Ховалинг бо конҳои тилло ва корхонаҳои коркарди ону чарогоҳҳои дорои алафи сершираву серғизо, мавзеҳои аз ҳама мувофиқ барои човодорӣ дар кишвар шинохта шудааст. Ҳамчунин, Ховалинги кӯҳанбунёд ҳамчун сарзамин шоирхез дар Тоҷикистон муаррифӣ мешавад. Бо табиати нотакрору маконҳои беҳтарин ва биҳиштосои саёҳии кишвар низ муарифӣ мешавад, ки касе ба ин диёр боре омадааст ҳатман маротибаи дигар орзуи дидани ин сарзаминро мекунад.

Ховалинг як гӯшаи хушобу ҳаво ва зебоманзару бостонии Хатлонзамин буда, бо ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ, Кӯлоб, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Нуробод ва Сангвор ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди ноҳия дар замонҳои қадим ба хусус дар асрҳои миёна бо номи музофоти Мунк ва ё Шаҳри Мунк шуҳрат дошт. Вожаи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ аз асрҳои 16 – 17 инҷониб вомехӯрад. Ховалинг шакли вайроншудаи калимаи Хвараминга (Хварамунга) буда, ба маънои қисми шарқии Шаҳри Мунк «Шаҳри Офтобрӯя» (шаҳре дар Шарқ) аст ва ин шаҳр ҳоло дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи Оби Мазор, дар таҳҷои ҳозирааш доман густурдааст. Аз рӯи тадқиқотҳои олимони бостоншинос минтақаи Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои шарқӣ маҳсуб буда, аз он шоҳроҳи абрешим мегузаштааст.

Ноҳияи Ховалинг 23 ноябри соли 1930 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 6-июни соли 1958 аввал дар ҳайати ноҳияи Восеъ ва минбаъд дар ҳайати ноҳияи Кӯлоб арзи ҳастӣ намудааст. Моҳи апрели соли 1983 ноҳияи Ховалинг бо ҳудуди марзиву маъмурии муайян аз нав эҳё гардид. Маркази ноҳия дар таҳҷои шаҳри қадимаи Мунк, ки тақрибан дар асрҳои 9-12 ва аз ин пеш арзи вуҷуд дошт, доман густурдааст.

Дар ноҳия як ҷамоати шаҳрак ва чор ҷамоатҳои деҳот мавҷуд буда, шумораи аҳолӣ  ба 1- сентябри соли 2022, 58,9  ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҷамъи заминҳои ноҳия 173,8 ҳазор га буда, ба ҳар як нафар сокини ноҳия   2,9 га рост меояд. Аз ҷумла,  заминҳои корам дар ноҳия  8161 га -ро ташкил медиҳад, ки аз он корами обӣ  2314 га аст ва ба ҳар нафар сокини ноҳия 0,04 га рост меояд. Пешравии ҳар як мавзеъ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии он вобастагии калон дорад. Дар ноҳияи Ховалинг низ ба рушди иқтисодии ноҳия таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 124 фоиз иҷро гардид, яъне ба ҷойи 18,8 млн сомонӣ 23,4 млн сомонӣ ба буҷети ноҳия ворид гардид. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоят ба буҷети ноҳия  8,1 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардид, ки нисбати нақша 100 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи ҳашт моҳа дар қисми хароҷоти буҷети ноҳия 28,6 млн сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 30,1 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Дар ҳашт моҳи соли 2022, аз тарафи Филиали бонкҳои дар ноҳия буда ба соҳаи кишоварзӣ 5,4 млн сомонӣ, соҳибкорӣ 4,9 млн сомонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва истеъмолӣ 7,2 млн сомонӣ, ҳамагӣ 17,7 млн сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22,6  млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар нозироти андози ноҳия 2962 соҳибкор ба қайд гирифта шуда, аз он 348 нафар шахсони ҳуқуқи, 129 нафар тибқи шаҳодатнома, 280 нафар тибқи патент ва 2205 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ноҳия 5 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва маблағи азхудкардашуда 950,0 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳашт моҳи соли 2022 ба 187,4 млн сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 60,9 млн сомонӣ зиёд аст, ки 145,8 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли орд ба 113,1  фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 103,2 фоиз расонида шудааст.

Дар ҳашт моҳи соли 2022 ба ноҳия 56,6 млн кВт соат  қувваи барқ интиқол гардида, талафоти неруи барқ ба 42 фоиз баробар аст. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 34,5 млн кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 11,9 млн сомонӣ дода шудааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 10,0 млн сомонӣ ё 84,1 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 81,3 фоизро ташкил дод.

Сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон дар ҳашт моҳи соли 2022, 17,1 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбати соли гузашта 4,2 млн сомонӣ зиёд (133,1%) мебошад. Корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 13,3 млн сомонӣ иҷро шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 млн  сомонӣ кам (108,2%) мебошад.

Дар масоҳати 2998 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 57 метри мураббаъ зиёд (101,9%) мебошад.

Дарозии роҳҳои ноҳия 226,4 км, аз он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта 110,7 км ва аҳамияти маҳаллӣ дошта 115,7 км ро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ҳукумати маҳаллӣ барои зимистонгузаронӣ 50 ҳазор сомонӣ ва барои соҳилмустаҳкамкунӣ роҳҳои маҳаллӣ 71 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ 121 ҳазор сомонӣ ҷудо ва харҷ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса як адад техникаи махсус барои таъмири роҳҳо, аз қабили экскаватор дастрас карда шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ 246,7 ҳазор тонна, 129,7 фоиз ва мусофиркашонӣ 516,6 ҳазор нафар, 109,9 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳашт моҳи соли 2022 ба 180,4 млн сомонӣ (112,1 %) ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 19,4 млн  сомонӣ зиёд, таъмин гардидааст. Кишти зироатҳои кишоварзӣ ба 8208 гектар расонида шудааст (100,6%) ва аз он 6067  гектарро ғалладонагиҳо ташкил медиҳад. Дар ин давра, саршумори чорвои калони шохдор ба 24381 сар, моли майда ба 35930 сар, саршумори парранда ба 32741 сар, асп ба 2192 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан саршумори чорвои калони шохдор 473 сар, моли майда 1344 сар, парранда 1082 сар ва асп 30 сар зиёд гардидааст. Тибқи нақшаи корҳои кабудизоркунӣ, 125,0 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ, аз ҷумла  20,0 ҳазор бех гули садбарг, 5,0 ҳазор бех гули лола, 100,0 ҳазор бех дигар намуди гулҳо ва 20 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла 10,0 ҳазор бех дарахтони сояафкан, 6,0 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз ва 4,0 ҳазор бех дарахтони ороишӣ шинонида шуд. Дар ҳашт моҳи соли 2022 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 60 гектар боғҳои нав бунёд гардидааст.

Дар ҳашт моҳи соли 2022 13-ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ бо  пешниҳоди 1049  ҷой гузаронида шудааст. Барои пайдо кардани ҷойи кори доимӣ муроҷиати 690 нафар ба қайд гирифта шудааст ва аз ин шумора 328 нафар занро ташкил медиҳад. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 612 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар ин давра 160 нафар шаҳрванди бекори дарқайдбуда аз рӯи ихтисосҳои гуногун соҳиби шаҳодатнома гардидаанд. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 1637 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 147 сомонӣ, (110,0 %) зиёд мебошад.

Шумораи муҳоҷирон дар ҳашт моҳи соли 2022, 1516 нафарро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 844 нафар зиёд буда, аз он 55 нафарро зан ташкил медиҳад. Дар ин давра аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 18,8 млн  сомонӣ  ворид  гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,3 млн  сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 4552 нафар ва талаботи моҳонаи онҳо 1546,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 2477 нафар аз рӯи нафақаи пиронсолӣ, 457 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ, 166 нафар бесаробон, 3 нафар барои хизматҳои дарозмуддат мебошад. Шумораи нафақахӯрони нафақаи иҷтимоӣ ба 1449 нафар расидааст. Ба ҳисоби миёна ба як нафақахӯр дар як  моҳ 339 сомонӣ рост меояд. Нафақапулиҳои нафақагирон дар ҳашт моҳи соли 2022 пурра пардохт карда шудааст.

Дар 57 муассисаҳои таълимии ноҳия 12 ҳазору 476 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 938 омӯзгор ва аз ин 269 нафар зан, таълим медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 614 нафар бо маълумоти олӣ, 324 нафар бо маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият мекунанд. Заминаи модии техникӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи коммуникатсионӣ зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст. Вобаста ба соли таҳсили 2021-2022 муассисаҳои таълимии ноҳия 98 фоиз ба китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ, таъмин гардиданд. Барои таъмин хонандагон ба либоси ягонаи мактабӣ тибқи нақша бо сехҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия, барои дӯхти 6177 ҷуфт либоси мактабӣ шартнома баста шуда, то имрӯз оғози соли таҳсили 2022-2023 пурра таъмин карда шудааст. Тули 14 сол аст танҳо шогирдони Воҳид Тешаев, устоди фанни тарих ва ҳуқуқи МТМУ №3,  16 медал  дар сатҳи ҷумҳурӣ ба даст овардаанд, ки аз ин 6 ададаш медали тилло, 7 ададаш медали нуқра ва 3 ададаш медали биринҷӣ аст. Инҳо танҳо аз синфҳои болоӣ ҳатмкунандагони синфҳои 11 ҳастанд. Ғайр аз 16 медали умумии синфҳои болоӣ 4 медали дигари хонандагони аз синфи 6 то 9 мебошад, ки инҳо низ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳастанд.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 56 нафар духтур бо маълумоти олӣ ва 314 нафар бо маълумоти миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Дар ҳашт моҳи соли 2022 ба 1846 нафар эҳтиёҷмандон бо маблағи 84,5 ҳазор сомонӣ хизматрасонии тиббии ройгон расонида шудааст. Дар ҳашт моҳи соли 2022, дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия 20 бемории сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор дорад.

Шумораи  умумии занҳо дар ноҳия  29684 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 22 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз  ҷумла 10 нафар вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 27 нафар вакилони ҷамоатҳо, 16 нафар хизматчии давлатӣ, 274 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ  машғуланд.

Дар ноҳия 35 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 гулгашти “Ҷавонон”, 1 хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 15 китобхонаи деҳотӣ, 1 мактаби мусиқии бачагона, 2 адад амфитеатр, 1 осорхона, 1 мамнунгоҳ, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 1 осорхонаи таърихии мақоми ҷумҳуриявидоштаи ба номи “Восеъ” ва 2 осорхонаи шахсӣ ба номи Ҳабибулло Файзулло ва ба номи Ҷурабек Назрӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ мерасонанд. Теъдоди фонди китобҳо дар ноҳия 61,5 ҳазор  нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 30,0 ҳазор нусха китоб бо  забони давлатӣ, 31,3 ҳазору нусха китоб бо забони русӣ ва 200-нусха бо дигар забонҳо мавҷуд мебошад.

Шумораи  ҷавонон дар ноҳия 21,8 ҳазор нафар буда, аз ин 10,7 ҳазор нафар ҷавонписар ва 11,1 ҳазор нафар ҷавондухтар мебошад. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ ба 68 адад, толорҳои варзишӣ ба 11 адад ва ҳавзҳои шиноварӣ ба 3 адад расонида шуда, бо асбобу анҷомҳои варзишӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ  гардиданд.

Баҳри амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2019-2022 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг корҳои назаррасро ба анҷом расонида, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони меҳмонхона ва хостелҳо, осорхонаҳо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ барои ташриф овардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ноҳия зиёда аз 60 ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ мавҷуд буда, айни ҳол барои буду боши сайёҳон шароитҳои хуби истироҳатию фароғатӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯзҳо 6 меҳмонхона, 2 осорхона, 2 тарабхона, 10 мавзеҳои таърихӣ, 8 чойхона, 2 хизматрасонии бонкӣ, 10 гестхоус-хомстелҳо (меҳмонхонаҳои хонагӣ), 8 нуқтаи дастшӯии сарироҳӣ, 2 мағозаи армуғон, 3 зиёратгоҳҳо, 1 боғи фарҳанг, 2 амфитеатр, 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 2 варзишгоҳ, 1 харитаи сайёҳӣ, 3 хатсайри сайёҳон, ва 2 ширкати сайёҳӣ бо пуррагӣ омодаи қабули меҳмонон мебошанд. Теъдоди сайёҳон дар ҳашт моҳи соли 2022, ба 11,3 ҳазор нафар расидааст.

Дар ноҳия 6 комиссияи доимамалкунанда ва 29 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 қонуншиканиҳо пешгирӣ ва 1 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Фаъолияти 3 масҷидҳои ҷомеъ ва 54 масҷидҳои панҷвақта дар доираи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ” ба роҳ монда шуда, дар назорати сохтору мақомоти марбута қарор доранд. Аз ноҳия, таълими ғайриқонунии диннии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Соли ҷорӣ дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 марти соли 2022, таҳти № 89 Барномаи рушди корҳои ободониву бунёдкориҳо дар ноҳия барои давраи солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид, ки сохтмони 202 адад иншоотҳои таъйиноти гуногунро дар бар   мегирад. Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия ривоҷи тоза дошта, сохтмони бинои таълимии Коллеҷи хусусии тиббӣ дар маркази ноҳия,  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Сафедшаҳраки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва сехи истеҳсоли макарон дар маҳаллаи навбунёди Тутаки ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Зимни сафари Пешвои миллат аз тарафи ҳайати ҳамроҳон бинои таълимии мактабҳо дар деҳаи Бағлисой ва Буғдояки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, Мактаби санъати бачагонаи ноҳия, Маркази хизматрасонӣ ва савдо дар ҷамоати шаҳраки Ховалинг ба истифода дода шуда,  дар арафаи ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 2,6 км роҳи мумфарш дар деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, ошхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Зардакӣ ва китобхонаи деҳотӣ дар деҳаи Даҳани шоли ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ифтитоҳ гардиданд. – мегӯяд, Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло, Раиси ноҳияи Ховалинг.

Дар ҳамин замина, сохтмони иншоотҳои Беморхонаи марказӣ, Қасри фарҳанг, бинои маъмуриии шӯъбаи Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа, як адад бинои ҷамоати деҳот ва 8 адад марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома дошта, ба сохтмони хати ташноби маркази ноҳия оғоз бахшида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ самаранок истифода менамояд.

Билоли Шамс, МТЖТ, ноҳияи Ховалинг

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь