Шиори «Фарҳанг ҳастии миллат аст» асоси сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар, дар маҷмӯъ шиори фарҳангиёну зиёиёни ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Фарҳанг доманаи густурда дорад ва дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқиятҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрӯза дида метавонем, ки маҳз тӯли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо намоянд. Имрӯз наметавон дарёфт он кишвари абарқудратеро, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ арзи ҳастӣ дошта бошад. Онҳо дар навбати аввал дар роҳи «системасозиҳо»-и минтақавию ҷаҳонӣ маҳз, бо фарҳанги худ такя менамуданд ва менамоянд. Асри гуфтугӯи тамаддунҳо, ки чанд даҳсола боз аҳли башар аз он барои худ мазмунҳоро ҷӯё мешавад, давоми мантиқии андешаи болост, ки иртиботи қавӣ ба авзои иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони имрӯза дорад. Дар ҳақиқат фарҳанг ба як омили созандаи шоҳроҳҳои бузурги иҷтимоиву сиёсӣ низ табдил ёфтааст, ки ин ҳукмро қисман раванди ҷаҳоншавии имрӯза собит мекунад. Аксар қазияҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз ба бархӯрди фарҳангҳо робита доранд. Боиси фараҳмандиву қаноатмандист, ки давлату Ҳукумати кишварамон ин ҷиҳати ҳассосиятдоштаро бо хубӣ дарк намудааст. Алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як роҳнамои миллат бо қадрдонӣ намудани фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, аллакай қадамҳои устувори худро дар ин ҷабҳа гузоштаанд.

Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки бе инкишофи фарҳанг давлат наметавонад рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардумро боло барад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, новобаста аз мушкилоти давраи гузариш Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат пайваста ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Баромади таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиёни мамлакат (20-уми марти соли 2001) таҳти унвони «Фарҳанг ҳастии миллат аст» бори дигар сиёсати фарҳангии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро равшану возеҳ намуд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз, соли 2000 дар Паём ба ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент чунин қайд карда буданд: «Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қарну асрҳо то имрӯз симои миллати  худро, пеш аз ҳама, тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст… ва байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст».

Яке аз дастовардҳои бузурги фарҳанги даврони истиқлол, ки Пешвои миллат ба он диққати ҷиддӣ доданд, ин таҷлили ботантанаи санаҳои муҳими таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор мерафт. Баргузории Симпозиуми байналмилалии 1000-солагии «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, таҷлили ҷашнҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, 300-солагии  Фарҳанги зардуштӣ, 2700-солагии «Авасто», 2500-солагии Истаравшан, эҳёи Саразм, Ҳулбук, бузургдошти санъати суннатии «Шашмақом» ва санъати мардумии «Фалак», 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 солагии Ҳисори шодмон, номинатсияи «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада», «Чакан-ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО сабти ном шудааст ва тамаддуни ориёӣ шаҳодати гуфтаҳои болоянд. Бархе аз ҷашнҳои номбурда дар даврони мушкилоти иқтисодии кишвар ва нобасомониҳо таҷлил гардиданд.

Ҷашнҳои даврони истиқлол ба кулли мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки бо таърих, мероси фарҳангии ниёгон, арзишҳои миллӣ, анъана, урфу одати азёдрафтаи хеш тавассути намошиҳои театрӣ, эҷоди китобҳо, намоишномаҳо, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, ҳайкалатрошӣ, шаҳрсозӣ ва ғайра шинос шуда, баҳри эҳё ва рушди он заминаҳои мусоид фарҳам оварад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил бузургдошти арбобони барҷастаи илму ҳунар, шоирону нависандагони тоҷику форс ва поси хотири онҳо яке аз паҳлӯҳои муҳими сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ба шумор мерафт. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии олим, шоир ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 100-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, 100-солагии Ғаффор Валаматзода, 80-солагии шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ ва монанди ин худ як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд гаштани маънавиёти ҳамдиёрони мост.

Ҷомеа ва фарҳанги муосир аз бӯҳрони маънавӣ зина ба зина берун омад. Имрӯзҳо кормандони санъати театрӣ, мусиқишиносӣ, санъати тасвирӣ, хореография, ҳайкалтарошӣ, адабиёт дар ҷустуҷӯи нави эҷодианд. Дар ин давра неъматҳои сифатан нави фарҳанги моддию маънавӣ тавлид гардида, хазинаи фарҳанг бою ғанӣ гашт.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20-уми апрели соли 2011) омадааст: «Дар даврони Истиқлолият паҳлӯҳои гуногуни фарҳанги миллӣ таҷдиду такони тоза ёфтанд. Ба шарофати  ғамхориҳои доимии Ҳукумат садҳо муассисаҳои фарҳангӣ-театрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳои нодири таърихӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд ва даҳҳо биноҳои замонавии фарҳангӣ қомат афрохтанд».

Ҳамин тавр, ба хосу ом бармалост, ки фарҳангиён, эҷодкорон, аҳли зиё тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ баҳри амалӣ гардонидани сиёсати давлатии фарҳангӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Имрӯз ба симои пойтахти кишвари азизамон менигарем ва пеши назар як шаҳри фарҳангие ҷилва менамояд, ки бозгӯи таърихи ҳазорсолаҳост. Биноҳои муҳташами гунбанзшаклу дорои манораҳо, шаҳрҳои қадимии миллатро ба ёд меоранд. Зебу зиннати миллӣ ва баъзан нақшҳое дар болои гунбазҳо ифодаву мафҳуми «тоҷик»-ро кушодан мехоҳанд. Ин ҳама хидматҳои шоистаи Пешвои миллат мебошад, ки фарҳангро арҷгузорӣ менамоянд. Ин таҳаввулот ба ҳамаи мо умед бахшида метавонад, ки ин сиёсати фарҳангии Пешвои миллат давлату миллату марзу буми моро чун сипари тавоно тӯли ҳазорсолаҳо боқӣ медорад.

Чунончи, шоири номвари тоҷик Лоиқ мефармояд:

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,

Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.

 

Аз Бухоро бар Душанбеи шариф

“Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме”.

 

Бар Душанбе – пойтахти тоҷикон,

Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме…

Дилшод УМАРОВ,

Насим ҚОДИРОВ,

омӯзгорони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь