Ноҳияи Фархор бо заминҳои ҳосилхез ва маҳсулотҳои босифаташ дар Тоҷикистон муарифӣ гаштааст. Магар ҳаст нафаре, ки тарбузи шаҳдбори Фархорро начашида бошад, ва ё аз меваҳои шаҳдбораш ком ширин накарда бошад. Ҳамчунин, Фархор бо истеҳсоли шолӣ, пиёз ва парвариши гӯсфандони ҳисорӣ муарифӣ шудааст. Имрӯз низ ин номгӯи маҳсулотҳо дар ин ҷо истеҳсол шуда, ба саросари кишвар ва бурун аз он низ содирот мешаванд. Хушбахтона бо ташаббус ва роҳнамоии Раиси ноҳияи Зариф Назирӣ канали обёрикунандаи мавзеи Кокул, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз истифода баромада буд ва барқарор карданаш мушкил буд. Ки ҳеҷ як лоиҳа ва ташкилоте барқарор карданашро ба ӯҳда намегирифт. Баъди солҳои дароз ниҳоят бо иқдоми З.Назирӣ ин канал барқарор карда шуд, ки майдони зиёд аз ҳазорҳо гектар замин солҳо боз беоб буданд, қисмеашон обёрӣ шуданд ва маҳсулот карда шуда, аз он деҳқонон фоида гирифтанд.      

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 7 моҳи соли 2022  бобати пешбурди тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Иқтисодиёт, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ саноат ва энергетика          

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия ба қадри 106,1% иҷро гардида, ба ҷои 15967,8 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 16940,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 973 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 3730,0 ҳазор сомонии пешбинишуда 3438,8 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 92,2%-и нақшаро ташкил медиҳад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷои 7486,2 ҳазор сомонӣ 6845,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 91,4% мебошад. Бақияпулиҳои андозҳо ва андози иҷтимоӣ ба санаи 1 майи соли 2023 10543,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2023 1072,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба санаи 1 майи соли 2023 ба ҷойи 36540,1 ҳазор сомонӣ 37151,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 101,7%-и нақша аст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соҳаҳои савдо 174710,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 106,6%-ро ташкил медиҳад. Хизматрасонии пулакӣ дар 4 моҳи соли 2022 35258,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба 101,4% баробар аст. Дар Нозироти андози ноҳия 7765 адад субъекти андозсупоранда ба қайд гирифта шуда, аз ин 1196 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 5237 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд ва аз ин 1026 субъект бо патент ва 306 субъект бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Дар 4 моҳи соли 2023 аз рӯи шартномаҳои иҷоравӣ бо 12 нафар соҳибкорон шартнома баста шуда, ба маблағи 9640 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 6,1 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 4 моҳи соли 2023 ба 74675,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 126,2% мебошад. Дар ноҳия 32 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 4 адад корхонаҳои коркарди пахта, 6 адад коргоҳҳои хурди нассоҷӣ, 2 адад коргоҳи  хурди  коркарди  шир, 1 адад коргоҳи  хурди  консервабарорӣ, 1 адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 4 адад корхонаи дӯзандагӣ, 3 адад корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 2 адад фермаҳои мурғпарварӣ, 2 адад корхонаи истеҳсоли биринҷ ва орд, 1 адад корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли хишти пухта, 1 адад корхонаи истеҳсоли тунука, 3 адад корхонаи оби нӯшокӣ ва обёрӣ мебошанд.

Корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди нассоҷӣ вобаста ба ашё (пахта) ва коргоҳи хурди консервабарорӣ дар давраи ҷамъоварии меваю сабзавот фаъолияти мавсимӣ доранд. Дар давраи ҳисоботӣ 15 адад корхонаҳо нишондоди ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуданд, Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар чор моҳи соли ҷори 4 адад корхонаю коргоҳои нави саноати ба истифода дода шуда аст, ки дар ифтитоҳи 3 адади он бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуда. Дар ин корхонаю коргоҳо 56 ҷойҳои нави кори ташкил карда шудааст. Дар ноҳияи Фархор 1 адад зеристгоҳи 110/35/6кВ ва 2 адад зеристгоҳи 35/10кВ ноҳияро бо барқ таъмин мекунанд. Идораи Шабакаҳои барқи ноҳия хизматрасонии 324 адад ТП, КТП-ҳо, 212 адад зеристгоҳҳои хусусӣ, 446,13 км ХИБ-6-10кВ ва 960,45 км ХИБ-0,4кВ-ро ба ҷо оварда, аҳолии ноҳияро бо барқ таъмин мекунад. Дар идораи Шабакаҳои барқи ноҳия 80 мутахассис фаъолият мекунанд, ки 10 нафараш муҳандисон мебошанд. Истифодаи барқ дар маҷмӯъ дар 4 моҳи соли 2023 ба 28629,00 ҳазор кВт расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3156,6 ҳазор кВт кам истифода шудааст. Ҷамъоварии маблағи истифодашуда дар 4 моҳи соли 2023 ба ҷои 8091,05 ҳазор сомонӣ, 11998,47 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки  148,3%-и маблағи ҳисобишударо ташкил медиҳад.

Кишоварзӣ, сохтмон, меъморӣ ва нақлиёт

Зариф Назирӣ, Раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ давоми 4 моҳи соли 2023 ба 75146,4 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 104,2%-ро ташкил медиҳад. Давоми 4 моҳ дар майдони 24667 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 105,5% баробар аст. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 11044 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 9875 гектараш гандум, 674 гектараш ҷав ва 495 гектарашро лубиёгиҳо мебошад. Зироатҳои техникӣ 10862 гектар баробар ба 118,2% кишт шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия дар майдони 286 гектар картошка (108,5%), 825 гектар полезиҳои озуқаворӣ (108,6%), 399 гектар зироатҳои хӯроки чорво (93,2%) ва 1171,2 гектар сабзавот (108,2%) кишт шудааст. Давоми 4 моҳи соли 2023 кишоварзони ноҳия 70,8 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 тонна зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар майдони 9668 гектар пахта кишт карда шуда.

Дар ин давра чорводорони ноҳия 1239 тонна гӯшт ва 6041 тонна шир истеҳсол намуданд. Дар ноҳия 32,6 тонна гӯшти моҳӣ ва 905,8 ҳазор дона тухм истеҳсол шуд. Ширдӯшӣ аз ҳар як сар модагов 502 кг ва тухмгирӣ аз ҳар як сар мокиён 35 донагиро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта мутаносибан ба 106,0% ва 60,3% баробаранд. Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 60055 сар чорвои калони шохдор, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1113 сар зиёд, 146135 сар моли майда, ки нисбатан 10592 сар зиёд ва 125347 сар парранда, ки нисбат ба соли гузашта 6071 сар зиёд мебошанд, мавҷуданд. Ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ ба миқдори 183000 сомонӣ расида, бақияи қарзи хоҷагиҳо аз ҳисоби қарзи солҳои пешин 9483901 сомониро ташкил медиҳад. Бо тоза намудани 28 км заҳкашу заҳбурҳо ва тоза намудани 52 км шабакаҳои обрасонӣ ҳолати мелиоративии 60 га заминҳо беҳтар гардонида шудааст. Дар мавсими ниҳолшинонии соли 2023 32,9 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, ки иҷроиши он 102,0%-ро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда, 129 адад ниҳоли павлония, 360 адад ниҳоли кипариси аризонӣ, 600 адад ниҳоли моживелник ва 31811 адад дигар намуди ниҳолҳои ороишию сояафкан ташкил дода, 20 ҳазор бех дарахти хуч дар мавзеи Кокул аз ҳисоби Хоҷагаии ҷангали ноҳия ва дарахти павлония дар 2 гектар замин шинонида шудааст. Инчунин, барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 15,0 ҳазор ниҳолҳои тут шинонида шуданд.

Дар 4 моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишондоди маблағгузории асосии сохтмон ба 30995,4 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 190,1% аст. Корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 29262,5 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 198,2% аст. Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба воситаи корхонаҳои сохтмонии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 19540,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 118,2% (3009,9 ҳазор сомонӣ зиёд) мебошад. Нишондоди ба кор даровардани фондҳои асосӣ бошад, дар 4 моҳи  соли 2023 ба 27957,7 ҳазор  сомонӣ  расонида  шуда, нисбати  ҳамин давраи соли гузашта 323,1%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз ҳисоби аҳолии ноҳия 5161 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 51,8%-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2022 13,8 км роҳҳои маҳалии ноҳия мумфарш карда шуда ва дар соли ҷорӣ бошад 7,0 км роҳҳо барои мумфарш намудан ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон таъмири ҷори роҳо дар тамоми ҳудуди ноҳия гузаронида шудааст.

Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 411,2 км роҳҳо, аз ҷумла 56,4 км роҳҳои байналмилалӣ, 39,0 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 315,8 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта вогузор карда шудааст. Давоми 4 моҳи соли 2023 нақлиётчиёни ноҳия 360,0 ҳазор тонна бор кашонидаанд, ки ба 100,0% баробар аст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 1575,0 ҳазор мусофир расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,0 ҳазор мусофир зиёд, ё ин, ки 100,3%-ро ташкил медиҳад.

Меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа      

Дар 4 моҳи соли 2023 дар маркази ноҳия 8 адад ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 86 нафар шаҳрвандони бекори ноҳия бо ҷои кор таъмин шуданд. Тибқи Барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда 913 нафар ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 344 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст, ки аз ин шумора 83 нафарашонро мардон, 261 нафарашонро занон ва 145 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ шумораи кормандони ташкилоту муассисаҳо ба 50,7 ҳазор нафар баробар аст. Музди миёнаи меҳнат дар 4 моҳи соли 2023 ба 1154,57 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 128,1%-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳия дар хориҷи кишвар 9481 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 223 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 102 нафар кам мебошанд.

 Дар ноҳия 100 нафар шахсони яккаву танҳо ва бепарастор ба қайд гирифта шуда, давоми 4 моҳи соли 2023 ба онҳо танҳо барои доруворӣ ва хӯрока аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва шахсони саховатманд ба маблағи 12800 сомонӣ кумакҳои молию пулӣ расонида шудааст. Шумораи нафақахӯрон 15509 нафар буда, маблағи якмоҳаи нафақаи онҳо беш аз 5043,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила                 

Дар ноҳия 66 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 адад муассисаҳои типпи нав, 2 литсей, 2 гимназия ва 1 адад Парваришгоҳи наздимактабӣ фаъолият намуда, ба 41307 нафар хонандагон 2749 нафар омӯзгорон (1538 нафарашон занон) таълиму тарбия медиҳанд. Дар ноҳия 10 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 785 нафар тарбиятгиранда ва 145 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 3850 нафар амал мекунанд. Ба даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ 14 нафар хонандагон роҳхат гирифта, аз ин 5 нафарашон сазовори ҷойҳои сеюм аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ ва ҳуқуқ гаштанд ва корбарӣ дар ин самт идома дорад. Дар даври маҳаллии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 2276 нафар хонандагон иштирок карда, 1138 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфт. Даври ноҳиявӣ оғоз шуда, бо маром ҷараён дорад. Дар даври маҳаллии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” бошад, 1427 нафар хонандагон ва 4 нафар омӯзгорон иштирок карда, аз ин 350 нафар ба даври ноҳиявӣ пешниҳод шуд. Ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ 2267 нафарро ташкил медиҳад. Ба санаи 24 апрели соли 2023 1610 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки 71%-ро ташкил медиҳад.

– Аз соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 4 адад биноҳои нави таълимӣ (муассисаҳои таълимии №№5, 22, 28, 31) ва дар назди 8 адад муассисаи таълимӣ (№№23, 25, 30, 31, 35, 51, 53, Литсейи №2) синфхонаҳои иловагӣ барои 4000 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, дар онҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, 10 адад снфхонаҳои иловагӣ барои 240 нафар дар як баст дар заминаи МТМУ №30 (аз ҳисоби маблағгузории Шарикони рушд), 4 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар як баст дар заминаи МТМУ-и №38 ва №64 (аз ҳисоби Фонди Бунёди миллӣ) ва ҳамчунин синфхонаҳои иловагӣ дар заминаи МТМУ-и №3 ва №54 (аз ҳисоби маблағгузории МИҲД-и ноҳия) оғоз гардиданд. Бо мақсади бартараф намудани камбудии ҷойи нишаст бо дастгирии МИҲД-и ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 1500 адад мизу курсӣ ва ҷевонҳо дастрас ва тақсим карда шуданд. Бо дастгирии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия  барои 100 ҷойи нишаст мизу курсиҳо барои МТМУ №5 таъмин гардид. – мегӯяд, раиси ноҳияи Фархор, Зариф Назирӣ.

Имрӯзҳо ба мардуми ноҳия 73 адад муассисаҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии кормандони соҳа 1753 нафарро ташкил медиҳанд.Шумораи духтурон 200 нафар буда, бо корбарии онҳо давоми 4 моҳи соли 2023 2674 нафар беморон табобат ёфта, 1041 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Норасогии духтурон 10 нафарро ташкил медиҳад, ки ин 1 нафар духтури пӯсту зуҳравӣ, 1 нафар силшиносу саратоншинос, 5 нафар духтурони кӯдаконаву сироятшинос ва 3 нафар духтури эҳёгар мебошанд.

Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия давоми 4 моҳи соли 2023 109 адад санҷишҳо гузаронида, барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ 64 ададӣ протоколу қарорҳои ҷаримавӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 9164 сомонӣ ворид намудаанд. Аз ҳисоби 89 адад хулосаҳои санитарӣ бошад, ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 18156 сомонӣ гузаронида шудааст. Ҳолати санитарӣ-эпидемиологии ноҳия муътадил буда, давоми 4 моҳи соли 2023 касалиҳои сирояткунандаи сӯхтанӣ, сӯзок, фалаҷ, кабудсулфа, домана, салмонеллёз ва сурхча ба қайд гирифта нашуданд. Дар давраи ҳисоботӣ касалиҳои шадиди роҳи нафас 100 адад, бемории шадиди рудаю меъда 3 адад, занбуруғӣ 4 адад, зардпарвин 3 адад, бемории сил 6 адад ва бемориҳои осебдида аз ҳайвонот 1 адад кам ба қайд гирифта шуда, танҳо бемории буғумдард 1 адад ва хоришак 3 адад зиёд нишон дода шудааст. Маркази байниноҳиявии қароркунии саломатии «Насими Фархор» дорои 60 кат буда, ба аҳолии ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ хизмати тиббӣ мерасонад. Давоми 4 моҳи соли 2023 349 нафар шаҳрвандон барои табобат гирифтан муроҷиат намудаанд.

Аз шумораи умумии аҳолӣ 89131 нафарашро занон ташкил медиҳанд, ки ин ба 49%-и шумораи умумӣ баробар аст. Занони қобили меҳнат 56390 нафар, дар соҳаи маориф фаъолияткунанда 1474 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 961 нафар, соҳаи фарҳанг 85 нафар ва дар соҳаи соҳибкорӣ 103 нафар мебошанд. 379 нафар занон ба ҳайси роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 587 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Намояндагии занон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 16 нафар ва ба ҳайси вакилони Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 66 нафар мебошанд. Аз тарафи кормандони шӯъбаи кор бо занон ва оила давоми 4 моҳи соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқшуда вохӯриҳои гуруҳҳои корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор оиди пешгирии амалҳои номатлуб дар байни аҳолӣ 15 адад рейдҳо ва 54 адад суҳбату вохӯриҳо бо занону ҷавонон вобаста масоили мубрами рӯз, бахусус пешгирии ақидаҳои ифротӣ, дур нашудан аз фарҳанги миллӣ, пешгирии никоҳи хешу таборӣ ва ҷудошавии оилаҳо бо усули “хона ба хона” дар 1740 оила корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд.           

Фарҳанг, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Айни замон 45 адад муассисаҳои фарҳангӣ дар хизмати аҳолӣ қарор дошта, дар онҳо 182 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд. Давоми 4 моҳи соли 2023 фарҳангчиён тибқи нақша дар умум беш аз 400 адад чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил ва роҳандозӣ намудаанд, ки дар рафти онҳо беш аз 9700 нафар шаҳрвандон ҷалб карда шудаанд. Фонди китобии китобхонаи марказӣ 35391 нусха, китобхонаи бачагона 2663 нусха ва китобхонаҳои деҳотӣ 84130 нусха буда, дар маҷмӯъ 122184 нусхаро ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ китобҳои тозанашр ба китобхонаҳои оммавии ноҳия беш аз 170 адад ворид шуданд.

Шумораи ҷавонони 14 то 30 сола беш аз 62080 нафар буда, аз инҳо 30250 нафарашон занҳо мебошанд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар байни наврасону ҷавонон 30 адад суҳбату вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва 90 адад хонишҳои сиёсӣ, 18 адад аксияҳо, 14 адад чорабиниҳои фарҳангӣ, 8 адад мизи мудаввар, 50 адад озмунҳо, 155 адад мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, 35 адад маҳфили шеърхонӣ, 48 адад корҳои ободонӣ, 6 адад конференсияҳо, 30 адад машқҳои пагоҳирӯзӣ ва теренкурҳо, ҷамъ 484 адад чорабиниҳо гузаронида шуданд. Давоми 4 моҳи соли 2023 варзишгарони ноҳия 34 адад медалҳо аз мусобиқаҳои минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, ки аз ин шумора 17 адад тилло, 9 адад нуқра, 8 адад биринҷӣ мебошанд. Шумораи иншоотҳои варзишӣ 248 ададро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади рушди туризми дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ масъулин дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мактаббачагонро ба мавзеъҳои муқаддасу таърихӣ, дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ ва осорхонаи таърихии ноҳия барои тамошою шиносоӣ ва ташвиқи самти туризм сафарбар намуда, аз таъриху фарҳанг ва тамаддуну оини ниёгон ошно намуданд. Дар маркази ноҳия айни замон чойхонаву тарабхона, меҳмонхона, мағозаҳо, нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ ва дигар инфросохторҳои маишии замонавӣ фаъолият мекунанд. Барои расонидани хизмати алоқаи мобилӣ дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 28 адад нуқтаҳои фиристонандаи мавҷҳои алоқаи мобилӣ ба таври доимӣ фаъолият менамоянд ва ҳамарӯза ба аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар ноҳия мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии «Золи Зар», «Шӯртеппа», «Афғоншаҳидҷон», «Чилтан-бобо», «Санги Кулула», «Шаҳртеппа» ва «Шоҳи Аҳтам» ободон буда, барои қабули сайёҳон омода мебошанд.

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 11 адад комиссияҳои доимӣ ва 70 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Дар ноҳия 95 адад масҷидҳо, аз ҷумла: 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷидҳои ҷомеъ ва 84 адад масҷидҳои панҷвақта мавҷуд мебошанд. Мувофиқи ҳисоботҳо давомӣ 4 моҳи соли 2023 722 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар баргузории маъракаҳои ба қайд гирифташуда 3037050 сомонӣ маблағ сарф гардид, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 4479 сомонигӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ 678 адад тӯйи домодию арӯсӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра қонуншиканӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 адад ба қайд гирифта шуда, маблағи ҷаримавии онҳо 8500 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 400 адад бинову иншоотҳо, аз он ҷумла дар соли 2022 сохтмону азнавсозии 80 адад, дар соли 2023  сохтмони 75  адад, дар  соли 2024 сохтмони 81 адад, дар соли 2025 59 адад ва дар соли 2026 бошад, сохтмони 106 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудаанд. Дар арафаи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва раиси вилояти Хатлон 6 адад иншоотҳои ҷашнии дар нақша буда, бахусус Корхонаи коркарди хишти пӯхта, воқеъ дар мавзеи Сайёди деҳоти Дарқад; бинои Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66, воқеъ дар деҳаи Ӯртабӯзи деҳоти Фархор; Сехи макаронбарорӣ ва Маркази хизматрасонӣ, инчунин Сехи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии ҶДММ “Машҳур-тиҷорат”, воқеъ дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Фархор расман ба истифода дода шуданд.

Билоли Шамс, МТЖТ, ноҳияи Фархор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь