Дар доираи як сафар хабарнигорони МТЖТ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ашт, ки мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо карданд. Инак, гузориши онҳо аз дастовардҳои ноҳияи Ашт дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар семоҳаи якуми соли 2021 фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, бо мақсади таъмини фаъолияти бонизому самараноки соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2021 – соли ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мунтазам чораву тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар натиҷаи андешидани чораву тадбирҳои саривақтӣ, дар кулли соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуда, барои таъмини иҷрои барномаҳои мухталиф ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаи боэътимод гузошта шудааст.

Иҷроиши буҷет

Дар семоҳаи якуми соли 2021 нақшаи семоҳаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ мувофиқи ноҳия ба маблағи 15426,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл 15509,3 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 100,5 фоизи нақша буда, нисбати он 83,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба буҷет 1425,6 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 10,1% зиёд маблағ ворид гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз 10 манбаҳои даромад нақшаи муқарраргардидаи 8 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шудаанд.

Дар семоҳаи ҳисоботӣ аз тарафи буҷаи вилоятӣ ба маблағи 14115,0 ҳазор сомонӣ мусоидати молиявӣ ворид гардидааст, ки мутаносибан баробари 100,0 фоизи маблағҳои пешбинишуда мебошад. Нақшаи даромадҳои худии буҷети маҳаллӣ 9501,0 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, дар асл 8867,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки баробари 93,3 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба маблағи 23115,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 22708,5 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 98,2 фоизи нақша мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2020 аз буҷети маҳаллии ноҳия 2988,8 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 15,1% зиёд маблағгузорӣ карда шудааст.

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Дар ноҳияи Ашт 5 лоиҳаи сармоягузории давлатии зерин амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо дар ноҳия аз аввали татбиқ 1,72 млн доллари ИМА аз худ карда шудааст: Лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”, лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал”, лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвияи барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ”, лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4” ва “Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID – 2019”.

Дар семоҳаи ҳисоботӣ мувофиқи ноҳия 7322 адад сохторҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 486 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумӣ 5437 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 13 адад дар соҳаи саноат, 8 адад дар соҳаи сохтмон, 200 адад дар соҳаи нақлиёт ва алоқа, 1320 адад дар соҳаи савдо ва 344 адад дар соҳаҳои хизматрасонӣ машғули фаъолият мебошанд. Дар ҳамаи самтҳои соҳибкории хурду миёна шумораи занони соҳибкор 1478 нафарро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи саноат

Дар семоҳаи якуми соли 2021 мувофиқи ноҳия дар соҳаи саноат ба маблағи 60,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020-ум 66,9 сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот 100,1% таъмин гардидааст.

Дар ин давра аз 14 корхонаю коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият 11 ададашон фаъолият намудаанд ва 4 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд.

Дар семоҳаи ҳисоботӣ дар соҳаи саноат 1433,4 тонна намаки ошӣ, 1222,8 тонна нахи пахта, 1637,9 тонна чигит, 222,4 тонна равғани растанӣ, 34,5 тонна пахтаи курпабоб, 215,6 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 831,1 метри мураббаъ дару тиреза, 288 метри мураббаъ тахтасанг ва 256,6 ҳазор дона хишти сементӣ истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли равғани растанӣ 30,8 тонна, чигит 132,2 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 19,1 тонна ва тахтасанг 288 метри мураббаъ зиёд шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 7 марказҳои таълимию истеҳсолии атласу адрасбофӣ фаъолият намудаанд. Дар ин давра 4 марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ фаъолият намудаанд. Бо мақсади таъминоти пурраи хонандагони муассисаҳоитаълимии ноҳия бо либосҳои мактабӣ дар ноҳия 7 коргоҳҳои дӯзандагӣ фаъолият доранд.

Рушди кишоварзӣ

Дар семоҳаи якуми соли 2021 мувофиқи ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 82447,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 2656,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он ба 103,3% баробар мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи чорводорӣ ҳаҷми маҳсулот ба 82447,6 ҳазор сомонӣ расонида шуда, аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 2656,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 103,3% мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори 1979,5 тонна гӯшт, 8693,5 тонна шир, 3435,7 ҳазор дона тухм, 181,3 тонна пашм ва 20,0 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Ҷиҳати мунтазам ба роҳ мондани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ барои зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда чораҷуӣ карда шуда, ҳоло масоҳати онҳо ба 2,28 гектар расонида шудааст. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот дар назди ҶСК «Зардолу компания» 1 адад сардхона бо ғунҷоиши 200 тонна ва дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” 1 адад сардхона бо ғунҷоиши 60 тонна фаъолият дорад.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо дар майдони 218,2 гектар боғоти меваҳои гуногун бунёд карда шудааст. Инчунин дар майдони 169,4 гектар боғоти куҳна барқарор карда шудааст, ки нисбати барнома 3,8 маротиба зиёд мебошад.

Рушди соҳаи маориф

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021 дар ноҳия сохтмони муассисаи таълимии №65 барои 800 нафар хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №7 барои 480 нафар хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №25 барои 1200 нафар хонанда, сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия идома дорад. Инчунин, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии №11-ум 16 синфхона, дар муассисаи таълимии №18-ум 16 синфхона, дар муассисаи таълимии №53-юм 4 синфхона, 2 толори варзишӣ дар муассисаҳои таълимии №26 ва №32 идома дошта, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт муассисаи ғайридавлатии мактаби хусусии “Нури Раҳмон” фаъолиятдорад. Дар ин муассиса дар 13 синфҳо 165 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 24 нафар омӯзгорони беҳтарину собиқадор ва навовару эҷодкор фаъолият доранд. Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Ифтихор 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 40 нафар кӯдакон фаъолият карда истодааст.

Дар миқёси ноҳия 13 муассисаҳои давлатӣ ва 1 муассисаи хусусии томактабӣ иборат аз 74 гуруҳ фаъолият намуда, дар онҳо 2030 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади ҳарчи бештар фарогирии кӯдакони синни томактабӣ соли 2021 дар 57 муассисаҳоитаълимии ноҳия 84 гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки 1640 нафар кӯдакони 6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 23 нафар ятимони кулл (аз онҳо 10 нафар духтар) ва 656 нафар нимятимон (аз онҳо 344 нафар духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкор Бегматов Ҷамшед дар ҷамоати деҳоти Ориён сохтмони бинои як муассисаи томактабӣ оғоз гардида, таҳкурсии бино гузошта шудааст. Айни замон барои сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ дар маркази ноҳия 0,60 га замин ҷудо гардида, корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати сохтмони бинои кӯдакистони хусусӣ идома дорад.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, дарёфти хонандагони болаёқат, тайёр намудани хонандагони синфи 9-11 ба Маркази миллии тестӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз 13 фанҳои таълимӣ маҳфилҳои фаннӣ ва машғулиятҳои иловагӣ ройгон фаъолият мекунанд. Бо мақсади дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 1463 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд ва қабули ҳуҷҷатҳо идома дорад.

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Дар сатҳи ноҳия 61 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 1 Беморхонаи марказии ноҳия бо 310 кати табобатӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ бо 180 кати табобатӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 марказҳои саломатии деҳот, 35 бунгоҳҳои саломатӣ, 1 маркази иммунопрофилактика, 1 маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 1 маркази солимии репродуктивии ноҳия, 1 маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, 1 маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 1 маркази бемориҳои рӯҳӣ ва ёрии наркологӣ, 1 маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масунияти одам, 1 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 1 муассисаи хусусӣ, 1 стансияи ёрии таъҷилӣ (7 нуқтаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ) барои аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.

Шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустии ноҳия 1600 нафарро ташкил медиҳад. Аз 206 нафар табибон 79 нафар дорои дараҷаи олӣ, 27 нафар дараҷаи 1, 13 нафар дараҷаи 2 ва аз 939 нафар кормандони миёнаи тиб 270 нафар дорои дараҷаи олӣ, 182 нафар дараҷаи 2, 147 нафар дараҷаи 3 буда, инчунин, 274 нафар кормандони хурди тиб ва 180 нафар дигар кормандон кору фаъолият доранд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 дар марказҳои саломатии ноҳия ба 105715 нафар ниёзмандон аз тарафи табибон кумаки тиббӣ расонида шудааст.

Инфрасохтор ва нақлиёт

Дар ҳудуди ноҳия 495,4 км роҳҳо мавҷуд буда, дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” 94 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 22,3 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 379,1 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта қарор дошта, аз ҷумла 1,8 км роҳҳо дар тавозуни муассисаи хоҷагию манзилӣ ва 177,3 км роҳҳои байни хоҷагӣ мавҷуд мебошанд.

Дар соли 2021 таъмиру тармими 163,5 км роҳҳо, аз ҷумла 8,5 км таъмири асосӣ, 125,0 км таъмири ҷорӣ ва 30 км шағалпӯшкунӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои иҷрои корҳои мазкур аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ 3995,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 310,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети вилоят 800,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 2885,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар семоҳаи ҳисоботӣ аз тарафи муассисаи ноҳиявӣ ба маблағи 73,7 ҳазор сомонӣ корҳои нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудааст.

Дар ноҳия дар соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ се муассисаи нақлиётӣ – ҶДММ «Рахш Р.М.», ҶДММ «Ашт нақлиёт» ва ҶДММ «Зафар – 83» фаъолият доранд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 бо истифодаи нақлиёти ҳамаи шаклҳои моликият ба миқдори 300,2 ҳазор тонна борҳои гуногун кашонида шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020-ум 0,7 ҳазор тонна зиёд мебошад. Инчунин ба миқдори 1739,5 ҳазор нафар мусофирон ба манзил расонида шудаанд, ки нисбати соли 2020-ум 372,8 ҳазор нафар зиёд аст.

Вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 59 муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 29 китобхонаҳо, 18 клубҳо, 6 қаср ва хонаи фарҳанг, 1 осорхона, 1 мактаби рассомии бачагона, 1 мактаби санъати бачагона, 1 муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, 1 майдони Парчами давлатӣ ба аҳолии ноҳия хизмати маданӣ мерасонанд. Инчунин, дар ноҳия 34 ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва меъморӣ мавҷуд аст.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 Хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Шодоба ба маблағи 860 сомонӣ, Клуби деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз ба маблағи 7 ҳазору 800 сомонӣ таъмиру тармим карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии нигораҳо дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия ба 2380 адад расидааст, ки аз онҳо 1422 адад нигораҳои асосӣ, 958 адад нигораҳои ёрирасон мебошанд.

Мероси таърихию фарҳангӣ, бахусус ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ашт, аз қабили Қалъаи Афросиёб, Тӯдаҳои Калону Хурд, як силсила қабристонҳои тоисломӣ ва тасвирҳои рӯисангии шаҳраки Шайдон, деҳоти Даҳана, Понғоз, Ашт, Пискокат, Сарова, Мулломир то андозае ҳифз ва обод гардида истодааст.

Ҷавонон ва варзиш

Дар семоҳаи якуми соли 2021 баҳри ободиву тозагӣ дар ноҳия 11 маротиба шанбегӣ бо ҷалби ҷавонон баргузор карда шудааст.

Дар ноҳия 3 муассисаидавлатии мактабҳои варзишии №1, №2 ва мактаби махсуси варзишии футбол фаъолияти кории худро ба роҳ мондаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021-ум 77 маротиба мусобиқа, чемпионатҳои ноҳиявӣ ва 11 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ байни ҷавонону наврасон ва бонувон ташкил ва баргузор гардида, 4182 нафар ҷавонони соҳаҳои мухталиф ҷалб гардидаанд, ки аз инҳо 585 нафарашонро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.

Ба варзишгарон муяссар гаштааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар мусобиқа, чемпионатҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 18 медали тилло, 17 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ гарданд.

Рушди соҳаи сайёҳӣ

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия 42 адад иншооти соҳавӣ, аз қабили меҳмонхонаҳо, осорхона, табобатгоҳ, истироҳатгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ фаъолият доранд. Дар ноҳия сайёҳии куҳиву варзишӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ маъмул мебошад.

Дар ҷамоати деҳоти Ошоба дар мавзеи Чинор-бобо ва мавзеи куҳии Бобои Об, ки баландиаш аз сатҳи баҳр 3768 метр мебошад, сайёҳии куҳиву варзишӣ ва экологӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия 33 адад ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ашт ёдгории меъмории асри XIX “Масҷиди Сари Бозор”, “Мазори Чилдухтарон”, “Масҷиди Ҳаштсаҳоба”, “Меҳроби Ашт” доир ба асри VIII; дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шайдон «Мазори Бобои Шайдон», дар ҷамоати деҳоти Ошоба «Бобои Чинор» вобаста ба асри XVIII ва инчунин дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдон мавзеҳои тасвири рӯйисангӣ, ки ба асрҳои V-VI пеш аз милод тааллуқ доранд, мавҷуд мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия айни замон се иншооти соҳаи сайёҳӣ фаъолият намуда истодаанд, ки инҳо ҶДММ “Меҳмонхонаи“Шайдон” дар маркази ноҳия -шаҳраки Шайдон бо 70 ҷой, табобатгоҳи“Аксикон” дар ҷамоати деҳоти Меҳробод бо 262 ҷой ва маркази сайёҳии истироҳатии “Рахшона” бо 20 ҷой мебошад.

Табобатгоҳи “Аксикон” мавзеи табобативу истироҳатӣ буда, фаъолияти он мавсимӣ мебошад. Дар ин табобатгоҳ барои 262 нафар табобатгирандагон ҷойи истиқомативу истироҳатӣ, ошхона, чойхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва истироҳатӣ омода карда шудааст.

Инчунин барои сайёҳон дар ҳудуди ноҳия 9 мавзеҳои сайёҳӣ, 1 тарабхона, 15 ошхонаҳо, 2 осорхона, 27 китобхонаҳо, 3 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 2 мағозаҳои армуғонӣ омодаи хизматрасонӣ мебошанд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаришуда дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ идома дода шудаанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ин ҷашни бузурги давлативу миллӣ дар ҳудуди ноҳия бунёд ва мавриди истифода қарор додани 301 иншооти мухталифи соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинӣ карда шудааст. Инчунин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои иловагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, то ҷашн бунёди боз 100 иншоот пешбинӣ гардида, миқдори умумии онҳо ба 401 адад расонида шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2021бо истифодаи ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар 34 иншоот корҳои сохмонию таъмир ва азнавсозӣ, дигар корҳои ободониву созандагӣ ба маблағи умумии 7748,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, аз ҳисоби онҳо 73 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.

Ҷиҳати гиромӣ доштан ва ҳимоя намудани истиқлолу озодии давлати тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ, амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон “Майдони Парчами миллӣ” бунёд карда шудааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Зариф Мирдадо, “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷиҳати рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаро гирифтани тамоми сокинони кишвар ҷиҳати таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, тарғиби арзишҳои волои ин санаи тақдирсоз дар ҳудуди ноҳия корҳои назаррас ба анҷом расонидааст”.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ ба хотири амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ карда, дар ин самт дар ҳудуди ноҳия тадбирҳои амалӣ хоҳад андешид,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь