Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021)
Нафаре ба хонаи мо барқ медиҳад, об медиҳад, нафаре дури дур аз мо барномаҳои телевизионро пахш мекунад, нафаре бароямон либос медӯзад,… Имрӯз гарм кардани печҳои барқӣ, ҷӯшондани об, ҳатто компютери мо кор мекарда ва боз чандин корҳое, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо заруранд, ҳама бо барқ алоқамандӣ доранд. Вақте барқ нест, мушкилоти кори мо оғоз мешавад. Ҳатто телефони мобилиамон бо тамом шудани қувваи батареяш бе қувват додан бо барқ кор намекунад. Барои ҳамин мо як лаҳза андеша кунем, ки барқе мо аз он шабу рӯз ва доимо дар ҳаёти худ истифода мебарем, бе заҳмат ва мадади касе дода намешавад. Бале, бо заҳмати нафароне, ки дар НБО, Шабакаҳои барқ кор мекунанд ва барои мо барқ истеҳсол мекунанду барқ медиҳанд. Дар ҳолати садама шудан, ва ё хомӯш шудани он дарҳол новобаста аз он шаб аст, ё рӯз, кадом вазъи ҳаво аст, пайи ислоҳ шуда, аз нав онро барқарор мекунанд, то ки мо бе барқ намонем ва бе мушкилӣ пайи зиндагии худ бошем. Ин аст заҳмати кормандони Шабакаҳои барқ, ки мо ба қадри заҳмати онҳо аз рӯи инсоф бояд бирасем. Кормандони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб шабу рӯз барои бо барқ таъмин будани сокинони шаҳру ноҳияҳои миинтақаи Кӯлобанд.
Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб 1276 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1205 нафарашон мард ва 71 нафарашон зан мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони муассисиа 281 нафарашон бо маълумоти олӣ мебошанд, ки 81 нафарашонро ҷавонон ташкил мекунанд. Шумораи кормандони шабакаҳои барқии шаҳрӣ ва ноҳиявии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб 1080 нафарро ташкил мекунад. ШБ шаҳри Кӯлоб 272 нафар, ШБ ноҳияи Данғара 228 нафар, ШБ ноҳияи Восеъ 133 нафар, ШБ ноҳияи Фархор 77 нафар, ШБ ноҳияи Ҳамадонӣ 99 нафар, ШБ ноҳияи Темурмалки 52 нафар, ШБ ноҳияи Ховалинг 64 нафар, ШБ ноҳияи Мӯъминобод 58 нафар, ШБ ноҳияи Балҷувон 37 нафар, ШБ ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 60 нафар,
Фонди таъмирӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб 11665,6 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 124% нақшаро ташкил мекунад. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ трансформаторҳои қуввагии 6-10/0,4кВ 52 адад сӯхта корношоям ва бо қувваи худӣ ва бо усули пудратӣ ба маблағи 322,1 ҳ. сомонӣ таъмири асосӣ гардида, ХИБ-35кВ ба масофаи 37,7км ба маблағи 254,8ҳ. сомонӣ, ХИБ-6-10кВ ба масофаи 154км ба маблағи 3335,0ҳ. сомонӣ, ХИБ-0,4кВ ба маблағи 110,12км ба маблағи 878,8ҳ. сомонӣ, ХБК-6-10кВ ба маблағи 22,7ҳ. сомонӣ, ЗТ, ЗТМ-6-10/0,4кВ ба миқдори 256 адад ба маблағи 2587,5ҳ. сомонӣ, таҷҳизотҳои ЗБ-35-110кВ ба маблағи 187,8ҳ. сомонӣ ва ЗБ-35кВ ба миқдори 3адад ба маблағи 54,8ҳ. сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ХИБ-0,4-6-10кВ пояҳои чӯбини фарсуда ба пояҳои оҳану бетонӣ ба миқдори 510 адад иваз карда шуданд. Барои бо барқи хушсифат таъмин намудани аҳолӣ ва аз сарборӣ озод намудани трансформаторҳои қуввагии 6-10/0,4кВ-и мавҷуда дар шабакаҳои тақсимоти барқ 28 адад трасформаторҳои тавоноиашон гуногун насб гардида, 17 адад трансформаторҳои тавоноиашон паст ба баланд иваз шуданд. Дар ХИБ-6-10кВ ва ЗТМ-10/0,4кВ 174 адад ҷудокунакҳои ростпайвандкардашудаи РЛНД-6-10кВ, инчунин дар ХИБ-0,4-6-10кВ симҳои нуқсондор ва буриши кундалангиашон паст ба баланд ба миқдори 36км/як сима иваз карда шуданд.
Дар ЗБ-35/6кВ «Хочархӣ» трансформатори ТМ-4000/35/6кВ ба трансформатори ТМ-10000/35/6кВ ва таҷҳизотҳои барқии он иваз карда шуд. Барои аз серборӣ озод намудани ЗИБ-35/6-10кВ «Абдулҳайзода» ва ЗИБ-110/35/10кВ «Восеъ» дар ҷамоати Рӯдакӣ ЗБ-110/10кВ «Рӯдакӣ» сохта шуда истодааст ва барои кам намудани талафоти технологӣ ва бо барқи хушсифат таъмин намудани аҳолии ҷамоатҳои Х.Раҷабов,М. Вайсов, Рӯдакӣ ва кӯтоҳ намудани ХИБ-10кВ мавҷуда аз ЗИБ-110/10кВ Рӯдакӣ ХИБ-10кВ ба масофаи 11,2км ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонию васлкунӣ рафта истодааст.
Дар ЗБ-35/10кВ «Темурмалик» трансформатори қуввагии 2500/35/10кВ ба трансформатори қуввагии 4000/35/10кВ иваз карда шуда, ҳамаи таҷҳизотҳои барқии КРУН-10кВ бахши 1 ва 11-юм аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Барои аз серборӣ озод намудани трансформатори қуввагии 6300/35/6кВ дар ЗИБ-35/6кВ «Назаров» трансформатори қуввагии 16000/35/6кВ ва дигар ҳамаи таҷҳизотҳои барқӣ дастрас гардидаанд, ки дар рӯзҳои наздик иваз карда мешаванд. Барои таъмир намудани трансформаторҳои қуввагии 6-10/0,4кВ корношоям дар муассиса сехи таъмири сохта ба истифода дода шуд.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз нуқтаҳои сарҳисобӣ ба Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб ба миқдори 1 087,38 млн кВт.с нерӯи барқ воридот шуда аст, ки аз ин миқдор тибқи нақшаи Ҷамъит 833,2 млн кВт.с нерӯи барқи фоиданок мебошад. Маблағи ҳисобишудаи ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи ҳисоботи барномаи биллингӣ 183 917,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз аҳолӣ бошад ба 92 489,09 ҳ.сомонӣ рост меояд.
Ҷамъоварии маблағи барқи додашуда бошад, 152 954,38 ҳ. сомониро ташкил мекунад, ки нисбати маблағи ҳисобӣ (30 963,12 ҳ.с.) кам буда, ба 83,3%-рост меояд. Аз аҳолӣ бошад, ҷамъоварии маблағ 78 676,03 ҳ.сомониро ташкил додааст, ки ба 85,1 % рост меояд. Ҷамъоварии маблағи барқи додашуда дар муқоиса нисбат ба соли 2020 23 424,53 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, яъне дар соли 2020 129 529,85 ҳ.сомонӣ буда, соли ҷорӣ 152 954,38 ҳазор сомониро ташкил дод. тАз аҳолӣ бошад дар соли 2021 78 529,85 ҳ.сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 9 234,3 ҳ.сомонӣ зиёд мебошад, яъне соли 2020 69 295,55 ҳ.сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда буд.
Бо мақсади ба эътидол овардани низоми назорат дар сарфи қувваи барқ зарур шуморида шуд, ки тавассути низоми биллингӣ (барномаи Samart-billing) корбарӣ ба роҳ монда шавад. Дар соли ҷорӣ ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пурра бо низоми биллингӣ ҳисобу китоби нерӯи барқи муштариёнро ба роҳ монда бо 184 адад дастгоҳҳои Poss-терминал таъмин гардидаанд. Ин амал барои кори бо низоми назорат дар сарфи қувваи барқ ва аз байн бурдани расидаҳои рақамдор дар пешгирии омилҳои корупсионӣ мусоидат намудааст.
Масъалаи дигари муҳим барои боварӣ дар шафофияти ҳисоботҳо ин ташкил ва барқарор намудани алоқаи дутарафа бо муштариён буд. Дар минтақаи Кӯлоб аз 184 510 адад муштариёни фаъолиятдошта зиёда аз 182 732 адад рақамҳои телефони мобилии муштариён дар барномаи смарт биллинг ворид карда шуд, ки 99 %-и муштариёни минтақаро ташкил медиҳад. Оиди ҳисобӣ ва пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ бо воситаи ирсол намудани СМС-пайёмакҳо алоқаи дутарафаро бо муштариён барқарор намуда, (Яъне ба телефони мобилии муштарӣ ҳисобварақа ва расидаи пардохт баъди гузаронидани амалиёт дар ҳамон лаҳза ирсол мегардад) ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардидаем. Новобаста аз он ки аризаҳои шикоятӣ, хаттӣ ва шифоҳӣ оиди нодурустии қарзҳо дар ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад, назорати ин масъала пурзӯр гардида, шаффофият ва боварӣ аз тарафи муштариён нисбати фаъолияти кори кормандони муассиса зиёд гардида истодааст.
– Аз ҷониби филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Даминзода як хонаи (хонаи рақами 105) аз офати табиӣ баҳори имсола пурра зарардида аз таҳкурсиаш то ба охир сохта шуда, ҷиҳозаш низ пурра нав карда шуда, ба истифода дода шуд. Мувофиқи таҳлилҳо ва ҳисобу китобҳои мо бо иваз кардани пояҳои чубини фарсуда бо пояҳои бетонии нав ва ивази ноқилҳои муҳлаташон барвақт тамомшуди ХИБ садамаҳо дар ХИБ дар ҳудуди минтақа дар муқоисаи ҳамин давраи соли гузашта фоизаш хеле кам шуд. Қисме аз зеристгоҳоямонро иваз намуда, қисмеашонро таъмир кардем, ки ҳамаи ин корҳои анҷом дода сабаби беҳбубии кор гардид. Мувофиқи нақша мо пеш аз саршавии мавсими хунукиҳо ва боронгариҳо дар мавзеҳои дурдаст ва баландкӯҳ, ки дар фаслҳои зимистон бо боридани барф гоҳҳо садамаҳо рух медоданд пояҳои чубини садамавӣ ва ноқилҳои муҳлати истифодаашон бармаҳал тамомшударо иваз кардем, то дар вақти барфу боронгариҳо ба мардум мушкилӣ наоранд. Айнан чунин корҳоро бештар дар деҳаҳои назди сарҳадӣ амалӣ намудем.
Дар масъалаи деҳаҳои бебарқ, ки дар минтақа ҳастанд, ҳарчанд шумораи аҳолии онҳо низ хеле кам се хоҷагӣ, бисёраш 10-12 хоҷагӣ доранд. Мо ба Ҷамъият рӯйхати деҳаҳои бебарқ, ки дар минтақа ҳастанд пешниҳод кардем, то дар андешаи бо барқ таъмин кардани онҳо шаванд. Қисмеашро бо барқ таъмин кардем. Мо 510 пояҳои бетонии ивазкардае, ки ҳастанд мо бештарашро дар деҳаҳои кӯҳие, ки бебарқ буданд дар ҳаминҳо истифода кардем. Мо дар Сари хосор ду Истгоҳи барқии обии хурд дорем, ки онҳо кор мекунанд ва ба ду деҳаи ин мавзеъ барқ дода истодаанд. Бо камшавии об дар фасли тобистон низ ин вобастагӣ дорад, лекин ин ду истгоҳи обии барқии хурди мо ҳама вақт чор фасл мардуми ин ду деҳаи мавзеи Сари хосорро бо барқ таъмин мекунанд.
То ба 7 моҳ пештар дар минтақаи Кӯлоб коргоҳи таъмири трансформаторҳо набуд, як коргоҳи хурд дар идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб буд, лекин вай хурд буд ва ҳатто худи шаҳру ноҳияи Кӯлобро таъмин карда наметавонист. Трансформаторҳои вайроншударо барои таъмир кардан маблағи зиёд сарф карда ба ноҳияи Ҳамадонӣ, шаҳри Бохтар ё шаҳри Ваҳдат мебурданд. Мо бо дастгирии ҶС ва бо дастгирии мутахссисҳоямон дар дохили филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб як коргоҳи таъмири трансформаторҳо ташкил кардем, ки дар он имрӯз 8 нафар кор мекунанд. Ба он аз ҳамаи ноҳияҳои минтақа трансформаторҳои аз кор баромада ва вайрон шударо меоранд ва онҳоро таъмир карда, боз омада мебаранд. Хубии кор дар он аст, ки вақте трансформатори вайроншударо ба коргоҳи мо меоранд, дар коргоҳ трансформатори дурусти коркунанда ҳаст онро дарҳол ба деҳа ва ё мавзеи трасформатор, ки барои таъмир ба коргоҳи мо ворид шудааст бурда, васл мекунанд, ки то мардуми он деҳа, ва ё кӯча то ба вақти пурра таъмир шудани трансформатори худашон бо барқ таъмин бошанд. Вақте трансформатори онҳо пурра таъмир шуд, бурда трансформатори худашонро васл мекунанд ва баъдан трансформатори моро бозпас меоранд. Хубии кор боз дар он аст, ки барои ҳашт нафар сокини шаҳру минтақаи Кӯлоб ҷои кори доимӣ шуд. Чӣ тавре гуфтам, дар сех трансформаторҳои коршоями тайёр омодаи истифода ҳастанд (3-4 адад доимо доранд). Дар ҳар як шабакаҳои барқи ноҳияҳо мо 1-2 трансформатори захира дорем, боз се трансформатори дигари захиравӣ дар минтақа дорем. Дар ҳолати аз кор баромадани трансформаторҳо сокинони маҳаллаҳои минтақа метавонанд инҳоро бурда, то ба вақти таъмир шуда, мавриди истифода қарор гирифтани трасформатори аз кор баромадаи худашон истифода бубаранд. – мегӯяд, Маҳмуродзода Ғайратшо, директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб.
Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи муассиса бахшида ба Иди Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва 76-солагии ғалаба дар ҶБВ ба 11-нафар ҷанговарони башардӯст ва иштирокчиёни бартарафсозии садамаи атомии «Челнобел», ки дар ин ҷо фаъолият менамоянд ва як қисмашон ба нафақаи меҳнатӣ баромадаанд ба маблағи умумии 3300 сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст.
Бахшида ба рӯзи «Модар» ба 103 нафар коргарзанони Филиал ва модароне, ки дар соҳа кор карда, ба нафақаи меҳнатӣ баромадаанд, ба ҳар якеашон ба маблағи 100 сомонӣ ва ҷамъ ба маблағи 10300 сомонӣ ҷудо карда шудааст ва барои оростани дастархони идона ба ин ҷашн ба маблағи 4526 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил намудани чорабиниҳои маданиву – маърифатӣ ва варзишӣ ба маблағи 22379 сомонӣ харҷ карда шуда, хӯрокиҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо барпо карда шуд.
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиал чорабинии идона барпо намуда ҷиҳати дар сатҳи баланд қайд намудани ин ҷашни бузург ба маблағи -31450 сомонӣ сарф карда шуд. Бо мақсади хуб кардани шароити кории кормандони Филиал аз ҳисоби буҷаи Кумитаи ИК оиди хариди маводҳои маишӣ ба маблаги -47091 сомонӣ сарф карда шудааст. Бо мақсади дастгирӣ намудани кормандон ва аъзои оилаи онҳо ҷиҳати хариди доруворӣ ва барқарор намудани саломатиашон ва сатҳи пасти зиндагӣ ба 609 – нафар ба маблағи 130939 сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст.
Ҷиҳати солимгадонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва фарогирии онҳо ба санаторияву осоишгоҳҳо, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.01. соли 2017, №34 ба 63- нафар кормандон ба маблағи умумии 76000 сомонӣ ҷудо гардида, бо роҳхат таъмин карда шудаанд. Дар арафаи идҳои давлативу миллӣ ба 16 нафар беморони бистарии соҳа ба маблағи 2600 сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст, инчунин ба 14 нафар корманд барои маросими дафни шахсони наздикашон ба маблағи 3850 сомонӣ кӯмак расонида шудааст. Ба 20 нафар кормандоне, ки синнашон ба нафақаи меҳнатӣ расида буданд ҷиҳати хариди тӯҳфаи хотиравӣ ба маблағи 4300 сомонӣ сарф шудааст.
Маҳмуродзода Ғайратшо мегӯяд, роҳбарият ва масъулини Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо чораҳои зарурӣ андешида, барои расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.
Билоли Шамс, МТЖТ, шаҳри Кӯлоб