Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси шаҳри мазкур Саломзода Сиҷоуддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: “Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус изҳор доштанд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки беш аз пеш баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.

Саломзода Сиҷоуддин ҳамчунин қайд намуд: Дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026, Солҳои рушди саноат ба мо бештар имкон медиҳад, ки соҳаи саноатро бештар рушд диҳем ва саҳми арзандаи хешро гузошта бошем”.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар қатори халқи шарафманд ва соҳибхиради ҷумҳурӣ фахр аз он дорад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуд ва дар айни замон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баҳри сазовор пешвозгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳама ҷониба фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст”.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки нақшаи қисми даромади  буҷет аз рӯи контингентӣ умумӣ 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 102,8 млн. сомонии пешбинигардида 103,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 696,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ ба андозаи 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 83,1 млн. сомонӣ ворид гардид, ки он нисбат ба нақша 626,5 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ низ 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 55 млн. сомонӣ ворид гардидаст, ки ин нисбати нақша 209,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон, 28,1 млн. сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят равона гардидааст, ки иҷроиш 102 фоиз таъмин гашта, нисбати нақша 417 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,1 млн. сомонӣ зиёд равона гардид.

Бо мақсади барҳам додани бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимоӣ  тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба 2981 нафар андозсупорандагони қарздор ба маблағи 8,3 млн. сомонӣ огоҳинома пешниҳод шуда, аз ин ҳисоб 5,9 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд.

Ҳамчунин, нисбати андозсупорандагони қарздор ба маблағи умумии 9,3 млн. сомонӣ 163 қарорҳои маҷбуран ситонидани қарз қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 5,4 млн. сомонӣ ворид гардид.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Ҳамчунин, мавсуф дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки дар нозироти андози шаҳри Бохтар тариқи «Равзанаи ягона» 5536 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр дар маҷмӯъ 524 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 80 ҷойи кор аз ҳисоби иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, барои ташкили сехи дӯзандагӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, оид ба харидорӣ намудани таҷҳизоти дӯзандагӣ ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025 амалигардии 86 лоиҳа ба маблағи умумии 1 млрд. 445,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ 2 28 лоиҳа ба маблағи 272,4 млн. сомонӣ пурра амалӣ гардида, 41 лоиҳа ба маблағи 304,0 млн. сомонӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии корҳои иҷрошуда 583,9 млн. сомонӣ ё худ 40,2 фоизи барномаро дар бар мегирад.

Дар шаҳр 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 101,4 млн. доллари амрикоӣ таҳти амал қарор дошта, маблағгузории онҳо то ин давра 30,2 млн. доллар ё худ 44 фоизро дар бар мегирад.

Баҳри дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдошта, ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 ба маблағи умумии 130,0 млн. сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Саноат

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 143,8 млн. сомониро ташкил дода, афзоиш ба 125,0 фоиз баробар шудааст, ки аз ин ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ – 80,7 млн. сомонӣ ва сектори хусусӣ – 63,1 млн. сомонӣ мебошад.

Аз 53 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 40 корхона фаъолияти хуб дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта то 10 баробар, ё ин ки 28,7 млн. сомонӣ зиёд намудаанд.

Дар ин давра се коргоҳи истеҳсолӣ –  ҶДММ “Ҳалили Иброҳим” оид ба коркарди писта, ҶДММ “Баракати истиқлоли диёр” оиди истеҳсоли мебел ва ҶДММ “Деҳаи ман” банду басти маҳсулотҳои кишоварзӣ таъсис дода шудааст, ки тавассути онҳо 27 ҷойи нави корӣ фароҳам гардид.

Кишоварзӣ

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки дар доираи амалигардонии Барномаи амнияти озуқавории мамлакат, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 38,9 млн. сомонӣ ташкил дода, афзоиш 110,8 фоиз таъмин гардид.

Тибқи дурнамо барои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидории шаҳр 678 гектар пешбинӣ гардидааст, аз он ғалладонагиҳо – 485 га, картошка – 35 гектар, сабзавот – 157 гектар ва зироати хӯроки чорво 1 гектарро дарбар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ғалладонагӣ – 595 тонна, (аз ҷумла, гандум 253,4 тонна) картошка – 689,2 тонна, сабзавот – 9273,6 тонна (бодиринг – 1918 тн., помидор – 2882 тн., карам – 780 тн., пиёз – 965 тн., сабзи – 1053,7 тн., қаламфури булғорӣ – 735,9 тн, дигар маҳсулотҳо – 828,9 тн.), меваҷот – 115 тн, гӯшт – 31 тонна, шир – 229 тонна, тухм 94,8 ҳазор дона истеҳсол гардидааст.

Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 684,4 тоннаро дарбар мегирад.

Маориф ва илм

Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки баҳри рушди соҳаи мариф ва илм дар ҳудуди шаҳр 23 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки аз он 4 литсей, 2 гимназия (1 адад хусусӣ) ва 1 мактаби иноватсионӣ, 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин 20 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (3 адад хусусӣ) фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимии мактабӣ ва томактабии шаҳр 1267 омӯзгорон ва мураббияҳо кор ва фаъолият доранд, ки аз ин шумора 961 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар солҳои таҳсили хониши 2021-2022 шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии мактабӣ 27482 нафар ва томактабӣ 2922 нафар кӯдаконро дар бар мегирад.

Дар таҳсили хониши солҳои 2021-2022 бо мақсади дарёфт ва рушд 320 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар маҷмӯъ сазовори 231 медал, аз ҷумла 1 медали алмос, 31 медали тилло, 37 медали нуқра ва 162 медали биринҷӣ гардиданд.

Бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи хонандагон дар назди шуъбаи маорифи шаҳр “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ташкил карда шуда, хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ дар маҳфилҳои фаннӣ ба дарсҳои иловагӣ ва такмили маҳорати зеҳнӣ фаро гирифта шудаанд.

Тандурустӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар шаҳр ҷиҳати беҳдошти вазъӣ саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 6 адад муассисаи хусусӣ (Маркази тиббии «Даво», Маркази тиббии «Хатлон» ва маркази саломатии “Акси шифо”, “Суман”, “Дурахш” ва “Ҳаёти солим”) ва 22 адад муассисаҳои тиббии вилоятӣ, 17 адад ҳуҷраҳои давлатию хусусии даҳонпизишкӣ, 10 адад ҳуҷраҳои ташхисии ултрасадо ва 117 адад дорухонаҳо ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар сохтори госпиталии шаҳр шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози дарунӣ, эҳёгарӣ ва таҳлилгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 120 кати хоб мавҷуд буда, шумораи коргарон 286 нафар, аз ҷумла духтурон 39 нафар, 152 нафар кормандони миёнаи тиб, 69 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 26 нафарашонро кормандони хоҷагидорӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии кормандони сохтори госпиталӣ 234 нафарашон занон мебошанд.

Дар 6 моҳи соли 2022 дар сохтори госпиталии шаҳр 2087 нафар беморон бистарӣ гардида, 2055 нафари онҳо табобат ёфтанд.

Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 467 нафар мутахассисон ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ расонида, аз байни онҳо 100 нафарашон духтур, 297 нафар кормандони миёнаи тиб, 44 нафари табибони оилавӣ ва 26 нафар кормандони хоҷагидорӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассисаи мазкур 95 ҳазору 253 нафар беморонро қабул намуда, 163 ҳазору 299 нафар шаҳрвандонро дар хонаҳо ва дар маҷмӯъ 258 ҳазору 552 нафарро муоинаи тиббӣ намудаанд.

Дар Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ 114 нафар фаъолият намуда, ба сокинони шаҳр ва қисман берун аз он хизмати тиббии шабонарӯзӣ мерасонанд. Аз шумораи умумии кормандон 22 нафар духтурон, 34 нафар кормандони миёнаи тиб, 23 нафар кормандони хурди тиб, 23 ронанда ва 12 нафар кормандони маъмурият мебошанд.

Вобаста ба пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии хавфноки каронавирус (КОВИД-19) дар шаҳр чорабиниҳои вобаста ба эмгузаронӣ бо маром ҷараён дошта, то имрӯз эмгузаронии гуруҳҳои мақсадноки аҳолӣ вояи якум  99,9 фоиз, вояи дуюм 98,4 фоиз ва вояи сеюм 65,7 фоиз иҷро гардид.

Ҷавонон ва варзиш

Дар хусуси вазъи варзиш ва ҷавонон дар шаҳр, мавсуф чунин изҳори назар намуд, барои рушди варзиш дар шаҳр 3 варзишгоҳ, мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 95 майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла 18 адад майдончаҳои футболи хурд ва 2 майдони теннис дар истифодаи умум мебошанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба онҳо зиёда аз 786 нафар ҷавонон ва наврасон ҷалб гардиданд, ки аз ин 333 нафарашонро духтарон ташкил дода, ба онҳо 30 нафар мураббиён аз рӯи 16 намуди варзиш ҳамарӯза тамрин менамоянд.

Дар давоми 6 моҳи соли 2022 байни наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ 140 мусобиқаҳои варзишӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки 9440 нафар ҷавонону наврасон гузаронида шудааст. Инчунин, варзишгарони шаҳр дар 25 мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, 115 медал ба даст оварданд, ки аз он 50 медали тилло, 37 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ мебошад.

Баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони шаҳр ба 52 нафар донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ стипендияи президентӣ ва ба 70 нафар стипендияи раиси шаҳр таъин карда шудааст.

35-солагии Истиқлолият

Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 11-уми феврали соли 2022, №50 “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси қарори раиси шаҳри Бохтар аз 30-уми марти соли 2022, №190 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, то имрӯз нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 270 банд таҳия гардида, дар давраи ҳисоботи 10 банд пурра иҷро карда шудааст.

Баҳри амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида, махсусан эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва дар ин замина таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2026 ба истифода додани 18 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин таъсиси 4 корхона дар соли 2022 пешбинӣ гардидааст.

Дар 6 моҳи сипаришуда се коргоҳи истеҳсолӣ – ҶДММ “Ҳалили Иброҳим” оид ба коркарди писта, ҶДММ “Баракати истиқлоли диёр” оиди истеҳсоли мебел ва ҶДММ “Деҳаи ман” банду басти маҳсулотҳои кишоварзӣ  таъсис дода шудааст, ки тавассути онҳо 27 ҷойи нави корӣ фароҳам гардида, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ корхонаи истеҳсоли гугирд низ ифтитоҳ карда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ аввалин корхонаи истеҳсоли гугирд буда, барои боз ҳам баланд бардоштани рушди соҳаи саноати шаҳр мусоидат хоҳад намуд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврал ва 18 июни соли 2022 баён гардида буданд, тибқи қарори дахлдори раиси шаҳр нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тасдиқ карда шуда, таҳти роҳбарии масъулини соҳа қарор дода шудааст.

Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои амалисозии дастурҳои Роҳбари давлат оиди таъмини истиқлолияти энергетикӣ, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо, саросар соҳибкасб намудани аҳолӣ, таъмини на кам аз 8 фоизи рушди иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат дар соҳаи тандурустӣ, азнавсозии низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибитидоию миёнаи касбӣ ва ба ин васила омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давалатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, саъю кӯшиш ва талошҳои худро ба хотири  боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри Бохтар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мурдуми он равона хоҳад намуд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь