Тибқи иттилои расмӣ дар соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 6 млну 74 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 363,9 ҳазор тонна ё 6,4 % зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми боркашонӣ ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млну 80 ҳазор тонна ё (34,3%) рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 155,1 ҳазор тонна зиёд, ба минтақаи Суғд 3 млну 317 ҳазор тонна ё (54,6%) рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 47,9 ҳазор тонна кам, ба минтақаи Хатлон 676,7 ҳазор тонна ё (11,1 %) рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 256,7 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Содироти молҳои хоҷагии халқ 1 млну 32 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 242,8 ҳазор тонна зиёд буда, сабаби он асосан дар зиёдшавии содироти пахта 19831 тонна, маъдани ранга 110861 тонна, семент 119683 тонна, оҳанпора 24423 тонна ва маводҳои сохтмонӣ 11585 тонна нисбат ба соли гузашта мебошад.

Аммо нисбат ба соли гузашта содироти маҳсулоти зудвайроншаванда 14359 тонна, меваҳои хушк 14948 тонна, оҳани сиёҳ 1779 тонна ва алюмин 7774 тонна кам шуд.

Воридоти молҳои хоҷагии халқ 4 млну 444 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 85,5 ҳазор тонна кам буда, сабаби он асосан дар камшавии воридоти равғанҳои молиданӣ 658 тонна, гази моеъ 44041 тонна, сӯзишвории дизелӣ 10755 тонна, ғалла 21874 тонна, кокс 4462 тонна, маводҳои ба оташ тобовар (огнеупоры) 6145 тонна, маҳсулоти хӯрока 2210 тонна, маҳсулоти ниёзи аввали мардум 14142 тонна, мошину таҷҳизотҳо 3240 тонна, чӯбу тахта 12981 тонна, маводҳои сохтмонӣ 25639 тонна, шакар 20643 тонна, нуриҳои минералӣ 19061 тонна, кунҷора 21795 тонна ва борҳо дар контейнерҳо 29859 тонна нисбат ба соли гузашта мебошад.

Аммо воридоти бензин 17559 тонна, битум 1154 тонна, сӯзишвории реактивӣ 39641 тонна, мазут 55 тонна, оҳани сиёҳ 26107 тонна, орд 13439 тонна, гилхок (глинозём) 14858 тонна, маҳсулоти филизӣ 19428 тонна, эму хошоки омехта 3261 тонна, автомобил 2372 тонна ва маводи кимиёвӣ ва сода 11933 тонна нисбат ба соли гузашта зиёд шуд.

Дар ин давра воридот нисбат ба содирот 3 млну 412 ҳазор тонна ё 4,3 маротиба зиёд мебошад.

Роҳи оҳани Тоҷикистон мутобиқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазам сабукиҳо медиҳад.

Масалан, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30% то 90% сабукӣ пешниҳод кардааст. Дар баробари ин, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва воридоти маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои интиқоли ҳамаи борҳо коэффитсиентҳои баландкунанда бекор карда шуд ва барои интиқоли ҳамаи намуди борҳо ба/аз истгоҳи Амузанг ва ба/аз истгоҳи Қудуқли бо ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 35% то 60% сабукӣ пешниҳод карда шуд.

Баҳри иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба солимгардонии вазъи молиявӣ – техникии Ширкати «Алюминии Тоҷик» барои кашонидани алюминий 60% ва барои гилхок 10% сабукӣ пешниҳод карда шуд. Инчунин барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг бо вагони сементбар 50% ва бо вагони болопӯш 40%, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз ҳамаи истгоҳҳои Хатлон то истгоҳи Амузанг 80%, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Қудуқлӣ бо нимвагон 30% ва вагони сементбар 50% барои кашонидани клинкер аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Ҷ. Балхӣ бо нимвагон 65% сабукиҳо пешниҳод карда шуд.

Ҷиҳати ҷалби соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ барои борҳои аз ба минтақаи Хатлон бо воситаи гузаргоҳи Амузанг интиқолшаванда, чунин сабукиҳо пешниҳод кард:

– ба маҳсулоти сӯзишвори 40%

– дигар намуди борҳо 30%

Инчунин барои ворид намудани орду гандуми Ҷумҳурии Қазоқистон 50% ва барои содир намудани пиёз 90% сабукӣ пешниҳод карда шуд.

Дар минтақаи Суғд бошад, барои содир намудани бор аз ҳамаи истгоҳҳо ба самти истгоҳи Истиқлол 20%, аз истгоҳи Хуҷанд ба самти истгоҳи Бекобод 30% ва аз истгоҳҳои Спитамен, Ҷ.Расулов ба самти истгоҳи Бекобод 40% ва барои кашонидани қуми кварсӣ аз истгоҳи Ҷ. Расулов ба самти истгоҳи Истиқлол 65% сабукиҳо пешниҳод гардидааст. Инчунин барои содир намудани меваи хушк аз истгоҳи Исфара ба самти истгоҳи Бекобод 30% ва аз истгоҳҳои Хуҷанд, Спитамен, Ҷ. Расулов ба самти истгоҳи Бекобод 20% сабукӣ пешниҳод шудааст.

Барои кашонидани ангиштсанг аз истгоҳи Душанбе-2 то истоҳи Қудуқлӣ 40 % сабукӣ пешниҳод шудааст.

Маҳсулоти кишоварзии содиршуда аз вилояти Суғд 70905 тонна ва аз вилояти Хатлон 3825 тонна мебошад.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати содироти пиёзи барвақтӣ аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”- ситоди корӣ таъсис гардида, тавассути истгоҳҳои роҳи оҳани Хатлон 63 вагон пиёз содир гардид.

Дар ин давра 55005 тонна бехпиёз, 615 тонна карам, 1080 тонна сабзӣ, 68 тонна ситрусиҳо ва 17962 тонна меваи хушк содир шуд.

Гардиши бор 270,8 млн ткм нетторо ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 17,6 млн ткм нетто ё 6,9% зиёд мебошад.

Бекористии вагонҳо таҳти як амали боркунӣ ва борфурорӣ 22,9 соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,4 соат зиёд мебошад. Сабаб дар зиёд шудани ҳаҷми боркашонӣ мебошад.

Барои истифодабарии вагонҳои дигар ҷумҳуриҳо дар давраи ҳисоботӣ мо 465 ҳазор франки швейтсарӣ пардохта, барои истифодабарии вагонҳои худӣ 4 млну 48 ҳазор франки швейтсарӣ даромад гирифтем.

Дар пойгоҳи вагонҳои боркаши Душанбе 66 вагони боркаш, дар пойгоҳи вагонҳои боркаши Леваканд 32 вагони боркаш ва дар Коргоҳи таъмири қатораҳо 85 вагони боркаш аз таъмири асосӣ (капиталӣ) бароварда шуд.

Инчунин дар пойгоҳи вагонҳои боркаши Душанбе 259 вагони боркаш, дар пойгоҳи вагонҳои боркаши Леваканд 152 вагони боркаш ва дар Коргоҳи таъмири қатораҳо 570 вагони боркаш аз таъмири пойгоҳ бароварда шуд.

Мусофирбарӣ 456,2 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба  соли гузашта 12,4 ҳазор нафар ё 2,8% зиёд мебошад.

Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мулоқоту гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев аз 20 июни соли 2022 ҳаракати поездҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе оғоз гардид, ки ин тадбир ба рушди сайёҳии минтақавӣ мусоидат карда истодааст.

Бояд қайд кард, ки гардиши хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти Россия бо мақсади пешгирӣ  намудани сирояти нави COVID-19 (коронавирус) аз 17 марти соли 2020 то моҳи августи соли 2022 қатъ гардида буд. Барои барқарор кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбарӣ, Роҳи оҳани Тоҷикистон бо маъмуриятҳои  роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ корбарӣ намуда, аз 16 августи соли 2022 гардиши хатсайри байналмилалии Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб, аз 27 августи соли 2022 гардиши хатсайри байналмилалии Душанбе-Волгоград-Душанбе ва аз 7 сентябри соли 2022 гардиши хатсайри байналмилалии Хуҷанд-Волгоград-Хуҷандро ба роҳ монд.

Дар поезди мусофирбарии Душанбе – Кӯлоб нархи роҳкиро бо 60 % сабукӣ муқаррар карда шудааст.

Гардиши мусофир 21,3 млн мусофир-км-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,7 млн мусофир-км ё 3,4% зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ барои баландбардории сатҳу сифати хизматрасонӣ дар КВ «Мусофирбарӣ”- 4 вагони мусофирбар аз таъмири асосӣ (капиталӣ) ва дар Коргоҳи таъмири қатораҳо 13 вагони мусофирбар ва дар КВ «Мусофирбарӣ» 81 вагони мусофирбар аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуд.

Дар заводи шпалбарорӣ 510 дона шпали оҳану бетонӣ ба маблағи 141166 сомонӣ, 200 дона хишти бетонӣ ба маблағи 1000 сомонӣ, 458,5 м3 брусчатка ба маблағи 50435 сомонӣ, 6 дона тахтасанги роҳи пиёдагард ба маблағи 456 сомонӣ, 32 дона сангҳои соҳилмустаҳкамкуни ба маблағӣ 61972 сомонӣ, 8 дона симчӯб ба маблағи 8597 сомонӣ, 49 дона даври чоҳ ба маблағи 7350 сомонӣ, 183 дона пояи аломати км ба маблағи 53216 сомонӣ, 370 дона аломати пикетб ба маблағи 49859 сомонӣ, 711 дона розетка барои аломатҳо ба маблағи 55858 сомонӣ истеҳсол карда шуд.

Корҳои сохтмони асосӣ (капиталӣ) бо қувваи корхонаҳои зертобеи роҳ ва ширкатҳои ватанӣ ба маблағи 43,01 млн сомонӣ иҷро шуданд.

Ба маблағи 53 млну 680 ҳазор сомонӣ андозҳои гуногун пардохта шуд.

Аз буҷет ва музди меҳнат қарздор нестем!

Роҳи оҳани Тоҷикистон амру супоришҳои Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт ва бо масъулияти том иҷро менамояд.

Бо мақсади  иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-467 аз 12 январи соли 2008 ба муносибати Иди байналмилалии Навруз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар боғи марказии фарҳангиву фароғатии роҳиоҳанчиён бо иштироки тамоми кормандони корхона ва муассисаҳои роҳ аз рӯи барномаи таҳиягардида намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, нону шириниҳо, таомҳои миллии наврӯзӣ, чорабиниҳои варзишӣ ташкил намуда, дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ  ва зиддиэпидемӣ гузаронида шуд.

Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз, Иди саиди Фитр, Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи Дониш ва Соли нави мелодӣ ба мактаб-интернати ятимони Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017. №АП-983 ба зиммаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вогузор шудааст, ба маблағи 254140 сомонӣ сару либоси мактабӣ, маҳсулоти хӯрока ва туҳфаҳои солинавӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Инчунин ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб ба маблағи 32300 сомонӣ маводи ғизоӣ ва 3 адад аробачаи маъюбӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва вазъи амалии кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соли 2022 таъкид намудан зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои талаботи қонуни болозикр вобаста ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шунидани арзу ниёзҳои онҳо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамеша сари вақт  чораҷӯӣ менамояд.

Ҳамзамон бо ин, барои баланд бардоштани масъулияти ташкили кор оид ба баррасии холисонаву ҳаматарафаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар минтақаҳои Душанбегӣ ва Хатлонию Суғдии роҳ низ бобати иҷрои пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешида мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки масъалаи вазъи феълии корҳо бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пайваста дар ҷаласаи васеи корхона бо даъвати роҳбарони корхонаҳои тобеъ аз ҳамаи минтақаҳои роҳи оҳан ҳамчун масъалаи алоҳидаи рӯзнома муҳокима гардида, дар ин бобат қарори дахлдори ҳайати мушовара ба тасвиб расонида мешавад.

Дар соли 2022 ба Раёсати роҳ дар маҷмӯъ 329 адад муроҷиатҳои хаттию даҳонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла 19 муроҷиати хаттию мобилӣ ва 310 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардида, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2017 №276 «Дар бораи тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шудаанд. Ягон муроҷиат, хоҳ шифоҳӣ бошад, хоҳ хаттӣ, беҷавоб гузошта нашудааст.

Оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот Роҳи оҳани Тоҷикистон барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулотҳои ватанӣ чунин корҳоро ба анҷом расонид. Дар Пойгоҳи вагонҳои боркаши Леваканд ва КФҶ «Коргоҳи таъмири қатораҳо» сехҳои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои вагонҳо, локомотивҳо, шпалҳои оҳану бетонӣ ва алоқаву хатти роҳ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 дар Пойгоҳи вагонҳои боркаши Леваканд барои корхонаҳои роҳ 216 дона болти м 12 бо андозаи 160 мм, 10 дона кувалда, 10 дона сандуқи оташхомушкунӣ, 25 дона болиштаки тормозӣ, 6 дона наличник, 2 дона дарвоза, 72 дона шпилка барои ҷуфтчархҳо, 220 дона нишона (бирка), 1551 дона пайвандаки релсӣ, 8 дона переходник накладка, 4 дона сектор, 10 дона лом, 2 дона зубил, 25 дона башмак (челнок), 40 дона аломат, 170 дона қабати резинӣ барои релси Р-43, 5000 дона шайбаи оҳанини ҳамвор ва 12 дона печкаи аловӣ коркард карда шудааст. Ҳамчунин дар КФҶ «Коргоҳи таъмири қатораҳо» 1500 дона ҳалқаи резинӣ, 670 дона болту 550 дона гайка, 3000 дона втулкаи резинӣ барои аробачаи вагон, 12 дона вагонеткаи шахтавӣ ВБ-2,5, 5 дона зарфи обтаъминкунӣ, 8 дона қубури дудбарор барои вагонҳои мусофирбар, 3500 дона қабати резинӣ барои ҷуфтчархҳои вагон ва 2400 дона ҷабҳаи резинӣ барои ҷуфтчархҳои вагон коркард карда шудааст.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №133 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023»  Роҳи оҳани Тоҷикистон фармоиши махсус «Дар бораи саривақт омода намудани воҳидҳои сохтории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» интишор шуда, ситоди корӣ таъсис ёфт ва нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд.

Айни замон дар тамоми корхонаву муассисаҳои роҳ мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бомаром идома дорад.

Ҳамаи истгоҳҳо асосан бо дизел-генераторҳо ва печкаҳои аловӣ таъмин карда шуданд. Дар корхонаҳои роҳ сӯзишвории дизелӣ 116,1 тонна, равғани дизелӣ 42,7 тонна ва ангишт 471 тонна захира карда шудааст.

Азназаргузаронии хатти барқи ҳавоии 0,4 кВ – 119,5 км ва 6-10 кВ – 1215 км ба анҷом расонида шуд.

Тафтиши техникии 119 дона трансформатори тамғаи ТМ ба итмом расонида шуда, 160 дона изолятори ШФ-10 иваз карда шуд.

Баҳри сарфа кардани хароҷоти қувваи барқ аз ҷониби Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” фармоиши № 04 аз 07.01.2021 “Дар бораи пайваст намудани корхонаҳои зертобеи роҳ ба шабақаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба имзо расонида шуда, аз ҷониби корхонаҳои зертобеъ дар ин самт корбарӣ шуда истодааст.

Дар ин давра бехатарии ҳаракати қатораҳо таъмин шуда бошад ҳам, лекин 7 ҳодисаи пахши одам ва 6 ҳодисаи бархӯрдан ба автомобил ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар назди Роҳи оҳани Тоҷикистон баъзе проблемаҳои муҳим истодаанд, ки ҳаллашон маблағи калонро талаб мекунад, аз ҷумла:

– навсозии парки локомотивҳо ва вагонҳои мусофирбару боркаш. Бояд қайд кард, ки аксарияти локомотиву вагонҳои боркашу мусофирбар муҳлати истифодабариашон ба охир расидааст ва куҳнаву валангор шудаанд. Айни замон аз 1976 вагони боркашӣ дар ихтиёри роҳ қарордошта мӯҳлати истифодабарии 670-тояш ба охир расида, то соли 2026-ум ҳамагӣ 1212 вагони коршоям боқӣ мемонад. Аз 42 локомотиви мавҷуда муҳлати истифодабарии 33-тояш ба охир расида, то соли 2026-ум ҳамагӣ 9 локомотиви коршоям боқӣ мемонад. Аз 399 вагони мусофирбари мавҷуда муҳлати истифодаи 307-тояш ба охир расида, то соли 2026-ум аз ин миқдор танҳо 41 вагон боқӣ мемонад, ки ҳаргиз талаботи мусофирбариро қонеъ карда наметавонад.

– соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Ишмасой, Ҳисор ва Қаратоғ;

– пардохти қарзи кредитии собиқ Дирексияи сохтмони хатти роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб дар назди Бонки миллӣ ба маблағи 77 млн сомонӣ, ки Роҳи оҳани Тоҷикистон дар асоси ҳалномаи судӣ ҳар моҳ 30 ҳазор  сомонӣ  қарзро  пардохт  карда   истодааст.  Бояд   қайд кард, ки тибқи   Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.2000, №78, қарзи мазкурро бояд Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда пардохт намояд. Лекин Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол пардохт накардааст ва Бонки миллӣ пардохти ин қарзро аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» талаб карда истодааст.

Дар соли 2023 дар назди Роҳи оҳани Тоҷикистон чунин вазифаву ӯҳдадориҳо қарор доранд:

– таъмини боркашонии барномаи содиротиву воридотии ҷумҳурӣ тавассути роҳи оҳан;

– таъмини мусофирбарӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон;

– ҷалби сармояи хориҷӣ барои азнавкунии парки локомотивҳо ва вагонҳои боркашу мусофирбар.

Албатта ба чунин дастовардҳо ва муваффақият ноил гардидани “Роҳи оҳани Тоҷикистон”- саҳми Президенти маҳбубамон беназир аст. Мо роҳиоҳанчиен таҳти сарварии чунин як шахсияти сулҳпарвару фарҳангдӯст, ки барои рушди Ватан ҷоннисориҳо мекунанд ва барои таъмини шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзанд, содиқона кору фаъолият ва азму талош менамоем.

Президенти азизу маҳбубамон – ифтихори мо аст ва хизмати содиқона ба Президенти муҳтарам ва Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобем.

ФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь