Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гарида истодаанд.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси шаҳр Баротзода Файзулло, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст. Ҳарчанд дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ба нақша гирифтаем, зеро Пешвои миллат зикр карда буданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.

 Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар се  моҳи аввали соли 2023 якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Андозҳо 102% иҷро шуданд

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади  буҷет аз рӯи контингентӣ умумӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 54,8 млн. сомонии пешбинигардида 57,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 2,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 45,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки он нисбат ба нақша 726,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ низ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 29,3 млн. сомонӣ ворид гардидаст, ки ин нисбати нақша 359,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 29,8 млн. сомонии пешбинигардида, 27,3 млн. сомонӣ харҷ гардидааст, ки ин баробари 91 фоизи нақша мебошад.  Ҳамзамон 15,9 млн. сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят равона гардидааст, ки иҷроиш 102 фоиз таъмин гашта, нисбати нақша 367 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,1 млн. сомонӣ зиёд равона гардид.

Бо мақсади барҳам додани бақияпулиҳои андоз ба 177 нафар андозсупорандагони қарздор ба маблағи 3,9 млн. сомонӣ огоҳинома пешниҳод шуда, аз ин ҳисоб 2,8 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст. Ҳамчунин нисбати андозсупорандагони қарздор ба маблағи умумии 5,5 млн. сомонӣ 117 қарорҳои маҷбуран ситонидани қарз қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 2,4 млн. сомонӣ ворид гардид.  Барои вайрон намудани қоидаҳои андозсупорӣ 137 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 191,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Амалишавии сармоягузорӣ

Дар рафти суҳбат номубрда тазаккур дод, ки дар нозироти андози шаҳри Бохтар тариқи «Равзанаи ягона» 5459 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд  гирифта шуданд.  Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр дар маҷмӯъ 269 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 19 ҷойи кор аз ҳисоби иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда  ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, ташкили сехи дузандагӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, оид ба харидорӣ намудани таҷҳизоти дузандагӣ ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Инчунин дар доираи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025,  8 лоиҳаҳои сармоягузории самти иҷтимоӣ омода ва барои баррасӣ пешниҳод карда шудааст.   Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 26 декабри соли 2020, № 48 “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025” иборат аз 86 лоиҳа бо арзиши умумии 1 млрд. 445,6 млн. сомони тасдиқ гардида, арзёбии ҷараёни иҷроиши барнома нишон дод, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2023 дар шаҳр 28 лоиҳа ба маблағи 272,4 млн. сомонӣ пурра амалӣ гардида, 41 лоиҳа ба маблағи 591,4 млн. сомонӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии корҳои иҷрошуда 863,8 млн. сомонӣ ё худ 59,7 фоизи барномаро дар бар мегирад.  Дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ таҳти амал қарор дошта, маблағгузории онҳо то ин давра 21,0 млн. долларро дар бар мегирад.

Рушди саноат

Ҳамзамон, мавсуф  илова кард, ки дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 84,2 млн. сомониро ташкил дода, афзоиш ба 122,2 фоиз баробар шудааст, ки аз ин ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ – 48,8 млн. сомонӣ (58 фоиз) ва сектори хусусӣ – 35,4 млн. сомонӣ (42 фоиз) мебошад.

Аз 58 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 45 тоаш нисбатан фаъолияти хуб намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта то 3 баробар, ё ин ки 15,3 млн. сомонӣ зиёд намудаанд. Дар доираи 5 солаи рушди соҳаи саноат ва мутобиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ шудаааст, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гиритфта шудааст, ки сохтмони 4 адади онҳо дар соли 2023 пешбинӣ гардида, то имрӯз 2 коргоҳ – ҶДММ “Холназар” (истеҳсоли маҳсулотҳои гӯштӣ), ки он рузи 24 апреди соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат мавриди истфиода қарор дода шуд. Ва ҶДММ “Тоҷиддин” (истеҳсоли хишти сементӣ) ташкил гардид, ки аз ҳисоби корхонаҳои таъсисёфта 35 ҷойҳои нави корӣ фароҳам ва ба маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 106 ҳазор сомонӣ илова карда шуд.  Қайд кардан зарур аст, ки айни замон сохтмони фабрикаи истеҳсоли гӯгирд ба итмом расонида шуда, таҷҳизотҳои замонавии олмонӣ васлу насб гардида, ифтитоҳи корхона дар давоми соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар шаҳр 58 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба қайди давлати гирифта шуда, самти фаъолияти 11 корхона ба истеҳсоли маҳсулотҳои дузандагӣ, 21 адад ба истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрокворӣ, 4 адад ба коркарди пахта, 12 адад ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 10 адади дигар ба истеҳсоли маҳсулотҳои чубин, чопи газетаҳо, маводи шустушӯй, трансформаторҳо, дучарха, барқ  ва об равона гардидааст.

Роҳҳои шаҳр  пурра ба талабот ҷавобгӯянд

Дарозии умумии роҳҳои шаҳр 148,4  километр буда, аз он 4,5 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 10,6 километр ҷумҳуриявӣ, 133,3 километр маҳаллӣ, аз ҷумла 40 километр роҳҳои тобеи ташкилоту идораҳо ва 46,2 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.

Баҳри дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани роҳҳои шаҳр аз ҷониби Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо дар масоҳати 478 метри мураббаъ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 385 метри мураббаъ гузаргоҳҳои пиёдагард рангубор карда шуданд. Ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони шаҳр дар масоҳати 3330 метр роҳҳои дохили маҳаллаҳо сангфарш карда шуданд.

Дар шаҳр 13 муассисаи нақлиётӣ, аз ҷумла 12 муассисаи хусусӣ ва 1 муассисаи ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки 8 ададаш интиқолдиҳанда ва 5 адад терминал буда, ба 60 хатсайрҳо, аз ҷумла 31 наздишаҳрӣ, 16 байнишаҳрӣ ва 13 дохилишаҳрӣ хизмат мерасонанд.

Шумораи умумии нақлиётҳои хизматрасон 2911 ададро ташкил намуда, аз он 1475 адад нақлиёти мусофиркашон, аз ҷумла 658 адад сабукрави таксӣ ва 1436 адад нақлиёти боркаш мебошад.

Дар 3 моҳи соли 2023 тавассути ҳамаи намуди нақлиёт 1 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 5,4 миллион мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 107,1 ва 156,9 фоизро ташкил медиҳад.

Амнияти озуқаворӣ дар мадди аввал

Шаҳри Бохтар бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. Деҳқонони шаҳр натанҳо бозори дохилии худ, балки бозорҳои маркази вилоят, пойтахти кишвар ва дигар манотиқи ҷумҳуриро бо меваю сабзавотҳои барвақтии тару тоза таъмин менамоянд.  Дар шаҳри овозадор маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла помидору бодиринг парвариш шуда, ба бозор бароварда мешавад.

Дар 3 моҳи соли 2023 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ  4,4 млн. сомониро ташкил дода, афзоиш 118,3  фоиз таъмин гардидааст, ки ҳиссаи растанипарварӣ 86,4 фоиз ва чорводорӣ 13,6 фоизро дар бар мегирад.

Вобаста ба кишти баҳории зироатҳо бояд гуфт, ки тибқи маълумотҳои фаврӣ то имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 412 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шудааст, ки ин 93,4 фоизи нақшаи дурнамои соли 2023-ро дар бар мегирад.

Аз ҷумла қишти ғалладонагиҳо 44 гектар (169%), сабзавот 66 гектар (51%) аз ҷумла пиёз 100%, карам 100%, помидор 25%, бодиринг 40%, дигар сабзавотҳо 73%, пахта 250 гектар (100%) ва картошка 35 гектар 100% ва зироатҳои хӯроки чорво 13,5 гектарро дар бар мегирад.

Айни замон дар шаҳр дар масоҳати 3 гектар гармхонаҳои доимо амалкунанда ва 60 гектар гармхонаҳои мавсимӣ мавҷуд буда, дар масоҳати 10,7 га сохтмони гармхонаҳои доимоамалкунандаи замонавӣ ҷараён доранд.

Боиси қайд аст, ки кишоварзони шаҳр натанҳо сокинони шаҳр, балки ноҳияҳои гирду атрофи онро низ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ ва маҳсусан сабзавотҳои барвақтӣ таъмин намуда истодаанд ва имрӯз бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода додани боз як гармхонаи замонавӣ ба ин раванд мусоидати бештар хоҳад намуд.

Маориф дар меҳвари таваҷҷуҳ аст

Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ ба камол расонидани фарзандони мардум нақши муассир дорад.

Имрӯз дар шаҳр 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 3080 кӯдак ва дар Маркази инкишофи кӯдакон дар 20 гурӯҳ 500 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки 26,4 фоизи умумии кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.

Дар оғози соли таҳсили 2022-2023 шумораи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба 24 адад расида, аз он 5 литсей, 1 гимназия, 1 мактаби инноватсионӣ ва 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар бар гирифта, дар онҳо 28359 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 шумораи муассисаҳо 2 адад ва хонандагон 2246 нафар зиёд мебошад.

Шумораи омӯзгорони шаҳр 1303 нафар, аз ҷумла занон 996 нафарро (76,4 %) ташкил намуда, омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба 79 фоизи шумораи умумии омӯзгорон расонида шуда, эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр вуҷуд надорад.

Тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли 2022 аз 1445 нафар хатмкунандагон 1206 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ дохил шуданд, ки ин 83,5 фоизро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таълимии шаҳр бо 19 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети фанни физика 2 адад, химия 4 адад, биология 3, математика 2, технологияи информатсионӣ 2, забонҳои русӣ 2 адад, англисӣ – 2 адад, алифбои ниёгон 1 адад ва фанни технологияи писарон ва духтарон 1 адад муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат намуда истодаанд.

Дар доираи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр алҳол, дар 54 синфхонаи компютерӣ 1148 компютер ва 140 принтер мавҷуд буда, 52 тахтаи электронӣ ва 53 проектор мавриди истифода қарор дошта, нақшаҳои пешбинишудаи хариди тахтаи электронӣ 121 фоиз, видеопроектор 107 фоиз ва компютер 73 фоиз иҷро карда шудааст.

Аз оғози соли хониши 2022-2023 хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, то имрӯз 70 нафар хонандагони синфҳои 11 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи хонандагон дар назди шуъбаи маорифи шаҳр “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ташкил карда шуда, хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ дар маҳфилҳои фаннӣ ба дарсҳои иловагӣ ва такмили маҳорати зеҳнӣ фаро гирифта шудаанд.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурсти зиёд аст

Дар шаҳр ҷиҳати беҳдошти вазъӣ саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 6 адад муассисаи хусусӣ (Маркази тиббии «Даво», Маркази тиббии «Хатлон» ва маркази саломатии “Акси шифо”, “Суман”, “Дурахш” ва “Ҳаёти солим”) ва 22 адад муассисаҳои тиббии вилоятӣ, 17 адад ҳуҷраҳои давлатию хусусии даҳонпизишкӣ, 10 адад ҳуҷраҳои ташхисии ултрасадо ва 110 адад дорухонаҳо ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар сохтори госпиталии шаҳр шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози дарунӣ, эҳёгарӣ ва таҳлилгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 120 кати хоб мавҷуд буда, шумораи коргарон 251 нафар, аз ҷумла духтурон 33 нафар, 131 нафар кормандони миёнаи тиб, 62 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 25 нафарашонро кормандони хоҷагидорӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии кормандони сохтори госпиталӣ 201 нафарашон занон мебошанд.  Дар 3 моҳи соли 2023 дар сохтори госпиталии шаҳр 724 нафар беморон бистарӣ гардида, 657 нафари онҳо табобат ёфтанд.

Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 432 нафар мутахассисон ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ расонида, аз байни онҳо 107 нафарашон духтур, 296 нафар кормандони миёнаи тиб, 29 нафари табибони оилавӣ мебошанд.  Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассисаи мазкур 39 ҳазору 861 нафар беморонро қабул намуда, 72 ҳазору 227 нафар шаҳрвандонро дар хонаҳо ва дар маҷмӯъ 112 ҳазору 088 нафарро муоинаи тиббӣ намудаанд. Дар Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ 125 нафар фаъолият намуда, ба сокинони шаҳр ва қисман берун аз он хизмати тиббии шабонарӯзӣ мерасонанд. Дар марказ ба 4219 нафар муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ расонида шудааст, ки аз ин 3184 нафарашон тавассути нақлиёт ва 1155 нафарашон худашон ба марказ ҳозир шуданд

Саҳми занон дар дар рушду тараққиёти Бохтар

Дар самти кор бо занон қайд кардан ба маврид аст ки, аз 128 ҳазору 764 нафар шумораи умумии аҳолии шаҳри Бохтар 63 ҳазору 997 нафар (ё 49,7 фоиз)-ро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии занон 6 ҳазору 764 нафар занони коргар, 195 нафарашон ё 2,8 фоиз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд.  Инчунин 1 нафар ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар ба ҳайси вакили Маҷлиси  вакилони халқи вилояти Хатлон ва 14 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар интихоб гардидаанд, ки дар самти идоракунии давлатӣ ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ саҳми худро мегузоранд.

Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр  назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 2257 нафар, 2725 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 685 нафар дар соҳаи саноат, 420 нафар дар соҳаи иқтисод,487 нафар дар соҳаи коммуналӣ, 76 нафар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, 195 нафар дар соҳаи фарҳанг, 99 нафар дар соҳаи сохтмону меъморӣ ва ғайра фаъолият доранд.

Дастовардҳои назараси ҷавнон

Ба хотири дастгирии ҷавонон дар шаҳр корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбаранда дар ҷомеа ба шумор мераванд, ки МИҲД-и шаҳр ба ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Барои рушди варзиш дар шаҳр 3 варзишгоҳ, мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 95 майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла 18 адад майдончаҳои футболи хурд, 2 майдони теннис ва 2 ҳавзи шиноварӣ дар истифодаи умум мебошанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба онҳо зиёда аз 756 нафар ҷавонон ва наврасон ҷалб гардиданд, ки аз ин 248 нафарашонро духтарон ташкил дода, ба онҳо 34 нафар мураббиён аз рӯи 16 намуди варзиш ҳамарӯза тамрин менамоянд.  Дар давоми моҳҳои январ – марти соли 2023 варзишгарони шаҳр дар ҳайати 129 нафар, аз ҷумла 20 бону ба 3 мусобиқоти байналмилалӣ, 1 чемпионат ва 7 мусобикаи ҷумҳуриявӣ сафарбар гардида, 65 медал, аз он 18 медали тилло, 22 медали нуқра ва 25 медали биринҷиро ба даст оварданд.   Ҳамчунин баҳри рушди тарбияи ҳарбӣ – ватандустии ҷавонон 5 мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ доир карда шуд, ки дар онҳо 750 нафар ҷавонони синни даъватӣ ва афсарону сарбозон фаро гирифта шуда, ҳамзамон 154 чорабиниҳои омӯзишию иттилоотӣ, маърифатию машваратӣ ва вохӯрию мулоқотҳо баргузор карда шуданд.  Баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони шаҳр ба 52 нафар донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ стипендияи президентӣ ва ба 70 нафар стипендияи раиси шаҳр таъин карда шудааст.

Бунёди 270 иншоот то ҷашни 35-солагии Истиқлолият

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Бохтар бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 26 иншоот ба маблағи 90,6 млн. сомонӣ бо ташкили 109 ҷои корӣ иҷро карда шудааст.

Баҳри амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида, махсусан эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва дар ин замина таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2026 ба истифода додани 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин таъсиси 4 корхона дар соли 2023 пешбинӣ гардидааст.  Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 2 коргоҳ, аз ҷумла ҶДММ “Холназар” оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои ва ҶДММ “Тоҷиддин” истеҳсоли хиштҳои сементӣ бо таъсиси 35 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.  Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврал ва 18 июни соли 2022, дар асоси қарори раиси шаҳр аз 21 апрели соли 2022, № 274 нақшаи чорабиниҳои мушаххас тасдиқ карда шуда, дар ин давра вобаста ба барқарор намудани иқтидори истеҳсолии заводи равғанбарорӣ ва трансформаторбарорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳамбастагӣ бо соҳибмулкони корхонаҳои мазкур корбарии мақсаднок ба роҳ монда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар 3 моҳи соли 2023 ҶДММ “Равғани сомонӣ” ба маблағи умумии 349,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 129,4 фоиз ё худ 79,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бохтар зеботар хоҳад шуд

Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми шаҳр, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар шаҳр густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори аксар соҳаҳо таъмин гардид.  Ин аст, ки фазои сиёсии шаҳр мӯътадил буда, дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ тадриҷан ба меъёрҳои асосии муносибат табдил меёбанд. Дар заминаи ҳамкории пайваста бо ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ ва марказҳои маданӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ҳар як зуҳуроти эҷодкунандаи монеа ба пешравии кишвар пайгирона аз байн бардошта шавад. Имрӯз дар ин фазои мусоиди сулҳу ваҳдати кишвар фаъолон, адибон, олимон, занону ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби экстремистӣ, радикализми сиёсиву динӣ, нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон, фасодкорӣ, инчунин ташвиқу тарғиби падидаҳои беҳбуди таълиму тарбия, рушди маориф, тарзи ҳаёти солим корҳои назаррасро анҷом дода, обрӯю эътибори миллату давлатро баланд бардошта истодаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарфи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дода мешавад, сари вақт иҷро намуда, шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлонро ба як шаҳри зебои кишвар табдил диҳанд. Ин ҳама талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва сокинони он бо мақсади шукуфоии бештари Бохтар буда, муҷиби таҳсину офарин аст.

Раҳманалӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь