Расо 60 солу шаш моҳ пеш, аниқтараш 16-уми ноябри соли 1960 бо Укази Совети Олии РС Тоҷикистон ва имзои Маҳмаддулло Холов дар деҳаи Нораки ноҳияи Орҷеникидзеобод, шаҳри Норак таъсис дода шудааст. Баробари гузошта шудани таҳкурсии НБО Норак бунёди шаҳри энергетикҳо дар ҶС Тоҷикистон оғоз ёфт ва он барои сохтмони неругоҳ обод шудан гирифт. Романи Нораки нависандаи хушсалика Юсуф Акобиров пурра аз сохтмону ҳаёту фаъолияти сохмтончиёни неругоҳ нақл мекунад. Бо мурури замон дар даврони Шӯравӣ ва баъдан дар даврони 30 соли соҳибистиқлолӣ шаҳр бо ташкил ёфтани корхонаҳои гуногуни саноати ба куллӣ тағйир ёфт.

Ҳамчунин, шумори аҳолии он низ аз он давра то ба имрӯз ба зиёда 62 ҳазор нафар расид. Норак шаҳри нурофар аст ва барқ истеҳсол мекунд ва дар он ду НБО бузург фаъолият намуда, 78% қувваи барқи истеҳсолшудаи кишвар маҳз дар шаҳри Норак барои мардуми кишвар истеҳсол карда мешавад. Ду неругоҳҳои бузург дар ин шаҳр фаъолият мекунанд, инҳо НБО Норак ва НБО Бойғозӣ. Ҳамчунин, дар шаҳри Норак дар даврони собиқ Шӯравӣ бештар аз 40 халқияту миллатҳои гуногуни Шӯравӣ кору зиндагӣ мекарданд. Имрӯз бошад тоҷикон, русҳо ва ӯзбекон дар он кору фаъолият доранд. Имсол дар шаҳри Норак коллеҷи тиббии хусусӣ ба фаъоляит оғоз намуда, аз соли нави таҳсил довталабонро барои таҳсил фаро мегирад. Бинои таълимӣ омода шуда истодааст. Муддати 3 сол шуд дар шаҳр маркази касбомӯзии ДД ба номи С. Айнӣ фаъолият намуда, 105 нафар хонадагони доимӣ ва курсҳои се моҳа ва шаш моҳаи доимӣ фаъолият менамоянд.

Бино ба гуфтаи раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷаҳд менамояд, ки фаъолияти пурсамар нишондода, баҳри пешрафти давлату миллат саҳми арзандаи худро гузорад ва бинобар ин, дар семоҳаи аввали соли 2021 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Ба шарофати пойдории истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи шаҳр давра ба давра пешравию дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 ҷамъоварии маблағи андозҳо 147% иҷро гардида, ба буҷа 25,8 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 8,3  млн  сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамагӣ андози  иҷтимоӣ 121% иҷро ё ин ки 12,3 млн сомонӣ таъмин шуда, нисбати нақша 2,1  млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ин  нишондод андози иҷтимоии буҷетӣ 95% ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 129 % таъмин гардидааст.

Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят, яъне андоз аз фоида 100%  ё  1,4 млн сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 905,5 ҳазор сомонӣ ё 194,5% ва андоз аз доромад 1,8 млн  сомонӣ ё 100% таъмин гардид.

Бунёди корхонаҳо, соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Бо мақсади таъмини ҳадафи чоруми мамлакат, яъне “Саноатикунонии босуръати кишвар” аз тарафи соҳибкор Абдукарим Назаров ҷиҳати ташкил намудани корхонаи сангу шағал тамоми дастгоҳу таҷҳизотҳои зарурӣ ворид карда шуда, дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар натиҷа зиёда аз 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин, дар соли 2021 аз тарафи соҳибкорони шаҳр 3 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ аз қабили истеҳсоли шпатлёвка, родбанд, краскаҳои ранга, гипскардон, семент ва хишти пухта ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 30 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Бо дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои мақомоти Адлия оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дорад. Ҳамчунин, корҳои таҷдиду азнавсозии кӯли Ҷавонон, боғи фарҳангию фароғатии шаҳр бо кӯмаки соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо маром рафта истодааст.

Дар се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорон 4 адад иншоотҳо ба маблағи 652,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

30-солагии истиқлолият

Ҷиҳати бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳр 193 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора ба ҳолати имрӯза 156 адад иншоотҳо аз ҷумла,  биноҳои маъмурӣ 3 адад, бунгоҳҳои тиббӣ 3 адад, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 135 адад, варзишӣ 5 адад, фарҳангӣ 6 адад ва дар 4 муассисаҳои таълимӣ 12 адад синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 80,8%-ро дар бар мегирад.

Дар ин давра нерӯи барқро ба маблағи 5,3 млн сомонӣ ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳои шаҳр фурӯхта, 4,3 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки  81,9%-ро  ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки иҷроиши нақшаи ҷамъоварии маблағҳо аз истифодаи нерӯи барқ дар моҳи март дар умум 104,7% аз тарафи аҳолӣ 93,6% иҷро гардидааст.

Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Дар семоҳаи аввали соли 2021 4 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 47 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 384 нафар шаҳрвандон бо ҷайҳои корӣ таъмин шуданд. Аз ҷумла, дар корхонаҳои истеҳсолӣ 69 нафар, корхонаҳои сохтмонӣ 137 нафар ва ба дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр 178 нафар рост меояд.

Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар семоҳи аввали соли ҷорӣ 106,7% ё 10,5 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 659,9  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар 3- моҳи соли 2021 36,0 млн сомонӣ  таъмин гардида, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121% ё ин ки 6,4  млн сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ

Бо истифода аз ҳавои мусоид кишоварзону заҳматкашони шаҳр тавонистанд ба маблағи 9,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 107%, ё ин ки 679,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ин давра 313 тонна гӯшт, 456 тонна шир,181,7 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 6%, шир 3,4% ва тухм 5,6% зиёд гардидааст.

Дар ин давра дар шаҳр дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосили соли 2021 дар майдони 487 гектар аз он ҷумла, 396 гектар ғалладонагиҳо, аз ин гандум 137 гектар, 18 гектар сабзавот, 17 гектар картошка, 16 гектар зироатҳои равғандеҳ ва 40 гектар зироатҳои хӯроки чорво анҷом дода шуда, иҷрои дурнамо ба андозаи 93% таъмин карда шуд.

Дар  семоҳи аввали ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор ба 11494 сар, чорвои хурд 30185 сар, парранда 17184 сар  ва асп 739 сар расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта чорвои калон 240 сар, чорвои хурди шохдор 608 сар, парранда 120 сар зиёд гардидааст.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди заминҳои шаҳр тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 19200 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст. Аз ҷумла, 2,505 бех ниҳолҳои сояафкан, 7,016 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, 9,679 бех ниҳолҳои ороишӣ ва берун аз нақша бошад, 3,768 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд. Ҳамчунин, дар  ин давра 347,353 бех гулҳо, аз ҷумла 58,107 бех гули лола, 260,599 бех гулҳои мавсимӣ ва 28,647 бех гулҳои садбарг шинонида шудааст.

Маориф, илм ва тандурустӣ

Айни замон дар 38 муассисаи таълимӣ 911 нафар омӯзгор, ки аз ин шумора 664 нафар (66,5%)-ро занон ташкил медиҳанд, ба 15351 нафар хонанда ва 629 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ дарс  медиҳанд.

-Аз шумораи умумии омӯзгорон 510 нафар (56%) дорои таҳсилоти олӣ, 51 нафар (5,5 %) дорои таҳсилоти олии нопурра, 264 нафар (29,1%) дорои таҳсилоти  миёнаи махсус ва 86 нафар (9,4%) дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Моҳи марти соли ҷорӣ даври дуюми озмун барои дарёфти квотаи Президентӣ баргузор гардида, 128 нафар довталабон иштирок намуда, 96 нафар, аз ҷумла 50 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври сеюми Олимпиадаи фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори 23 медали тилло, 6 медали нуқра, 53 медали биринҷӣ ва 4 ҷойи ифтихорӣ, ҷамъ 83 ҷой гардиданд. Дар даври ниҳоии Олимпиада 56 нафар ширкат меварзанд.

Дар даври сеюми озмуни вилоятӣ доир ба дарёфти “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” як нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотии гимназияи давлатии №1 ғолиби ҷойи якум гардид.

Боиси қайд аст, ки баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти беморхонаи марказӣ бо лоиҳаҳои дохилию хориҷӣ ҳамкориро дуруст ба роҳ монда, аз тарафи Бонки Рушди Исломӣ таҷдиду азнавсозии бинои асосии беморхонаи марказии шаҳр ва таъмин намудан бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ ба нақша гирифта шуда, давоми соли ҷорӣ корҳо оғоз мегарданд.

Вазъи бемориҳои сироятӣ муътадил буда, бемориҳои ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта нашудааст, – мегӯяд, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод.

Соҳаи фарҳанг ва кор бо ҷавонону варзиш

Кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дар баргузории ҷашну санаҳои таърихию сиёсӣ, фарҳангию адабии шаҳр нақши намоён дошта, вобаста ба таҷлили ҷашнҳо гӯшаҳои намоишӣ ба маъраз гузошта мешаванд.

Аз ҷониби кормандони китобхона дар ин давра ба 3339  нафар хонанда  хизмат расонида шуда, 16134  нусха китоб пешкаши хонандагон гардонидаанд. Дар китобхонаҳо 357 адад чорабиниҳо доир гардиданд.

Дар ин давра 478 нафар, аз ин шумора 15 нафар хориҷиён аз осорхона дидан намуданд.

Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр 235 чорабиниҳо бо ҷалби 14683 нафар наврасону ҷавонон гузаронидааст, ки аз ин шумора 130 чорабиниҳои оммавию варзишӣ, 36 хонишҳои сиёсӣ, 17 мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, 8 конференсияҳои илмӣ – амалӣ ва озмунҳои шаҳриро ташкил медиҳад.

Дар ин давра варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардидаанд.

Нақши Комиссариати ҳарбӣ дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ дар байни ҷавонон назаррас буда, дар даҳрӯзаи  аввали сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ сари вақт 100% иҷро гардид.

Дар фароварди суҳбат раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод изҳор дошт, ки: “Ба мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо 90 адад мактуб ворид гардида, ҷиҳати иҷрои онҳо тадбирҳо андешида шуда, дар муҳлатҳои муайянгардида аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба мақомотҳои дахлдор маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 41 адад  қарор, 538 адад мактуб ворид гардида, аз 41 адад қарори раиси вилояти Хатлон ба 38 ададаш  қарори раиси шаҳр  қабул  гардида, мувофиқи  супоришҳо оид ба иҷрои онҳо маълумотнома пешниҳод гардидааст. Умуман, дар давраи ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 153 мактуб равон карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 461 муроҷиатҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ ва 2 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода шуд.

Дар ин давра аз тарафи раиси шаҳр расман 11 маротиба қабул гузаронида, 156 нафар шаҳрванд қабул карда шуд. Ба ҳамин монанд ҳамарӯза шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

Дар ин давра 11 машварати ҳафтаинаи назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаб, ободонию кабудизоркунӣ ва тозагии шаҳр мусоидат намудаанд.

Фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Дастур ва нақшаи корӣ ба роҳ монда шуда, дар семоҳи аввали соли 2021 1 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр гузаронида, қарорҳои дахлдор қабул гардидааст”.

Билоли ШАМС,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь