Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушдодани соҳаи сайёҳиро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Дамонзода Хусрав Назаралӣ суҳбат анҷом дод.

Раиси ноҳия дар бобати соҳаи сайёҳӣ сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки мо тасмим дорем, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, дар мавзеъҳои зебоманзари ноҳия, шароити мусоид фароҳам орем. Масъалаи хизматрасонӣ оид ба донистани хатсайр дар деҳаҳои ноҳияро низ ба инобат гирифтем. Аз ҷумла, дар деҳаи Фанфароқ , ки аз дар маркази ноҳия 8 км-ро дар бар мегирад, як шаршараи зебо аст. Ин хатсайр барои пиёдагардӣ ва саёҳат бисёр мусоид аст. Инчунин, барои сокинони ҷумҳурӣ, ки мехоҳанд дар табиат истироҳат кунанд, тамошои мавзеи мазкур роҳатбахш аст. Вақте сайёҳ бо табъи болида бармегардад, ҳатман аз маконҳои дидааш ба ҳамватанонаш таъриф мекунад. Ин боис мегардад, ки сайёҳони бештар ба Тоҷикистон ҷалб  шаванд.

Натиҷагирӣ

Мавсуф зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешид, ки дар натиҷа аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ноҳия дар ин давра таъмин карда шуд.

Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2023 воридоти андоз аз рӯйи 7 намуд сарчашмаи андозӣ 117,5 фоизро таъмин гардида, ба буҷети маҳаллӣ 24 млн 394 ҳазору 184 сомонӣ маблағ ворид гардид.

Иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ- 115,6 фоизро ташкил намуда, ба буҷети ноҳия 28 млн 598 ҳазору 283 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида (24 млн 734 ҳазору 999 сомонӣ) 3 млн 863 ҳазору 284 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2022 (23 млн 258 ҳазору 117 сомонӣ) 5 млн 340 ҳазору 166 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) 100% таъмин гардид. Тибқи нақша 9 млн 200 ҳазор сомонӣ  пешбинӣ шуда буд, ки  пурра иҷро гардид.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра 95% (нақша-34 млн 538 ҳазору 106 сомонӣ) 32 млн 645 ҳазору 174 сомонӣ мебошад, ки ба сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ- 89,5%, маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи маориф – 96 %, ба соҳаи тандурустӣ – 95%, ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ – 95% ва дигар чорабиниҳо равона карда шуданд.

 Рушди соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ва сохтмонӣ, аз қабили ангишт, семент, маъдан, рег ва шағал назаррас аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати нимсолаи якуми соли 2023, корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 28 млн 371 ҳазору 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар ҳудуди ноҳия 15 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки дар ин давраи соли сипаришуда 17 млн 350 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 172 % зиёд мебошад.

Се адад корхона ҳаҷми истеҳсолотро зиёд карданд, ки 112%-ро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 447 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин теъдод аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 249 ҷой ва аз ҳисоби шахсони воқеӣ 198 ҷой мебошад. Аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ 52 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.

 Бунёдкорӣ ва сохтмон

Номбурда афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 аз тарафи  соҳибкорон  ва  шаҳрвандон  дар   нимсолаи якуми  соли 2023, 31 адад  бинои замонавии  таъиноташон гуногун  дар  масоҳати  умумии 4 727,6 м2  бо  арзиши 5 млн 541 ҳазору 440 сомонӣ сохта, бо  қарорҳои раиси  ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд.

Дар ин давра аз тарафи бахши сохтмон барои сохтмони иншоотҳои гуногун 114 адад супоришҳои меъморию банақшагирӣ, 113 адад иҷозати  сохтмон ва инчунин 62 адад хулоса дар асоси Кодекси шаҳрсозии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Дар ноҳия сохтмони 2 толор ва 6 майдончаи варзишӣ мувофиқи нақша идома доранд.

Ҳамзамон, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии  деҳаи Шаршара, Суғдиён ва Қулпистаи Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ, сохтмони бинои муаасисаи таълимӣ дар деҳаи Фанфароқ ва Дашти Ринҷони Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ва сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №21 деҳаи Калон ва 5 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Панҷхоки Ҷамоати деҳоти Зидеҳ, дар маҷмуъ дар 8 муассиса 50 синфхона барои 1200 ҷои нишаст дар як баст идома дорад.

 Вазъи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ

Оид ба вазъи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамсуҳбатамон иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Варзоб 69 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва бепарастор фаъолият менамояд, ки дар онҳо 1 ҳазору 349 нафар  омӯзгорон, аз ҷумла, 821 зан ба 20 ҳазору 313 нафар хонандагон дарс  меомӯзонанд.

Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия як корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Ясминаи Таманно” ба қайд гирифта шудааст, ки муассисаҳои таълими ноҳия ҷиҳати амалӣ гардидани дастурамали тавсиявии либоси ягонаи мактабӣ  ҳамасола бо либоси мактабӣ таъмин мегарданд.

Дар ин давра дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 66 нафар иштирок намуда, 15 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ки аз ин 9 медали бириҷӣ ва 6 ифтихорнома мебошад.

Барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 маркази саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳи саломатӣ, 2 Барномаи миллӣ ва 5 нуқтаҳои ёрии таъҷилӣ дар назди марказҳои саломатии деҳот  бо шумораи 297 корманд, аз ҷумла 52 нафар табибон, 206 нафар кормандони миёнаи тиб ва 66 нафар дигар кормандони хурду техникӣ  фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ бо фарогирии 30 нафар табибон ва 46 нафар кормандони миёнаи тиб  фаъолият менамоянд. Илова бар ин, як бинои таваллудхона дар Ҷамоати деҳоти  Лучоб ва як бинои дигар дар Ҷамоати деҳоти Зидеҳ бахшида ба ҷашни 30 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода супорида шуд. Ҳамчунин, як дорухона дар ҳудуди беморхона ва 11 дорухонаи шахсӣ  дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот фаъолият менамоянд.

 Рушди соҳаи кишоварзӣ

– Ҳаҷми умумии  истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ  дар  ҳамаи шаклҳо 32 млн 494 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, ки ин  нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2022, 177 ҳазору  200  сомонӣ  зиёд буда, ба  100,5 фоиз  баробар  мебошад.

Мувофиқи нақшаи кишти тирамоҳӣ 1000 гектар пешбинӣ шуда буд, ки ба ҳолати 01 январи соли 2023 иҷрои кишти тирамоҳӣ 1002 гектарро ташкил дод. Нақшаи кишти баҳорӣ 1100 гаро дар ноҳия ташкил медиҳад, ки пурра гузаронида шуда, иҷрои нақша 100% таъмин гардид.

Бояд гуфт, ки дар нимсолаи якум соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Варзоб  майдони 4,7 гектар  боғҳои нав бунёд гардидааст, – зикр кард номбурда ва афзуд, ки ба ҳолати 1.07. 2023 оилаи занбӯри асал 5 ҳазору 275 ададро ташкил медиҳад ва 12,5 тонна асал истеҳсол карда шудааст. Ҷамъоварии асал дар мавзеъҳои баландкӯҳ идома дорад.

 Варзоб- минтақаи сайёҳӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки ноҳияи Варзоб яке аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди он мувофиқи маълумотҳо 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншоотҳои муҳимми сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад,  ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 омадурафти сайёҳон ба ноҳия 31 ҳазору 37 нафар, аз он ҷумла 4658 нафар сайёҳони хориҷӣ (соли 2022, 22 ҳазору 303 нафар, аз он ҷумла 3479 саёҳони хориҷӣ) ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли гузашта 8734 нафар зиёд , яъне 139,1% мебошад.

Бояд қайд кард, ки ноҳияи Варзоб дорои 25 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъмории дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

 Дастовардҳои ҷавонон

– Бояд зикр кард, ки шумораи аҳолии ноҳия 91 ҳазору 510 нафар буда, аз онҳо 38 ҳазору 720 нафарашон ҷавонон, аз ин шумора 19 ҳазору 205 нафар ҷавондухтарон ва 19 ҳазору 515 нафар ҷавонписарон мебошанд, ки 42%-и аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад, – изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки дар ҳудуди ноҳия 75 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 2 варзишгоҳ, 52 майдончаи варзишӣ, 21 толори варзишӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 10 нафар мураббӣ ва 360 нафар машқварзон (24 нафар бонувон) фаъолият доранд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 84 медал, аз ҷумла, 20 медали тилло, 32 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ гардидаанд.

 Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавсуф изҳор дошт, ки дар ноҳия 6 ҳазору 947 нафар нафақахӯрон, аз ҷумла як нафар иштирокчии ҶБВ зиндагӣ мекунанд. Талаботи  моҳонаи  нафақа дар ноҳия 2 млн  323 ҳазору 899 сомониро ташкил  дода,  андозаи миёнаи нафақа ба  341,90  сомонӣ  баробар мебошад.

Шумораи оилаҳои камбизоат дар 6 моҳи соли ҷорӣ 948 нафар (соли 2022 -1040 нафар)-ро ташкил медиҳад.

Вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон ба маблағи умумии 3 млн 200 ҳазору 841 сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ 66 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 80 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуданд.

 Танзим- баракати зиндагӣ

Номбурда зикр кард, ки дар 6 моҳи соли сипаришуда дар ноҳия 431 маърака гузаронида шудааст, ки хароҷоти умумии онҳо 2 млн 227  ҳазору 500  сомониро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии маъракаҳо тӯйи домодию арӯсӣ – 287 адад,  маросими чил – 78 адад ва маросими сол 44 адад мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки никоҳ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 214 (соли 2022- 255) адад (нисбат ба соли пешин 41 адад кам) ва талоқ дар шаш моҳи аввали  соли 2023, 46 (соли 2022-55) адад (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад камтар) ба қайд гирифта шудааст.

 Таъмир ва нигоҳдории роҳҳо

– Дар ноҳия «Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард» фаъолият мекунад,  ки дорои 41 воҳиди корӣ ва 8 адад техникаи роҳсозӣ мебошад. Дар тавозуни муассиса 161,5 км роҳи автомобилгард барои истифодаи умум қарор дорад, ки аз ин 69,5 км роҳи аҳаммияти ҷумҳуриявидошта ва 92 км роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллидошта мебошад.

Таъмири ҷории роҳҳо ба масофаи умумии 13 километр буда, 3,7 км роҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ тахту ҳамвор карда шуд. Ҳамзамон, 8 километр роҳҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ сангпӯш карда шуд, – зикр кард мавсуф ва афзуд, ки дар ин марҳила аз ҷониби роҳбарияти мақмоти иҷроия барои фаъолияти самарабахши муассиса, харидорӣ намудани сӯзишвории дизелӣ ва чархҳои резинӣ 46 ҳазору 500 сомонӣ аз буҷети ноҳия ҷудо карда шудааст.

 Корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист

Мавсуф дар идома изҳор дошт, ки аз тарафи муассисаи давлатии Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ оғоз аз тирамоҳи соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 ба миқдори 2 ҳазору 595 бех дарахтони ороишӣ, 10 ҳазору 100 бех гулҳои мавсимӣ, 11 ҳазор бех тухми  гули лола, 36 ҳазор  бех қаламчаи гули садбарг, 15 ҳазору 300 дона гули зимистонаи капуста ва 1000 дона гули садбарг дар “Боғи ҷавонон”, даромадгоҳи назди бинои мақомоти иҷроия, минтақаи Чорбед, “Боғи фарҳангӣ – фароғатии Парчам” ва дар мавзеъҳои муайянгардидаи шоҳроҳ шинонида шудааст.

Аз тарафи муассиса дар  баргузории ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои расмиву давлатӣ  шиору овезаҳо ба миқдори 1045 метри мураббаъ дар мавзеъҳои муайяншудаи шоҳроҳ  насб  карда шудаанд.

Аз ҷониби Шуъбаи ҳифзи муҳити зист барои давраи тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 шинондани 13 ҳазору 255 бех дарахтони гуногун тасдиқ гардида буд, ки дар натиҷа 20 ҳазору 88 бех дарахтон, аз ҷумла, 5974 бех мевадиҳанда, 3434 бех ниҳолҳои сояафкан ва 10 680 бех ниҳолҳои ороишӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ҳамшафати  шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ шинонида шудааст.

Дар баробари ин, дар асоси амри раиси ноҳияи Варзоб аз 16.01.2023, №16, 14 маротиба аксияи “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон

Вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавсуф зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ноҳия 1184 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст. Муроҷиатҳои шифоҳӣ 245 ададро ташкил медиҳад. Баррасии муроҷиатҳо дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ноҳия қарор дорад.

Дар баробари ин, ҳар ҳафта дар рӯзи  шанбе аз соати 8:00 то 12:00 қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия, инчунин, рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе аз соати 10:00 то 12:00 аз ҷониби муовинони раиси ноҳия доир мегардад, ки арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон баррасӣ карда шуда, барои иҷроиш ба самтҳои дахлдор  равона мегардад.

 Иншооти ҷашнӣ

– Дар асоси нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ айни ҳол 39 иншооти ҷашнӣ бо маблағи  14 млн 997,154 сомонӣ бо шумораи 73 ҷойи навӣ кории доимӣ  ба истифода супорида шуда, сохтмони 29 иншооти дигар мувофиқи нақша идома доранд, – изҳор дошт номбурда дар анҷоми суҳбат.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь