Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ошно месозем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар семоҳаи аввали соли 2021 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Иҷроиши буҷет

Дар давраи семоҳаи якуми соли 2021 қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 103,1 фоиз таъмин гардида, аз нақша 727,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ бошад, 15 млн 926,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 14 млн 690,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки 92,2 фоизи дурнаморо ташкил намудааст. Бояд қайд намуд, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 млн 607,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 16 млн 432,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ба 94,1 фоиз баробар мебошад.

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021 маблағи бақияпулии андоз ба буҷет 3 млн 680,6 ҳазор сомониро ташкил дода, ин рақам дар муқоиса нисбат ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 ба маблағи 536,1 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, ба санаи 1-уми апрели соли 2021 қарзи музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад. Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1013,23 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 75,77 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 108,0 фоизро ташкил менамояд.

Рушди соҳибкорӣ

Имрӯз дар ноҳия 5060 нафар соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла 626 адад шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 532 адад тибқи шаҳодатнома ва 2080 адад бо патент, 2448 адад бо шаҳодатнома дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мебаранд.

Ноҳия бобати ривоҷ додани корхонаҳои саноатии коркарди нахи пахта, истеҳсоли матоъ, коркарди гӯшт, истеҳсоли консерва аз меваю сабзавот, хушк намудани пиёз, нигоҳдории меваю сабзавот, коркарди пӯсту пашм ва истеҳсоли маводи ниёзи мардум аз ин маҳсулот имкониятҳои фаровон дошта, баҳри ба кор андохтани ин захираҳо равона намудани сармоя аз ҷониби мақомоти дахлдори соҳа зарур аст.

Соҳаи саноат

Шумораи корхонаҳои саноатии ноҳия дар ин давра тибқи маълумоти Раёсати омори ноҳия 26 ададро ташкил дода, аз он ҷумла 9 адад корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, 3 адад корхонаҳои пахтатозакунӣ, 2 адад корхонаи кони хок, 1 адад корхонаи ордбарорӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли равған, 1 адад корхонаи истеҳсоли линга, 1 адад корхонаи истеҳсоли оби ҷав, 1 адад корхонаи истеҳсоли ришта, 1 адад корхонаи истеҳсоли либосҳои мактабӣ, 1 адад корхонаи дӯхти либосҳо, 1 адад корхонаи қолинбофӣ, 1 адад корхонаи асфалтбарорӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли нон, 1 адад корхонаи коркарди қуму шағал ва 1 адад ҷамъияти нобиноён фаъолият карда истодаанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 63 млн 664,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 134,0 ҳазор сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиши истеҳсолот 100,2 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта ба 385 тонна, чигити пахта 498 тонна, пат 13,1 тонна, торак 15 тонна, орд 5093 тонна, регу сангмайда 600 метри мукааб, рег 1701,1 метри мукааб, равғани пахта 2,6 тонна, ресмони пахтагин 454,1 тонна, матои адрас 3,6 метри мукааб, либоси мактабӣ 8938 дона, болишти гулдӯзӣ 1084 дона, хишти бинокорӣ 455,0 ҳазор дона, хишти хом 95 ҳазор дона, хишти сементӣ 97,8 ҳазор дона, хокаи санг ба 10500 тонна расонида шудааст.

Тибқи нақша бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар соли 2021-ум 5 адад корхонаю коргоҳҳо бо 102 нафар ҷойҳои кории нав ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корбарӣ рафта истодааст.

Шумораи корхонаҳои сохтмонӣ ба 10 адад баробар буда, аз он ҷумла 9 адад корхонаи истеҳсоли хишти пухта ва 1 адад корхонаи истеҳсоли коркарди қуму шағал мебошад.

Соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 ба 63 млн 334,9 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 765,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 101,2 фоизро ташкил додааст.

Ҷиҳати зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ кишти баҳорӣ майдони 3028,8 гектарро ташкил медиҳад.

Кишоварзони ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо чораҳои зарурӣ андешида, дар семоҳаи аввали соли 2021 ба миқдори 20 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,34 тонна зиёд мебошад.

Соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосӣ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 45363 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 25923 сар модагов, 64885 сар моли майда, 435282 сар паранда ва 517 сар асп парвариш карда шуда истодааст. Истеҳсоли маҳсулоти чорво низ сол аз сол рушд ёфта, дар ин давра 1518 тонна гӯшт, 5511 тонна шир ва 13206 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Барои ҳавасманд гардонидани хоҷагиҳои пахтакор дар ҳудуди ноҳия 3 адад корхонаҳои коркарди пахта фаъолият намуда истодаанд, ки хоҷагиҳо дар ин корхонаҳо пахтаи истеҳсолнамударо бе мушкилӣ коркард намуда, озодона ба фурӯш бароварда истодаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати омор, ҳамагӣ дар ноҳия майдони 1,54 га гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд мебошад. Шумораи гармхонаҳо айни ҳол 15 ададро ташкил намуда, аз он ҷумла 10 адад гармхона бо парвариши мевагиҳои ситрусӣ ва дар боқимонда гармхонаҳо кишти помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия аз тарафи соҳибкорон баҳри дар фаслҳои тобистону зимистон хушсифат нигоҳ доштани маҳсулоти озуқаворӣ ду адад сардхонаҳо сохта ба истифода дода шуда, ҷиҳати зиёд намудани сардхонаҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Рушди соҳаи маориф

Аз 42 адад муассисаҳои таълимии ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи №8 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, сохтмони бинои иловагӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав, деҳаи Қурғонча соли 2016 бо тариқи ҳашар оғоз гардида, айни ҳол сохтмони бинои иловагӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ҷиҳози мактабӣ, маводи таълимию методӣ ва воситаҳои аёнӣ, таҷҳизоти озмоишӣ барои утоқҳои фанҳои табиатшиносӣ, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 20.11.2017, №544 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, давра ба давра амалӣ гардида истодааст.

Дар назди 26 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 52 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1086 нафар кӯдакон ташкил карда шудааст. Дар ноҳия 19 кӯдакистон фаъолият дорад, ки дар онҳо 149 гурӯҳ бо фарогирии 416 нафар кӯдакон, ки 24,3 фоизи кӯдакони синни томактабии ноҳияро ташкил медиҳад, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра бартараф шудааст. Дар ин давра 202 нафар омӯзгорони фаннӣ аз курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ, 4 нафар ҷумҳуриявӣ ва 60 нафар аз курсҳои минтақавӣ гузаронида шудаанд.

Ҳамаи 42 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 19 адад кӯдакистонҳо мувофиқи меъёри сарикасӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Сохтори госпиталии ноҳия 310 кат, 3 адад беморхонаҳои минтақавӣ иборат аз 175 кат (БМ Ғулакандоз – 115 кат, БМ Ӯзбекқишлоқ – 30 кат, БМ Т. Дадабоев – 20 кат), шӯъбаи ёрии таъҷилӣ ва аз шӯъбаҳои ёрирасон (таҳлилгоҳ, СБД, ФГДС, ТУС, рентген, физиотерапевтӣ) ташкил ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2021 дар шӯъбаҳои сохтори госпиталӣ 2224 нафар беморон бистарӣ гардида, 2267 нафар беморон ҷавоб шудаанд. Катҳои гузаронишуда 17681 рӯзро ташкил кардааст. Иҷроиши фонди катҳо 61,9 фоизро ташкил мекунад.

Дар ҳамаи шӯъбаҳои сохтори госпиталии ноҳия гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ташкил ва табобати гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Иҷроиши протоколҳои клиникии табобатӣ аз рӯи индикатор 87,1 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади расонидани кумакҳои доимӣ ба оилаҳои камбизоаттарин ва шахсони бесаробон оид ба вобаста намудани онҳо ба корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ, соҳибкорону саховатмандон барои сарпарастӣ қарори раиси ноҳия аз 08.01.2020, таҳти №30 ба тасвиб расидааст.

Вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 42 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 9 қаср ва хонаи фарҳанг, 1 мактаби мусиқии рассомӣ, 7 клубҳо, 22 китобхона, 2 осорхона, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии кормандон дар ин соҳа мувофиқи воҳиди корӣ 149 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра шумораи чорабиниҳо 452 адад буда, 25250 нафар тамошобин иштирок намудаанд.

Махзани китобии китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳия 128406 нусха адабиёти гуногунсоҳаро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 21882 адад бо забони тоҷикӣ, 33057 адад бо забони русӣ, 73333 адад бо забони узбекӣ ва 134 адад бо дигар забонҳо мебошанд.

Ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 46700 нафар мебошанд. Дар ноҳия 4 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 20 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳия ҳастанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 24 толори варзишӣ, 3 варзишгоҳ, 9 майдончаи варзишии ҳозиразамон, 5 мактаби варзишӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 12 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шудааст, ки 1270 нафар наврасону ҷавонон иштирок кардаанд ва аз ин шумора 278 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳо ноил гардидаанд. Аз он ҷумла, дар мусобиқаҳои вилоятӣ ба 48 медали тилло, 33 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушараф гардидаанд.

Дар ноҳия 24 толори варзишӣ, 3 варзишгоҳ, 9 майдончаи варзишии ҳозиразамон, 5 мактаби варзишӣ фаъолият менамоянд.

Рушди сайёҳӣ

Ноҳияи Ҷаббор Расулов диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Дар фаслҳои баҳору тобистон шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф барои сайри лола меоянд ва дар ноҳия баҳри истироҳати бофароғат дар табиат шароит муҳайё карда шудааст.

Дар ноҳия 1 адад меҳмонхона бо номи «Салимбек» фаъолият менамояд,  ки дар шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст. Инчунин, 2 адад истироҳатгоҳ – осоишгоҳ – «Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон ба номи 20-солагии Истиқлолият» ва ҶДММ «Гиппократ», 2 адад осорхона, хона-осорхонаи Бобохон Ҳамдамов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар ҷамоати деҳоти Ғулакандоз мавҷуд аст.

Дар ноҳия як адад ширкати сайёҳӣ – ҶДММ «Роҳи сафед» фаъолият намуда, 22 адад ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 8 адад банкоматҳо барои хизмати бонкӣ, 1 адад гестхоус, 2 адад мағозаҳои армуғонҳо, 1 адад тарабхона, 2 харитаи сарироҳӣ, 3 адад зиёратгоҳҳо, инчунин 1 адад боғи фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият менамоянд.

Дар ноҳия тарабхонаҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ мавҷуд буда, барои қабул дар сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳон омода мебошанд.

Дар ин давра ба ноҳия 2051 нафар сайёҳ ворид шудаанд, ки аз он 5 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошанд.

Инфрасохтор ва нақлиёт

Дар мувозинаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 255,5 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум буда, аз он 32,8 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 6,2 км ҷумҳуриявӣ ва 216,5 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мебошад.

Дар ин давра мувофиқи ноҳия 85,8 км, аз ҷумла 5,1 км таъмири асосӣ, 28,9 км таъмири ҷорӣ ва 51,8 км шағалпӯш карда шудаст. Аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2 млн 679,4 ҳазор сомонӣ, аз ин 110,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 754,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, 1814,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи меъёрҳои муайянгардида ва дар асоси талаботи аҳолӣ дар ноҳия нақлиёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ ба самтҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ машғул мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ бо воситаи нақлиёти боркашон 389,0 ҳазор тонна борҳои гуногун кашонида шуда, мусофиркашонӣ ба 4 млн 551,8 ҳазор нафар расонида шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва 5 ҷамоати деҳот, аз он ҷумла ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, Деҳмой, Сомониён, Ҳаёти нав, Гулхона ва 28 деҳаҳоро дар бар мегирад.

Дар асоси дархосту пешниҳодҳо нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 394 банд тасдиқ карда шуда, аз он 101 банд дар соли 2018, 153 банд дар соли 2019 ва 59 банд дар соли 2020 пешбинӣ гардидааст. Аз 101 банди дар соли 2018 ба нақша гирифташуда 96 банд иҷро гардида, аз 153 банди дар соли 2019 ба нақша гирифташуда 154 банд иҷро гардида, аз 59 банди дар соли 2020 пешбинигардида 59 банд иҷро гардида, аз 85 банд дар соли 2021-ум 8 банд иҷро гардидааст. Аз шумораи умумӣ то ин давра аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкории маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар 316 банд ба маблағи умумии 161 миллион 902 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар натиҷа 131 иншоот ба истифода дода шуда, зиёда аз 778 ҷойи кори нав таъсис гардидааст.

Дар нақшаи чорабиниҳои мазкур сохтмону таъмири 16 мактабу синфхонаҳои иловагӣ, 9 боғчаи бачагона, 11 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, таъмири 16 адад марказҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо, 14 майдончаҳои варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 5 нуқтаҳои хатнакунӣ, 7 дорухона, 13 сартарошхонаҳо, 12 ҳаммом, 5 кошонаҳои ҳусн, 37 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, мумфаршкунии 16 км роҳ,11 коргоҳи истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ сохтмону барқарорсозии зиёда аз 394 иншоот дар назар дошта шудааст.

Дар ин давра сохтмону таъмири 8 мактабу синфхонаҳои иловагӣ, 4 боғчаи бачагона, 8 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, таъмири 16 адад марказҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо, 12 майдончаҳои варзишӣ, 5 толори варзишӣ, 5 нуқтаҳои хатнакунӣ, 7 дорухона, 8 сартарошхонаҳо, 8 ҳаммом, 4 кошонаҳои ҳусн, 35 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 7 коргоҳи истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ сохтмону барқарорсозии зиёда аз 316 банди нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардида, 80,2 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов мӯҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, “аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 1 сафари корӣ анҷом дода шуд, дар асоси дастуру супоришҳои зимни ин сафарҳо баёнгардида нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва ба масъулин барои иҷро дастрас гардидааст”.

– Мардуми шарифи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шукргузорӣ аз даврони озодӣ ва сулҳу ваҳдати комил, таҳти ливои музаффаронаи Пешвои муаззами миллат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо дастовардҳои шоиста таҷлил намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил заҳмат кашида истодаанд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь