Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем

Аз он беҳ, ки мулкро ба душман диҳем.

Ин ҳарфу ҳиҷои саропо аз сӯзи Ватандорӣ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ, охири соли 1991 қалби пурҳарорати хоса ватанхоҳони кишварро ором нагузошта буд. Қаламрави беш аз 300 миллионаи кишвари абарқудрати фарҳангсолори Шӯравӣ, бо дасисаи иддае аз қудратталабон рӯ ба таназул ниҳода, сиришт ва сарнавишти бошандагони он қаламрави маърифатхезу маърифатпарвар ба дасти хоҷагони ташнаи ниқору кина зери ниқоби дину суннатҳои фарҳангии ховар уфтода, роҳи халосӣ аз ин вабои даҳшатхез ҳамагонро роҳгуми кӯчаҳои сарбаста намуда буд.

Фарзандони бо ору номуси миллат, фарзонагони суннатҳои Ориёии қаламрави бумии тоҷикон, дар роҳи боҳамоиву иттиҳоду якпорчагии қаламрави Тоҷикистони азиз сина сипар намуда, ба дифои марзу бумашон бархостанд. Нахуст мардуми Хатлон бо азму иродаи қавӣ он гуна, ки дар аҳди қадим қаламрави Каёниён, Сосониён ва Сомониёнро дар баҳои ҷон ва хонумонашон дифоъ намуда буданд, ҳамонгуна ба дифои марзу буми аҷдодӣ бархостанд. Ин талошу ҷоннисориҳои онҳо аз ҷониби Ватан хоҳони тамомии атрофу акнофи Хатлони гурдзо дастгирӣ ёфта, ба таъсиси Ҷабҳаи мардумии дифои Ватан бунёд гузоштанд. Ва ҳамин Ҷабҳаи миллӣ сипари боэътимоди Ватан гардида ба таъсиси Неруҳои Мусаллаҳи кишвар замина гузошт. Зери кафолати ҷабҳаи миллии кишвар Иҷлосияи тақдирсозӣ шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хӯҷанд, дар қасри Арбоб даъват гардида, тақдири буду бош ва ҳастии Тоҷикистон роҳи ҳалли хешро ёфт. Ҳама иштирокчиёни Иҷлосия, чӣ вакилони мардумӣ ва чӣ меҳмонони Иҷлосия интизори муждаи Сулҳу якпорчагии кишвар буданд. Ниҳоят рӯзи дуввуми Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷикон баъди машвараи зиёд роҳи ҳалли хешро пайдо намуд. Вакили мардумӣ, шахсияти миёни вакилон шинохтае бо пешниҳоди вакилонии минтақаи Кӯлоб бо ҷасорату матонати ватанхоҳона гом бар минбари масъулияти ватандорӣ ниҳод. Ӯ вакили мардумӣ аз ҳавзаи Данғараи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон буд, ки масъулияти бузурги Ватандориро бар дӯши хеш гирифта бо мардум аз минбари баланди ватандорӣ изҳор намуд, ки тамомияти арзиву марзии кишварро бар души хеш гирифта, амнияту осудагии тамоми сокинони кишварро дар баҳои ҷон ва хону монаш кафолат хоҳад дод.

Шӯълаи умед дар қалби заҳрандуди мардуми ташнаи сулҳ гул кард. Шоири халқии Тоҷикистон пири суханварони Хатлон, устоди зиндаёд Ашур Сафар миёни аҳли сухани кишвар яке аз аввалинҳое буд, ки дастагули пурнакҳати ормонҳои миллионҳо ташнагони сулҳро бо чунин мазмун манзури мардуми интихоб кардаи раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда буд.

Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,

Ба даҳон қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?

Сар сари дидаи ман омадаӣ.

 

Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,

Ба рухат акси рухи себ диҳад.

Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,

Дар бағал боғу чаман омадаӣ.

 

Ҷомаи тоза муборак бошад,

Ҳусни шероза муборак бошад.

Раҳи пурнур дар он метобад,

Зи раҳи нурфикан омадаӣ.

 

Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,

Ҷомаро дор нигоҳу мадарон,

Сари ҳар риштаву кукаш бахт аст,

Бахт дар бар ба ватан омадаӣ.

 

Ҷомаи Сулҳ панаҳҷо бар мо,

Қимат аз сарвати дунё бар мо.

Шарафат бод, ки ҳиммат карда,

Зӯр бо ҳиллаву фан омадаӣ.

 

Тирамоҳ ранги баҳорон бигирифт,

Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигрифт,

Оби ҷӯ соф шуд аз хуноба,

Марҳами реши бадан омадаӣ.

26 ноябри соли 1992

Ӯ дар назди вакилон ва меҳмонони Иҷлосия қавл дод, ки аввалин гоме ки дар роҳи ватандориву ватансозӣ ҳоҳад ниҳод, ин бозгашти бечуну чарои гурезаҳои иҷборӣ буда, то он замоне, ки  як тоҷик берун аз ватан ҳамчун гурезаи сиёсӣ ба сар мебарад ӯ ором нахоҳад буд. Аксари кулли вакилон он замон ба фардои орому осуда ҳич бовар надоштанд. Чунки гуруҳхои қудратталаб аз мақсадҳои ҷоҳхохиву ҷоҳ- талабиашон даст накашида, бо умеди хоҷагони хеш буданд. Шояд онҳо бовар доштанд, ки хоҷагони онҳо метавонанд вазъи сиёсии кишварро ба кулли тағйир диҳанд. Бехабар аз он ки Худованди Азза ва Ҷалла Ҷаллолуҳу фармуда:

Муддаӣ хост, ки аз бех канад решаи мо,

Ғофил аз он ки Худо ҳаст дар андешаи мо.

Тири дӯсткуши онҳо хок хӯрд. Роҳбари ҷавони тозаинтихоб, ки қалби покаш саршори муҳаббати ватандорӣ ва раъиятпарвариву мардумнавозӣ буду дуои модари муштипараш ҷавшани боэътимоди нангу номи раъиятхоҳӣ, ӯро аз ҳама балоҳои заминиву самоӣ дар паноҳи раҳмати Худованди Ҷалла ва Ҷаллолаҳу нигаҳбониаш намуд. Бо дуо ва фотиҳаи модари покмаҳзараш ба кори хеш оғоз бахшид. Аввалин гоме ки дар остонаи муҳаббати ватандорӣ ниҳод, ин раъиятпарвариву раъиятдӯстиаш буд. Бо мардум пайваст. Аввалин минтақаи доғи он замон Бадахшон, ки яке аз нукоти доғи даргириҳои мусаллаҳона буд, ӯро бо худ хонд. Ҳатто ҳамсафаронаш розӣ набуданд, ки ӯ ба Бадахшон биравад. Чунки ҳама неруҳои силоҳшури оштинопазир хилофи андешаҳои созандаи давлатмардон ва модарони муштипари бадахшонӣ онҷо ҷамъ гардида, интизори амри хоҷагони хеш буданд. Иддае аз роҳбаладон хостанд, ки ин сафарро ба таъхир гузоранд. Ӯ бо исрор талаб намуд, ки ин сафарро омода созанд. Ӯ бо ҷасорат ва матонати ватансозии Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур пайравӣ намуда, ба хотири сулҳу салоҳ ва якпорчагӣ озими Бадахшон гардид. Неруҳои оштинопазири силоҳшур омода буданд, ки низоъеро ба миён биёранду лакнаҳо ба Сулҳ ворид намоянд. Ӯ ҷон дар кафи даст тақдир ва сиришту сарнавишташро ба мардуми Бадахшон пайваст. Ҳамин сафар муҳаббат ва садоқати ӯро ба мардум ва мардумро ба ӯ бештар намуд. Маҳз ҳамин сафар ӯро ба мардуми олам бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ошно намуд, ки ин ҳаққи ҳалоли хидматҳои сулҳофарии ӯ будаву ҳаст. Ин сафар мушти обдоре буд бар даҳони ҳарзагӯёни бадгуҳар. Ва ин аввалин шикасти ҳасудону нотавононбинони  Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ буд. Ҳамакнун аввалин гиреҳи бастаи душманон дар роҳи баҳамоии миллати тамаддунофари тоҷик боз гардид. Ӯ аз нахуствохӯрии суҳофариаш дарк намуд, ки  мардум ташнаи Сулҳ ва боҳамоии миллат мебошанд, вале бархе аз гумроҳони силоҳшур, ки худро бо номи роҳбари сиёсии гурӯҳҳои хурофотзадаи оштинопазир ном мебурданд, бозичаи  дасти хоҷагони дар хориҷи кишвар буда гардида, ба хотири пулу мол ва ҷоҳу ҷалол омода буданд, ки на танҳо зодбум ва миллат, балки хонаводаи хешро  бифурӯшад. Нахустгомҳои сулҳофарӣ уфуқҳои нави худшиносии миллиро  дар қалби поки ӯ афзун намуд. Гоҳо сари он андеша буд, ки наход дар Душанбеи азиз, ки пойтахти миллат ва давлати беш аз ҳафтод солаи тоҷикон мебошад, одамон дар андак муддат тағйир биёбанд. Наход олимону донишмандон ва фарҳангиёни кишвар думболи як ҷоҳили нотавонбини хурофотзада бираванд. Магар онҳо намедонанд, ки ҳамин нотавонбинони кӯрдил Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро бо дасти худ аз байн бурданд. Ягона роҳи  наҷоти миллат боҳамоӣ ва сулҳу якпорчагӣ мебошад. Дар ин роҳи пуршараф мебояд талош варзид.

Аз ин ба баъд огоҳӣ ва худшиносии миллӣ метавонад, ки моро аз вартаи ҳалокати сиёсиву иҷтимоӣ наҷот бахшад. Баъди ин ҳама, гуфту шунидҳои Сулҳи тоҷикон, бевосита бо ибтикори ин абармарди таърихи навини миллат оғоз гардид. Ҳама масъалаҳои аввалиндараҷа барои дастёбии сулҳ ва ризояти миллӣ, зери назари бевоситаи ӯ қарор гирифта, баъд ба  пешниҳоди комисиёни ду ҷониб фиристода мешуд. Банда, ки он замон нафари низомӣ будаму бо бахши низомии комиссиони оштии миллӣ сару кор доштам, аз забони даҳҳо фармондеҳони низомии собиқ опозисиюни тоҷик шунида будам, ки «Матонату қаҳрамонӣ ва ватанхоҳии Пешвои миллатро ҳамеша эътироф менамуданд. Ва мегуфтанд, ки ҳар нафаре аз мо пеш аз он ки вориди Неруҳои Мусаллаҳ ва Қудратии кишвар  бигардем, бо  Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вохӯрӣ намуда, баъди ин вохури мо бо муҳаббат ва садоқати ватансозии ӯ бовар намуда, дар сурати поки ӯ як роҳбари воқеан ҳам созанда, мардумсолор ватансоз ва раиятпарварро дидаем. Тӯли солҳои дарозе, ки мо ҳамҷоя кор кардем, шоҳиди зиёди корномаи ватанхоҳонаи ӯ гардидаем. Бо истиснои он ки баъзе аз мақомдорони вақти он замон воқеияти муҳаббат ва садоқати ватандории моро бо номи худашон менавиштанд. Меҳри Ватан ва садоқати ватандориву ватансозии Пешвои моро побанди садоқат намуда буд. Ҳам акнун мо хеле хуб медонем, ки Сарфармондеҳи Олии  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои муаззами миллат пуштибони  воқеии ин марзу бум буда, моро зарур  аст, ки атрофии ӯ муттаҳид гардида, кишварро аз ҳама гуна хатарҳои глабалӣ наҷот бидиҳем». Ростӣ, ҳанӯз даҳҳо собиқ мухолифини кишварро медонам, ки ҷоннисори марзу буми он ва амнияту осудагии давлат ва Ҳукумати кишвар  буда, бо садоқат ва ифтихори зиёди ватандорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пуштибонӣ менамоянд. Вале он чанд нотавонбиноне, ки он замон ба Сулҳу баҳамоии миллат бовар надоштанд ва бо ҳар роҳу восита ба амнияту осудагии мардум халал ворид менамуданд, ҳанӯз бо нотавонбинии хеш зери ниқоби садоқати дуруғин омодаи садҳо хиёнат мебошанд, бехабар аз он ки мардум фармуда:

Ҳар ки бо душмании халқ равои аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Ва он гуруҳҳои бебасар ҳанӯз омодаи онанд, ки ба Сулҳу оштии Миллии саросари кишвар, ки бо ибтикору ҷоннисориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омадааст, халал ворид намоянд. Ҳол он ки ин Сулҳ ва ризоияти миллии мо тоҷикон намунаи барҷастаи  боҳамоии миллат ва давлат буда, эътибори кишварсозии мо тоҷиконро шӯҳраи оламиён намудааст. Имрӯз таҷрибаи Сулҳи тоҷикон дар даҳҳо Институтҳои сиёсии ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ин таҷриба  дар роҳи дастёбии Сулҳ ва Ризоияти миллӣ, дар бисёре аз  кишварҳои  олам пиёда гардидааст. Моро зарур аст ки ба қадри ин сулҳу субот ва якпорчагиву Ризоияти миллӣ бояд бирасем. Тантанаҳои ин санади тақдирсозро ба таври бояду шояд роҳандозӣ намуда, дар вохӯриву ҳамоишҳои мардумӣ аз таърихи ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсози миллат ба мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештару хубтар роҳандозӣ намоем. Хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, садҳо бузургмардони сиёсати ҷаҳонӣ ва адибони шӯҳратёри олам ӯро сутудаанд, мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти ҷиддӣ қарор бигиранд. Барои донишмандони адабиёт ва фарҳанги миллӣ зарур аст, ки манзумаи “Ман Ориёиям”-и устоди зиндаёд Масъуди Сипанд, ки миёни мардум бо номи “Ҳамосаи ватандории Пешво” машҳур гардида, кайҳони садоқати ватандориро ба дилларза андохтаасту саропо зиндагиномаи Пешвои тоҷикони олам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор бигирад. Худатон аз рӯи инсоф қазоват намоед ва бо чашми дил бубинад, ки сари ҳар сатр ва ҳарфу ҳиҷои манзумаи “Ман Ориёиям” сурат ва сират ва талошу ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат руи саҳфаи эҷод омада, бо матонату қаҳрамонии Ориёиаш аҳсант мехонем:

Аз насли офтоб,

Аз шаҳди моҳтоб,

Аз авҷи қуллаҳои сарфароз,

Хуршед нурро дар чорсуи синаи ман ҷор мезанад:

Ман Ориёиям, ман Ориёиям!

 

Хоки бузурги ман.

Андуҳе аз ғубори тамомии қалбҳост,

К-аз гирдбоди ҳодисаҳо ҷон гирифтааст.

Барқи нигоҳи ман оини меҳру

Аз чашми чашмаҳои софу сафобахш хондааст.

Шерозаи китоби дилам сулҳу зиндагист.

Сулҳу зиндагист, ишқу зиндагист.

 

Ман душманам,

Ба ҳарчи ғуломию бандагист,

Ман Ориёиям, ман Ориёиям…

Оре, ин ҳама бе ягон муболиға воқеияти таърихии замони нави худшиносии миллӣ буда, хоса фарди ватанхоҳ ва башардӯстро бетараф гузошта наметавонад. Он гуна, ки устоди азизу арҷманди зиндаёд Масъуди Сипанд аз тариқи барномаҳои телевизион ва радиои кишвар борҳо иброз намуда буд, ин манзумаи қаҳрамонии замони нави худшиносии миллии Ориёӣ ба Пешвои тоҷикони олам, Раиси Кунгураи байналмилалии тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, симои воқеии қавми Ориёӣ дар сурат ва сирати поки ин абармарди дунёи фарҳанг ва сиёсат таҷассум гардидааст. Пас, ҳазорон мову манҳои ошиқони шефтаи табори Ориёиро боястӣ, ки бидонем, ки устоди зиндаёд Масъуди Сипанд чӣ касест. Аз рӯи чанд мулоқоти самимие, ки банда бо ин марди Ориётабори фарҳангсолор доштам, ӯро содиқтарин фарзанди Ориёи бузург шинохтам. Ӯ Тоҷикистон қалби пур аз тапиши Ориёи бузургро дар сурати ин марзу бум шинохта, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фарзанди бузурги Ориё ва эҳёгари суннатҳои Ориёӣ ном бурда буд. Барои банда ҳама шунидаҳо ки ситоиши воқеии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ифтихор ва шарафи бузурги ватандорӣ буд. Устоди зиндаёд, донишманди фарҳехтаи Ориёитабор Масъуди Сипанд ҳама мушоҳидаҳо ва бардоштҳои худро дар китоби “Бӯи ҷӯи Мулиён” он қадар бо самимият ва муҳаббати зиёд рӯи саҳфа овардааст, ки хоса хонандаи ватанхоҳ Тоҷикистонро бо чашми дили устоди зиндаёд Масуъди Сипанд дидан мехоҳад. Шоири Ориёнтабори ватансаро дар сурати Тоҷикистони азиз ва мардуми фархундаҳоли он меҳани азизаш Эрони Ориёиро мебинад. Оре Эрони Ориёӣ! Эроне, ки хоки покмаҳзараш ҳазорон давлатмардони пурифтихори Ориёиро ба олам додааст. Ӯ дунболи орзуҳои беш аз даҳ ҳазор солаи хеш вориди Тоҷикистони азиз шуд. Дар сурат ва сирати Тоҷикистони маърифатпаноҳ Эрони орзуву ормонҳояшро дарёфт. Тантанаҳои пуршукуҳи Ориёӣ: Наврӯзи Сосонӣ, ҷашнҳои шукуҳхезу шукуҳрези Сада ва Меҳргонро баробари мардуми Тоҷикистон ҷашн гирифта, боғи умеду ормонҳои Ориёияшро шодоб гардонид. Ҳамин  талошу ҷоннисориҳои ватанхоҳонаи Ориёии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро водор сохт, ки манзумаи пурҳарорати набзи дар тапиш омадаи “Ман Ориёиям”-ро ба ӯ бубахшад. Ва дар тамоми олам бигӯяд, ки дар сурат ва сирати Раиси Кунгураи байналмилалии тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари суннатҳои Ориёиро дидаву шинохтааст. Пас аз чӣ бошад, ки мо пунба баргӯшони ғафлатзада ҳанӯз ба зинҳори заҳматҳои ваҳдатофарии ин абармади таърихи навини миллат, ки ҳамосаи ватандории “Ман Ориёиям” зиндагиномаи кору пайкори ӯст, нарасида бошем. Ҷашни пуршукуҳи “Сулҳу Ваҳдати миллӣ”, ки ифодагари истиқлол ва худшиносии миллии мо тоҷикон мебошад, мебояд аз ин баъд бо шукуҳу шаҳомати баланди ватанхоҳона ҷашн гирифта шавад то оламиён бидонанд, ки яке аз суннатҳои бузурги Ориёиҳо бахшандагиву меҳрубонӣ ва муҳаббату садоқат ба ҳамдигар доштан будааст. Аз ҳисоби донишмандон, шоирон, олимон, фарҳангиён ва ҳунармандони пурэътибори миллат гурӯҳҳоеро мебояд омода намуд, ки дар роҳи фаҳмондадиҳӣ ва арҷгузорӣ бо ин санади муҳими тақдирсози миллат саҳмгузори сиёсати фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоии Пешвои муаззами миллат бошанд. Ин санади тақдирсози миллат мебояд бо як шукуҳу шаҳомати баланд дар қатори дигар идҳои кишвар соҳиби ҷойгоҳи пурэътибори давлатӣ бошад.

Ҷумъахон Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь