Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар бораи ноҳияи Файзобод ва мардуми шарафмандаш гуфта буданд: “Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд. Дар домани ин куҳандиёр манзараҳои зебову камназир зиёд буда, захираҳои сайёҳии ҳудуди ноҳия ба тарғибу ташвиқ ва сохтмони инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ниёз доранд. Чунонки медонед, дар наздикии маркази ноҳия мақбараи Ҳотами Асам ҷойгир аст. Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ин шахсияти шинохта Фаридаддини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлавӣ Ғулом Сарвари Лоҳурӣ маълумоти ҷолибе додаанд. Мақбараи мазкур ба садаи XV тааллуқ дошта, аз ҷониби олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва омӯзиши амиқи шаҳри куҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад”.

Бояд тазаккур дод, ки Файзобод яке аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ буда, 1-уми июни соли 1931 таъсис ёфтааст. Тибқи омор, аҳолии ноҳия то 1-уми январи соли 2022 114 ҳазору 526 нафарро ташкил медиҳад. Шаҳраки Файзобод, ҳамчун маркази маъмурии ноҳия дар  шарқи Душанбе, дар масофаи 50 км ҷой гирифтааст.

Ҳудуди ноҳия дар ҳавзаи болооби дарёи Элок (шохоби чапи Кофарниҳон) соҳили рости дарёи Вахшу обанбори Норак бо масоҳати 874,11 км квадратӣ дар водии Рашт ҷойгир аст. Файзобод дар шимолу ғарб бо шаҳри Ваҳдат, дар шарқ бо шаҳри Роғун, дар ҷануб бо шаҳри Нораку ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ҳаммарз мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки солҳои 2022-2026 (то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Ба таъкиди Пешвои миллат “соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад”. Зикр шуд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7% ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Ба таъкиди Президенти мамлакат, бояд дар ин давра зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода шавад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Бо мақсади огоҳӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Файзобод дар се моҳи аввали соли 2022 ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар вобаста ба рушди соҳаи саноат дар ноҳияи мазкур хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи Файзбод Холзода Бобишо Нарзулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар аввали суҳбат қайд намуд, ки аз рӯзи аз ҷониби Сарвари давлат ба вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин гардиданаш, пайи иҷрои дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ камари ҳиммат бастааст.

 Иҷрои буҷет

Раиси ноҳияи Файзобод муҳтарам Холзода Б. зикр намуд, ки давоми се моҳи соли 2022 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин карда шуда, ба буҷет дар қисми даромад бо дарназардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 16 миллиону 376,7 ҳазор сомонӣ, 17 миллиону 81,9 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 104,3 фоизи нақша маблағ ворид шудааст. Ин нишондод аз нақша ба маблағи 705,1 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 363,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ ба андозаи  100 фоиз ё ба маблағи 11 миллиону 400 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 744 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби пардохти андозу даромадҳои худӣ ба ҷои 4 миллиону 730 ҳазор сомонӣ 5 миллиону 435,1 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 114,9 % иҷро гардид, ки аз нақша ба маблағи 705,1 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 98,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 16 миллиону 590,6 ҳазор сомонӣ, 15 миллиону 619,2 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 94,1 фоиз хароҷот гардид, ки аз нақша 971,4 ҳазор сомонӣ кам буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 614,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Маблағи ҳаҷми бақияпулиҳо ба ҳолати 1-уми марти соли 2022 аз рӯи андозҳои пардохтнашуда 1000,3  ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 333,5 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

 Соҳибкорӣ

Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 4925 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 4104 нафар тибқи шаҳодатнома ва 465 нафар тибқи патент фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 22 адад зиёд мебошад. Аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар ноҳияи Файзобод дар ин давра дар самти фаъолияти соҳибкорӣ 3 миллиону 600,8 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1050,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

 Вазъи кишоварзӣ, чорводорӣ ва замин

Дар се моҳи соли 2022 дар ноҳия 3779 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 5 га боғу токзори нав бунёд гардида, дар майдони 5566,7 га кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 2302 га ғалладонагиҳо, 277 га зироатҳои техникӣ, 79,7 га картошка ва 70 га сабзавот гузаронида шудааст, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 521,3 га зиёд мебошад. Таъмиру барқарор намудани каналҳои обёришавандаи полезӣ айни замон дар деҳоти “Ҷавонон” ба масофаи 14 км ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он ҳолати мелиоративиии заминҳо ва таъминот бо обёрӣ беҳтар мегардад.

Дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 45138 сар ҳайвони калони шохдор, 112965 сар бузу гӯсфанд, 404489 сар паранда, 1602 сар асп ва 7822 оилаи замбури асал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 603 сар ҳайвони калони шохдор, 1037 сар бузу гӯсфанд, 53 сар асп ва 15 оилаи занбури асал зиёд буда, 290365 сар паранда нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст.

 Энергетика ва саноат

Аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия новобаста аз шакли моликияташон бо дарназардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 10 миллиону 192,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карда шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 454,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба аҳолии ноҳия ба миқдори 22 миллиону 467 ҳазор кВт соат қувваи барқ хизмат расонида шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 695,4 ҳазор кВт соат кам мебошад. Маблағи умумии қувваи барқ 8 миллиону 152,8 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 7 миллиону 471,9 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 91,6 % пардохт карда шудааст. Ба ҳолати 1-уми марти 2022 маблағи қарздорӣ аз ҳисоби қувваи барқ дар ноҳия 9 миллиону 863 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 82,6 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

 Сохтмон ва меъморӣ

Дар семоҳаи аввали соли 2022 барои таъмир, сохтмони асосӣ ва дигар корҳои ободонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 96,2 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 603,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

 Нақлиёт ва коммуникатсия

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия бо ҳама намуди нақлиёти хизматрасонӣ ҳаҷми мусофирбарӣ ба 419,6 ҳазор нафар расонида шуда, гардиши мусофирон бошад, ба 22,1 миллион мусофир рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми мусофирбарӣ 133 ҳазор нафар ва гардиши мусофирон 4,4 миллион мусофир зиёд мебошад. Ҳаҷми гардиши боркашонӣ аз тарафи ҳама намуди нақлиёт ба 214,9 ҳазор тонна расонида шудааст.

 Маориф

Дар ноҳия 4  муассисаи таҳсилоти томактабӣ  бо фарогирии  500 кӯдак ва 16 марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд. Инчунин, дар семоҳаи имсол аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳраки Файзобод 1 адад гимназияи хусусӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар ноҳия 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 44 муассисаи миёнаи умумӣ, 13 муассисаи умумии асосӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 26217 нафар (12846 нафар духтарон)  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1441 омӯзгор (711 зан), аз ҷумла дорои таҳсилоти олӣ 1060 нафар, олии нопурра ва таҳсилоти миёнаи касбӣ 368 нафар, таҳсилоти миёнаи умумӣ 13 нафар фаъолият мекунанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 853 компютер, 228 принтер, 55 генераторҳои барқдиҳанда, 14 кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва 56 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ мавриди истифода қарор доранд.

 Фарҳанг

Дар ҳудуди ноҳия 18 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 82372 нусха китобҳо, аз ҷумла 1 китобхонаи бачагона, 4 хонаи фарҳангӣ ва қасри фарҳанг, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ансамбли тарона ва рақс, ансамбли  этнографии шашмақомхонон, театри халқӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ фаъолият менамоянд.

 Тандурустӣ

Дар ноҳия 58 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ дорои 175 кат, беморхонаҳои минтақавии Меҳробод  ва Мискинобод дорои 25 кат, беморхонаи минтақавии бемориҳои сироятӣ дар деҳаи Мискинобод дорои 50 кат амал менамоянд. Имрӯзҳо ба аҳолии ноҳия 16 марказҳои тиббӣ ва 38 бунгоҳи саломатӣ, 5 марказҳои соҳавӣ дар хизмати сокинони ноҳия қарор дошта, дар он 100 нафар духтурон ва 442 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият доранд.

 Ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 30086 нафарро ташкил медиҳад, 33 нафар хонандагони ноҳия гирандагони стипендияи президентӣ ва 30 нафар хонандагон гирандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд. Дар ноҳия дар маҷмӯъ 83 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он фаъолият доранд. Варзишгарони ноҳия дар ин давра дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори 11 медали тилло, 7 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ  гардиданд.

Дар ноҳия ёдгории таърихӣ бо номи Вашгирди бостонӣ, ки яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи марказӣ буд, ҷойгир мебошад. Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили мақбараи Хоҷа Ҳотами Ассам, нимпайкараҳои Рӯдакӣ, Дӯстмурод Алиев ва Ҳикмат Ризо мавҷуд мебошанд, ки ҳамчун ёдгории таърихию фарҳангии ноҳия ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Дар ноҳия захираҳои туристӣ ба монанди чашмаҳои шифобахш, оби маъдании «Файзобод», воқеъ дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Меҳробод, чашмаи Элок, воқеъ дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашт, Оби шӯрак, воқеъ дар деҳаи Қуруғи деҳоти ба номи Д. Алиев, шикоргоҳ ва лойи табобатии Сиёҳгулӣ бо шароити хуби куҳнавардӣ ва дигар ҷойҳои табиии сайру сайёҳат мавҷуд мебошанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод 10 адад ошхона ва 3 адад ташнобҳои сарироҳӣ, 2 адад меҳмонхона, 18 адад истгоҳи замонавӣ бо нуқтаҳои хизматрасонии савдо, 3 адад нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, ҳаммом ва шаҳрчаи хаймавӣ барои истироҳати муваққатии сайёҳон сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

 Меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Дар се моҳи соли 2022 дар ноҳия 90 нафар шаҳрвандон бо ҷои нави корӣ таъмин шуда, 14 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 30 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 15 нафар ба маблағи 73 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Инчунин, дар ин давра аз ҷониби ташкилоту муасисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, дар ноҳия 125 ҷойи кори нав таъсис дода шуд, ки аз ин 89 адад ҷойи кории  доимӣ, 25 ҷойи кори мавсимӣ ва 11 ҷойи кори маваққатӣ мебошад. Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 995,8 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60,9 сомонӣ зиёд мебошад.

Теъдоди нафақагирон дар ноҳия 8426 нафар мебошанд, ки маблағи умумии нафақапулиҳо 2 миллиону 365,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар айни замон маблағи нафақапулиҳо пурра пардохт гардидааст. Қарздории музди меҳнат аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ дар ноҳия вуҷуд надорад.

 Ҷашну маросим

Дар ноҳия барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, комиссияҳои доимӣ ва 84 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Шумораи масҷидҳои ҷомеъ 6 адад ва масҷидҳои панҷвақта 23 ададро ташкил медиҳанд ва ҳамаи онҳо тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда  истодаанд. Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 316 тӯйи домодию арусӣ, 48 маъракаи чил, 20 маъракаи сол, ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна 1 миллиону 264 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 Муроҷиати шаҳрвандон

Дар се моҳи соли 2022 ба дастгоҳи раиси ноҳия 816 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, ки 485 адади он ба иҷро расонида шудааст. Дар рӯзҳои қабули раиси ноҳия 125 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон  баррасӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, дар як моҳ як маротиба қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, ҷамоатҳои деҳот гузаронида шуда истодааст.

Дар анҷоми суҳбат Раиси ноҳияи Файзобод муҳтарам Холзода Бобишо Нарзулло гуфт, бо дастгирии мардуми шарафманди ноҳия, бахусус соҳибкорони ватандӯсту ватанпарвари он мекӯшанд, то маркази маъмурӣ-шаҳраки Файзобод, маконҳои таърихию сайёҳиро ободу зебо ва муаррифӣ намоянд ва нақшаҳои дар пеш истода барои  Рушди саноат дар ноҳияро бечуну чаро иҷро карда, дар баланд бардоштани сатҳи некуҳволии сокинон саҳми арзишманд бигузоранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь