Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони Ҳукумати шаҳри мазкур суҳбат анҷом дод.
Дар оғози суҳбат ба мо иттило доданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва дигар қонунҳои амалкунанда тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.
Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми шаҳр раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, накшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони шаҳр ҳадафмандона амалӣ гардида истодаанд.
Иҷрои буҷет
Ҳамзамон, дар хусуси иҷрои буҷет гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷет бо дар назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 108,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 334,5 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 24,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 181,9 млн сомонӣ ё 109,1 фоиз иҷро гардид.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар ҷараёни суҳбат оид ба вазъи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳр маълумот дода, аз ҷумла қайд гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар шаҳри Истаравшан соҳибкори инфиродӣ 13420 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 8865 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 1707 субъект тариқи патент ва 1076 субъект тарифи шаҳодатнома фаъолият менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра фаъолияти 143 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд шудааст.
Ба ҳолати имрӯза дар шаҳр 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудкардашуда 0,97 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2021-2025 180 лоиҳаро ба маблағи 599,4 млн сомонӣ дарбар гирифта, то охири соли 2023 101 лоиҳа ба маблағи 216 млн сомонӣ ба иҷро расидааст.
Кишоварзӣ ва чорвопарварӣ
Инчунин, гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Истаравшан 2084,2 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022, 139,8 млн сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.
Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 20827,9 гектар, зироатҳои техникӣ 282,0 гектар, аз он картошка 3537,9 гектар, сабзавот 3152,7 гектар, полизӣ 484,0 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 1174,8 гектарро дарбар мегирад.
Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 68323,5 тонна, картошка 63031,5 тонна, сабзавот 147333,9 тонна, полизӣ 22125,4 тонна, мева 12736,9 тонна, ангур 31084,5 тонна, гӯшт 6016,6 тонна, шир 19187,1 тонна, тухм 30 млн 326 ҳазор дона, пашм 93,3 тонна, пилла 2,5 тонна, асал 199 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022 ғалладонагиҳо 7,8 фоиз, картошка 9,2 фоиз, сабзавот 6,5 фоиз, полизӣ 0,3 фоиз, мева 21,0 фоиз, гӯшт 6,7 фоиз, шир 4,7 фоиз, тухм 24,3 фоиз, пашм 0,8 фоиз ва асал 1,0 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 60526 сар, аз ҷумла модагов 29281 сар, гӯсфанду буз 119594 сар, паранда 329524 сар ва асп ба 720 сар расонида шудааст.
Саноат ва энергетика
Дар боби саноат ва энергетика чунин маълумот дода шуд: дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1090,4 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2022, 259,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аҳолии шаҳри Истаравшан дар ҳаҷми 356,9 млн кВт/соат ба маблағи 88,1 млн сомонӣ қувваи барқ истифода намудааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 95,1 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 93,5 фоизро ташкил медиҳад.
Сохтмон ва меъморӣ
-Сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 106,5 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022, 20,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 104,5 млн сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба соли 2022, 21 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, ба маблағи 48,0 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2022 дар маҷмуъ 1,2 млн сомонӣ зиёд мебошад,- иттило дод Ҳукумати шаҳри Истаравшан.
Нақлиёт ва алоқа
Дар идомаи суҳбат аз ҷониби Ҳукумати шаҳр ба мо хабар доданд, ки масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан 775,7 километрро ташкил дода, азон 22,5 километрро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳад.
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо аз буҷети маҳаллӣ 1,57 млн сомонӣ ҷудо гардида, дар 20 километр таъмири асосӣ ва 64 километр таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 1 пул таъмир карда шудааст.
Бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳр 14,87 километр таъмири асосӣ, 4,8 километр таъмири ҷорӣ, 22,8 километр сангфарш гардид.
Ҳаҷми боркашонӣ ба 2105,8 ҳазор тонна (109,4 фоиз), мусофиркашонӣ ба 19713,5 ҳазор нафар (110,9 фоиз) баробар гардид.
Дар шаҳр 4083 нуқтаи телефонӣ амал карда истодааст, ба ташкилоту муассисаҳо ва ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст.
Маориф ва илм
Дар хусуси маориф ва илм чунин маълумот дода шуд: Дар шаҳр 74 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 61 ҳазору 49 хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 3341 омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин, дар шаҳр 1 муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ», 1 Коллеҷи тиббӣ, 1 Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва 15 муассисаи томактабӣ мавҷуд мебошад.
Тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли 2023 аз 3207 хатмкунандагон 1594 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ дохил шуданд.
Барномаи компютеркунонӣ нисбати соли гузашта 101,8 фоиз иҷро гардида, шумораи компютерҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба 2074 адад расид.
Фарҳанг
Чунончи, ба мо маълум гардид дар шаҳри Истаравшан 71 муассисаи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 9 хонаи фарҳанг, 19 клуби деҳотӣ, 1 клуби деҳотии марказонидашуда, 28 китобхона ва 1 мактаби санъати бачагона фаъолият доранд.
Дар 28 китобхона 160393 нусха китоб маҳфуз мебошад.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои идоравӣ ташкил карда шудааст.
Аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии шаҳр 3180 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуд.
Тандурустӣ ва кор бо занон
Қайд карда шуд, ки дар соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан 2287 духтур, аз ин шумора 342 нафар бо категорияи олӣ ва 1300 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
Беморхонаи марказӣ аз 21 шуъбаи бистарикунонӣ, 2 шуъбаи ёрирасон ва 1 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад.
Дар қайди маркази минтақавии зидди бемории сили шаҳр 53 нафар ба қайд гирифта шудааст. Шумораи беморони дарёфтшуда дар соли 2023, 530 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии занҳо дар шаҳр 148,5 ҳазор нафарро ташкил дода, 7 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, 38 нафар вакилони ҷамоатҳо, 22 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 3334 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
-Тибқи маълумот шумораи ҷавонон дар шаҳри Истаравшан 99300 нафарро ташкил намуда, аз он 49200 нафар духтарон мебошанд.
Дар ҳудуди шаҳр 221 майдончаи варзишӣ, 67 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ ва 3 варзишгоҳ фаъолият дорад.
Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 648 медали тилло, 671 медали нуқра ва 1128 медали биринҷӣ гардиданд.
Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан ба маврид аст, ки дар шаҳр 1 осорхона, 153 ёдгориҳои таърихӣ, 5 истироҳатгоҳ мавҷуд буда, теъдоди сайёҳони хориҷии ба шаҳр воридшуда дар соли 2023, 14868 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2022, 97 нафар зиёд мебошад,- хабар дод Ҳукумати шаҳр.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Инчунин, тазаккур дода шуд: дар шаҳр 25,2 ҳазор нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023, 848 нафар зиёд гардида, маблағи талаботи нафақа дар ин давра 94,14 млн сомониро ташкил дод.
Дар соли 2023 ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони яккаю танҳо, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони саховатпеша ба маблағи умумии 1 млн 787,3 ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Масъулини шаҳр қайд карданд, ки дар соли 2023 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 3659 шаҳрванд, аз ин 2352 нафар тариқи хаттӣ ва 1307 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 214 муроҷиат ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва 26 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 2292 муроҷиат (97,5 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 60 муроҷиат дар баррасӣ қарор доранд.
Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Ҳазамон, аз Ҳукумати шаҳр қайд карданд, ки тибқи нақша- чорабиниҳо дар шаҳри Истаравшан бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 990 иншоот ба нақша гирифта шуда, 302 иншоот ё 58,6 фоиз нисбат ба нақшаи соли 2023 (соли 2023 170 иншоот) ба истифода дода шуданд.
Дар ин раванд корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дорад.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ