Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон ошно месозем.

 Иҷроиши буҷет

Дар моҳҳои январ – майи соли 2021 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 92,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашта, он баробар ба 104,5 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 4,0 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 24,4 миллион сомонӣ буда, 26,5 миллион сомонӣ ё 109,0 фоиз ба иҷро расонида шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 2,2 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 78,3 фоиз иҷро гардидааст. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ – маориф ва тандурустӣ 13,8 миллион сомонӣ ё 52,5 фоиз маблағи буҷет равона гардидааст.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 19,6 миллион сомонӣ (нақша – 19,5 миллион сомонӣ) иҷро гаштааст, ки баробар ба 100,5 фоиз ё ба маблағи 101,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Тибқи маълумотҳо, дар давоми моҳҳои январ – марти соли 2021 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 30,6 миллион сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 16,9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,6 миллион сомонӣ кам ё 37,1 фоиз) ва 13,6 миллион сомонӣ сармоягузории дохилиро (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23,8 миллион сомонӣ кам ё 36,3 фоиз) ташкил медиҳад, ки асосан ба сохтмони сехҳои истеҳсолӣ, харидани таҷҳизот, сохтмони осоишгоҳ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мансуб мебошанд.

Дар шаҳри Гулистон як лоиҳаи инвеститсионӣ – ин ҳам бошад, лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и Қайроққум» бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (ЕБРР), Бонки инвеститсионии Аврупо (ЕИБ) ва “Фонди байналмилали иқлими сабз” амалӣ шуда истодааст. Муҳлати амалигардии лоиҳа 57 моҳро ташкил медиҳад. Маблағи пешбинишуда барои татбиқи лоиҳа 149,9 миллион доллари ИМА буда, марҳила ба марҳила таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ нерӯгоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он бо зиёд намудани иқтидори нерӯгоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт пешбинӣ шудааст.

Рушди соҳаи саноат

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми моҳҳои январ – майи соли 2021 ба маблағи 1 миллиарду 870 миллиону 467,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 103,0 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 55,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 97,1 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 2,9 фоизи он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 35 корхонаи саноатии шаҳр 24-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100% то ба 2,9 маротиба зиёд намуда, иҷрои нақшаҳоро барзиёд таъмин намудаанд.

Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, 4897 нафарро ташкил додааст. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 1-уми майи соли 2021 ба 2629 сомонӣ баробар гардидаааст.

Сохтмон ва нақлиёт

Дар панҷ моҳи соли 2021-ум аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 50,2 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 86,0 фоизро ташкил додааст. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 49,4 миллион сомонӣ иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 86,2 фоиз мебошад. Ба кор андохтани фондҳои асосӣ 9,1 миллион сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд иҷро шудааст. Иҷрои корҳои пудратӣ 15,1 миллион сомонӣ буда, 58,5 фоизро ташкил додааст.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он ҳамагӣ 69 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошад. Аз он 17 километр дар маркази шаҳр ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ва 52 километр байни хоҷагиҳо ба корхонаи хоҷагии коммуналии шаҳракҳо ва корхонаҳо мутааллиқ аст.

Аз тарафи масъулини соҳа 12,4 км роҳҳо ба маблағи зиёда аз 1,1 миллион сомонӣ таъмир гардида, аз ҷумла 1,4 км таъмири асосӣ, 2 км роҳҳои маркази шаҳр аз таъмири ҷорӣ бароварда ва 9 км роҳҳои автомобилгард шағалпӯш карда шудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – майи соли 2021-ум ба миқдори 365,3 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ (соли 2020-ум 285,3 ҳазор тонна) кашонида шудааст, ки 80,0 ҳазор тонна назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд, ё баробари 128,0 фоиз мебошад. Инчунин, ба 197,5 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2020-ум 163,2 ҳазор нафар) 34,3 ҳазор нафар зиёд ё 121,0 фоизро ташкил медиҳад.

Меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Дар моҳҳои январ – апрели соли 2021-ум музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2194 сомониро ташкил додааст.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12552 ададро ташкил медиҳад (соли 2020-ум 12123), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 429 ҷой зиёд аст. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 11253 (соли 2020-ум 10625) нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 628 нафар зиёд гардидааст.

Пардохти музди меҳнати кормандони тамоми корхонаҳои буҷетии шаҳр сари вақт таъмин шудааст.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар шаҳр шумораи умумии нафақагирон 3362 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 1417 нафар нафақагирони суғуртавӣ мебошанд. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи андозаи маблағи нафақа 349,48 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 17,0 сомонӣ зиёд мебошад. Аз шумораи умумии нафақагирон 2270 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин аз ҳисоби умумӣ 26 нафар нафақагирон бо сабаби иваз кардани қайди ҷои зист аз қайд бароварда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии нафақагирони маъюб 696 нафарро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи маориф

Дар шаҳр 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 муассисаи таълимии томактабӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ фаъолият мебаранд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ бо фарогирии 1824 нафар тарбиятгирандагон фаъолият мекунанд. Шумораи мураббиён 81 нафарро ташкил медиҳад. Бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбия дар назди муассисаҳои таълимӣ 20 маркази инкишофи кӯдак бо ҷалби 389 нафар тарбиятгирандагон таъсис дода шудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназия 10002 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар шаҳр 30 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 6 беморхона, 7 маркази саломатӣ, 3 хонаи саломатӣ, 1 маркази ташхисиву табобатӣ, 1 маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 умури безараргардонӣ, 4 осоишгоҳ, 1 маркази солимгардонии “Усмонҷон” ва 1 маркази тиббии хусусӣ, 6 маркази махсусгардонидашуда (Маркази пешгирии бемориҳои сил, Маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва Маркази эмгузаронӣ) ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Теъдоди табибон 111 нафар буда, кормандони миёнаи тиб 359 нафар мебошанд.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар шаҳр 29 муассисаи фарҳангӣ амал мекунад. Мактаби санъати замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он дорои 22 синфхона мебошад. Дар мактаби санъат мактаби мусиқӣ ва рассомӣ фаъолият мебарад. Китобхонаи марказӣ ва бачагона дар бинои бахши фарҳанг ҷойгир буда, 8 китобхона-филиалҳо дар ҷамоати шаҳракҳо фаъолият мебаранд. Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Гулистон 5 шуъба – шуъбаи рассомӣ, санъат, хонаи миллӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, геология ва табиат, таърихи шаҳру шаҳракҳо ва 1 толори намоиш мавҷуданд. Дар осорхона дар маҷмуъ 2956 нигораҳо мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла, наққошӣ 63, суратҳо 1135, санъат 42, ашёҳои археологӣ 7, ашёҳои маишию этнографӣ 81, ҳуҷҷатҳо 536 ва дигар аснод 1092 адад мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи осорхона ҳамагӣ 20 саёҳат, 4 намоиш, 5 суҳбат-вохӯрӣ, 1 конференсия баргузор гардидааст. Баҳри баланд бардоштани маънавиёт, маърифати ҷомеа ва савияи дониши хонандагон дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру шаҳракҳои он дар маҷмуъ беш аз 482 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шудааст.

Ҷавонон ва варзиш

Теъдоди ҷавонон дар ҳудуди шаҳр 16 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад, ки он 32,8 фоизи аҳолиро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат 8 маротиба вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор, Чоруқдаррон ва Сирдарё бо омӯзгорону хонандагон ташкил ва баргузор гардидааст.

Дар шаҳр се нафар барандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр ва 15 нафар гирандагони стипендияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр таҳсил доранд.

Дар шаҳр як мактаби варзишӣ амал менамояд, ки дар он 25 нафар мураббӣ фаъолият дошта, аз онҳо 4 нафар бо маълумоти олии махсуси варзишӣ, 16 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 5 нафар донишҷӯ кору фаъолият мебаранд. Дар мактаби варзишӣ 10 намуди варзиш – футбол, волейбол, баскетбол, бокс, каратэ-до годзю-рю, дастхобонӣ, гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ, гӯштини тарзи озод, тенниси рӯӣ миз ва варзиши сабук амал намуда, 63 гуруҳҳои машқӣ бо ҷалби 735 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 45 нафар духтарон машқу тамрин менамоянд.

Варзишгарони шаҳр дар давоми се моҳ дар 14 мусобиқаи дохилимактабӣ ба гирифтани 399 медал, дар 9 мусобиқаи шаҳрӣ ба гирифтани 206 медал, дар 7 мусобиқаи вилоятӣ ба гирифтани 35 медал ва дар як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 2 медал мушарраф гардидаанд. Аз ин ҷоизаҳо 192 медали тилло, 208 медали нуқра ва 260 медали биринҷӣ мебошанд. Дар маҷмуъ, варзишгарон давоми се моҳ соҳиби 660 медал гардидаанд.

Рушди сайёҳӣ

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар натиҷаи ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона ва осоишгоҳҳои хурду калон шумораи ҷойҳои хоб барои қабули сайёҳон ба 2165 адад расонида шуда, 105,0 фоизи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Инчунин, ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ба 10 миллиону 020,5 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4134,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 295 меҳмонони хориҷӣ ва 9624 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф овардаанд, ки дар маҷмуъ 9919 нафар истироҳат намудаанд.

Ҳиссаи осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар ғанӣ гаштани буҷети шаҳр дар маҷмуъ 3,2 фоизро ташкил дода, ҳиссаи туризм дар ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба 47,2 фоиз баробар шудааст.

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар давоми моҳҳои январ – майи соли 2021-ум ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамагӣ 582 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 401 адад муроҷиатҳои хаттӣ мебошад. Ҳамаи муроҷиатҳои хаттӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, чунин ҳаллу фасл гардидаанд: қонеъ карда шуд – 90 адад, фаҳмонида шуд – 201 адад, рад карда шуд – 2 адад, тибқи тобеият ирсол карда шуд – 59 адад ва 49 адад муҳлати баррасӣ дорад. Бояд зикр намуд, ки дар шабакаҳои интернетии VIBER, WHATSAPP ва FACEBOOK бо рақами 92 977 33 55 барои муроҷиати қулай ва дастрас саҳифа кушода шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 нақшаи чорабиниҳо бо тағйиру иловаҳо иборат аз 221 номгӯи иншооти ҷашнӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ тасдиқ гардида, мувофиқи нақша чорабинӣ, дар маркази шаҳр ва минтақаҳои саноатӣ ва истироҳатӣ 127 иншоот, дар шаҳраки Адрасмон 33 иншоот, дар шаҳраки Консой 16 иншоот, дар шаҳраки Зарнисор 10 иншоот, дар шаҳраки Чоруқдаррон 8 иншоот, дар шаҳраки Сирдарё 19 иншоот ва дар шаҳраки Навгарзан 8 иншооти ҷашнӣ бунёд ва таъмиру тармим карда мешаванд.

Дар ин давра иншооти сохташуда ва аз таъмири куллӣ баровардашуда, ки дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шудаанд, 186 адад буда, аз ин теъдод дар соли 2018-ум 53 иншоот, соли 2019-ум 73 иншоот, соли 2020-ум 41 иншоот ва соли 2021-ум 19 иншоотро ташкил дода, 84,1 фоизи нақша буда, бо арзиши зиёда аз 325 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Гулистон муҳтарам Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, “шаҳри Гулистон ҳанӯз аз давраи таъсисёбиаш ҳамчун шаҳри пуриқтидори саноатӣ шинохта шуда, алҳол низ пешсафи соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад. Бо руҳбаландӣ аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳр рӯз ба рӯз вусъат мегиранд”.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ менамояд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь