Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Баротзода Файзулло Раҷаб суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғоз қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва коллективҳои меҳнатии ноҳияи Лахш дар асоси конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаш моҳи соли 2022 корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Иҷрои буҷет

Иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва пуррагардонии буҷет ҳамеша зери диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш қарор дошта, ҷиҳати пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида мешавад. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ дар шаш моҳи соли 2022 (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар ҳаҷми 102,9 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 8 миллиону15,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет 8 миллиону 247 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 231,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, – гуфт раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки дар масъалаи кам кардани бақияпулиҳои андоз дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. “Масалан, ба ҳолати 1 июли соли 2022 қарзи андоз аз буҷет маблағи 1 миллиону 985,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1 январи соли 2022 ба маблағи 78,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ, дар шаш моҳи соли 2022, ба маблағи 17 миллиону 706 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, дар асл бошад, воридоти маблағ 17 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 100,5 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷотии буҷети маҳаллӣ дар шаш моҳи соли 2022 ба маблағи 27 миллиону 380,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки аз ин ҳисоб 24 миллиону 880,5 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шуд. Ин 90,9 фоизи нақшаро ташкил менамояд”.

Музди меҳнат

Пардохти музди маоши кормандони соҳоти буҷетӣ зери назорати қатъии роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Баротзода Ф. қайд намуд, барои пардохти музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба ҷои 18 миллиону 285,9 ҳазор сомонӣ, 17 миллиону 236,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки 94,3 фоизи нақшаро ташкил менамояд. “Дар пардохти музди маоши ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда қарздорӣ мавҷуд нест”.

Дар моҳҳои январ-майи соли 2022 музди маоши кормандони ташкилоту муассисаҳо ба маблағи 15 миллиону 939,2 ҳазор сомонӣ ҳисобӣ карда шудааст. Музди маоши миёнаи як нафар коргар дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия дар моҳҳои январ-майи соли 2022 ба 938 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 1,7 фоиз ё 16 сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи умумии нафақагирони ноҳия 5116 нафарро ташкил намуда, нафақаашонро саривақт гирифта истодаанд, – иброз намуд раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода.

Бонкҳо

Дар ҳама давру замон бонкҳо як василаи расонидани кӯмаки саривақтӣ ба хотири дастгирии шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи раиси ноҳияи Лахш, дар ин давра бо мақсади дастрасии соҳибкорон ва эҳтиёҷмандон ба хизматрасонии бонкӣ аз тарафи муассисаҳои бонкии ноҳия ба 871 нафар ба маблағи 10 миллиону 330,3 ҳазор сомонӣ қарз пешниҳод гардидааст.

Саноат

Саноат ҳамчун таъминкунандаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии сокинони ҳар як кишвар нақши муҳим дорад. Ин аст, ки дар радифи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи саноат ҳамчун соҳаи воқеъии иқтисодиёт дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш қарор дода шудааст. Дар шароити имрӯза бе мавҷудияти саноати пешрафта, таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳалли аксар проблемаҳои иҷтимоӣ имконнопазир аст.

Раиси ноҳия муҳтарам Баротзода Файзулло дар мавриди рушди саноат дар ноҳияи Лахш гуфт, ки корхонаҳои саноатӣ бо назардошти тадқиқотҳо бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 3 миллиону 756,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 39,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 138,3 фоизро ташкил додааст.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ бо назардошти шароиту имконоти мавҷуда як қатор чораҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст. Барои бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди пашм, қуттикунонии асал ва хушконидани мева таҷҳизотҳои ҳозиразамон ворид карда шуда, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди чӯбу тахта, истеҳсоли хиштҳои сементӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ноҳия як адад корхонаи хурди истеҳсоли сангреза ва хиштҳои сементӣ таъсис дода шуд, ки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани аҳолии ноҳия саҳми назаррас гузошта истодааст, – бо қаноатмандӣ гуфт Баротзода Ф.

Таъминоти аҳолӣ бо барқ

Ба иттилои масъулини ноҳияи Лахш, дар ним соли аввали 2022 истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ –Нерӯгоҳҳои хӯрди барқи обии Питовкул ба миқдори 1 миллиону 167,8 ҳазор кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 362,8 ҳазор кВт соат зиёд будааст. Истифодаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 13 миллиону 943,4 ҳазор кВт соат қувваи барқ ба маблағи 3 миллиону 536,5 ҳазор сомонӣ истифода шуда, нақшаи ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида 74 фоизро ташкил додааст.  Аз ҳисоби аҳолӣ бошад, ба миқдори 10 миллиону 187,8 ҳазор кВт соат қувваи барқ ба маблағи 2 миллиону 311 ҳазор сомонӣ истифода гардида, иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби аҳолӣ 81,5 фоизро ташкил кардааст. Дар шаш моҳи соли 2022 барои кам намудани талафоти нерӯи барқ дар ноҳия зиёда аз 398 адад ҳисобкунакҳои барқӣ аз дохили хонаҳои истиқоматӣ бароварда шуда, дар ҷойҳои намоёну дастрас насб карда шуданд. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳиму асосии таъминоти сокинон ва манбаъи даромаду таъмини рӯзмарраи рӯзгори аҳолӣ мебошад. Маҳз кӯшишу ғайрати кишоварзони ноҳияи Лахш буд, ки дар нимсоли аввали соли равон маҷмӯи умумии даромади онҳо 32 миллиону 977,9 ҳазор сомониро ташкил намуд. Ин нишондод, ба гуфтаи масъулини ноҳия, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,8 ҳазор сомонӣ зиёд ё 100,3 фоизро ташкил додааст.

Ҳамчунин, муҳтарам Баротзода Ф. иброз намуд, ки бо мақсади таъмини истифодаи самараноки заминҳо, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, хусусан картошка, бунёди боғҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз истифода берун монда ва дар ин замина афзун намудани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Тибқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, дар мавсими соли 2022 дар майдони 3150 гектар кишти картошка, 1116 гектар зироатҳои ғаладонагӣ ва дар майдони 95 гектар кишти сабзавот пешбинӣ гардида буд. Аммо кишоварзони ноҳия дар майдони 1309,5 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ (бо назардошти кишти тирамоҳӣ), дар майдони 10,8 гектар зироатҳои техникӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 5402 гектар кишти картошка ва дар майдони 98 гектар кишти  сабзавот гузаронида, дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд ва 12 гектар боҳои кӯҳнаро барқарор барқарор намуданд. Ҷамъи заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия дар умум 136 631 гектар буда, ҳамагӣ заминҳои корам 6 282 гектар мебошанд, ки аз ин 4 480 гектар заминҳои корами обӣ мебошанд, – иттило дод раиси ноҳияи Лахш Баротзода Ф.

Чорводорӣ

Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия яке аз соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ба шумор меравад. Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 28502 сар  ва чорвои майда 135849 сар буда, оилаҳои занбӯри асал 4807  ададро ташкил менамоянд.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагидорӣ ба 956,7 тонна расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 тонна зиёд будааст. Истеҳсоли шир (1674 тонна)-у тухм (588 ҳазор дона) низ афзудааст, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 13 тонна ва 4,2 ҳазор дона зиёд карда шудааст.

Маориф

Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия 61 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 43 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумианд. Дар соли хониши 2021-2022 дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ 12693 нафар хонандагон таҳсил доранд, ки аз ин теъдод духтарон 6215 нафарро ташкил медиҳанд. Омӯзгорон дар умум 1019 нафарро ташкил медиҳанд, ки 352 нафарашон занон мебошанд. Айни ҳол норасоии омӯзгорон аз рӯи 1 воҳиди корӣ 23 нафарро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳияи Лахш Баротзода Ф. соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар унвон карда, иброз намуд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро соли равон 787 нафар хатм намуда, 42 нафар хатмкардагон тариқи квотаҳои Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил гардиданд.

Барои дохил шудан ба мактабҳои олии мамлакат ба Маркази миллии тестӣ 351 нафар ҳуҷҷат ва имтиҳон супориданд, ки ин шумора баробари 44 фоизи шумораи умумии хатмкардагони макотиби миёна мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри сохтмону бунёди биноҳои таълимӣ, таъмини шароитҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, имсол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тоҷварони Ҷамоати деҳоти Сайлиобод, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, сохтмони бинои замонавии муассисаи таҳсилоти умумии №56-ро оғоз намуд. Дар деҳаи Ҷиргатол бошад, аз ҳисоби маблағҳои муттамарказ, сохтмони бинои таълимии сеошёна идома дорад. Дар ҳамаи муасисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, то имрӯз қариб 90 фоиз таъмири ҷории мактабҳо анҷом шудааст. Дар хусуси азнавсозии биноҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, №2, №40 ва №13, ки бар асари заминларза дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, инчунин, дар бораи азнавсозии бинои шуъбаи маорифи маорифи ноҳия барои ҷалби дастгириҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубҳои дархостӣ пешниҳод кардаем, -иброз намуд Баротзода Ф.

Тандурустӣ

Дар ноҳияи Лахш 63 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ фаъолият доранд.  Табибон дар ҳамаи ихтисосҳо 56 нафар мебошанд, ки 8 нафар бо таҳсилоти олӣ, 6 нафар дорандаи тахассуси дараҷаи якум, 3 нафар дараҷаи дуюм ва 287 нафар бо таҳсилоти миёнаи тиббӣ кору фаъолият карда истодаанд.

Дар масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ қайд намудан зарур аст, ки аз шумораи умумии 26 018 нафар гуруҳи мақсаднок, ба ҳолати 1 июли соли 2022, аз рӯи вояи якум 22768 нафар ё баробари 100 фоиз, вояи дуюм 21049 нафар ё барбари 95 фоиз ва аз рӯи вояи сеюм 11 407 нафар ё барбари 58 фоиз эмгузаронӣ гардида, чорабиниҳо дар ин самт идома дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар маркази Ҷамоати деҳоти Пилдон бинои беморхонаи минтақавӣ таъмиру барқарор гардида, дар шафати он бинои замонавии Маркази саломатӣ ва дар деҳаҳои Пилдони Боло ва Зарбоғ биноҳои хуштарҳи бунгоҳҳои тиббӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода шуданд.

Дар деҳаи Хуррамшаҳри Ҷамоати деҳоти Нурафшон сохтмони Маркази саломатӣ ва дар деҳаи Заринрӯди Ҷамоати деҳоти Лахши боло сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ ба анҷом расонида шуда, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд,- гуфт Баротзода Ф.

Фарҳанг

Муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳияи Лахш 49 адад, аз ҷумла 28 китобхона, 10 клуб, 8 хонаи фарҳангӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 2 осорхонаи назди

бахши фарҳанг мебошад. Ҳамчунин, 30 адад ёдгорҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳурявии «Тоҷикистон-ватани азизам», даври якуми озмуни ҷумҳурявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор карда шуда, ғолибон ба даврҳои минтақавию ҷумҳуриявии озмунҳои зикргардида роҳхат гирифтаанд.

Дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи васеи моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, арзишҳои неки миллӣ, дар ноҳия бунёд намудани 124 адад иншоотҳои гуногуни таъиноти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, ободкории роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва ба анҷом расонидани корҳои дигари созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хизматрасонии коммуналӣ

Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва беҳсозии дастрасии сокинон ба хизматрасонии коммуналӣ яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш буда, дар шаш моҳи соли 2022, бо ташкилоту муасиссаҳо ва аҳолӣ 1050 адад  шартномаҳо ба имзо расонида шудааст. Ин миқдор 100 фоизи нақшаи солонаро ташкил намуда, маблағи умумии шартномаҳо 220 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Иҷрои нақшаи солонаи ҷамъоварӣ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ дар ноҳия 29 фоизро ташкил намуд.

Қабули шаҳрвандон

Дар нимсоли равон аз тарафи шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш, 759 адад муроҷиатҳои хаттӣ ва 34 адад муроҷиати шифоҳии сокинон ба унвонии раиси ноҳия ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон 85 адад оид ба таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 89 адад оид ба ташкил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ, 23 адад оид ба қатъи фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, 294 адад дар бораи ба расмият даровардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ,  13 адад оид ба ҷудо сохтани қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ, 33 адад ҷиҳати расонидани кӯмакҳои моддӣ, 4 адад оид ба сафари Ҳаҷ, 14 адад дар бораи таъмин намудан бо ҷойи кор ва иштирок дар озмунҳои ишғоли мансабҳои холӣ, 14 адад оид ба гирифтани иҷозат барои баровардани нуқтаи оби нушокӣ, 11 адад оид ба қабули иншооти сохтмонашон ба анҷом расида, 46 адад оид ба иҷозат барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, 6 адад оид ба иваз намудани ному насаб, 1 адад оид ба таҳти васоияту парасторӣ гирифтани ноболиғон, 93 адад оид ба дастрас намудани воситаҳои тавонбахшӣ (аробача, асобағал, асо, воситаи шунавоӣ) ва 33 адади дигар оид ба масъалаҳои гуногун мебошанд. Аз шумораи муроҷиатҳои воридгардида 126 адад пурра қонеъ гардонида шуда, нисбати 122 адад муроҷиатҳо роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба муроҷиат ба муаллифон фаҳмонида дода шуданд. Дар умум нисбати 755 адад муроҷиатҳо ҷавоб гардонида шуда, 4 адади дигар дар ҳолати иҷро қарор доранд.

Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025

Барномаи рушди ичтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш аз 5 марти соли 2021, №54 қабул гардида, ба он 110 лоиҳа ба маблағи 163 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин ба соҳаи кишоварзӣ  30 лоиҳа ба маблағи 29 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, саноат 7 лоиҳа (ба маблағи 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ), соҳибкории хурду миёна 8 лоиҳа (маблағ 23 миллиону 900 ҳазор сомонӣ), маориф 13 лоиҳа ( 34 миллион сомонӣ, тандурустӣ 11 лоиҳа (13 миллиону 900 ҳазор сомонӣ), фарҳанг ва фароғатӣ 7 лоиҳа (12 миллиону 300 ҳазор сомонӣ), сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон 10 лоиҳа (12 миллиону 700 ҳазор сомонӣ), барқтаъминкунӣ 6 лоиҳа (9 миллиону 400 ҳазор сомонӣ), нақлиёт ва роҳсозӣ 5 лоиҳа (4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ), таъминот бо оби нушокӣ ва хизматрасонии коммуналӣ 8 лоиҳа (18 миллиону 900 ҳазор сомонӣ), пешгирии  ҳолатҳои фавқулодда ва хавфи офатҳои табиӣ 5 лоиҳа (1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ) рост меояд.

Мониторинги “Барномаи рушди  иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025” ба ҳолати 30 июни соли 2022 гузаронида ва муайян карда шудааст, ки барои амалисозии барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ  ба маблағи 6 миллиону 194 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 472 ҳазор сомонӣ, бахши хусусӣ 6 миллиону 691 ҳазор сомонӣ, сармояи хориҷӣ 7 миллиону 619 ҳазор сомонӣ, саҳми мардум 2 миллиону 559 ҳазор сомонӣ ва тариқи ҳашар 978 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 25 миллиону 513 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳолати 30 июни соли 2022 дар доираи татбиқи Барномаи рушди ноҳияи Лахш 13 лоиҳа пурра ва 35 лоиҳа қисман ба маблағи умумии 25 млн 513 ҳазор сомонӣ ё 15,6 фоизи маблағи умумии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба анҷом расонида шудааст. Нисбати маблағгузории 62 лоиҳаи боқимонда, ки арзиши умумиашон 138 млн, 187 ҳазор сомонӣ буда, 84,4% маблағгузории умумии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар бар мегиранд, корҳо идома доранд.

Дар охири суҳбат раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб гуфт, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар оянда низ тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздамон гузошташуда, равона хоҳад кард.

Ҳамчунин, меҳнаткашони ноҳияи Лахш низ ҳама тадбирҳоро меандешанд, ки соли 2022-ро ба марҳилаи созандагию бунёдкориҳо ва муваффақиятҳои калони меҳнатӣ табдил дода, санаҳои муҳими таърихиро сарбаландона истиқбол гиранд ва бо меҳнати ҳалол сазовори боварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, – гуфт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь