Маҷлиси солонаи Ҳукумат, ки одатан бо рафтану омаданҳои мансабдорони сатҳи давлатӣ маъмул буд, дигар ба як маросими ҷойивазкунӣ бадал шудааст ва дигар на таваҷҷуҳи касеро мекашаду на касеро ба ҳайрат меораду на касеро умедвор месозад. Дигар аз пич-пичу миш-мишҳо фақат як хулоса метавон баровард:
Ё дигар дар Тоҷикистон ришваю ришвахорию дарди маҳалу минтақа дигар нигаронкунанда нест ва ё ба гирдоби мансаб, ки афтодӣ, аз он танҳо ё бо гуноҳи бузурге берун мешавӣ ё то мӯҳлати нафақа курсиатро аз ин идора ба дигар идора, аз ин вазоратхона ба дигараш, аз ин кумита ба дигар кумита, аз ин ноҳия ба он ноҳия мекӯчонӣ.
Шояд Президенти кишвар дуруст гуфта будаанд, ки “дигар дар кисаи ман кадр намондааст” ё дигар мансабу вазифа чизеро ҳал намекунад ё дигар дар сохтори кадрӣ хоҳони тағйирот набудаанд.
Намедонам. Аммо ҷойивазкунии охир бовар дорам чизеро тағйир намедиҳаду “аз иваз шудани ҷойи ҷамъшавандаҳо сумма тағйир намеёбад”.
Аммо дар миёни ин тағйироти кадрӣ як интихоби одилонаю оқилона буд:
Ин таъини Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиноси тоҷик, ба ҳайси намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) буд. Воқеан таъини Дилшод Раҳимӣ ғайричашмдошт ҳам бошад, вале ин курси бо вуҷуди нав таъсис ёфтанаш, шахси сазовори хешро ёфт.
Ҳоким Холиқзода аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод гардида, ҷояшро ба муовини аввалаш Фирдавс Толибзода дод. Толибзода дар навбати худ ҷояшро барои Фирӯз Шарифзода холӣ кард. Сироҷиддин Икромиро, ки то ин дам роҳбари “Амонатбонк” буд, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намуданд. Сабаби ин тағйирот шояд ба худи Икромӣ маълум набошад ва ё чун шахси таҷрибадор ӯро барои роҳнамоӣ кардани мутахассисони ҷавони соҳаи бонкдорӣ фиристоданд. Ба мансаби худи Икромӣ дар “Амонатбонк” бошад, муовини дигари раиси Бонки миллӣ Алиҷон Салимзода таъин шуд.
Худи Холиқзода ба курсии ба муддати якуним сол холибудаи муовини аввали сарвазири мамлакат нишаст. Баъди ба вилояти Хатлон фиристодани Давлаталӣ Саид ин курсӣ холӣ монда буд ва сари он ки ба ин курсӣ кӣ менишинад, ҳадсу гумонҳои зиёде зада шуда буд. Шояд сабаб дар он буд, ки Давлаталӣ Саид аз беҳтарин кадри ин соҳа буд ва лоиқи ин курсиро якуним сол “кофтанд”. Холиқзода то кадом ҳад лоиқ будани хешро ба ин масъулият исбот мекунад, вақт нишон хоҳад дод.
Дар таъиноти ахир Қобилҷон Хушвақтзода – нафаре, ки ба тозагӣ хешро муаррифӣ кардаю ҳар як иқдоми пешмегирифтааш аз ҷониби устодону шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастгирӣ меёфт, аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озод карда шуда, директори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардид. Хушвақтзода бо ободкорию дастгирии устодони Донишгоҳ маъруф гардида буд, аммо ба дӯши ӯ бор кардани масъулияти вазнини директори Академия сари вақт буд ё каме дар интихоб шитоб карданд, вақт нишон медиҳад. Академия ба ҷуз аз макони муқаддас барои донишмандон будан, бояд макони навоварию ихтироот бошад ва аз ҳар роҳбар таҳаммулу дониши зиёд, ҳунари ҷалби мутахассисони варзидаро металабад, ки гумон дорам Хушвақтзода аз ӯҳдаи ин мебарояд.
Дар навбати худ ба курсии Қобилҷон Хушвақтзода, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, ки чанд соли охир чун ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекарду давоми фаъолият чеҳрааш барои ҷомеа ва коршиносон ношинохта боқӣ монд, нишаст. Барои он “ношинохта” мегӯям, ки собиқ ёвари Президент дар ин мансаб Абдуҷаббор Раҳмонзода (ҳоло сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон) дар аксар маъракаҳои рӯзноманигорӣ ширкат мекарду медонист, ки маҳз ВАО пайванди Ҳукумат бо ҷомеа аст.
Баргардем сари мавзуъ: Акнун он ҳама навгониҳои ҷорикардаи Хушвақтзода давом меёбанд ё не, тасмимҳои гирифтааш дар мавриди ободкориҳо дар Донишгоҳи асосии кишвар анҷом меёбанд ё не, вақт нишон медиҳад.
Фарҳод Раҳимиро аз вазифаи директори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Кумитаи навтаъсис оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон “фиристоданд”. Воқеан Фарҳод Раҳимӣ ба сифати ҷонишини Вазири маориф ва илм чанд сол кор кардааст ва акнун бояд таҷрибаи андӯхтаашро барои пешрафти ин Кумита сарф кунад ва нақшаҳои замони муовини Вазири маориф ва илм будан доштаашро амалӣ кунад.
Бо фармони дигари Президент, Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъин гардид. Ин ниҳод навтаъсис буда, Файзуллозода ба мисли Фарҳод Раҳимӣ аввалин роҳбари он мебошад. Хуршед Мирзо Файзуллозода то ба ин дам ба ғайри муовини аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон будан, муовини аввали кумитаи сармоягузорӣ буд ва аслан барои бештар маъруф гардидани футбол чун намуди аввали варзиш кӯшиш менамуд.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, ки то ба ин дам дар вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, ба курсии Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба ҳайси ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа нишаст. Аслан ба курсиҳои баланди мансаб дар замони Шӯравӣ аз комсомолони собиқ менишастанд ва он ки дубора ин анъана эҳё мешавад ё не, яъне дигар кадрҳо аз кумитаи кор бо ҷавонон менишинанд ё не, вақт нишон медиҳад. Аммо бояд гуфт, ки комсомоли замони Шӯравӣ манбаи кадрҳои арзанда буданашро чандин бор исбот кардааст ва ҳатто дар замони истиқлолияти кишвари мо ҳам дастпарваронаш дар бисёр вазифаҳои калидӣ кору фаъолият доштанд.
Ба курсии Раҳмонзода бошад, Зулфиқор Гулаҳмадзода, ки то ин дам вакили парлумон буд, раиси нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Тоҷикистон таъин гардид. Перомуни Гулаҳмадзода то ҳол кам маълумот дастрас аст, ки фикр мекунам ба тозатарин фурсат ба ҷомеа маълум хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол дар Дастгоҳи иҷроияи Президент Шоназаров Содиқ Ашӯрович, Сироҷзода Сайфиддин ва ёрдамчии Президент дар умури масъалаҳои ҳуқуқӣ Муқимӣ Сабоҳат Амин бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ба нафақарафтаҳо Саидзода Исфандиёр Искандар, Саидмуродзода Хурсанд Абдуваҳоб ва Холиқзода Ҷонибекро ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин намуд.
Аммо ин ҳанӯз поёни кор нест. Шояд ба наздиктарин фурсат тағйироти зиёдеро дар сатҳи вилояту ноҳияҳо ва вазоратҳои қудратӣ, Дастгоҳи президент бинем. Ба эҳтимоли зиёд мо шоҳиди ҷойивазкунӣ намешавем, зеро синну соли нафақа барои бисёри мансабдорон барвақт фаро расидааст.
Пас интизор мемонем!