Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Исматзода Азизулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 21 декабри 2021) таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст. Ҳарчанд дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ба нақша гирифтаем, зеро Пешвои миллат зикр карданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат афзуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли 2022 корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Иҷрои буҷет

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки иҷроиши нақшаи буҷети ноҳия аз руи контингент дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 46 млн. 880 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 119,0 фоиз иҷро гардида нисбати нақша 7 млн 580 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми 2022 ба маблағи 40 млн. 482 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, 122,0 фоизи нақшаро дар бар мегирад, ки аз нақшаи пешбини гардида 7 млн 207 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 14 млн. 675 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиш 14 млн. 475  ҳазор сомонӣ ё 99,0 фоиз, аз он ҷумла аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ 93 фоиз ва корхонаву ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 106 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи нақша қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 51 млн. 445 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиш 44 млн. 605 ҳазор сомонӣ ё 86,7 фоиз хароҷот гардида,  нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 2 млн. 759 ҳазор сомонӣ ё 6,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои аз ҷониби комиссисияи ноҳиявӣ оиди кам намудани бақияпулиҳои андоз гузаронида шуда то санаи 1 марти соли 2022-юм 5 млн. 148 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 795 ҳазор сомонӣ ва нисбати моҳи январи соли ҷорӣ 1 млн. сомонӣ кам гардидааст.

Қарздори ва қафомонии музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 вуҷуд надорад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

-Тибқи маълумоти Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ тариқи «Равзанаи ягона» дар семоҳаи якуми соли 2022 дар миқёси ноҳия 7482 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021-ум 143 адад ва ё 1,9 фоиз зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилоти хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 ба маблағи 33 млн. 300 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 1 млн. 984 ҳазор сомонӣ ё 6,3 фоиз зиёд гардидааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 25 млн. 261 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 2,3 баробар зиёд буда, аз рӯи шакли моликияташон чунин мебошад, бахши давлатӣ 1 млн. 663 ҳазор сомонӣ, сармояи хориҷӣ 3 млн. 664 ҳазор сомонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ 17 млн. 283 ҳазор сомонӣ, соҳибкорони инфиродӣ 118,8 ҳазор сомонӣ ва шахсони воқеӣ 2 млн 531 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳамчунин, аз ҷониби корхонаҳои сохтмони пудратии ноҳия ба маблағи 51 млн. 234 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию пудратӣ бо қувваи худӣ иҷро карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,0 фоиз ё ба маблағи 21 млн. 444 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №181 “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар радифи Лоиҳаи «Иқтидори маҳаллию минтақавӣ оид ба таҳия ва мониторинги барномаи рушд ва тартибдиҳии буҷет»-ро дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакиро дар солҳои 2021-2025» таҳия намуда, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 июни соли 2021, №56 тасдиқ намудааст.

Дар рафти омодагии Барнома 230 лоиҳа бо маблағи зиёда аз 221,9 млн. сомонӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст, аз ҷумла 17 лоиҳа дар соҳаи саноат ба маблағи 56,7 млн. сомонӣ, 10 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 18,9 млн. сомонӣ, 35 лоиҳа дар бахши хусусӣ ба маблағи 8,7 млн. сомонӣ, 15 лоиҳа дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба маблағи 39,1 млн. сомонӣ, 48 лоиҳа дар соҳаи маориф ба маблағи 41,8 млн. сомонӣ, 27 лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 6,4 млн. сомонӣ, 14 лоиҳа дар соҳаҳои фарҳангу варзиш ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ, 64 лоиҳа дар соҳаҳои инфрасохтор ва роҳҳо ба маблағи 48,2 млн. сомонӣ барномаҳои худро пешниҳод намуданд.

То санаи 1 апрели соли 2022 аз шумораи лоиҳаҳои барнома 103 лоиҳа ба маблағи 64,9 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки 29,2 фоизи лоиҳаҳои иҷрошуда нисбат ба арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад, аз ҷумла 10 лоиҳа дар соҳаи саноат ба маблағи 11,4 млн. сомонӣ, 5 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 4,2 млн. сомонӣ, 32 лоиҳа дар бахши соҳибкорӣ ва сохтмон ба маблағи 21,5 млн. сомонӣ, 17 лоиҳа дар соҳаи маориф ба маблағи 15,6 млн. сомонӣ, 13 лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 7,9 млн. сомонӣ, 9 лоиҳа дар соҳаҳои фарҳангу варзиш ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ, 11 лоиҳа дар соҳаҳои инфрасохтор ва роҳҳо ба маблағи 3,1 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардидаанд,-афзуд мавсуф.

Кишоварзӣ ва истифодабарии замин

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 41 млн. 967 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,1 фоизро ташкил додааст.

То санаи 1 январи соли 2022 дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия майдони 3625 гектар кишти зироатҳои тирамоҳӣ гузаронида шудааст.

То санаи 1-уми апрели соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 7909 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1284 гектар зиёд мебошад.

Аз кишти гузаронидашуда 5995 га ғалладонагиҳо, аз ин гандум 4505 га, зироатҳои равғандеҳ 1035 га, картошка 363 га, сабзавот 104 гектаро ташкил менамояд.

Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 1009 тонна-91,1 фоиз,  шир 4215 тонна 100,1 фоиз, тухм 8,4 млн дона 108,8 фоиз таъмин гардид. Ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ 0,5 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 83,3 фоизро ташкил медиҳад.

То санаи 1 апрели соли 2022 тибқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия дар майдони 363 га (нақша 400 га) кишти картошка гузаронида шуд, ки 90,7 фоизи нақшаро ташкил намуда, нисбат ба соли 2021-ум 64 га кам мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 ба хазинаи Идораи хоҷгии оби ноҳия ҳамагӣ 156 ҳазору 344 сомонӣ ворид гардидааст.

Рушди саноат
Мавсуф дар бобати рушди саноат дар ноҳия изҳори назар намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон намудани намудани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милоӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси корхонаҳои гуногунсамти истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, кам гаштани маҳсулоти воридотӣ аз хориҷ ва дар умум ба некуаҳолии мардуми кишвар мусоидат намуда, пояи молиявии давлату миллатро устувор мегардонад.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати дарҳои кушодро пешгирифта, ба як қатор мувафақиятҳо ноил гаштааст.
Дар ҳудуди ноҳия 111 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, аз он 37 адад ба корками қуму шағал, 20 адад ба истеҳсоли хишти сохтмонӣ, 2 адад ба истеҳсоли хисти газаблок, 3 адад ба коркарди маҳсулоти нафтӣ, 1 адад ба истеҳсоли пойафзоли резинӣ, 4 адад ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ, 2 адад ба истеҳсоли машруботи спиртӣ, 1 адад антисептик,1 адад қубурҳои металӣ, 1 адад истеҳсоли қанодӣ, 1 адад ба истеҳсоли макарон, 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, 1 адад ба коркарди нахи пахта, 1 адад ба истеҳсоли хуроки чорво, 2 адад ба истеҳсоли уроки паранда, 1 адад плиткаҳои ороишӣ гранит, 1 адад ба истеҳсоли асфалт, 1 адад ба истеҳсоли сутумчаҳои роҳрав, 2 истеҳсоли арматура ва сими сохтмонӣ, 1 адад ба истеҳсоли сангҳои мармар, 1 адад ба истеҳсоли оҳану бетони васлшуда, 2 адад ба истеҳсоли хокаҳои модаҳои кимиёвӣ, 3 адад ба истеҳсоли қолин, 2 адад ба истеҳсоли қағази ташноб, 4 адад ба истеҳсоли гаҷ, 3 адад ба истеҳсоли бетони сохтмонӣ, 3 адад ба коркарди обҳои ташнашикан машғул мебошанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар 3 моҳи соли ҷорӣ 173 млн. 93 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат соли гузашта 43,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан 0,6 фоиз, саноати коркард 81,6 фоиз, тақсими қувваи барқ, газ ва об 17,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар саноати истихроҷи маъдан дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 954,0 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 141 млн. 270,2 ҳазор сомонӣ ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об 30 млн. 868,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул буда, ба маблағи 119 млн. 844 ҳазор сомонӣ маҳсулотҳои воридотивазкунанда истеҳсол намудаанд.
Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба андозаи 4,7 тонна маҳсулотҳои ҳасибӣ, 43,2 тонна равғани растанӣ, 198,1 тонна маҳсулоти макаронӣ, 41,6 тонна маҳсулоти коркарди помидорӣ (кетчуп), 1182 декалитр истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ, 3000 декалитр спирти этилии хом, 6750 декалитр обӣ майданӣ, 1554,4 ҳазор метри мураббаъ қолин ва маснуот аз қолин, 18 ҳазору 156,4 метри мукааб қум, 37 ҳазору 969,4 метри мукааб регу сангмайда, 2,9 тонна бензин, 20,6 тонна сузишвории дизелӣ, 28,8 тонна мазут, 80,4 ҳазор донна хишти бинокорӣ, 410,4 ҳазор дона хишти сементӣ, 108,9 метри мураббаъ хишти роҳрав, 10 ҳазору 330 метри мукааб газаблок, 15 ҳазору 729 метри мукааб бетони сохтмонӣ, 2133,0 тонна оҳаки бинокорӣ, 1120 тонна арматураи сохтмонӣ, 3950 тонна маҳсулоти сими сохтмонӣ ва ба маблағи 1 млн. 278,4 ҳазор сомонӣ маҳсулоти доруворӣ истеҳсол намудаанд. Вобастаба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бояд қайд намуд, ки давоми соли сипаригашта дар ҳудуди ноҳия 7 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, давоми соли ҷорӣ 4 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Сафо Фарм» ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ,, ҶДММ «Даврони сулҳу дустӣ» ба истеҳсоли хисти бинокорӣ, ҶДММ «Шаҳзод Хуррам Алюминий» ба истеҳсоли зарфҳо аз алюминий, ҶДММ «МХК» ба истеҳсоли макарон фаъолиятро оғоз намудаанд.

Сохтмон ва меъморӣ

-Дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 3116 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, дигар иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, биноҳои маъмурӣ, пулҳо ва ғайраҳо ба маблағи 18,9 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли 2021-ум 15,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад, афзуд ҳамсуҳбат мо.

Савдо ва хизматрасонӣ

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки дар семоҳаи якуми соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмиру хизматрасонии автомобилҳо 446,8 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли   2021 -ум 2,6 фоиз зиёд шудааст.

 Нақлиёт

-Дар ноҳия 6 муассисаи нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар семоҳаи якуми соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 744,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 213,4 ҳазор тонна зиёд аст. Семоҳаи якуми соли 2022 бо ҳамаи намуди нақлиёти автомобилии мусофиркашонӣ 3 млн. 90 ҳаз. нафар мусофир кашонида шудааст.

Дар  ин давра 110 км роҳҳои ноҳия аз таъмири ҷорӣ баровада шудааст, қайд намуд мавсуф.

Маориф

Инчунин, мавсуф тазаккур дод, ки муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия 11 муассиса бо фарогирии 1845 кӯдак фаъолият менамояд.

Дар ноҳия 134 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 102 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 2 гимназия, 1 литсей), 28 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ) ва  4 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ бо фарогирии 99837 хонанда, аз ҷумла 47878 духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 4330 нафар омӯзгорон, 3149 нафарашон таҳсилоти олӣ, 1093 нафарашон таҳсилоти миёнаи касбӣ дошта, 88 нафарашон ғоибхонони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ  мебошанд.

Тандурустӣ

-Дар ноҳия 1 беморхона бо 1 шуъбаи таваллудхона, 1 шуъбаи бемориҳои сироятӣ, 3 таваллудхонаҳои минтақавӣ, 25 марказҳои саломатии минтақавӣ ва 59 бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар ноҳия 333 нафар табиб, 1017 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд, ки ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ 5,3 табиб ва 16 нафар кормандони миёнаи тиб рост меояд.

Дар ин давра дар Беморхонаҳои ноҳия ҳамагӣ 2702 нафар беморон бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108 нафар кам мебошад.

Шумораи фавтидагон дар ин давра 2 нафарро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар кам мебошад, изҳор дошт мавсуф.

 Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Дар хусуси сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш номбурда қайд намуд, ки шумораи умумии ҷавонони ноҳия 133 ҳазору 760 нафарро ташкил дода, аз ин 65 ҳазору 543 нафарро занон ташкил менамоянд.

Дар ноҳия 91 нафар барандагони стипендияи президентӣ ва 40 нафар барандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.

Маблағгузории Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар семоҳаи якуми соли 2022-юм 8080 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ноҳия дар маҷмӯъ 422 иншоотҳои варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1 варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст, 172 майдончаи футбол, 103 майдончаҳои валейбол, 54 майдончаҳои баскетбол, 31 толорои варзишии хусусӣ, 16 майдончаи футболи хурд ва 45 толорҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.

Баҳри ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди ноҳия 2 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, дар он 37 нафар мураббиён ба зиёда аз 929 нафар наврасону ҷавонон тамрин медиҳанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 варзишгарон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусобиқаҳои минтақавӣ соҳибӣ 6 медали тилло, 20 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ гардидаанд.

Инчунин, Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд-Слами Тел- Авив 2022 ҷоизадори медали биринҷӣ гардид.

 Шуғли аҳолӣ

-Дар семоҳаи якуми соли 2022 ба раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳия 1226 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд.

Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 387 нафар шаҳрвандон (183 нафар занону духтарон) бо кор таъмин шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 аз ҷониби Раёсат 3 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 19 нафар бо кор таъмин гардиданд. Инчунин, 32 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ равон карда шуданд,-қайд намуд номбурда.

 Омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолият

Мавсуф дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки ҷиҳати раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 1 феврали соли 2022, №167 ба тасвиб расида, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва тамоми ташкилоту муассисаҳои дар ноҳия фаъолият дошта, вазифадор гардидаанд, ки тамоми иншоотҳои сохташавандаро пурра омухта, тибқи тартиби муқараргардида пешниҳод намоянд ва дар навбати худ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар алоҳидагӣ оиди рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, корҳои бунёдкорӣ ва иншоотҳои сохташавандаро пешниҳод менамояд.

 Муроҷиати шаҳрвандон

Дар ҷараёни суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2022 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 1883 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст.

Аз 1883 муроҷиати воридгардида мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз рӯйи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол кардашуда, 1620 муроҷиат аз ҷониби шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ гардида, барои ҳалли масоили номбурда 603 қарор ва 22 амри раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 аз тарафи раиси ноҳия 62 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, муроҷиату масъалаҳои пешниҳод гардида, ҳаллу фасл карда шудаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ 10 Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 санадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4  санад аз Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 63 мактуб аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 Супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 42 Нусха аз Протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60 Супоришҳои Сарвазир ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 178 мавод аз Вазорат, Агентӣ ва Кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 мавод аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 37 мавод аз Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ворид гашта, то ин давра 10 Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 санадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 санад аз Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 54 супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 супришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 нусха аз Протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 Супоришҳои Сарвазир ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 мактуб аз Вазорат, Агентӣ ва Кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 мавод аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 мавод аз Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ иҷро гардида боқимонда дар истеҳсолоти сохторҳои марбута қарор доранд.

Исматзода Азизулло дар фароварди суҳбат қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2022 ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ғанӣ гардонидани буҷет, ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, танзими расму оин ва ҷашну маросимҳо ва ҳидояти мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, тадбирҳои муайянро ба нақша гирифта, ҷиҳати татбиқи онҳо тамоми чораҳоро андешида истодааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here