“Сагро маҷбурӣ ба шикор бурда намешавад!”

Мо бисёр ҷавонони босавод дорем, ки мехоҳанд, пайваста аз пайи омӯзиш шуда, мутахассиси хуб гарданд ва ба Ватани худ бо ворид кардани навгоние хизмат намоянд. Вале ҳастанд дар ин миён тоифае, ки хондан намехонанд ва дар баробари ин, аз хизмати ҳарбӣ низ рӯ ба гурез мениҳанд. Ҳайронам, ки чаро Вазорати мудофиа то ҳол сари саркашии ҷавонон аз сафи артиш андеша ва хулосаи бикре надорад, роҳҳои ҳалли масъаларо ба таври бояду шояд ҷӯё намешавад? Ҳанӯз ҳам бо шунидани номи “Облава” ба бадани пиру ҷавон мурғак медавад.

Ҳанӯз ҳам дар мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз  гӯшаю канори кишварамон маъракаи “облава” карда, яъне ба мошин тиққонда ба аскарӣ бурдани ҷавонон мушоҳида мешавад, ки бо дидану шунидани ин ҳодиса, дар дили ҷавонон ба ҷои муҳаббат ба хизмати Модар-Ватан тарсу бим пайдо мешавад. Миёни мардум мақоле ҳаст: «Сагро маҷбурӣ ба шикор бурда намешавад», ки ин маънои  хеле васеъ дорад. Чунки вақте ҷавононро бидуни майлу хоҳиши худ ба хизмат мебаранд, аз ин гуна аскарон нафъе нест, зеро мафкураи онон барои хизмати содиқонаву ошиқона ба Ватан на майлу рағбате ҳаст, на онҳо ба ин омода ҳастанд.

Хизмати алтернативӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз нав қабул гардид. Бо ин тархи конуни навъ шахс метавонад 25 ҳазору 200 сомонӣ супорида, як моҳ хизматро ба ҷо оварда, сохиби “Билети ҳарбӣ” шавад. Дар ин миён даъвати магистрантон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ ҷой дорад.

Ин намуди хизматро Вазорати мудофиа ҳамчун хизмати алтернативӣ маънидод кардааст. Ба андешаи коршиносон, асосан хизмати пулакӣ ин ҳанӯз хизмати алтернативӣ нест. Аммо ҳоло мардум низ инро хато фикр карда, “хизмати алтернативӣ” мегӯянд. Хизмати алтернативӣ хусусиятҳои худро дорад. Ба қавли ҳолдонҳо, вай ҳеч вақт набояд дар дохили қисмҳои ҳарбӣ гузарад.

Дар ин  баробар дар қонуни нави хизмати ҳарбӣ омадааст, ки бояд магистр, доктор, номзад ва устодони ҷавон аввал хизмати ҳарбиро кунанд. Ба фикри ман, ин навъи хизмати ҳарбӣ метавонад ҷавононро аз хондан ва аз илмандӯзӣ дур кунад.

Қонуни нав ҳуқуқ ба таҳсил ва меҳнатро маҳдуд мекунад!

Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур мо ба Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси Дафтари озоди шаҳрвандӣ муроҷиат намудем. Мавсуф назарашро дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ чунин баён кард:  – Барои он хизмати алтернативӣ мегӯянд, ки он бояд бар ивази хизмати ҳарбӣ гузаронида шавад. Яъне барои онҳое, ки дар муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаи пиронсолон, хонаи маъюбон ё дар почта кор мекунанд. Ё дар ягон корхонае, ки дар ноҳияҳои дурдаст асту шароиташ нисбатан вазнин аст ва ҷавонон онҷо ба кор намераванд ва аз ин ҷиҳат кормандаш низ кам аст. Дар он чо кор карда, хизматчӣ 20%-и маоши худро ба бучети мақомоти давлатӣ мегузаронад. Бо ин рох вазифаи худро дар назди ватан иҷро мекунанд, лекин бе хизмати ҳарбӣ. Инро мешавад ном, хизмати алтернативӣ!

Ғайр аз ин, ҳамон шахсоне ба хизмати алтернативӣ ҷалб карда мешаванд, ки қобилияти руҳан хизмат карданро надоранд. Охир, пӯшида нест, ҷавононе низ дар ҷомеа ҳастанд, ки ҷисман ба хизмати ҳарбӣ мувофиқанд, лек руҳан наметавонанд ба хизмати ҳарбӣ раванд. Барои он ки адои хизмати ҳарбӣ вазифаи мутахассисони баландсоҳа аст.

Асосан мо бояд як чиро донем, ки хизмати ҳарбӣ ин уҳдадории конститутсионии ҳар ҷавони ба балоғат расида мебошад ва Конститутсия баландтар аз ҳама қонунҳо меистад, аз ҷумла болотар аз “Қонун дар бораи маориф”. Ин аст, ки дар қонуни нави хизмати ҳарбӣ ҳам ба таври возеҳ гуфта шудааст, ки хизмати ҳарбӣ уҳдадори конститутсионист ва он дар асоси қонунгузорӣ ба роҳ монда мешавад.

Мантиқ ё зарураташ дар чист, ки назар ба илм дар байни ҷавонон хизмати ҳарбӣ болотар рафта истодааст? Мо, ки олимони ҷавони зиёд надорем, боз агар магистрантҳоро ба артиш даъват намоянд, албатта, номзадҳоро низ даъват мекунанд. Лек дар соҳаи илм нозукиҳо хаст. Масалан, ӯ бояд кори илмияшро анҷом диҳад. Бояд кори илмияш актуалӣ бошад ва дар вақташ иҷро карда шавад. Вақте ӯ тайи ним сол мавзуашро омӯхту кор кард, дар ин миён, варо ба аскарӣ даъват карданду як сол аз мавзуъ дур шуд, он кораш актуалӣ намешавад, моҳияташро гум мекунад.

Бинобар ҳамин, ман зидди онам, ки мутахассисони ҷавон, аз ҷумла, магистиранту номзадҳоеро, ки хонда истодаанд, аз илм дур карда, ба хизмати ҳарбӣ фиристанд. Ин ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба меҳнатро маҳдуд мекунад.

Хизмати пулакӣ муфид аст ё миёншикан?

Дар ҳамин ҳол, пас аз қабул шудани қонуни нави хизмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде байни корбарон ба вуҷуд омад. Баҳси мардум асосан сари гаронии  нарх – 25 ҳазору 200 сомонӣ буд. Норозигиҳо ҳам аз он буд, ки ин нарх барои мардуми оддӣ гаронӣ мекунад ва боз ҳам аскарӣ барои камбағалон боқӣ мемонад, фарзандони сарватмандону курсинишинон боз ҳам аз хизмати Модар-Ватан дар канор мемонанд.

Аз навиштаҳо ва баҳсҳои шаҳрвандон маълум мешавад, ки аксар ин навъи хизмати ҳарбиро хуш напазируфтаанд. Аммо ин намуди хизмати ҳарбиро Вазорати мудофиа муфид ва зарурӣ шуморида, бар ин назар аст, ки шахсони бо пул хизматнамуда аз шахсони дусола ё як сол (баъди мактаби олӣ) хизматкарда фарк мекунанд. Яъне наметавонанд дар ягон намуди сохторҳои давлатӣ кор кунанд. Иддаое, ки амалишавияшро вақт нишон хоҳад дод.

Хуб мешуд, муҳлати даъвати магистрантон ба таъхир гузошта мешуд

Ба муроҷиати мо дар мавриди қонуни нав дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, сардори Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсони Хушбахт чунин посух дод:

– Таври маълум, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз нав қабул гардид. Бояд зикр кард, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор уҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд.

Даъват ба хизмати ҳарбӣ дар мавсими тирамоҳу баҳор сурат мегирад ва иваз намудани омӯзгорони синни ба хизмати ҳарбӣ расида дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсусан дар деҳот ба омӯзгори дигар мушкилоти кадриро ба миён меорад. Зеро ҳангоми даъвати тирамоҳӣ соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ва дар даъвати баҳорӣ аттестатсияи хатми хонандагон оғоз мегардад.

Илова ба ин, дар сурати аз таҳсил дур шудани магистрантон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ то як андоза ба бунёди неруҳои зеҳнии кишвар халал ворид мегардад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, агар муҳлати даъвати магистрантон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ ба таъхир гузошта мешуд.

Таҳлили қонунгузории Иттиҳоди давлатҳои мустақил нишон медиҳад, ки  донишҷӯёне, ки дар  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳсил мекунанд, даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ  ба таъхир андохта шудааст.

Бо назардошти талаботи моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шудааст, вале дар меъёри зербандҳои 3 ва 4, моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» танҳо ба истиснои онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд ва омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор ба таъхир гузошта шудааст. Аммо омӯзгороне, ки таҳсилоти миёна ва олии касбии омӯзгорӣ доранд, дар вазифаи омӯзгорӣ муассисаиҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд ва магистрантон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Пас, аз инҷо маълум мешавад, ки дар қонуни нави даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳанӯз носуфтагиҳо ва нобаробариҳои иҷтимоӣ зиёданд, ки норозигии шаҳрвандонро ба бор овардааст. Ҳол онки қонун бояд барои ҳама – шоҳу гадо яксон амал кунад. Аз ин бармеояд, ки хизмати аскарӣ боз ҳам барои камбизоатон қарзи фарзандӣ боқӣ мемонад? Пулдор мехурад кабоб, бепул дуди кабоб?!

Хусрави Мурод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь