Мардуми заҳматкаш ва нурофари шаҳри Норак ба дигарон хизмат карданроо мақсади ҳаётии худ медонанд. Зеро Худованд ба онҳо манбаи нур оби дарёи сероби кишвар Вахш ва дар заминаи ин НОБ Норак ва Бойгозиро насиб гардондааст, ки мардуми кишвар бештараш аз ин ду неругоҳ бо барқ таъмин кара мешаванд. Чӣ тавре мегӯянд:

Чун зи Норак медамад дарёи Нур,

Кишвари мо мешавад саҳрои нур.    

Ҳамчунин, корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун машғул ҳастанд, буҷаи шаҳрро ғани гардонда, ба воситаи маҳсулоти итсеҳсолкардаи худ дар хизмати мардуми кишвар саҳм доранд.

Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар семоҳаи аввали соли 2023 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо шукргузорӣ аз истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи шаҳр давра ба давра пешравию дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодааст.

Буҷа, саноат ва сохтмон

Ҷамъоварии маблағи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар се моҳи аввали соли 2023 102 фоиз иҷро гардид, ки нисбати нақша 458,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар 3-моҳи аввали соли ҷорӣ ҷамъоварии маблағи андозҳо бошад 103,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 18,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 556,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Қайд кардан зарур аст, ки дар моҳи март ҷамъоварии андозҳо 104,0 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба нақша 267,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷет бошад, аз рӯи нақшаи пешбинишуда 93 фоиз ё 15,8 млн сомонӣ таъмин карда шудааст. Қарздорӣ аз андозҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2023 2,0 млн сомонро ташкил дода, аз ин шумора 806,0 ҳазор сомонӣ қарз аз андози иҷтимоӣ мебошад. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда бақияи қарзи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ нисбати аввали сол 61,7 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

– Дар шаҳр тибқи ҳисоботҳои оморӣ 19 корхонаи истеҳсолӣ бо 1807 нафар корманд фаъолият намуда  истодаанд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар 3- моҳи аввали соли  2023 ба маблағи 426,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давра 121,8 фоиз ё ин ки 76,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 136 % ё 34,2 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 9,1 млн сомонӣ зиёд  мебошад. Дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ 1726 метри мукааб рег, 1929 метри мукааб шағал, маҳсулоти ширӣ 6,9 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 2149,2 тонна, маҳсулоти қаннодӣ 1,7 тонна, гӯшти мурғ 3 тонна, орд 745,2 тонна, макарон 85,7 тонна, маҳсулоти дӯзандагӣ 651,8 ҳазор сомонӣ, кислород 8990 метри кубӣ, хишти сементӣ 40 ҳазор дона, бетони сохтмонӣ 14966,2 метри мукааб, маҳсулот аз пластикаи филизӣ 856,2 метри мураббаъ, мебел ба маблағи 280,2 ҳазор сомонӣ, симтур 8640 метри мураббаъ, таҷҳизотҳои металӣ 593,6 тонна ва истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳо 2983,2 млн кВт соат истеҳсол намудааанд.

Ҳамчунин, дар шаҳр дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи ба истифода додани корхонаҳои саноатии нав якчанд намуди  маҳсулотҳои нав аз ҷумла, ширеш 33,5 тонна, ротбанд 36 тонна, шпаклёвка 6 тонна, гаҷи кардонӣ 48815 дона, сангҳои ороишӣ 341 метри квадратӣ ва гӯшти парранда 3 тонна истеҳсол гардидааст. Ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат, аз тарафи соҳибкорони шаҳр бо маблағгузории мустақим дар соли 2023 сохта ба истифода додани 5 адад корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иҷроиши корҳои сохтмонӣ-пудратӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 99,9 млн сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,4 фоиз ё ин ки 17,6  млн сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон 7 адад иншоотҳо ба маблағи 1793,3 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Корҳои сохтмони дар таҷдиду азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, терминали хизматрасонӣ “Норак”, бозор дар минтақаи манзилии №4, майдони варзишии марказӣ, майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Сари Боло, 5 адад биноҳои 4-ошёна дар маҳаллаи Дӯконӣ, 2 адад 7-ошёна дар минтақаи манзилии №1 босуръат идома доранд. Сохтмони муассисаи томактабӣ дар қисми ҳарбии 52168 дар арафаи анҷомёбист. Сохтмону азнавсозии бинои беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ дар маҳаллаи Лангар, 6 адад нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва хатти оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи БАТР идома дорад. Дар асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳр 19 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 3,5  ҳазор метри мураббаъ ё ба маблағи 3,2 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. –  мегӯяд, раиси шаҳри Норак, Асозода Дилшод.

Корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси нақша чорабинӣ оид ба таъмиру азнавсозӣ, бунёди иншоотҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза 180 адад иншоотҳо, аз ҷумла 8 адад биноҳои маъмурӣ, 8 адад муассисаҳои таълимӣ, 6 адад табобатӣ, 5 адад варзишӣ, 2 адад фарҳангӣ, 20 адад корхонаҳою коргоҳи саноатӣ ва 131 адад иншоотҳои хизматрасонию маишӣ, истиқоматӣ кишоварзӣ, фароғатӣ ва савдо ба нақша гирифта шуда, дар доираи он корҳои  назоратӣ бурда шуда истодааст. Дар доираи омодагиҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 адад иншоотҳо сохта ба истифода дода шудааст, ки дар маҷмӯъ 20,5%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар 8 адад биною иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида, ҳуҷҷагузории он дар баррасии  комиссияи давлатӣ қарор дорад.

Энергетика, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар ин давра, неруи барқ ба маблағи 7,9 млн сомонӣ ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳои шаҳр фурӯхта шуда, 7,6 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки 96,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи аҳолӣ 89 фоиз ва корхонаю муассисаҳо бошанд, 111,8 фоизро ташкил медиҳад. Қарздорӣ аз нерӯи барқ ба ҳолати 1 апрели соли 2023 26352,37 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин шумора 9,9 млн сомонӣ ба бахши аҳолӣ рост меояд. Қарзи дебитории соли ҷорӣ 270,77 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати имрӯза дар шаҳр 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудкардашуда 143,2 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021-2025 бо дар баргирии 183 лоиҳа ба маблағи 453,6 млн сомонӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 28 декабри соли 2020, №40 тасдиқ гардида, дар 3- моҳи аввали соли 2023 36 лоиҳа ба маблағи 85,1 млн. сомонӣ бо назардошти маблағҳои амалишудаистода иҷро гардидааст, ки нисбат ба маблағҳои пешбинишуда 19 %-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 43  лоиҳаҳои дигари он марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодааст.

Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ба 2 нафар шаҳрвандон ба маблағи 13600 сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст. Дар се моҳи аввали соли 2023 6 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 79 шаҳрвандони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 нафар зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ҳамин давра дар шаҳр 362 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд, ки 84 нафари он ба соҳаи саноат, 175 нафар ба соҳаи сохтмон ва 203 нафар ба дигар ташкилоту муассисаҳо рост меояд. Дар ин давра 2716 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, аз ин шумора 353 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 20 нафар шаҳрвандон ба маблағи  13,6 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст.

Кишоварзӣ

Дар 3-моҳи аввали соли ҷорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 15,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 110,8 фоиз ё  1,5 млн сомони зиёд мебошад. Бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии ҳар ваҷаб замин ва таъмини саривақтии дурнамои пешбинигардида ба ҳолати имрӯза дар майдони 497 гектар, аз он ҷумла 386 гектар ғалладонагиҳо, 16 гектар зироатҳои техникӣ, 23 гектар сабзавот, 17 гектар картошка, 5 гектар полезӣ ва 48 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуда, ба истиснои нақшаи кишти сабзавот, полезӣ ва ҷуворимакка барои дон дурнамои пешбинигардида 96,3 фоиз таъмин карда шуда, рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ идома дошта, дар муҳлати муқараргардида таъмин карда мешавад. Ба ҳолати имрӯза дар гармхонаҳои доимоамалкунанда дар майдони 3 гектар сабзавот ва 2 гектар гулу буттаҳо кишт карда шуда, аз ин ҳисоб дар давраи ҳисоботӣ 80 тонна сабзавот ва 150 ҳазор бех гулу бутта истеҳсол карда шуда, рафти ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 337,4 тонна гӯшт дар вазни зинда, 494,1 тонна шир, 192,5 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 2 то 7 фоиз афзудааст. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар ин давра дар шаҳр 11207 гектар чарогоҳҳо ба қайд гирифта шуда, дар ин майдон 13385 сар чорвои калони шохдор, 35576 сар чорвои хурд, 23848 сар парранда, 758 сар асп ва 1745 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки суръати афзоиши саршумори чорво аз 2 то 7 фоизро ташкил намуд. Бо истифода аз талу теппаҳо ва ниҳолҳои ба иқлими шаҳр мутобиқ дар майдони 5,5 гектар боғи нав бунёд карда шуда, беш аз 8 гектар боғҳои кӯҳнаю аз истеҳсол бозмонда решакан ва аз нав барқарор карда шуданд.

Маориф ва тандурустӣ

Д. Асозода иброз медорад, ки соҳаи маориф таҳкурсии асосии давлат буда, айни замон дар 39 муассисаи таълимӣ 932 нафар омӯзгор, ки аз ин шумора 712 нафарро занон ташкил медиҳанд, ба 1641 нафар хонанда ва 677 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ дарс медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 604 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 261 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус ва 67 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Инчунин, дар назди 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Норак марказҳои инкишофи кӯдак бо шумораи 15 гурӯҳ ташкил карда шуда, 330 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Моҳи феврали соли 2023 22 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд, ки аз нақшаи пешбинигардида 10 нафар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 65 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр дар олипиадаи сатҳи вилоятӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз  ин шумора 20 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин, 248 нафар ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалии “Кенгуру”, “Архимед”, “Аймаз”, “Ҳиппо” ва “Фисо” аз фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ, математика, география ва технологияии иттилоотӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори 53 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Муассисаҳои тандурустӣ дар доираи Барномаҳои кафолатӣ фаъолият намуда, давоми се моҳи аввали соли 2023 848 нафар беморро бистарӣ намудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 116 нафар кам аст. Аз шумораи умумии беморон 174  нафар ба маблағи 50% (соли 2022 210 нафар), 16 нафар ба маблағи 70 фоиз (соли 2022  29 нафар), 42 нафар ба маблағи 100 % (соли 2022 37 нафар) ва 616 нафар (дар  се моҳи соли 2022 688 нафар) бе маблағ (имтиёзнок) бистарӣ гардиданд.

Ҷавонон, варзиш, кор бо занон ва оила

Айни замон дар шаҳр 19 ҳазору 200 нафар ҷавонони аз 14 то 35-сола умр ба сар мебаранд, ки 9468 нафари онро писарон ва 9354 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд. 22 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд. Дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” фаъолият менамоянд, ки 150 нафар ҷавон аъзои ин маҳфил мебошанд. Дар давоми се моҳи  аввали соли равон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон 175 чорабиниҳо бо ҷалби 13786 нафар наврасону ҷавонон ва дигар табақаи ҷомеа, аз  ҷумла 12 вохӯрӣ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, 10 вохӯрию мулоқотҳо, мизҳои мудаввар, 14-аксияи тозагӣ ва ободкорӣ, 11-аксияи тақсимоти буклетҳо, 5 аксияи ниҳолшинонӣ, 36 чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ бо ҷалби 5253 нафар, ҷавонону наврасон ва дигар табақаи аҳолӣ, 30 хониши сиёсӣ бо ҷалби 5463 нафар ҷавонон, 16 ҷаласаҳои назоратӣ дар назди мудири бахш бо ҷалби 26 нафар корманд баргузор гардидааст.

Дар се моҳи аввали соли 2023 варзишгарони шаҳри Норак аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби 9 медали биринҷӣ, 1 медали нуқра, 1 медали тилло ва аз чемпитонати вилоятӣ 55 медал, аз ҷумла  19 медали тилло, 18 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Шумораи умумии занон дар шаҳр 32 ҳазору 431 нафарро ташкил дода, айни замон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр 2829  нафар духтарону занон фаъолият намуда истодааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 нафар зиёд мебошад. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда 111 нафар фаъолият доранд, ки  42 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ дар бар мегирад. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ  дар шаҳр  тариқи усули «Хона ба хона» бо зиёда аз 75 оила корҳои  инфиродӣ бурда шудааст. Тибқи квотаи Президентии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 49 нафар ҷавондухтарон дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ  таҳсили илм намуда истодаанд.

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, фарҳанг

Дар се моҳи аввали соли равон дар шаҳр 334 ҷашну маъракаҳо доир гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 65 адад зиёд мебошад. Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳр 3 комиссияи доимӣ ва 35 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 334 муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 65 муроҷиат зиёд аст. Аз ҷониби масъулон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати дар доираи меъёрҳои муайянгардида баргузор намудани ҷашну маъракаҳо мунтазам бурда шуда, дар давоми се моҳи аввали соли 2023 дар рӯзномаи шаҳрӣ 2 мақола чоп, тариқи радиои маҳаллӣ 5 силсилагуфтор, 1 семинар ва 15 вохӯриҳо ташкил карда шудааст.

Кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дар баргузории ҷашну санаҳои таърихӣ ва сиёсиву фарҳангӣ саҳми муносиб доранд. Кормандони китобхона ба 3771 нафар хонанда хизмат расонида, 16996 нусха  китоб пешкаши хонандагон гардонидаанд. Дар китобхонаҳо 424 адад чорабинӣ бо иштироки 2929 нафар, нисбати соли гузашта 61 адад зиёд доир гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар давоми сол бо  дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба  китобхонаи марказӣ 534 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва 5 нусха бо  забони русӣ дастрас карда шуд. Дар Осорхонаи “Дӯстии халқҳо” ҷиҳати омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” аз 16 то 30-юми январ Аксия таҳти унвони “Китоби “Тоҷикон”-шиносномаи миллат” баргузор карда шудааст. Дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр 175 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 86 нафарро писарон ва 89 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр корҳои таҷдиду азнавсозӣ идома дошта, то ин давра як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст.

Санаи 27-уми январ дар майдони марказии шаҳр бо иштироки аҳли кормандони ҷомеаи меҳнатӣ ҷашни “Сада” дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир карда шуда, ҳайати эҷодии бахши фарҳанг дар баргузории ҷашни Сада дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд. Баҳри дар сатҳи баланд баргузор  намудан ва омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи  таърихи миллат”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар китобхонаи марказӣ ва филиалҳои он тамоми  чораҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои таблиғотӣ ва чорабиниҳои  маърифатӣ гузаронида шуд.

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон санаи 23 феврали соли 2023 дар майдони марказии шаҳр  чорабинии бошукуҳи идона бо иштироки зиёда аз 3000 нафар доир  гардид. Ҳамзамон, бахшида ба чорабинии мазкур озмуни вилоятии  “Ватанпарвар” миёни ҷавонону наврасони муассисаҳои таълимии  шаҳр баргузор гардид. Ҳамзамон, дар доираи омодагиҳо бахшида ба  таҷлили Рӯзи Модар озмуни вилоятии “Суруди Алла” таҳти унвони  “Алла – ифшогари орзуҳои модар” дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон доир гардида, ҳунармандони бахши фарҳанг ғолиби озмуни  мазкур дониста шуданд. Дар доираи баргузории чорабиниҳои  фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҶДММ  “Боғи  Анор” ва деҳаи Чортути Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ барномаҳои идонаи  консертӣ бо иштироки санъаткорон ва кормандони бахши фарҳанг бо  сабти телевизиони “Сафина” доир карда шуд.

Билоли ШАМС,

МТЖТ, шаҳри Норак

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь