Ҳоло шарафмандона даври пирӣ меронам. Шукргузору қаноатпеша будан то кунун меҳвари зиндагиам аст, аз касе шиква намекунам. Аз он шодам, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз ҳоли собиқадорон хабардоранд, ба чорабиниҳои давлатӣ даъват мекунанд, суҳбатҳои гарму самимӣ меороянд.

Ба андешаи ман, нафақахӯр будан ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки бетарафиро ихтиёр намоему ба рӯйдодҳои ҷомеа бетараф бошем.  Бори дигар ёдрас мешавам, ки садоқати ман нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат тағйирнопазир буда, аз эҳтирому самимият нисбат ба ин фарзанди фарзонаи миллат сарчашма гирифтааст.

Таъкид мекунам, ки содиқ будану сазовори боварии  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидан, ки тамоми ҳастии худро барои саодати Тоҷикистону ҳар як тоҷикистонӣ бахшидаанд ва дар паҳлуи он кас  будан барои ҳар фарди ватандӯст шараф аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки барои сулҳу субот, озодиву ободии кишвар бояд ҷаҳду талош намояд. Ин қарзи виҷдон ва рисолати инсонии мо маҳсуб мешавад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мо ба сифати ҳамсафони содиқи Пешвои миллат як орзу доштем: ободии Ватан, осоиши мардум. Аммо барои амалӣ шудани ин орзуи онҳо роҳи мушкиле дар пеш буд. Роҳи хатарзо, пур аз фитнаву найранг. Дониш, хирад, матонат, устуворӣ, азми қавӣ ва нияти неки  Пешвои миллат буд, ки  комёб гардидем.

Ба ҷавонон, ки ваҳшонияти он давраро шояд афсона мепиндоранд, ҷавононе, ки аз набзи замон то андозае ноогоҳанд, таъкид бояд кард, ки  мо ҳақ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бе падар мондани ҳазорон  кӯдак, бе фарзанду бе саробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем.

Ба ёд овардани он рӯзҳо моҳиятан рисолати ҳушдордиҳиро низ касб  карда, моро ба зирактар будан аз лиҳози сиёсӣ даъват менамояд ва таҳрик мебахшад, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро доимо ҳифз ва чун гавҳараки чашм эмин дорем. Ин ҷанба бояд бештар мадди назари ҷавонони саодатманди диёр қарор дошта бошад.

Насли навраси мо, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба онҳо бениҳоят зиёд аст, бояд дарк намоянд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад пайомадҳои ногувор ба бор орад.

Мисоли ин гуфтаҳо ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки аксар соҳибмансабон бетафовутиву бетарафиро пеша карда, дар ин замина  аркони давлатӣ фалаҷ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарфи назар   ва силоҳ мақоми ҳукмфармоиро соҳиб гардид.

Бо гузашти солҳо, хоса бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, аз ҷумла, ҳамсоякишвар Афғонистон, дарки моҳияти ҷоннисориҳои Пешвои миллат ва  арҷгузории бештари  ин Абармард барои  тоҷику тоҷикистониён муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир аст.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба вазъи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.

Ҳарчанд ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо заҳмати зиёди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё шуданд.

Ман бо дарки масъулият ва бидуни муболиға мегӯям, ки тамоми дастовардҳои мамлакат аз файзи хиради Пешвои миллат аст. Аслан Ҷаноби Олӣ ба тарғибу  дастгирӣ эҳтиёҷ надоранд. Андешаҳои  он кас, суханонашон кайҳост, ки  ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандаашон дар таърихи навини давлатдории тоҷик ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ,  ба ҳама маълум аст.

Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёконамон хизматҳои беназир  кардаанд.

Барои ман боиси  ифтихор аст, ки  бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат солиёни зиёд  фаъолият кардаам.  Агар ба далелу рақамҳои таърихӣ мутаваҷҷеҳ шавем, бармеояд, ки чунин абармардҳо хеле кам зуҳур мекунанд. Ин омил тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат буда, на фақат дар гузашта, балки дар ҷаҳони муосир низ бунёд ва рушди кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон бо номи шахсиятҳои фавқулода бузурги ҳамон давлатҳо решапайванд аст.

Муҳим он аст, ки ба шарофати чунин шахсиятҳо ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум – иқтисоду иҷтимоиёт, илму фарҳанг, рӯҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор меояд.

Касе наметавонад инкор кунад, ки ба зимма гирифтани масъулияти сарварии кишвар ва дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намудани рисолати  роҳбарӣ дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассосу номуайян иқдоми саҳлу сода набуд, зеро Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриде мегузашт, ки ҳукумати қонунӣ вуҷуд надошт ва мамлакат дар гирдоби нобасомониҳо қарор дошт.

Дар ҳамон марҳилаи бениҳоят ҳассос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо азми қавӣ ва рӯҳияи хастагинопазир ба майдони мубориза баромаданд ва бо такя ба хиради азалии мардуми шарафманди тоҷик ба ободсозии вайронаҳо ва бунёди давлатдории миллӣ шурӯъ карданд.

Табиист, ки  фикру ақидаҳо гуногун буданд, шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои манфиатдор мехостанд ҳадафҳои хешро, ки  дар аксар маврид бо манфиатҳои милливу давлатӣ созгор набуданд, амалӣ намоянд.  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қарорҳо истодагарӣ карда, ин тоифаро  водор ва муътақид кунониданд, ки аз ҳама ғаразҳо манфиатҳои миллӣ болотар аст.

Пешвои миллат то имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 21 маротиба гуфтушунид ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо карда, ҳамеша аз дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат намуда, ҷангро маҳкум сохта, муттаҳид кардани миллатро таъкид ва талқин намудаанд.

Ман шоҳид будам, ки Ҷаноби Олӣ то расидан ба ваҳдати миллӣ  оромиро эҳсос намекарданд,  дилашон барои зиндагии нотинҷи кишвар ва аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт.

Ҳамин фазилатҳои оливу азалии Роҳбари хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштии миллӣ ҳидоят намуда, аз баракати иқдомоти беназири Сардори давлат дастовардҳо дар  тамоми соҳаҳо  рӯ ба афзоиш оварда, мақоми Пешвои миллат ва ҷойгоҳи кишвари азизамон  дар арсаи байналмилалӣ  соат ба соат боло рафта истодааст.

Дар хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдориву устувории ваҳдату муттаҳидии миллати тоҷик ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ хеле бузург аст.

Бо қатъият иброз медорам, ки агар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат намеовард, барқарории Истиқлолияти давлатӣ, осоишу озодии мардум, ободии Ватан ва таъмини шароити арзанда барои сокинон имрӯз дар гумон буд.

Бидуни шакку шубҳа, гуфтан мумкин аст, ки тамоми пешрафт ва дастовардҳои кишвар ба Истиқлолияти давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевосита дорад. Ҳоло мо соҳиби Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди Миллӣ, Артиши миллӣ, асъори миллӣ, сарҳадоти мустаҳкам ва иқтисодиёти мунтазам рушдёбанда  ҳастем.

Истиқлолияти давлатӣ боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад, ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва беш аз 50 созмони дигари байналмилалию минтақавӣ пазируфта шавад.

Дар 30 соли соҳибдавлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Бегуфтугӯ, ин муваффақиятҳо ба шарофати  иродаи қавии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Ба ибораи дигар, замони соҳибистиқлолиро  давраи пешравиҳо, ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама бахши ҳаёти ҷомеа унвон кардан мумкин аст.

Ифтихормандем, ки дар сӣ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

Дар ин замина, чор  ҳадафи стратегии  мо – расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ, баромадан  аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини  амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба марҳилаи ниҳоии худ наздик расидааст.

Мадди назар бояд дошта бошем, ки вазъи ҷаҳони имрӯза  нисбатан ноором аст. Ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи баъзе давлатҳои абарқудрат, раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани терроризм ва дигар ҷараёну гурӯҳҳои номатлуби замон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми худ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона, бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.

Хушбахтона, ҳоло дар кишвари мо сулҳу ваҳдат устувору побарҷост, вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки фориғбол бошем.  Мо набояд ҳаводиси пурфоҷиаи замони  ҷанги шаҳрвандиро, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дода буд, фаромӯш кунем. Хоса, ҳодисаҳои ҳамсоякишвар – Афғонистон барои мо бояд дарси ибрат бошад.

Амиршо Миралиев,

собиқадори меҳнат

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь