зимнан ин ҷараён ҷанбаи дуҷониба ва ё духӯра дорад: аз як ҷониб, омилҳое таҳкиму тақвият дода мешаванд, ки ба тариқи воқеӣ ва айнан мустақилият ва соҳибистиқлолии давлатҳоро коҳиш медиҳанд, аз ҷониби дигар – аксари давлатҳо ба тариқи ихтиёрӣ ва довталабона ва бошуурона ба маҳдудкунии онҳо даст мезананд.

Давлатҳои эътирофнашуда – ин ном ва унвони манотиқе мебошанд, ки худро давлати мустақил эълом доштаанд ва воқеан ҳам нишонаҳои давлати мустақил буданро доранд, аз қабили аҳолӣ, назорати ҳудуд, низоми ҳуқуқӣ ва идорӣ, вале, ҳамзамон тавассути давлатҳои аъзои СММ мавриди эътирофи расмию дипломатӣ қарор нагирифтаанд ва онҳо маъмулан тавассути давлатҳои аъзои СММ ҳамчун давлатҳое мавриди арзёбӣ ва эътироф қарор дода мешаванд, ки таҳти мустақилият ва соҳибистиқлолии як ва ё якчанд давлатҳои аъзои СММ қарор дода шуданд.

Эътироф нагаштани давлат на фақат тавассути манзара ва равзанаҳои дипломатӣ зуҳур карда меистад. Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки додгоҳи як давлат зимни қабули қарор ва ё ҳукму ҳалнома мавриди эътироф қарор нагирифтани давлати дигарро аз нигоҳи ҳуқуқӣ арзёбӣ карда, мавҷудияти чунин давлатро зери суол ва шакку шубҳа ҳам гузоштаанд. Тибқи нишондоди сиёсатшинос ва муҳаққиқи варзида С. Маркедонов, «давлатҳои қисман эътирофшуда – давлатҳое мебошанд, ки тавассути СММ эътироф нагаштаанд, вале тавассути давлатҳои дигари аъзои СММ мавриди эътироф қарор дода шудаанд!».

Ҳамин тариқ, иштироки онҳо дар муносиботи байналмилалӣ тавассути майдони ҳуқуқии давлатҳои эътирофгар маҳдуд карда шудаанд. Таҳти мафҳуми эътирофи СММ нагаштан амалан имконннопазирии воқеии қабули давлат ба узвияти СММ фаҳмида мешавад, ки он танҳо тавассути қарори Маҷмаи Умумӣ ва тавсияи Шӯрои Амнияти СММ сурат гирифта метавонад. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки дар ин маврид дастгирӣ ва пуштибонии ҳаддиақалли 9 давлати аъзои Шӯрои Амнияти СММ аз ҷамъи 15 давлати аъзо ба ҳисоб гирифта мешавад. Зимнан бояд мутазаккир шуд, ки 5 узви доимӣ – Бритониёи Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Россия, ИМА ва Фаронса метавонанд райъи мухолиф дода, қарорро беэътибор намоянд, ки баъдан масъала ба Маҷмаъи Умумӣ вогузор карда мешавад, ки дар он ҷо барои қабули қарори мусбат ва ё қатънома аксари ороъ, яъне аз се ду ҳисса ба инобат ва эътибор гирифта мешавад. Моҳиятан худи СММ салоҳияти мукаммал ва пурраи эътирофи ин ё он давлатро ба тариқи мустақил надорад, чаро ки масойили мазкура афзалият ва салоҳияти давлатҳои соҳибистиқлол ва ҳукуматҳои марказии онҳо мебошад.

Давлатҳои эътирофнагашта метавонанд ба сифати воҳидҳои ҳудудии ҷудоихоҳ, манотиқи ҷудогашта ва ҳудудҳои ғасб ва тасарруфшуда тавсиф ва қаламдод карда шаванд. Мушаххасан давлатҳои қисман эътирофгашта ҳам метавонанд тавассути давлатҳо ва ё созмонҳои байналмилалие, ки онҳоро эътироф накардаанд, тавсиф ва қаламдод карда шаванд. Ҳамин тариқ, ҳоло узвият дар Созмони Миллали Муттаҳид метавонад ҳамчун нишонаи оне, ки давлат дар ҷаҳон эътирофи дипломатии васеъ ва густурда дорад мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор ёбад, чаро ки ҳоло ҳам давлатҳои аъзои СММ мавҷуданд, ки тавассути на ҳамаи давлатҳои аъзои СММ эътирофи дипломатӣ пайдо кардаанд. Суоле ба миён меояд, ки худи истиқлолияти давлатӣ чист? Қабл аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки ин – қобилияти давлат нисбати нишон додани иродаи сиёсии худ, аз манофеъи хориҷию байналмилалии сиёсии худ дифоъ карда тавнистан, сиёсати мустақилонаи дохилии худро доштан, дар мавориди зарурӣ даст ба ислоҳотҳо задан, интихоботҳоро давра ба давра ва ба тариқи муназзаму шаффоф ва мунсифона гузаронидан ва ғайраю ҳоказо аст.

Зимнан суоли дигаре низ матраҳ аст, ки истиқлолият аз озодию озодиҳо аз истиқлолият чӣ тафовут доранд ? Маъмулан дар ҷаҳони муосир баъзан ин мафҳуму истилоҳот ҳамчун муродиф ҳам истифода мегарданд. Дар маҷмӯъ ва мушаххасан озодӣ – зиёдию фаровонӣ ва бисёрии интихоб аст! Инсон ва ё шаҳрванде, ки фаразан, дар нуқтаи тиҷоратие имкони аз сад навъи як маҳсулот интихоби якеро дорад, озодтар аз инсон ва ё шаҳрвандест, ки дар дигар нуқтаи тиҷоратӣ имкони аз даҳ навъи маҳсулот интихоби як навъи маҳсулотро дошта бошад! Пас суоли дигаре пайдо мешавад, ки мо имрӯз то кадом андоза истиқлолияти инфиродӣ дорем? Агар аз панҷ навъи маҳсулот имкони интихоби якеро ҳам дошта бошем, оё имкон ва қобилияти интихоб ва баъдан харидории он якеро ҳам дорем ё на? Пас аз ин мавқеъ ва нуқтаи назар оё ҳамаи мо истиқлолияти инфиродӣ ва озодиҳою имконоти баробар дорем ё на? Дорем, зеро имрӯз барои мо ҳама гуна интихобҳо таъмин гашта, мавҷуданд.

Чунин навъи озодӣ – ин восита ва василаҳои мухталифи истифодаи истиқлолият, тағйирдиҳӣ ва ё коҳиш додану афзойиш додани он аст. Агар шахсе «вақти холӣ» дошта бошад ин ба он маънӣ аст, ки сирф ва фақат ба тариқи истисноӣ дар ин вақти мушаххас озод аз онҳое ҳаст, ки ӯро кор мефармоянд. Ин вақти озодро инсон метавонад барои истироҳату фароғат истифода намояд, вале зимнан ӯ ҳамзамон метавонад вобаста ва тобеъу мутеъи нақлиёт, пешхидматон, васойит ва васойили истироҳатию фароғатӣ ва ғайраю ҳоказоҳо бошад. Пас ба кадом хулоса омадан мумкин? Оё мо мутлақо ба тариқи мукаммал ва пурра озод буда наметавонем?! Бале, чаро ки озодию озодиҳо ҳам нисбианд, дар ҷаҳон озодии мутлақ вуҷуд дошта наметавонад! Масалан, худи ғуломдор, ки нисбат ба ғуломонаш озодтар агар бошад ҳам, боз ба кору фаъолияти рӯзмарраи онҳо вобаста, марбут ва «тобеъ» – у «мутеъ» ҳам мебошад. Худи корфармо ҳам то андозае тобеъи коргарони худ аст, чаро ки рафтору муносибати ӯ вобаста ба рафтору муносиботи коргарон аст!

Хушбахтона имрӯз давлати тоҷикон ҳама гуна озодию имконотро барои шаҳрвандон муҳайё ва таъмин кардааст! Фақат мо – шаҳрвандон бояд бошуурона истифода бурдани ин озодиҳо ва имконотро битавонем.

Замоне, ки инсон худро мукаммалан мустақил ва эмин аз ҳаргуна ниёзу эҳтиёҷоти ҷисмонию рӯҳонӣ эҳсос карда наметавонад, ба қадри арзишҳою муқаддасоти воло – истиқлолияти давлатӣ, истиқлолияти миллӣ, истиқлолияти мардумӣ расиданаш амри муҳол аст !

Пас истиқлолияту мустақилиятро дар худ низ бояд ҷустуҷӯ кунем ва биозмоем, шаҳрвандони гиромӣ!

Ҷумахон Алимӣ,

Шоири халқии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь