БАЛҶУВОН, ноҳияи маъмурӣ дар вилояти Хатлон. 23 ноябри соли 1930 таъсис ѐфта, соли 1953 барҳам дода шуд. Соли 1996 аз нав ташкил ѐфт. Масоҳаташ 131 ҳаз. км2, аҳолӣ 33000 нафар. Бо ноҳияҳои Ховалингу Данғара ҳамсарҳад аст. Балҷувон дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи «Шаҳри Бубакон» ёд мешавад. Тибқи маълумоти маъхазҳо, бахше аз лашкари Искандари Мақдунӣ дар наздикии он шикаст хӯрдааст. Ёдгориҳои таърихии Балҷувон аз ҷониби бостоншиносон ҳанӯз омӯхта нашудааст. Бо фармони Президенти ҶТ Балҷувон ноҳияи фароғату саёҳат эълон гардидааст. Ноҳия дорои 5-ҷамоати деҳот: ҷамоати деҳоти Балҷувон, Тоҷикистон, ба номи Сафар Амиршоев, ба номи Сайф Раҳим ва Сари Хосор буда, шумораи аҳолиаш 33 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии ноҳия 1326 км.кв мебошад. Ҷамъи заминҳои ноҳия 132662 га, ба як одам 4,2 га аз ҷумла заминҳои обӣ 146 га, ба як одам 0,004 га. Ҷамъи заминҳои корам 4457 га, ба як одам 0,13 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 107 га, ба як одам 0,003 га рост меояд.

Иҷрои буҷет           

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Балҷувон бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 116 фоиз иҷро гардид. Яъне ба ҷои 9 миллиону 668 ҳазору 205 сомонии нақшавӣ ба буҷет 11 миллиону 214 ҳазору 445 сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 1 миллиону 546 ҳазору 240 сомонӣ зиёд аст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 11 миллиону 742 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 27 миллиону 589 ҳазору 188 сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 26 миллиону 206 ҳазору 734 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки 95 фоизро дар бар мегирад. Аз ҷумла ба сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 97 фоиз, маориф 95 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 97 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 99 фоиз, фарҳанг 96 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 79 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд. Бақияпулихои қарзи андози ноҳия ба ҳолати 1 октябри соли 2022 маҷмӯъан 1 миллиону 498 ҳазору 705 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 315 ҳазору 327 сомонӣ кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 739 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд ба соҳибкорон ва шаҳрвандон дода шудааст.

Соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, сохтмон, меъморӣ ва алоқа

Давоми нӯҳ моҳи соли 2022 аз тарафи нозироти андоз 48 соҳибкори инфиродӣ бо патент, 139 соҳибкор бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 48 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 442 хоҷагии деҳқонӣ ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 1 миллиону 28 ҳазору 56 сомонӣ ба буҷет ворид гардида, дар ин давра 5 шахси ҳуқуқӣ ва 22 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.

Ба ҳолати имрӯза 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3 миллиону 140 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 2 миллиону 953 ҳазор доллари амрикоӣ ва ё 86 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. Аз 129 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2021-2025, ки 333,3 млн сомониро дар бар мегирад, ба ҳолати 1 октябри соли 2022 дар маҷмӯъ 21 лоиҳа ба маблағи 37 миллиону 995 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст. Айни замон дар 51 лоиҳаи дигар корҳо рафта истодааст.

Ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ дар ин давра барои қарз ва грантҳо бо кафолати давлатӣ ҷалбшуда 5,1 млн сомонӣ ва сармояҳое, ки дар бахши хусусӣ ворид  шудаанд, 18,3 млн сомониро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 14 миллиону 489 ҳазору 800 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 2 миллиону 895 ҳазору 400 сомонӣ ё 23,9 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ ба 18,9 тонна ё баробар ба 105,6 фоиз, орд ба 1579,7 тонна ё баробар 105 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 770,4 тонна ё баробар ба 106,9 фоиз, нафт ба 1408,6 тонна ё баробар ба 107,3 фоиз ва гӯшт ба 195,5 тонна ё баробар ба 100,1 фоиз иҷро гардид.

Бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” аз тарафи мақомот нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, то соли 2026 сохта ба истифода додани 12 корхонаи саноатӣ пешбинӣ гардидааст. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, дар 3 корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ рафта истодааст. – мегӯяд, Бахтиёр Сафарзода, Раиси ноҳияи Балҷувон.

Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2022 ба ноҳия 7 миллиону 888 ҳазору 298 кВт соат қувваи барқ ворид гардида, талафоти неруи барқ 1 миллиону 978 ҳазору 475 кВт соатро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 5 миллиону 909 ҳазору 823 кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 1 миллиону 558 ҳазору 795 сомонӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 87,45 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 86,13 фоизро ташкил дод. Қарзи истифодаи барқ 1 миллиону 893 ҳазору 231 сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 293 ҳазор сомонӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби корхонаҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ мебошад.

Ҳаҷми сармояи асосии иҷрокардашуда 25 миллиону 379 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 40,4 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 3,5 миллион сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 2,6 миллион сомонӣ ва хусусӣ қариб 18,3 миллион сомониро ташкил додааст.

Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 23 миллиону 300 ҳазору 200 сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба соли 2021 ин нишондиҳанда 41,2 фоиз кам мебошад. Корҳои пудратӣ бошад ба маблағи 6 миллиону 938 ҳазору 400 сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд мебошад. Дар масоҳати 1500 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар зиёд мебошад.

Кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа           Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 251 миллиону 327 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 6 миллиону 109 ҳазору 900 сомонӣ ва ё 2,5 фоиз зиёд мебошад. Дар майдони 3625 га ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо кишт карда шуда,  картошка 248,4 га, истеҳсоли гӯшт ба 2848 тонна, шир 8947 тонна, тухм ба 1017,4 ҳазор дона расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзоиш мутаносибан аз 101 то 107 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра саршумори чорвои калон бо назардошти ба асос гирифтани чорвои аҳолӣ ба 25127 сар, моли майда ба 48094 сар, саршумори парранда ба 41252 сар, асп 3317 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 саршумори чорвои калон 656 сар, моли майда 1640 сар, парранда 396 сар ва асп 19 сар зиёд мебошад. Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 21 ҳазор дарахтони гуногуни ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда наздики 150 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ба бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 912 нафар корҷӯён муроҷиат карданд, ки аз ин 783 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудааст. Бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 136 нафар таъмин шуданд. Давоми нӯҳ моҳи соли 2022 дар ноҳия 11 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 176 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 17 корхона ва 186 нафар корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин 117 нафар барои бо ҷойи кор таъмин гардидан роҳхат гирифта, 34 нафар шаҳрвандон соҳиби шаҳодатнома аз руи ихтисосҳои гуногун гардидаанд. Инчунин тариқи худмаблағгузор 162 нафар соҳиби ихтисосҳои гуногун гардиданд. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 19 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1068,85 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 102 сомонӣ зиёд ва 110,6 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи оморӣ дар давоми нӯҳ моҳи соли 2022 аз ноҳия 1670 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар кардааст, ки аз ин мард 1126 ва зан 44 нафар мебошанд. Дар ин давра муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 5 миллиону 997 ҳазору 400  сомонӣ интиқол додаанд.

Шумораи нафақагирон дар ноҳия 2306 нафарро ташкил медиҳад, ки 1416 нафари онҳо аз рӯи нафақаи синну сол, 223 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ, 106 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда ва 2 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошанд. Шумораи нафақагирони нафақаи иҷтимоӣ бошад 561 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 321 нафар маъюбӣ,  141 нафар пиронсолӣ ва 99 нафар нафақаи бесаробонӣ мебошад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба 183 нафар нафақаҳои гуногун таъин карда шудааст. Шумораи ятимони кул бошад 6 нафарро ташкил дода, дар нӯҳ моҳи соли 2022 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 44745 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

Маориф, илм, тандурустӣ ва кор бо занон

Дар 48 муассисаи таълимии ноҳия 7 ҳазору 340 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 632 омӯзгор, аз ҷумла 200 нафар зан таълим медиҳад. Аз ин шумора 421 нафар бо маълумоти олӣ, 174 нафар миёнаи касбӣ ва 37 нафар бо маълумоти олии нопурра фаъолият доранд. Дар 2 муассисаи томактабӣ 95 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия 273 нафар кӯдакони синни 5-6 сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ 475 нафар муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, 316 нафари онҳо дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, ки 66 фоизро ташкил медиҳад. Рушди инфрасохтори соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот ба ҳисоб рафта, тамоми тадбирҳо барои беҳтар намудани низоми муассисаҳои соҳаи маориф, амалӣ гардида истодааст. Бо андешидани тадбирҳои иловагӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои муассисаҳи таълимии №13, №17, №20 идома дорад. Мавриди истифода қарор додани як қисмати иншоотҳои мазкур низ дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Корҳои лоиҳакашӣ дар муассисаи таълимии №5, №4, №11 деҳаи Хироби Ҷамоати деҳоти Балҷувон ба анҷом расида, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории Маркази таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегарданд. Дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 264 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 190 нафар сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм дар даври вилоятӣ ва 4 нафар сазовори ҷойи 3-юм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 391 нафар, аз ин шумора 35 нафар табибон, 194 нафар кормандони миёнаи тиб, 78 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 102 нафар дигар кормандон фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 27 нафар дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамӣ, 8 нафар дар Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 1 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ, 1 нафар дар Муассисаи давлатии маркази имунопрафилактикӣ, 2 нафар дар Муассисаи давлатии маркази пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам фаъолият карда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 8 шуъбаи бистарикунонӣ ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамӣ 5793 нафар қабул,  1134 нафар бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 1102 нафар баъди муолиҷаҳои сатҳи гуногун ҷавоб дода шудааст.Тибқи ҳисоботи оморӣ хизматрасонии пулакӣ дар ин давра 42000 сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод 100 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2022 маҷмӯан 9 бемории сили фаъол ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 16367 нафарро ташкил дода, 52 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 1 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 49 нафар вакилони ҷамоатҳо, 12 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 100 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Ҳамчунин 220 нафар занон дар соҳаи маориф, 72 нафар дар соҳаи тандурустӣ ва 48 нафар дар соҳаи фарҳанг кору фаъолият менамоянд.

Фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ

Дар ноҳия 19 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 Қасри фарҳанг, 4 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 7 китобхонаи деҳотӣ, 4 осорхона ва 1 мактаби бачагонаи санъат ва мусиқӣ ва 34 адад ёдгориҳои табиию таърихӣ ва меъморӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар 8 китобхона 26 ҳазору 513 нусха китоб маҳфуз мебошад, ки аз ин шумора 14964 адад китобҳо бо забони тоҷикӣ, 8983 адад бо забони русӣ ва 2566 адад китоб бо дигар забонҳо мебошанд. Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 122 адад чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд.

Майдончаҳои варзишӣ 48 адад, варзишгоҳи марказӣ 1 адад ва толорҳои варзишӣ 3 ададро ташкил медиҳанд. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 5 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 173 нафар кӯдакону наврасон ба тамринҳо фаро гирифта шуданд.

Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои беруназноҳиявӣ 2 адад медали тилло, 4 адад медали нуқра ва 27 адад медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 33 адад медал ба даст оварданд. Тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 бунёди 15 майдонча ва 16 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия 6 меҳмонхонаи замонавӣ ва 2 тарабхона фаъолият доранд. Шумораи умумии иншоотҳои сайёҳӣ 42 ададро ташкил медиҳанд. Шумораи сайёҳони хориҷӣ 13 нафар ва сайёҳони дохилӣ бошад дар давраи ҳисоботӣ 1459 нафарро ташкил медиҳад.

Танзими анъана ва ҷашну маросим

Дар ноҳия 28 комиссияи ҷамъиятӣ ва 6 комиссияи доимоамалкунанда фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият намуда истодаанд. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 394 туйи домодию арусӣ, 160 ақди никоҳи навхонадорон, 35 хатнасури хайриявӣ, 23 маросими чил ва 26 маросими сол, ҷамъ 443 маърака гузаронида шудааст. Дар чорабиниҳои зикргардида 106 сар ҳайвони калони шохдор ва 135 сар ҳайвони майдаи шохдор забҳ карда шуда, хароҷоти умумии маъракаҳо 1 миллиону 732 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як маърака 4397 сомонӣ рост меояд. Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва роҳандозии назорати доимӣ дар самти баргузории ҷашну маросимҳо дар ноҳия аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим 3 ҳолати қонуншиканӣ ошкор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Дар ин давра бо мақсади ба мардум фаҳмонидани мақсаду моҳияти Қонуни мазкур ва пешгирии чорабиниҳои серхароҷот 93 маротиба суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои тарғиботӣ гузаронида шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлолият      

Бо қарори раиси ноҳияи Балҷувон аз 20 июни соли 2022, №146 бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 257 адад иншоотҳои таъиноти гуногун тасдиқ карда шудааст. Аз ҷумла то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани лоиҳаҳои зерин, 20 адад муассисаҳои таълимӣ, 15 адад муассисаҳои тиббӣ, 5 адад муассисаҳои фарҳангӣ, 12 адад корхонаҳои саноатӣ, 205 адад дигар иншоотҳо, пешбинӣ гардидааст, ки дар маҷмӯъ 257 лоиҳаро дар бар гирифта, аз ин 201 адад лоиҳаҳо бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад. Айни замон дар 45 адад иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, ба ҳолати 01 октябри соли 2022 маҷмӯан 7 иншоот, аз ҷумла корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, маркази савдо ва хизматрасонии “Фарзона”, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, маркази саломатӣ дар деҳаи Охбулоқ, мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Тупхона ба масофаи 1 км, мумфаршкунии роҳҳои маркази ноҳия, хатти оби нушокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳия бо масофаи 4 км мавриди истифода қарор дода шудааст.

Билоли Шамс, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь