Рӯ ба ҳадафҳои созанда
Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор меорад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ таъкид намуданд, ки: “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Ҳифзи дастовардҳо
Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшоҳ Ҳакимзода низ бо ишора ба ин нуктаи муҳим иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат мо – аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.
Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки: “Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд”.
– Дар ин замина Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад, – дар тақвияти андешаҳои хеш изҳор дошт Қадамшоҳ Ҳакимзода.
Нишондодҳои умумӣ
Дар идома Қадамшоҳ Ҳакимзода афзуд, ки риояи талаботи ягонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар мадди назари ҳамешагии Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб ва муассисаҳои зертобеи он қарор дорад. Айни ҳол Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар тобеияти худ 74 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла: 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 интернат, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникасионӣ, 1 фароғатгоҳ, 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дорад, ки дар соли хониши 2020-2021 дар 2048 синфхона 50200 нафар хонанда ( аз ҷумла 24418 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба синфи якум дар соли хониши 2019-2020-ум 6025 нафар (аз ҷумла 2936 нафар духтар) қабул карда шуд. Аз шумораи 3918 нафар (аз ҷумла 1874 духтар) дар соли хониши 2020-2021 ба синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 3338 (аз ҷумла 1734 духтар), ба коллеҷҳо 33 нафар (аз ҷумла 52 нафар духтар) ва 43 нафар ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия рафтанд. Дар маҷмӯъ, аз синфи 9-ум ба синфи 10-уми 99% хонандагон гузаронда шуданд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бошад, ба таълиму тарбияи 1288 нафар кӯдаки синни томактабӣ 60 нафар мураббӣ машғуланд. Дар баробари ин дар назди 50 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 51 адад гуруҳи Маркази рушди барвақтии кӯдакон ё марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунад, ки ба онҳо 1057 нафар фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ 3633 нафар ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд.
Заминаҳои кадрӣ
Таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки дар маркази диққати мақомоти иҷроия ва Раёсати маориф қарор дорад. Дар соли хониши равон шумораи умумии омӯзгорон 3486 нафарро ташкил дод, ки 2335 нафари ононро занон ташкил медиҳанд. Бо назардошти рафту омад, ба нафақа баромадан ва ҷойивазкунӣ дар муассисаҳои таълимӣ шумораи омӯзгорон имсол тағйир ёфта, нисбати соли хониши гузашта 85 нафар зиёд шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки айни замон дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб 2 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, зиёда аз 156 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон ва 6 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, сатҳи маълумотнокии омӯзгоронро метавон ба таври зайл раддабандӣ намуд: олии омӯзгорӣ – 2778 нафар, (аз ҷумла, 1786 зан) ва миёнаи касбӣ ва олии нопурра – 708 нафар (аз ҷумла, 549 зан).
Бояд зикр кард, ки феълан дар муассисаҳои тобеи Раёсати маориф 546 нафар мутахассиси ҷавон кору фаъолият мекунанд, ки 44 нафарашон имсол ба кор омаданд. Фаъолияти онҳо доимо зери таваҷҷуҳи Раёсати маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ қарор дошта, барои расонидани кӯмаки амалию методӣ онҳо бо омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда шудаанд.
Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон
Қобили тазаккур аст, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ин такмили ихтисос, шинос намудани омӯзгорон бо нақшаву барномаҳои таълимӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ ба онҳо ба ҳисоб меравад. Вобаста ба бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ, сайқал додани маҳорати касбии онҳо тибқи наҳша ҳамасола зиёда аз 20%-и омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар асоси нақшаи такмили ихтисос дар моҳи марти соли 2021-ум 58 нафар омӯзгор аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд. Дар баробари ин, дар асоси нақшаи кории кабинети методӣ то ин вақт бо онҳо оид ба ҳуҷҷатнигорӣ, таълими салоҳиятнокӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон 19 семинар гузаронида шудааст.
Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи кори кабинети методии Раёсати маориф ҳар моҳ бо роҳбарони таълимгоҳҳо, муовинони директорон оид ба қисми илмӣ, тарбиявӣ ва созмонҳои хонандагон бо муаллимони забон ва адабиёти рус, таърих ва ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, ОДҲ, тарбияи ҷисмонӣ, география, забони англисӣ, химия ва биология, физика ва математика, синфҳои ибтидоӣ, технологияи меҳнат семинарҳо гузаронида мешаванд. Дар давоми соли хониш бо дастгирии кабинети методии Раёсати маориф озмунҳои “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”, “Пайравони Нютон”, “Хатти зебо”, “Арифметикаи зеҳнӣ”, “Лаззат”, “Пешгириӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ” (миёни хонандагони синфҳои 6-11) баргузор ва бо муваффақият ҷамъбаст гардиданд.
Назорати ҷараёни таълиму тарбия
Дар семоҳаи соли 2021 назорати ҷараёни таълиму тарбия дар маркази диққати МИҲД Кӯлоб ва кормандони Раёсати маорифи он қарор дошт. Бояд қайд намуд, ки мушовараҳои раёсати маориф тибқи нақша ҳамеша бо иштироки бевоситаи намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гашта, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ се ҷаласаи назоратӣ ва се мушовараи Раёсати маориф бо 19 масъала мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода шуд.
Дастовардҳои хонандагон дар вилоят
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо мутобиқи нақшаи солонаи Раёсати маорифи шаҳр, нақша ва Ойинномаи МДРИ фаъолият намуда истодааст. Ҳадафи асоси ташаккули малакаҳои зеҳниву ақлонии хонандагон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ аст. Дар асоси барномаи махсуси таҳсилоти иловагӣ мактаббачагони лаёқатманд таҳсили босамар ва бомақсад мекунанд.
Бояд қайд кард, ки дар даври чоруми Олимпиадаи фаннии мактаббачагон байни хонандагони синфҳои 9-11, 44 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, ҷойи якум 5 нафар; ҷойи 2-юм 11 нафар, ҷойи 3-юм 28 нафар. Дар гуруҳи синфҳои 11-ум; 12 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (3-юм) гардидаанд, ки онҳо муҳассилини муассисаҳои таълимии №1,10 ва Мактаби президентӣ мебошанд.
Квотаи президентӣ
Тариқи квотаи президентӣ дар соли 2021-ум 23 нафар хатмкунанда (аз ҷумла 12 нафар духтар) бояд ба донишгоҳҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шаванд. Бо ин мақсад тибқи фармоиши Раёсати маориф дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даври якуми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар даври дуюм аз шумораи 622 нафар довталабон 103 нафарашон ба даври ниҳоӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар партави Паём
Раёсати маориф оид ба амалӣ намудани Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.01.2021) як қатор корҳои наэаррасро ба сомон расонид. Чунончӣ, дар ин маврид ҳанӯз аз 29 декабри соли 2021 фармоиши сардори Раёсат интишор шуда, вазифаҳои ҳар як кормандро аниқ муайян кард. Инчунин, нақшаи чорабиниҳои Раёсати маориф тартиб дода шуда, дастраси муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб гардид ва дар мушовараи Раёсати маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҳамаи муассисаҳо бо падару модарон, хонандагон ва ҷомеаи омӯзгорон оид ба Паёми Президенти кишвар омӯзишу вохӯриҳо гузашта истодааст. Дар вохӯриҳо намояндагони Раёсати маориф, муаллимони беҳтарин, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ширкат варзида, мароми Паём, роҳҳои амалӣ намудани онро гуфта гузашта истодаанд. Аз тарафи мутахассисони Раёсати маориф рафти иҷрои Паём дар муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба ҷомеаи омӯзгорон маслиҳатҳои муфид дода шуда истодаанд.
Омодагӣ ба ММТ
Бо мақсади тайёр намудани хатмкунандагони синфҳои 11 барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар Раёсати маориф ва ҷомеаи омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодааст. Аз ҷумла тибқи нақшаи таҳияи намудаи кабинети методии Раёсати маориф дар ҳамкорӣ бо намояндагони ММТ бо хатмкунандагон муассисаҳои таълими озмоиш гузаронида шуд.
Бояд иброз намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб 2 нуқтаи ба қайдгирии довталабон (МТМУ №1,6) амал мекунанд, ки довталабон ҳуҷҷатҳои худро супорида истодаанд. Аз шумораи 3351 нафар (1631 нафар духтарон) хатмкунандагони синфҳои 11 то инҷониб 2178 нафар аз қайди ММТ гузаштанд, ки 65% ташкил медиҳад.
Кор бо аҳли ҷомеа ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ омили асосии пешравии соҳа ба ҳисоб меравад.
Боиси хурсандист, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сол аз сол таваҷҷуҳи падару модар, аҳли ҷомеа ба мактаб зиёд мешавад. Ҳоло дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ Ассотсиатсия волидайн ва омӯзгорон хуб амал карда, дар таълиму тарбия, гузаронидани чорабиниҳо, дастгирии муассиса, таъмиру тармим ва омода намудани он ба соли нави тахсил фаъолона иштирок мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, бояд иброз намуд, ки имсол Раёсати маориф тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба низом даровардани раванди тарбияи эстетикии хонандагон “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон мактабҳои таҳсилоти умумӣ”-ро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда, бо корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Кооператор” ба миқдори 25100 (бисту панҷ ҳазору сад) ҷуфт либоси мактабӣ шартнома бастааст.
Субҳи умед рӯшан аст
Албатта, дар ҷое, ки кор ҳаст, аҳёнан камбудӣ низ ба назар мерасад, вале новобаста аз баъзе аз норасоиҳои ҷузъии ҷойдошта, Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳои фароҳам самаранок истифода намуда, минбаъд низ баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.
– Дар умум равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд”, – иброз дошт Қадамшоҳ Ҳакимзода ва ҳамзамон бо итминон илова кард: – Рисолати мо кормандони соҳаи маориф дар оянда тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо боқӣ мемонад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки Раёсати маорифи МИҲД шаҳри Кӯлоб сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
МТЖТ