Аз рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ дар ташкилоту идораҳои вилоятии шаҳру ноҳияҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор гашта истодаанд, ки дар онҳо мавзуҳои ҷолиб, аз ҷумла худкушии хонандагони мактабҳо, фавти занон ҳангоми таваллуди фарзанд, афзоиши ҷудошавии оилаҳо, аз кор бозмондани корхонаҳо, несту нобуд кардани маводҳои доруворӣ, кам шудани ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.

 23 хонандаи Хатлон худкушӣ кардаанд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи аввали соли 2021-ум 23 нафар хонандаи мактаб даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии ниҳодаш хабар дода, афзуд, аз 23 хонандае, ки худкушӣ кардаанд, 8 нафарашон писарон ва 15 нафарашон духтарон мебошанд.

– Худкушӣ бештар дар шаҳру ноҳияи  Кӯшониён се ҳолат, Бохтар, Ёвон, Темурмалик ва  Данғара дуҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст,- илова кард ӯ.

Ин шахси масъул афзуд, ки дар ин давра 83 ҳолати содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҷиноят зиёд мебошад. “Ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби 51 ноболиғ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 33 нафарашон кӯдакони мактабхон мебошанд.

– Зиёдшавии ҷиноят дар байни ноболиғон бештар дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Қубодиён, Ҷайҳун, Ҷомӣ, Шаҳритуз, Ёвон,  Балҷувон, Данғара ва Ҳамадонӣ ба назар мерасад,- афзуд манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 62 хонандаи душвортарбия ба қайд гирифта шудаад, ки онҳо зери назорат қарор доранд.

10 зан ҳангоми таваллуд кардан фавтидаанд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 10 нафар зан ҳангоми таваллуд кардан фавтидаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора Гулбаҳор Зарипова – як масъули Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки фавти модарон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Вахш се ҳолат, Кӯшониёну Левакант дуҳолатӣ, Балҷувон, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ якнафарӣ мебошад.

Омилҳои фавти занонро ҳангоми таваллуд масъулони раёсати мазкур дер муроҷиат кардани онҳо ба табибон ва дигар бемориҳо арзёбӣ карданд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода дар нишаст зикр кард, ки “то имрӯз ба вилояти Хатлон 37 ҳазору 220 вояи воксини зиди бемории коронавирус ворид гардида, 36 ҳазору 200 вояашро ба аҳолӣ гузаронидем”.

Манбаъ афзуд, аз 36 ҳазору 200 нафаре, ки воксин гирифтаанд, 22 ҳазору 527 нафарашонро кормандони соҳаи тандурустӣ ташкил медиҳанд.

– Ҳоло дар вилояти Хатлон се ташхисгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Данғара фаъолият доранд ва рӯзҳои наздик бояд як ташхисгоҳи дигар дар ноҳияи Қубодиён ба кор шуруъ кунад,- илова кард ӯ.

Раҷабзода қайд кард, ки баҳри пешгирии бемории коронавирус, ки ҳоло тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, аз ҷониби сохторҳои марбута корҳои безараргардониву фаъмондадиҳӣ идома доранд, аммо аксари сокинони вилоят он тавсияҳоеро, ки аз ҷониби табибон дода мешаванд, риоя намекунанд.

– Хуб мешуд, ки сокинон моск банданд, масофаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кунанд, дастони худро бо маҳлулҳо безарар гардонад ва бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд,- илова кард Мирзоалӣ Раҷабзода.

23 корхона аз фаъолият бозмондаанд

Дар вилояти Хатлон тайи солҳои охир 23 коргоҳу корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд, ки аз ин ҳисоб 626 нафар ҷойи кори худро аз даст додаанд. Ин нуктаро Шавкат Муминов – мудири шуъбаи саноати Сарраёсати омори вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ зикр кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят ҳоло 626 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 166 корхона фаъолият накардаанд, ки аз он 23 корхона умуман кор накардаанд ва 140 адади дигар мавсимӣ мебошанд.

Корхонаҳои азкормонда «Орди Хатлон» дар шаҳри Бохтар, «Орди рушди Хатлон» дар Левакант ва ба ин монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ корхонаҳое ҳастанд, ки аз фаъолият бозмондаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 15 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд карда шудааст.

– Аз ҷониби мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 164 нафар шахсони мутасаддӣ барои хатоӣ, дермонӣ ва тамоман пешниҳод накардани ҳисоботҳои оморӣ ҷарима баста шудаанд,- зикр кард Ҳакимзода Қурбон – сардори Сарраёсати Агентии омори вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз ҳисоби шахсони ҷарима шуда 64 ҳазору 286 сомонӣ маблағ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.

Ба буҷети Хатлон 55,7 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд

– Дар шаш моҳи соли 2021-ум қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 104 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 744,6 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 55,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад,- гуфт сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода дар нишасти хабарии ниҳодаш ва илова намуд, ки 906,5 миллион сомонӣ, ё 89 дарсади маблағҳои буҷет дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои омода намудани ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба тирамоҳу зимистони имсола ба соҳаи маориф 916 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 209 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Ҳамчунин, Назарзода қайд кард, ки барои 38 иншооте, ки аз ҳисоби буҷети вилоят сохта мешаванд, 8,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст . Ӯ зикр кард, ки ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ бақияпулии қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят 179,9  миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали сол 9,9 миллион сомонӣ кам мебошад.

9,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 135 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди вилоят тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 9,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Дар ин бора сардори раёсати ниҳоди болозикр Иброҳимзода Карим зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Номбурда қайд кард, ки аз маблағи умумии ошкоргардида зиёда аз 4,8 миллион сомониаш барқарор карда шудааст.

Ҳамчунин, номбурда гуфт, ки аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар натиҷаи муҳокима ва баррасии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, нисбати 43 нафар муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст.

Дорувориҳои муҳлаташон гузашта сӯзонида шуданд

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва дар асоси мактубҳои муассисаҳои фармасевтию тандурустии ҳудуди вилоят 349 номгӯй, 54 ҳазору 39 адад маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта несту нобуд карда шудааст.

Сардори ниҳоди болозикр Маҳмадҷон Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки вазни умумии дорувориҳои муҳлаташон гузашта 3 тоннаю 326 килограмм мебошад.

Дар ин баробар аз ҷониби шахсони масъули муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ 54 номгӯй ба миқдори 9316 адад ва аз тарафи муассисаҳои фармасевтии ин минтақа 130 номгӯй ба миқдори 6529 адад маводҳои дорувории муҳлаташон гузашта несту нобуд карда шудаааст.

Маҳмадҷон Абдулқодирзода ҳамчунин гуфт, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ва Раёсати минтақаи Кӯлоб оид ба қонунвайронкуниҳо 124 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи умумии ҷаримаҳо 214 ҳазору 300 сомониро дар бар мегирад.

Ҷавонон кам ҷиноят содир кардаанд

Аз ҷониби ҷавонони вилояти Хатлон дар давоми 6 моҳи соли 2021-ум 631 ҷиноят содир шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 277 ҷиноят кам аст. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода дар нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дод.

– Аз 631 ҳолат ҷинояти содиршуда 262 ҳолат дуздӣ, 5 ҳолат ғоратгарӣ, 44 ҳолат авбошӣ, 34 ҳолат ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир, 4 ҳолат расонидани зарари ҷисмонӣ, 53 ҳолат қаллобӣ, 3 ҳолат куштор, 226 ҳолат дигар намуди ҷиноятҳо мебошанд,- илова кард номбурда.

Гуфта шуд, ки зиёдшавии ҷиноят аз ҷониби чавонон дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг (14), Фархор (11), Восеъ (10), Балҷувон (8), Ёвон (7), Ҳамадонӣ (6), Кӯшониён ва Темурмалик ба назар мерасад.

Зикр гардид, ки гирифторони бемориҳои сироятии ВНМО ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 миёни ҷавонон 42 ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 21 ҳолат кам мебошад.

12 хатлонӣ бо хориҷиҳо ақди никоҳ бастаанд

Дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 510 оила давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 280 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матуботӣ сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода хабар дод.

Манбаъ илова кард, ки аз оилаҳои ҷудошуда 1 ҳазору 179 ҳолаташ бо ҳалномаи суд, 329 ҳолат бо розигии ҳамсарон ва ду ҳолати дигар бо розигии яке аз ҳамсарон ақди никоҳашон бекор карда шудааст.

– Баъди ҷудо шудани 1510 оила дар Хатлон 1 ҳазору 532 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум монда, аз онҳо 1 ҳазору 461 кӯдак дар тарбияи модар ва 71 кӯдаки дигар дар тарбияи падар боқӣ мондааст,-илова кард ӯ.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра 11 ҳазору 796 оила дар вилояти Хатлон ақди никоҳ бастаанд, ки ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020-ум 159 ҳолат кам аст.

Дар ин давра 12 ҳолати бастани ақди никоҳи сокинони вилоят бо хориҷиён ба қай гирифта шудааст. Бастани ақди бештар ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, Афғонистон, Молдовия, Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Чувашистон ба қайд гирифта шудааст,- афзуд З. Сафарзода.

Нишастҳо давом доранд

Ҳоло нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту идораҳо ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома доранд. Мо аз рафти онҳо ҷолибтарин мавзуҳоро омода хоҳем кард.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь