35 солагии Соҳибистиқлолӣ

Ховалинг бо табиати нотакрору биҳиштосои худ ҳанӯз аз даврони қадим то ба имрӯз арзи ҳастӣ дошту дорад ва сарзамини тоҷиконро муаррифӣ мекарду мекунад. Ҳамчунин, сарзамини шоирхез ва шахсиятҳои бузурге муарифӣ мешавад. Ин сарзамин як гӯшаи хушобу ҳаво ва зебоманзару бостонии Хатлонзамин буда, бо ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ, Кӯлоб, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Нуробод ва Сангвор ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди ноҳия дар замонҳои қадим, бахусус дар асрҳои миёна бо номи музофоти Мунк ва ё Шаҳри Мунк шуҳрат дошт. Вожаи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ аз асрҳои 16 – 17 инҷониб вомехӯрад. Ховалинг шакли вайроншудаи калимаи Хвараминга (Хварамунга) буда, ба маънои қисми шарқии Шаҳри Мунк «Шаҳри Офтобрӯя» (шаҳре дар Шарқ) аст ва ин шаҳр ҳоло дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи Оби Мазор, дар таҳҷои ҳозирааш доман густурдааст. Аз рӯи тадқиқотҳои олимони бостоншинос минтақаи Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ маҳсуб буда, аз он шоҳроҳи абрешим мегузаштааст.

Ноҳияи Ховалинг 23 ноябри соли 1930 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 6-июни соли 1958 аввал дар ҳайати ноҳияи Восеъ ва минбаъд дар ҳайати ноҳияи Кӯлоб арзи ҳастӣ намудааст. Моҳи апрели соли 1983 ноҳияи Ховалинг бо ҳудуди марзиву маъмурии муайян аз нав эҳё гардид. Маркази ноҳия дар таҳҷои шаҳри қадимаи Мунк, ки тақрибан дар асрҳои 9-12 ва аз ин пеш арзи вуҷуд дошт, доман густурдааст.

Дар ноҳия як ҷамоати шаҳрак ва чор ҷамоатҳои деҳот мавҷуд буда, шумораи аҳолӣ ба 1- январи соли 2024, 60,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҷамъи заминҳои ноҳия 173784 га буда, ба ҳар як нафар сокини ноҳия 2,78 га рост меояд. Аз ҷумла, заминҳои корам дар ноҳия 6435 га-ро ташкил медиҳад, ки аз он корами обӣ 2658 га аст ва ба ҳар нафар сокини ноҳия 0,04 га рост меояд. Пешравии ҳар як мавзеъ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии он вобастагии калон дорад. Дар ноҳияи Ховалинг низ ба рушди иқтисодии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 116,4 фоиз иҷро гардид, яъне ба ҷойи 18,8 млн сомонӣ 49,6 млн сомонӣ ба буҷети ноҳия ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7,0 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоят ба буҷети ноҳия 13,6 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардид, ки нисбати нақша 100 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 55,7 млн сомонӣ иҷро гардид. Дар соли ҷорӣ 56235,1 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, 55719,1 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар соли ҷорӣ, аз тарафи Филиали бонкҳои дар ноҳия амалкунанда ба соҳаи кишоварзӣ 6,5 млн сомонӣ, соҳибкорӣ ва сохтмон 7,5 млн сомонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва истеъмолӣ 11,5 млн сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 25,5 млн сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар қайди нозироти андози ноҳия 2995 соҳибкор ба қайд гирифта шуда, аз он 355 нафар ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ, 111 нафар тибқи шаҳодатнома, 69 нафар тибқи патент, 213 нафар тариқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 2247 ҳамчун хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5,0 млн доллари ИМА амалӣ шуда истода, маблағи азхудкардашуда 4,1млн доллари америкоӣ ё 82 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла маблағҳои грантии Бонки Ислимии Рушд дар ҳаҷми 2,1 млн доллари америкоӣ сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия идома дорад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2021-2025 198 лоиҳаро ба маблағи 575,2 млн сомонӣ дар бар гирифта, то охири соли 2023 103 лоиҳа ба маблағи 190,2 млн сомонӣ ба иҷро расидааст.

Саноат ва энергетика

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 372386,2 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34283,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 110,1 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ноҳия фаъолияти 5 адад корхонаҳои саноатӣ қатъ гардидааст. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдулазиз”, “Союз Зар”, “Гули Мурод”, “Исроил-2011” ва “Сиккаи Кангуртӣ”. Ҳаҷми истеҳсоли орд ба 4589,1 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 341,5 тонна расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 102761,3 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти нерӯи барқ ба 33,9 фоиз баробар аст. Дар давраи ҳисоботӣ талафоти нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 3,0% кам гардида, қарзи умумии истифодаи қувваи барқ ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 22496,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3985,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 67870,0 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 26465,1 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 22498,4 ҳазор сомонӣ ё 85 фоизро ташкил дод, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 4655,3 ҳазор сомонӣ ё 96,2 фоиз.

Сохтмон, нақлиёт ва алоқа

Сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон дар соли равон 39744,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13018,7 ҳазор сомонӣ зиёд (148.7%) мебошад. Корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 33891,5 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11705,1 ҳазор сомонӣ зиёд (152,8%) мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 11027,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 100 фоизро ташкил медиҳад. Дар масоҳати 5872 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ мавриди  истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки 101,1 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 226,4 км роҳҳо мавҷуд мебошад, ки аз ин 110,7 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 115,7 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ 380,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷетӣ ҷумҳуриявӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 335,5 ҳазор сомонӣ ҷудо ва мақсаднок харҷ карда шудааст. Аз ҷумла, дар 58,0 километр таъмири асосӣ ва 45,5 километр таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 13 пул ва 5 қубури зери роҳ таъмир карда шудааст. Бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия 11,5 километр таъмири асосӣ, 3 километр таъмири ҷорӣ, 3,5 километр сангфарш гардида, 3 пул таъмир карда шудааст, ки дар маҷмӯъ 2 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ ба 455,1 ҳазор тонна (126,4%), гардиши боркашонӣ ба 21829,1 ҳазор тонна/км (125,8%), мусофиркашонӣ ба 850,5 ҳазор нафар (112,8%), гардиши мусофиркашонӣ ба 25300,0 ҳазор нафар/км (118,8%) баробар гардид.

Кишоварзӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия, ба 351,2 млн сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 млн сомонӣ зиёд таъмин гардидааст. Соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 8,2 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра, саршумори чорвои калон 27823 сар, аз ҷумла модагов 11217 сар, гӯсфанду буз 41837, парранда 33969 сар ва асп ба 2227 сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 1567 сар, аз ҷумла модагов 682 сар, гӯсфанду буз 3592 сар, паранда 1290 сар, ва асп 49 сар зиёд гардидааст. Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 12178 тонна, картошка 8059,9 тонна, сабзавот 6694,7 тонна, полизӣ 706,1 тонна, мева 9570 тонна, ангур 170 тонна, гӯшт 1840,8 тонна, шир 7782,1 тонна, тухм 1 млн 496,1 ҳазор дона, пашм 40,9 тонна, пилла 0,8 тонна, асал 75,5 тонна ва моҳӣ 2 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022 ғалладонагиҳо 85,7 фоиз, картошка 84,4 фоиз, сабзавот 103 фоиз, полизӣ 101,2 фоиз, мева 108,7 фоиз, ангур 66,1 фоиз, гӯшт 119,9 фоиз, шир 106 фоиз, тухм 106,9 фоиз, пашм 104,8 фоиз, асал 101,3 фоиз ва моҳӣ 100 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2023 аз ноҳия 1114 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 101 фоизро ташкил медиҳад.

Маориф ва илм

Дар 54 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 12,8 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 884 омӯзгор, аз ин 371 нафар занон таълим медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 559 нафар бо маълумоти олӣ, 313 нафар бо маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус фаъолият мекунанд. Инчунин дар ноҳия 1 муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ», 1 Коллеҷи хусусии тиббӣ ва 1 муассисаи томактабӣ мавҷуд мебошад. Тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли 2023 аз 689 хатмкунандагон 466 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ дохил шуданд. Дар соли 2023 ба рафти олимпиадаҳои фаннӣ хонандагон дар даври ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ  фаъолона иштирок намуда, 69-нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз ин шумора 8- нафар сазовори медали тилло, 18-нафар медали нуқра, 21-нафар медали биринҷӣ ва 24 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 669 компютер, 51 тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо, 132 принтер ва 11 адад генератори барқӣ таъмин мебошанд.

Тандурустӣ ва кор бо занон

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 57 нафар духтур бо маълумоти олӣ ва 328 нафар бо маълумоти миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Дар соли ҷорӣ ба 1028 нафар эҳтиёҷмандон бо маблағи 151,1 ҳазор сомонӣ хизматрасонии тиббии ройгон расонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи тандурустӣ ба 243,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Дар соли ҷорӣ  ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия 45 бемории сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор дорад. Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ 29 нафар, аз онҳо 14 нафар нашъаманд ва 15 нафар майзада мебошад.

Саҳми занон дар рушду пешрафт ва корҳои ободониву бунёдкории ноҳия назаррас буда, аз 29,4 ҳазор нафар занон 28 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 10 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 27 нафар вакилони ҷамоатҳо, 594 нафар дар соҳаи маориф, 285 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 3 нафар дар соҳаи бонкӣ, 54 нафар дар соҳаи фарҳанг, 1450 нафар дар соҳаи кишоварзӣ ва 20 нафар ба ҳайси хизматчии давлатӣ фаъолият намуда, 278 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ  машғуланд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҷавонон дар ноҳия 21,8 ҳазор нафар, аз ин 11,1 ҳазор нафарашон ҷавондухтар мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия 1-маҷмааи варзишӣ, 75 майдончаи варзишӣ, 11 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 1 варзишгоҳ фаъолият дошта, бо асбобу анҷомҳои варзишӣ ҷиҳозонида  шудаанд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 5 медали тилло, 5 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ соҳиби 16 медал гаштаанд. Вобаста ба самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар ҳамбастагӣ бо шӯъбаву бахш ва сохторҳои марбутаи ноҳия 5 чорабиниҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ, 3 озмуни Ватанпарвар, 7 чорабиниҳои фарҳангӣ ва 24 адад аксияҳои иттиллотӣ, аз рӯи нақшаҳои хонишҳои сиёсӣ 132 сӯҳбату вохӯриҳо бо иштироки ҷавонон ва волидайни онҳо гузаронида шудааст.

Бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии табобатию экологӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳии ноҳия сомонаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи «Туризми Ховалинг» фаъол гардонида шудааст. Дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ, 6 меҳмонхона, 4 мавзеъҳои сайёҳӣ, 2 тарабхона, 4 осорхона, 9 чойхона, 10 меҳмонхонаи муваққатӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 2 харитаи сайёҳӣ, 60 ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва 3 хатсайр мавҷуд буда, мавриди хизматрасонии сайёҳону меҳмонон қарор дорад. Теъдоди сайёҳони дохилию хориҷии ба ноҳия ташриф оварда 60687 нафарро ташкил дод, ки аз ин 60213 нафар сайёҳони дохилӣ ва 474 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2022 324 нафар зиёд аст.

Оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

– Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Барномаи рушди корҳои ободониву бунёдкориҳо дар ноҳия барои давраи солҳои 2022-2026 таъмиру бунёди 211 иншоот (соли 2023 40 иншоот) ба нақша гирифта шуда, 74 иншоот ё 172 фоиз нисбат ба нақшаи соли 2023 ба истифода дода шуданд ва дар 26 иншоотҳо кор бо маром идома дорад. Бояд зикр кард, ки санаи 20 июни соли ҷорӣ бинои Маркази ташхису табобат, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулотҳои қаннодӣ ва мевахушккунӣ, биноҳои Комиссариати ҳарбӣ ва Осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ дар маркази ноҳия бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, бинои ҷамоати деҳоти Шугнов ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №50, бозорчаи афсонавӣ дар деҳаи Шехмизони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, ошхона ва хобгоҳи донишҷӯён дар назди Коллеҷи тиббии хусусӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду ҷашнҳо иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Таги ҷар, Боғча, ду адад толори варзишии болопӯшида дар деҳаҳои Ҷомбахт ва Чуқураки ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ҷамоати шаҳрак, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Дусқулии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо, филиали Қисми 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия дар ҷамоати деҳоти Шугнов ва дигарҳо бо тантана кушода шуданд. – мегӯяд, Набизода Фаррухиддин Амурдин иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ховалинг.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия барои беҳтар гардонидани шароити зисти аҳолӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 3,2 км роҳҳои маҳаллӣ сангфарш ва дар 14 нуқта кандани ҷоҳҳои хурди амудӣ барои дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ амалӣ карда шуд. Дар ҳамин замина, сохтмони иншоотҳои Беморхонаи марказӣ, бозори марказии ноҳия, Қасри фарҳанг, бинои маъмурии шӯъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №17, бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Шугнов, бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия, 8 адад марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо маром идома доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри сазовору арзанда таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Билоли Шамс,

МТЖТ, ноҳияи Ховалинг

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь