(Паёми табрикотии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) Ҳамватанони азиз, боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар арафаи ду ҷашни пуршукӯҳи таърихӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо истифода аз фурсат ҳамаи шуморо ба ин ду санаи таърихии кишварамон, ки сарчашмаи ҳамаи хушбахтию ободкориҳои имрӯзаи мо маҳсуб меёбанд, муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳи ҷовидонаро орзу менамоям.
Воқеъан муайян намудани рӯзеро ҳамчун Рӯзи Президент аз қадрдонӣ ва арҷгузориҳои мардуми шарифи мамлакат ба хизматҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти комили давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифаи пурмасъулият шуруъ намуданд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шудааст. 6-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкатварзида интихоб гардид ва 16 – уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шуруъ карданд. Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ, пас аз маросими савгандёдкунӣ, қайд намуданд: «Ман ба ҳайси Президент шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард».
Дар ҳақиқат, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар интиҳои асри 20 аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ бо дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Истиқлол танҳо ифтихор ва лофи ватандорӣ нест. Истиқлол муборизаест, ки барои рушди миллат, пояҳои устувор фароҳам меоварад, ҳама гуна мушкилоти зиндагӣ мустақилона ҳал мегардад ва ташаккули иқтисодӣ таъмин шуда, арзишҳои давлати демократӣ ҳифз мегардад. Ин кӯшишҳоро мо дар фаъолияти рӯзмарраи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мекунем.
Дастоварду комёбиҳои беназиру бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Имрӯзҳо кулли сокинони мамлакат зери парчами Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат барои расидан ба се ҳадафи асосӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки омили рушду инкишофи диёри маҳбуби мо маҳсуб меёбанд, хушбахтона ва сарбаландона қадамҳои устувор гузошт ва баҳри расидан ба ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии кишвар мардуми саодатманди диёр устуворона гом мегузоранд.
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистон, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир дошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нобудшавӣ, халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд. Дар як муддати кутоҳ дар кишвар ҳозорҳо биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ қомат афрохтанд, роҳу пулҳо ва нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёд ёфтанд, сатҳи некуаҳволии мардум боло рафта, иқтисодиёти кишвар бо тадриҷ рушд намуд.
Ба роҳ мондани равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ба ҳисоб мерафт, ки нахуст аз рӯзҳои аввал моҳи сентябри соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор дар минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба кишвари Тоҷикистон ошно намуд.
Ҳамчунин, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷумла, Пешвои миллат иқдомкунандаи панҷ ташаббуси бузург мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуданд. Хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид. Метавон гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ташаккули Пешвои миллат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Иҷлосияи мазкур барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва тамоми тоҷикон тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад. Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз буд, ки давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома дорад.
Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи Президент ва 31- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон муборакбод гуфта, дар ин рӯзи таърихӣ ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозӣ орзу менамоям. Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз.