Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз навоҳие дар вилояти Хатлон буда, дар ҷанубу шарқи кишвари азиз Тоҷикистони биҳиштосо макон дорад. Масоҳати ноҳия 2380 км²-ро дарбар гирифта, дар баландии 2-2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Сарзамини кунунии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар садаҳои миёна бахше аз вилояти тарихии Хуталон буда, то замони шӯравӣ Терай ё Терайзамин хонда мешуд. Бархе номпажӯҳон маънии ин ҷойномро «сарзамини бодхез ва шамолӣ» донистаанд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар шимол бо ноҳияҳои Дарвозу Муъминобод, дар ғарб бо шаҳри Кӯлоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳамсоя аст. Дар қисмати шарқ бо навоҳии Хоҳон, Роғистон ва Шаҳри Бузурги Вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Ноҳияи мазкур 16-уми марти соли 1938 бо номи Шӯрообод дар бахше аз вилояти Кӯлоб таъсис ёфта буд ва 2-юми декабри соли 1992 бахше аз вилояти Хатлон гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №29, аз 2-юми феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО ҶТ № 204, аз 3-юми марти 2016, ноҳияи Шӯрообод ба номи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд. Маркази ноҳия шаҳраки Шӯробод мебошад, ки дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад. Аз Душанбе то маркази ноҳияи Ш. Шоҳин 220 км роҳ аст.

Мазори Ҳазрати Имом Аскар, Оромгоҳи Махсуми Мулло Бодурҷон, оромгоҳи Шайх Муҳаммадамони Валӣ аз ёдгориҳои таърихии ин сарзамин маҳсуб меёбанд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 7 ҷамоат- Шӯрообод, Дашти Ҷум, Доғистон, Нуриддин Маҳмудов, Лангардара, Сари чашма ва Чагам иборат мебошад

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарзамини сероб аст. Ҳамакнун дар ин ноҳия чандин барномаи иқтисодӣ , аз ҷумла, сохтмони корхонаи консервсозӣ, идораи фурӯши барқ, якчанд мактаб, хонаҳо барои зиёндидагон аз офатҳои табиӣ, лӯлакашии об барои деҳаҳои Себдара, Хайркорон, Навообод, Девдара, бунёди тарабхона ва бемористон дар маркази ноҳия ва чандин дармонгоҳ дар деҳаҳои дуру наздик, бунёди чандин фурӯшгоҳ, пул, роҳҳо, сохтмони масҷиди бузург дар маркази ноҳия, ҳамчунин, сохтмони бузургроҳи Шӯрообод ба Қалъаи Хумб ва меҳмонхонаи калон дар маркази ноҳия бо сармояи коркушоёни бумӣ ва буҷаи мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Бо мақсади огоҳии бештар аз вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Раиси ноҳияи мазкур Гулзода З. Ш. дар оғози суҳбат аз эҳтиром ва самимияти беандозаи мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи доимиашон ҷиҳати рушди ботадриҷи инфросохтори ноҳия сухан гуфт.

“Маҳз зери сиёсати хирадмандона ва ободкоронаи Ҷаноби Олӣ ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун ҳамсоли соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар як муддати кутоҳ ба куллӣ симои худро тағйир дода, дар ноҳия садҳо иншооти хурду бузурги маъмурию хизматрасонӣ, маишию фароғатӣ қомат афрохт ва инфросохтори ноҳия ба тадриҷ рушд намуда истодааст. Азнавсозии роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаи Хумб қитъаи Шӯрообод-Шоҳон ва Шамсиддин Шоҳин-Кӯлоб аз он иқдомҳои ободкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон-баровардани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, амалӣ гардонида шуданд”-иброз намуд раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода З.Ш.

Ба иттилои раис, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Иҷрои  буҷет

Гулзода З. қайд намуд, ки давоми нуҳ моҳи соли 2022 иҷрои нақшаи андоз дар ноҳия (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 134 фоиз таъмин гардида, ба буҷет маблағи 15 миллиону 584 ҳазору 736 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша ба маблағи 3 миллиону 956 ҳазору 450 сомонӣ зиёд мебошад.

-Иҷроиши пардохтҳои иҷтимоии буҷетӣ дар ин давра 6 миллиону 333 ҳазору 820 сомонӣ ё баробар ба 88 фоизи нақша ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2 миллиону 153 ҳазору 416 сомонӣ ё баробар ба 101 фоизи нақшаро ташкил дод. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия бошад,  дар давраи ҳисоботӣ 42 миллиону 406 ҳазору 19 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 41 миллиону 801 ҳазору 985 сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99 фоизи нақшаи аниқшуда мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ (субвенсия) ба буҷети ноҳия 31 миллиону 651 ҳазору 490 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра пардохт гардидааст ва қарздорӣ аз музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷетӣ вуҷуд надорад. Давоми нуҳ моҳи соли 2022 аз тарафи филиали фаъолияткунандаи «Амонатбонк» дар ноҳия ба мизоҷон ба маблағи зиёда аз 4 миллиону 549 ҳазору 845 сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудааст, ки 44 фоизи он ба рушди соҳаи кишоварзӣ, 34 фоиз ба соҳаи сохтмон ва 22 фоиз барои дигар эҳтиёҷот нигаронида шудаанд,- гуфт Гулзода З.Ш.

Сармоягузорӣ, бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорӣ

Тибқи иттило дар ноҳия шумораи соҳибкорони инфиродӣ то 1-уми октябри соли 2022-ум 2790 нафарро ташкил додааст, ки аз онҳо 66 нафар  тибқи шаҳодатнома ва 165 нафар тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 38 нафар бо патент ва 2521 хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Дар  маҷмӯъ дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорони болозикр ба буҷети ноҳия 633 ҳазору 168 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷети маҳаллӣ 4,7 фоизро ташкил додааст.

“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025”

Гулзода ҳамчунин, аз амалигардонии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025” ёдовар гардида, иброз дошт, ки барномаи мазкур ҷиҳати рушди устувори бештари иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Барномаи мазкур бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28 декабри соли 2020, №69 тасдиқ гардида, 124 лоиҳаро ба маблағи умумии наздик ба 361,8 миллион сомонӣ дарбар мегирад. Айни ҳол, аз шумораи умумии лоиҳаҳо 19 лоиҳа иҷро гардида, дар 24 лоиҳа корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Маблағи умумии азхудшуда 35 миллиону 572 ҳазор сомониро ташкил дода ба 15,3 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда баробар мебошад,-гуфт раиси ноҳия.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҳамсуҳбати мо дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимонро аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ меҳисобад. Гулзода З. гуфт, “дар ноҳия 1 муассисаи давлатии маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона фаъолият дорад, ки 20 нафар кормандони он ба 71 шахси маъюб ва яккаву танҳо хизмат мерасонад. Ашхоси мазкур аз нафақа, кӯмакпулиҳои яквақтаина ва дастгириҳои моддию пулӣ саривақт бархӯрдор мебошанд”.

Тибқи маълумот, ба ҳолати 1уми октябри соли ҷорӣ шумораи нафақагирон дар ноҳия 4390 нафар буда, талаботи маблағи нафақаи моҳонаи онҳо 1 миллиону 405 ҳазору 583 сомониро ташкил додааст, ки пурра пардохт карда шудааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ин давра 320 сомониро ташкил медиҳад. “Ҳамзамон қайд менамоям, ки айни ҳол дар ноҳия 1444 оила ҳамчун гирандагони кӯмаки унвони иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 990 нафарашон дар нуҳ моҳи соли 2022 ба қайд гирифта шудаанд. Маблағҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт равона гардида, то ин муддат 767 ҳазору 540 сомониро ташкил медиҳанд”,-гуфт Гулзода З. Ш.

Кишоварзӣ ва истифодаи замин

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Ш. Шоҳин  ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 316 миллиону 392 ҳазору 200 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 23 миллиону 406 ҳазору 100 сомонӣ ё 8,0 фоиз зиёд будааст. Дар нуҳ моҳи сипаригардида дар соҳаи растанипарварӣ дар майдони 14 225 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 963 га зиёд будааст. Аз ҷумла, дар майдони 11937 га ғалладонагиҳо, 385 га зағир, 252 га картошка, 100 га сабзавот ва 103 га полезиҳо кишт карда шудааст.

Айни ҳол дар ноҳия истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ идома дошта, ба санаи 1-уми октябри соли равон ба миқдори 31 060 тонна ғалладонагиҳо, 4 060 тонна картошка, 2 496 тонна сабзавот, 2 365 тонна полезиҳо, 10 931 тонна меваҷот ва 1 610 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Ба истиснои картошка афзоиши истеҳсоли дигар маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз 0,9 то 39,2 фоизро ташкил медиҳад. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия феълан 30 200 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 16 459 ҳазор сар модагов, 77 828 сар моли майда, 44 653 сар паранда, 2 858 сар асп ва 3 601 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки афзоиши онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 0,5 то 1,1 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар соҳаи чорвопарварии ноҳия давоми нуҳ моҳи соли равон 2 676 тонна гӯшт, 7 237 тонна шир ва 2 миллиону 30 ҳазор дона тухм, 127 тонна пашм, 0,5 тонна пилла, 56,3 тонна асал ва 2 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки  афзоиши нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 3,1 то 6,5 фоизро дарбар мегирад,- қайд намуд раиси ноҳияи Ш. Шоҳин.

Ба иттилои ҳамсӯҳбатамон, давраи ҳисоботӣ  аз ноҳия ба хориҷи кишвар ба миқдори 350 тонна маҳсулот аз ҷумла, 300 тонна хушкмева содирот карда шудааст, ки ба 35 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.  Ҳамчунин, дар ноҳия 39 га боғи нав бунёд карда шудааст, ки ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Саноат ва энергетика

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар нуҳ моҳи соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия 71 миллиону 751 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба  ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи  23 миллиону 825 ҳазор сомонӣ, ё 148,4 фоиз зиёд мебошад.

Тӯли ин муддат дар ноҳия як корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта бо иқтидори 100 000 дона хишт дар як шабонарӯз дар Ҷамоати деҳоти Чагам ва як коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пластикӣ дар маркази ноҳия ба истифода дода шуданд, ки тибқи дархости муштариён маҳсулот истеҳсол менамоянд. Дар нуҳмоҳа, дар умум аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 66 миллиону 696 ҳазору 700 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ  истеҳсол шуд, ки ба 93 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшуда баробар мебошад. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб мегардад. Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи амалии ин ҳадаф дар ноҳия корҳои муайян анҷом дода шуд. Дар нуҳ моҳи соли 2022 ба истеъмолкунандагон ба миқдори 15 миллиону 893 ҳазору 410 кВт/соат нерӯи барқи фоиданок дода шуд, ки маблағи 3 миллиону 536 ҳазору 211 сомониро ташкил дод. Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ 3 миллиону 335 ҳазор 352 сомониро ташкил намуд, ки ба 94,3 фоиз баробар мебошад.  Аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 1 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуд, ки ба 101,8% баробар аст, -иброз дошт Гулзода З.

 Сохтмон ва меъморӣ

Тибқи иттило, дар нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 3 миллиону 577 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 17,78 миллион сомонӣ кам мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад ба маблағи 3 миллиону 570 ҳазору 600 сомонӣ ба итмом расонида шудааст.

Ҳамзамон бояд қайд кунам, ки дар ин давра дар маркази ноҳия дар масоҳати 5700 метри квадратӣ сохтмони Боғи Нишони давлатӣ оғоз гардида дар назар аст, ки моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Айни ҳол Нишони давлатӣ бо пояаш, ки баландии 25 метрро ташкил медиҳад омода буда, дар қитъа корҳои омодасозии масоҳати роҳравҳо, корҳои гулшинонӣ, рехтани таҳкурсии Нишон ва иваз кардани хоки мурдаи майдон ба анҷом расонида шудааст. Дар баробари ин васеъкунии кӯчаҳои маркази ноҳия оғоз гардида, бо мусоид омадани боду ҳаво идома хоҳад ёфт, – иттило дод раиси ноҳия.

Нақлиёт ва коммуникатсия

Дар натиҷаи истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ба кормандони соҳаи нақлиёту роҳнигоҳдорӣ муяссар гардидааст, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро бо сифат таъмин намоянд. Ба иттилои масъулин, дар ин давра тавассути маҷмӯи нақлиёт 185 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 790 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 101,3 ва 105,3 фоизро ташкил додааст.

Ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки дар ноҳия аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ 12 км роҳҳои маҳаллию дохилӣ, дар мавзеҳои ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷум, ва Саричашма  азнавсозӣ карда шудааст ва зиёда аз 40 км роҳҳо дар ҳудуди маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Лагардара аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, рафтуои нақлиёт осон гардидааст. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол корҳои лоиҳакашии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Тугарак-Саричашма ва Саричашма-Чагам-Шӯрообод ба масофаи 48 км оғоз гардидааст. Аҳолии ноҳия пурра имконияти истифодаи алоқаи мобилӣ ва шабакаи «Интернет»-ро доро буда, дар ҳудуди ноҳия 29 мавҷпаҳнкунаки мобилӣ арзи вуҷуд доранд.

Илм ва маориф

Тибқи маълумоти ҳамсуҳбат мо, дар ноҳияи Ш. Шоҳин 60 адад муассисаи таълимӣ 60 фаъолият карда истодааст, ки аз он 8 муассисаи таълимии ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1 кӯдакистон, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.

Дар муассисаҳои мазкур барои соли хониши 2022-2023 дар маҷмӯъ 11 ҳазору 348 нафар хонандагон, аз ҷумла 5 ҳазору 560 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 273 нафар зиёд мебошад. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм дар давраи соли хониши 2022-2023  77 нафар омӯзгорони ҷавон ба ноҳия фиристода шуда, аксарияти онҳо ба ҷои кор таъмин гардиданд. Аз  шумораи 810 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия солҳои хониши 2021-2022  702 нафар  ё худ 87% аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, 683 нафари онҳо ё ин ки 84,3 фоизи онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил гардиданд. Дар ин муддат ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давдатии ноҳия ба миқдори 53 адад компютер ва 8 адад тахтаҳои электронӣ харидорӣ карда шуд, ки баробар ба 100 %-и иҷрои нақша мебошад,- иброз намуд Гулзода З. Ш.

Бино ба иттило, дар давраи ҳисоботӣ, 140 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифта, аз онҳо 30 нафар дар озмунҳои даври ҷумҳуриявӣ иштирок ва соҳиби 13 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд сохтмони 20 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №7, №30 ва бинои маъмурии шуъбаи маориф  оғоз гардида, тибқи нақша бояд то соли 2023 сохтмони онҳо ба анҷом расонида шавад. Ҳамчунин, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо маром идома дошта, дар назди муассисаҳои таълимии №33, 52 ва 57 сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша идома дорад.

Тандурустӣ

Дар  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, маркази бемориҳои сил, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 18 бунгоҳи тиббӣ, ва 8 муассисаҳои дигари тандурустӣ бо фарогирии 52 нафар табибони маълумоти олидор ва 508 нафар маълумоти миёнаи соҳавӣ дошта дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд.

Ҳамзамон қайд менамоям, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сохтмони маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд сохтмони маҷмааи  «Модару кӯдак» барои 66 кати хоб, Маркази саломатии ноҳиявӣ иборат аз се ошёна ва 3 бино оғоз гардидааст,-қайд намуд раиси ноҳия.

Фарҳанг

Айни замон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 33 муассисаи фарҳангӣ аз қабили 1 Қасри фарҳанг, 4 хонаи фарҳангӣ, 7 клуби деҳотӣ, 1 гуруҳи хизматӣ, 1 Боғи фарҳангӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 китобхонаи марказӣ ва 17 филиал китобхонаҳо фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 186 нафар кору фаъолият намуда истодаанд.

Бино ба маълумот, дар китобхонаи марказӣ ва филиали китобхонаҳои ҳудуди ноҳия 68 ҳазору 134 нусха китобу маҷаллаҳо мавҷуд буда, дар нуҳ моҳи соли равон 9 муассисаи фарҳангӣ аз таъмир бароварда шудаанд.

Тибқи таҳлилҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлон 16  ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шуда, дар феҳристи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд. Аз инҳо 4 ёдгории бостонӣ, 10 ёдгориҳои меъморӣ ва 2 ёдгориҳои монументалӣ мебошанд. Давоми нуҳ моҳи 2022 аҳли фарҳанги ноҳия дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  иштирок намуда, саҳми муносиби худро дар таҷлили ҷашнҳои бошукуҳи давлатӣ гузоштанд.

 Ҷавонон ва варзиш

Варзишро гарави саломатӣ гуфтаанд. Аз ин рӯ, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия 131 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 1475 нафар варзишгар гузаронида шудааст.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои ҷавонон ва дар заминаи он тарғиби ҳаёти солим ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон дар ноҳия сохтмони бинои нави Маркази ҷавонон ва майдони варзишӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар  ҳудуди ноҳия шумораи муасисаҳои варзишӣ 89 ададро ташкил намуда, аз он 76 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 7 толори варзишӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Дар ноҳия 1 муассисаи давлатии «Мактаби   варзишӣ» фаъолият дошта, дар он 17 нафар мураббиён ба 602 нафар варзишгар аз ҷумла, 51 нафар духтарон аз рӯи 9 намуди варзиш машқу тамрин медиҳанд. Дар нуҳ моҳи соли 2022 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук ва дастхобонӣ иштирок варзида, сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ аз ҷумла 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд,- иброз дошт Гулзода З. Ш.

Омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ватан

Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Гулзода Зафар Шамсиддин Ҷашни Истиқлолияти давлатиро яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ хонда, омодагӣ ба онро аз амалҳои ватандӯстонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ арзёбӣ намуд.

Номбурда гуфт, бо мақсади таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳия таҳия гардидааст, ки тибқи он сохтмону азнавсозии 216 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол, аз шумораи умумии иншоотҳои ба нақшагирифташуда дар 90 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, 13 иншоот аз қабили як корхонаи хиштбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 100 000 дона хишт дар як шабонарӯз, 3 коргоҳи саноатии истеҳсоли орд, масолеҳои пластикӣ ва коркарди чӯбу тахта, 1 коргоҳи истеҳсоли маҳсулотҳои қаннодӣ, таъмири асосии роҳҳои дохилӣ 12 км, таъмири ҷории роҳҳо зиёда аз 40 км, 1 адад маркази замонавии хизматрасонӣ ва савдо ва 3 адад дигар иншоотҳо ба истифода дода шудааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь