Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон як шаҳру шаш ноҳия барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошташон дар се моҳи соли 2021 маблағ ҷудо накарданд, ки ин  боиси иҷро нагардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 гардидааст.

Таваҷуҳи мақомот ба роҳҳо кам аст

– Тибқи қарори вижаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти №639, аз 2-юми декабри соли 2009, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст, аммо, мутаассифона, баъзе аз шаҳрдорон дар татбиқи амалии он рағбат нишон намедиҳанд. Биноан, ҳоло аз 1979,6 километр роҳҳои маҳаллӣ, фақат бештар аз 30 дарсади он барои рафтуомад мувофиқанд, – гуфт сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии  роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Бохтар Музаффар Холиқов.

Ӯ афзуд, ки бо гузашти се моҳи соли ҷорӣ шаҳру навоҳии Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қабодиён, Вахш ва Панҷи вилояти Хатлон аз буҷетҳои маҳаллӣ бо мақсади мавриди назар ҳанӯз ягон сомонӣ ихтисос надодаанд.

– Роҳҳои маҳаллии ин шаҳру ноҳияҳо ниҳоят хароб буда, ниёз ба таъмири ҷиддӣ доранд, – гуфт М.Холиқов ва афзуд, ки ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҳатто мактуби расмӣ ирсол кардаанд, вале бе натиҷа аст.

479 ҳазор сомонии шаш ноҳия

Манбаъ афзуд, ки аз буҷетҳои мақомоти маҳалии ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Дӯстӣ ва Хуросон 479 ҳазору 300 сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳали ихтисос дода шудаст, ки ин маблағи хеле кам аст. Аз буҷети ноҳияи Дӯстӣ 7 ҳазору 960 сомонӣ ва ноҳияи Хуросон 8 ҳазору 460 сомонӣ ҷудо карданд, ки нокифоя аст.

– Ин дар ҳолест, ки барои таъмири ассии як километр роҳ наздики 1 миллион сомонӣ лози аст, аз ин рӯ мақомоти маҳаллиро зурур аст, ки дар иҷрои қарори мазкур саҳлангорӣ накунанд, – хулоса кард М.Холиқов.

Ки ҳақиқатро мегӯяд?

Мутасаддиёни роҳҳои шаҳри Левакант ва Панҷ гуфтаҳои Музафар Холиқовро рад карда, қайд карданд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби  буҷети шаҳру ноҳияашон барои таъмири роҳҳо маблағ ҷудо карда шудаст.

Наҳтулло Олимов, роҳбари Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант, иттилоъ дод, ки аз аз ҳисоби буҷети шаҳр тибқи қарори 639-и Ҳукумати кишвар дар се моҳи соли 2021 зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, дар назар аст, ки боз аз  ин ҳисоб  барои таъмири роҳҳои маҳал 50 ҳазор сомонии дигар ҷудо карда шавад.

Ӯ гуфт ки дар шаҳри Левакант 50,5 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки аз онҳо 60 дарсадаш ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Талбӣ Мирзоев, роҳбари  Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ низ гуфт, ки дар се  моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби беҷети ноҳия барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ 15 ҳазор  сомонӣ ихтисос дода шудааст.

– Дар моҳи апрел бошад боз 15 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 30 ҳазор сомонӣ аз буҷети ноҳия тибқи қарори 639-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаст , – илова кард номбурда.

И шахси масъул афзуд, ки дар мувозинаи муассиса 239,1 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуданд, ки  50 дарсади онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Мактуб ҳаст, аммо натиҷа нест

– Ду  сол мешавад, ки  аз ҳисоби буҷети ноҳияи Вахш барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳалидошта ягон сомонӣ ҷудо карда намешавад, – бо нигаронӣ гуфт сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Раҷабалӣ Иззатулозода ва афзуд, ки танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 4 маротиба барои ҷудо кардани  маблағи таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №629, ки таъмири роҳҳои маҳалиро аз соли 2009 ба зимаи мақомоти маҳал гузоштааст, ба унвони раиси ноҳияи Вахш Қувватзода Қурбоналӣ мактуб ирсол кардаанд, аммо ҳеҷ ҷавобе нест.

Ӯ қайд кард, ҳамин тавр соли 2020 низ ҳар се моҳ пас  ба мақомот мактуб кардаанд, аммо ягон сомонӣ маблағ ҷудо нашудааст.

Ин шахси масъул  бо изҳори ташвиш афзуд, ки дар мувозинаи муассиса 169,4 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуданд, ки 70 дарсади онҳо ҳоли хароб дошта, ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Кай маблағ медиҳанд, номаълум

Абдуқодир Улфатов, сардори Раёсати молияи ноҳияи  Вахш, гуфт:

– Барои таъмири роҳҳои маҳаллии ноҳия дар “смета” маблағ пешбинӣ карда нашудаст, аммо кӯшиш мекунем, аз дигар ҳисоб, ё бо қарори раиси ноҳия ба қадри имкон барои таъмири роҳҳои маҳаллии ноҳия маблағ ҷудо кунем.

Аммо, кай маблағ ҷудо карда мешавад, ин масъули давлатӣ дақиқ нагуфт.

Нигаронии ронандгон

Бояд гуфт, ки вайронии ҷодаҳо аз ҳама зиёд ронандагони нақлиёти мусофиркашро нигарон кардааст. Беш аз даҳ нафаре, ки мо бо онҳо суҳбат доштем, аз он гила карданд, ки ҳама ронандаҳо бе каму кост андоз аз воситаҳои нақлиёташонро пардохт мекунанд, вале ин мисли муаммост, ки чаро он маблағҳо ба нигоҳдории роҳҳо сарф намешавад.

Суолест, ки аз мутасаддиён посухи сареъ мехоҳад.

 Нигаронии роҳҳо

Роҳҳову ҷодаҳоанд, ки моро аз ҷое ба ҷое мебаранд. Роҳҳои ҳамвору тахт моро ба куйи мурод бе осебу мушкил мерасонанд, аммо роҳхои хароб боиси ошуфтагиву озурдагии роҳравон мешавад. Агар роҳҳо ҳам забон медоштанд, шояд як субҳ, ё як шом, ба рӯйи мо одамон теғ мекашиданду мегуфтанд, ки мо низ ба ғамхорӣ ниёз дорем.

Далели харобиву валангор будани роҳҳои маҳаллиро коршиносон дар таъмир надидани онҳо дар 20-25  соли охир барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ нокифоя, ё дар баъзе мавридҳо тамоман ҷудо нашудани маблағ аз буҷетҳои шаҳру навоҳии вилоят, арзёбӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь